© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Экосистемаҳои ҷангал дар Бадахшони Куҳӣ чӣ гуна барқарор мешаванд?

Дар вилояти мухтори куҳистони Бадахшон (ВМКБ) ҷангалзорҳое, ки дар остонаи нобудшавӣ қарор доштанд, эҳё мешаванд. Дар ин кор нақши усули “аз поён ба боло”, ки иштироки фаъолонаи сокинони маҳаллӣ дар тасмимгириҳо оид ба барқарорсозӣ ва истифодаи устувори ҷангалро дар назар дорад, калидӣ ба шумор меравад.


Буҳрони энергетикӣ ва нобудшавии ҷангалҳо

Имрӯзҳо дар водиҳои хушманзараи Помири Ғарбӣ қад-қади дарёҳои пурталотуми куҳӣ дар баландии зиёда аз 2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷангалзори сабзу хуррамро мушоҳида кардан мумкин аст. Аммо дар гузаштаи начандор дур вазъият тамоман дигар буд.

Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 ва ба дунболи он шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон (1992-1997) Бадахшони Куҳиро бо як қатор мушкилиҳо рӯбарӯ кард. Инзивоъ аз ҷаҳони берун, набудани нерӯи барқ ​​ва ангишт мардумро маҷбур кард, ки барои гарм кардани манзилҳо ва таҳияи ғизо ба буридани дарахтон даст бизананд. 

Ҷангал дар ноҳияи Роштқалъа дар солҳои 70-ум. Акс аз бойгонии оилавӣ
Ҷангал дар ноҳияи Роштқалъа дар солҳои 70-ум. Акс аз бойгонии оилавӣ

Ин боиси аз байн рафтани ҷангалзорҳо гардид ва тақрибан 90 дарсади захираҳои ҷангали Помир дар остонаи нобудшавӣ қарор дошт. Тӯфони чангу хок дар як қатор минтақаҳои ВМКБ ба як чизи муқаррарӣ табдил шуд. Ҳатто пас аз анҷоми ҷанг, раванди буридани ҷангалзорҳо идома дошт. Дастрасии озоду бемонеа ба захираҳои ҷангал ва назорати заиф аз ҷониби кормандони хоҷагии ҷангал, ки теъдодашон хеле кам буд, ҷангалзорҳоро бештар осебпазир карда буд.

Ҷангалро чӣ гуна бояд наҷот дод?

Зарифхон Гулчинови 52-сола тақрибан тамоми умри худро дар деҳаи Барвози ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ гузаронидааст. Солҳои 90-ум, дар тӯли ҳамагӣ чанд сол, ҷангалзори сабзу хуррам, ки дар наздикии зодгоҳаш мавҷуд буд, дар пеши назари ӯ ба нимбиёбон табдил ёфт.

Ҳам аҳолии маҳаллӣ ва ҳам сокинони дигар ноҳияҳои ВМКБ ҷангалҳоро бурида, дарахтонро бо ҳар роҳ, аз ҷумла боркашҳои “КамАЗ” ва “ЗИЛ” мекашонданд.

Ба гуфтаи Зарифхон Гулчинов, ӯ ва ҳамсолонаш аз хурдӣ ҷангалро хонаи дуюми худ медонистанд. Аз ин рӯ, мушоҳидаи харобшавии ҷангалзор барояшон хеле сахту дардовар буд. Дар баробари дарахтону буттаҳо тадриҷан ҳайвоноти ваҳшӣ, мисли гург, силовсин, харгӯш ва ғайра ғайб заданд.

Акс: CABAR.asia
 Акс: CABAR.asia

Зарифхон Гулчинов мегӯяд, дар он солҳо мардум маҷбур буданд, ки барои гарм кардани хонаҳояшон ва пухтани ғизо ҷангалҳоро бибуранд.

“Аммо дар ҳама кор бояд андоза нигоҳ дошта шавад. Ман ҳам барои ҳезум ба ҷангал мерафтам, аммо танҳо дарахту буттаҳои хушкшударо мебуридам”,- гуфт ӯ ва афзуд, ки аз овони ҷавонӣ муҳим будани ҷангалро барои зинда мондан дар “шароити сангини баландкуҳ” дарк мекард.

Ҷангалҳои нобудшуда дар ноҳияи Роштқалъа. Акс: CABAR.asia
Ҷангалҳои нобудшуда дар ноҳияи Роштқалъа. Акс: CABAR.asia

Зарифхон Гулчинов мисли бисёре аз сокинони маҳаллӣ дар бораи чӣ тавр ҳифз кардани ҷангал зиёд фикр мекард. Мутаассифона, дар он айёми нооромӣ анҷом додани ин кор чандон осон набуд. Ӯ танҳо дар соли 2006, замоне ки дар зодгоҳаш – деҳаи Барвоз ба таври таҷрибавӣ шеваи идоракунии муштараки ҷангал оғоз шуд, тавонист ба суолҳояш посухи мушаххас пайдо кунад.

Ин усули нав барои барқарор кардани ҷангалҳои харобшуда аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) аввалин бор дар Бадахшони Куҳӣ роҳандозӣ гардид. Иқдоми мазкур дар ҳамкории зич бо Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ВМКБ ва ҷомеаи маҳаллӣ сурат гирифт.

Муҳофизати табиат барои ҳама муфид аст

Эҳёи ҷангалзорҳо дар Тоҷикистон аз деҳаи хурди баландкуҳи Барвози Помири Ғарбӣ оғоз ёфт. Шурӯъ аз соли 2009 дар доираи усули “Идоракунии муштараки ҷангал” Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ВМКБ ба сокинони хоҳишманди деҳаи Барвози ноҳияи Роштқалъа барои истифодаи дарозмуддат ба муҳлати 20 сол ва бо имкони тамдиди минбаъда, қитъаҳои ҷангалро пешниҳод кард.

GIZ дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ба истифодабарандагони ҷангал машварат ва дастгирии техникӣ расонд.

“Идоракунии муштараки ҷангалҳо” ба усули “аз поён ба боло” асос ёфтааст, яъне барқарорсозӣ ва истифодаи устувори экосистемаҳои ҷангал танҳо бо иштироки фаъолонаи сокинони маҳаллӣ имконпазир аст. Ҳамин тариқ, собиқ истифодабарандагони ғайриқонунии ҷангалҳо ҳоло аз қитъаҳои ҷангал қонунан истифода мебаранд ва барои ҳифзу рушди онҳо масъуланд. Маҳсулоти ҷамъоваришудаи ҷангал миёни истифодабарандаҳо ва Муассисаи хоҷагии ҷангал тақсим карда мешавад, ки барои ҳарду тараф муфид буда, ба идоракунии самараноки ҷангал мусоидат мекунад.

Мутахассиси идоракунии муштараки ҷангал Ҳақризо Нурмамадов таҷрибаи чандинсолаи паҳн кардани ин усулро дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла ВМКБ дорад.  Ӯ ҳамчунин ба ҳайси сафарбаркунанда ва мушовир дар тарҳҳои мухталифи байналмилалӣ, ки барои барқарорсозии ҷангалзорҳои Тоҷикистон равона шудаанд, кор кардааст. Ба гуфтаи ӯ, идоракунии муштараки ҷангал як қадами муҳим дар роҳи ҳифзи ҷангалзорҳои кишвар, баланд бардоштани сифати зиндагии мардуми деҳот ва таъмини гуногунии биологии ғанӣ барои наслҳои оянда мебошад.

Ҳақризо Нурмамадов. Акс: CABAR.asia
Ҳақризо Нурмамадов. Акс: CABAR.asia

Нурмамадов мегӯяд, ҷангалзорҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Помири Ғарбӣ на танҳо манбаи захоири гаронарзиши ҷангал, балки омили асосии ҳифзи захираҳои обӣ, муҳофизати хок ва таъмини гуногунии биологӣ мебошанд.

“Барқарорсозии бомуваффақи ҷангалҳо танҳо дар ҳамкории тамоми ҷонибҳои манфиатдор, бо назардошти шароити нодири минтақа ва равишҳои маҷмӯе, ки ҳамзамон мушкилоти экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро ҳал мекунад, имконпазир аст”, – таъкид мекунад коршинос.

Нурмамадов афзуд, идоракунии муштараки ҷангал боиси барқарор шудани вазифаҳои асосӣ ва хадамоти экосистемаи ҷангалзорҳо мегардад. Ин ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, кам кардани таъсири он, ҳифзи гуногунии биологӣ ва муқовимат ба биёбоншавӣ мусоидат мекунад.

Мавриди тазаккур аст, ки идоракунии муштараки ҷангал дар татбиқи се конвенсияи СММ – Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ, Конвенсияи қолабӣ оид ба тағйирёбии иқлим ва Конвенсияи мубориза бо биёбоншавӣ, таъсири назаррас дорад, изҳор дошт коршинос.

Нурмамадов дастовардҳои асосиро дар натиҷаи татбиқи идоракунии муштараки ҷангал дар ВМКБ коҳиши сатҳи дарахтбурии ғайриқонунӣ, барқарорсозии қисми зиёди ҷангалҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми маҳаллӣ ва беҳбуди вазъи экологӣ дар минтақа арзёбӣ мекунад.

“Усули идоракунии муштараки ҷангал дар Помири Ғарбӣ нишон дод, ки он як воситаи муассир барои идоракунии устувори ҷангал мебошад”, – қайд кард Нурмамадов. “Вусъат додани татбиқи он дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон метавонад калиди ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳои пурарзиши ҷангал бошад”.

Аз ҷорӣ кардани усули нав дар деҳаи куҳистон то ислоҳоти саноати ҷангал дар кишвар

Феълан, идоракунии муштараки ҷангал дар чор ноҳияи Помири Ғарбӣ – Роштқалъа, Ишкошим, Шуғнон ва Ванҷ ба роҳ монда шудааст. Қариб бо 500 истифодабарандаи ҷангал дар бораи ба муҳлати тӯлонӣ истифода бурдани қитъаҳои ҷангал шартномаҳо баста шудаанд. Дар маҷмӯъ майдони ҷангалзорҳо дар ВМКБ беш аз 10 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, айни замон дар доираи усули идоракунии муштараки ҷангал беш аз 2,5 ҳазор гектар ҷангалзор барқарор карда мешавад.

Дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо дастгирии GIZ бо мақсади паҳн намудани таҷрибаи идоракунии муштараки ҷангали ВМКБ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ислоҳоти соҳаи хоҷагии ҷангал гузаронда шуд. Соли 2011 Кодекси нави ҷангал қабул гардид, ки шеваҳои гуногуни иштироки сокинони маҳаллӣ дар идоракунии ҷангалро пешбинӣ мекунад. Имрӯзҳо на танҳо дар ВМКБ, балки дар баъзе минтақаҳои вилоятҳои Суғду Хатлон низ идоракунии муштараки ҷангал ба роҳ монда шудааст.

Ҳамин тариқ, ҷангалзори деҳаи Барвоз ба шарофати заҳмату ғайрати ҷангалдорони маҳаллӣ, дастгирии GIZ ва Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ВМКБ барои сокинони деҳоти манотиқи мухталифи Тоҷикистон намунаи равшани барқарорсозии бомуваффақи ҷангалҳое гардид, ки дар остонаи нобудшавӣ қарор доштанд. Феълан ҷангалпарварони деҳаи Барвоз ба барқарорсозии наздики 100 гектар ҷангалзор идома медиҳанд. Баробари беҳтар шудани вазъияти ҷангал ҳайвоноти ваҳшӣ низ ба он баргаштанд, ки саршумори онҳо торафт меафзояд.

Акс: CABAR.asia
Акс: CABAR.asia

Сокинони деҳаи Барвоз бо дастгирии GIZ канали обёрии харобшударо, ки 2,5 километр дарозӣ дошт, барқарор карда, ҳамасола онро тоза мекунанд. Об аз дарёи Бодомдара, ки сарчашмаи он пиряхҳои баландкуҳ мебошанд, ба ин канал ворид мешавад.

“Хушбахтона, дар тақсими об амалан ягон ихтилоф вуҷуд надорад, зеро сокинони маҳаллӣ усули тақсими одилонаи захираҳои табиӣ, аз ҷумла обро риоя мекунанд”,- афзуд Зарифхон Гулчинов.

Ба гуфтаи ӯ, дар пасманзари таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба гуногунии биологӣ имрӯзҳо барқарорсозӣ ва ҳифзи экосистемаҳои табиӣ беандоза муҳим мебошад.

Восстановленный лес (3)
Восстановленный лес
Восстановленный лес (2)

“Мо бояд ба тағйирёбии иқлим мутобиқ шавем ва ин бидуни ҳифзи экосистемаҳои табиӣ, аз ҷумла ҷангалҳо ғайриимкон аст. Агар мо ба табиат барои мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим ёрӣ расонем, табиат низ барои ба он мутобиқ шудани мо кумак мерасонад. Ҳама чиз бо ҳам алоқаманд аст”,- мегӯяд Зарифхон Гулчинов.

Ҳавасмандиҳои иқтисодӣ ба нафъи табиат

Дар қатори ҳамдеҳагони дигар Зарифхон Гулчинов низ 5 гектар замини хароби ҷангалро барои истифодаи дарозмуддат гирифт.

“Бо шарофати идоракунии муштараки ҷангал мо барои барқарор кардани ҷангал ангезаи иловагӣ пайдо кардем, зеро ҳуқуқи қонунии истифодаи дарозмуддати ҷангалро дарёфт кардем”,- изҳор дошт Зарифхон.

Шурӯъ аз соли 2012 дар қитъаҳои ҷангали деҳаи Барвоз имкони ҷамъовари кардани ҳезум ҳам барои эҳтиёҷоти худ ва ҳам барои фурӯш ба муассисаву ташкилотҳои маҳаллӣ имконпазир гардид. Ҳамин тавр, ҷангалпарварон аз қитъаҳои худ даромади муайян мегирифтанд, ки ҳавасмандии онҳоро боз ҳам бештар кард.

Зимнан, мувофиқи шартнома 70 дарсади маҳсулоти ҷамъоваришударо онҳо гирифта, 30 дарсади дигарро ба Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ВМКБ пешниҳод мекарданд. Аз соли 2024 бо назардошти беҳбуд ёфтани ҳолати ҷангал истифодабарандагони ҷангал ва Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал маҳсулоти ҷангалро баробар тақсим мекунанд. Сокинони деҳаи Барвоз ҳамасола бо талоши якҷоя садҳо бех дарахт шинонда, каналҳои обёриро таъмир мекунанд.

Акс: CABAR.asia
Акс: CABAR.asia

Ба гуфтаи Зарифхон, ҷангал яке аз сарватҳои боарзиши табиии Тоҷикистон аст ва аҳамияти он дар зиндагии мардум, ба хусус дар деҳот, хеле калон мебошад.

“Ҷангал барои мо маҳсулоти боарзишу фоиданоки зиёд – ҳезум, хошок барои чорво, масолеҳи бинокорӣ барои сохтмони манзил, гиёҳҳои шифобахш ва ғайра медиҳад”,- таъкид намуд Зарифхон Гулчинов.

Илова бар ин, ба гуфтаи ӯ, ҷангал манбаи ҳавои тоза ва ҷойи олие барои фароғат аст.

Табодули дониш ва таҷрибаи барқарорсозии ҷангал

Феълан Зарифхон Гулчинов мутахассиси созмони ҷамъиятии экологии “CAMP Tabiat” буда, пайваста ба манотиқи мухталифи Тоҷикистон сафар мекунад. Ба ҳайси мутахассисе, ки дар кори барқарор кардани ҷангал таҷрибаи чандинсолаи амалӣ дорад, метавонад ба сокинони деҳот аҳамият ва манфиатҳои идоракунии муштараки ҷангалро ҳаматарафа фаҳмонад.

Зарифхон инчунин дар доираи лоиҳаи “Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ” (CAMCA)-и UNEP/IKI дар самти ҳифзи чарогоҳҳои куҳӣ фаъолият мекунад. Суханронӣ ва баромадҳои ӯ дар бораи истифодаи устувор ва самараноки ҷангалзорҳо ва чарогоҳҳо, ки дар деҳоти дурдасти Тоҷикистон, ба хусус дар водии Яғноби вилояти Суғд анҷом медиҳад, дар байни сокинони маҳаллӣ истиқболи гарму самимӣ пайдо мекунад.

Зарифхон Гулчинов дар мавзеи худ. Акс: CABAR.asia
Зарифхон Гулчинов дар мавзеи худ. Акс: CABAR.asia

“Мо ҳатман бояд донишу таҷрибаамонро оид ба барқарорсозии ҷангалҳои Помир ба сокинони манотиқи дигари кишвар, ки онҷо низ ҷангалзорҳо мавҷуд аст, мубодила кунем. Вазъияти имрӯзаи ҷангали назди деҳаи Барвоз, ки ман он ҷо зиндагӣ мекунам, аз он шаҳодат медиҳад, ки мо роҳи дурустро интихоб кардаем”,-илова кард Зарифхон. 

Ҳифзи табиат барои наслҳои оянда

Сарфи назар аз дастовардҳои назаррас, Зарифхон мегӯяд, набояд ба ҳеч ваҷҳ бо ин дастовардҳо қаноатманд шуд, балки бояд фаъолиятро дар самти эҳё ва ҳифзи экосистемаҳои нодири табиии Тоҷикистон идома дод.

Тавре Зарифхон қайд кард, аз қадимулайём дар Бадахшони Куҳӣ анъанаи ба ҳамдигар расонидани ёрии беминат вуҷуд дорад, ки ба шарофати он одамон дар шароити сахти табиию иқлимӣ зинда мондаанд.

Акс: CABAR.asia
Акс: CABAR.asia

“Хушбахтона, имрӯз мо, истифодабарандагони ҷангал, дар ҳолати зарурӣ на танҳо аз хонаводаҳоямон, балки аз хешу табор ва ҳамсояҳо низ кумак мегирем”,- гуфт Зарифхон. “Мо дар раванди корҳои барқарорсозӣ, масалан, ҳангоми шинондани ниҳолҳо ва обёрии қитъаҳои замин ҳамеша ба ёрии якдигар мешитобем”.

Ба гуфтаи Зарифхон, усули идоракунии муштараки ҷангал ба анъанаҳои аҷдодии сокинони маҳаллӣ мувофиқат мекунанд.

“Аҷдодони мо муҳити зистро зиндаву муқаддас медонистанд, табиатро қадр мекарданд ва бо он эҳтиёткорона муносибат мекарданд ва ҳангоми истифодаи сарватҳои табиӣ мувозинату андозаро нигоҳ медоштанд”, -таъкид намуд ӯ.

“Онҳо баъди худ барои мо ҷангали солиму обод гузоштанд ва мо бояд аз онҳо пайравӣ кунем, ҷангалзорҳоро барои наслҳои оянда ҳифз кунем”.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: