Чанд рӯз пас, дақиқтараш 1 марти соли равон дар Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад. Дар таърихи баъдиҷангии Тоҷикистон ин панҷумин интихоботи порлумонӣ аст ва он ҳоло бе ҳангомаҳои сиёсӣ ва бо иштироки танҳо як ҳизби мухолифи расмӣ баргузор мешавад. Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон ба пирӯзии худ беш аз ҳарвақта эътимод дорад. Мухолифони системавӣ ва ғайрисистемавии тоҷик талош доранд, ба раванди интихобот таъсир расонанд, вале барои ин манобеи лозимиро надоранд.
Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!
Вазъи пешазинтихоботии Тоҷикистонро метавон ором ва пешгӯишаванда арзёбӣ кард. Мақомот назар ба интихоботҳои пешин дар интихоботи пешорӯ ба монанди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки ҳоло дар кишвар мамнуъ ва террористӣ эълом шудааст, дигар рақиби сиёсии бонуфуз надоранд.
Дар сабқатҳои пешазинтихоботӣ ҳафт ҳизби расмии сиёсӣ – Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ, ҳизби президент), Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон иштирок доранд. Барои 63 курсии Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони кишвар 241 номзад рақобат мекунанд, ки 176 нафари онҳо аз 41 ҳавзаи якмандатӣ ва 65 тани дигар тавассути рӯйхати умумии ҷумҳуриявии ҳизбӣ пешниҳод шудаанд. Ҳамин тариқ барои 1 курсии вакилӣ 4 кас рақобат доранд. Дар рақобатҳо ҲХДТ аст, ки раҳбари он президент Эмомалӣ Раҳмон буда, аз 63 курсии порлумони кунунӣ 51-тоашро дар ихтиёр дорад.Ягона ҳизбе, ки аз равандҳои кунунии Тоҷикситон ошкоро интиқод мекунад, Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) аст. Иштирокдорони боқии сабқат, аз ҷумла Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, ки худро мухолиф меномад, нисбат ба сиёсатҳои мақомот аз мавзеъгириҳои эҳтиёткорона кор мегирад.
Мавқеи ҳизбҳо
Намояндагони ҳамаи ҳафт ҳизби сиёсии Тоҷикистон дар мунозирае, ки Радиои Озодӣ ибтидои моҳи феврал баргузор кард, зарурати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро ҳамчун паёми асосии барномаҳои худ маънидод карданд.
Вале ҳеч кадоме аз ин ҳизбҳо, ба ҷуз аз раҳбари ҲСДТ Раҳматилло Зоиров қодир нашуданд, шиори сиёсиеро изҳор намоянд ё сиёсати президенти кишварро зери суол қарор диҳанд. Танҳо Зоиров гуфт, ки ба шаффоф баргузор шудани интихобот бовар надорад ва ба хотири “муаррифии барномаи худ” ва “тақвияти иродаи интихобкунандаҳо” иштирок мекунад. Ҳамтоёнаш аз аҳзоби дигар баҳогузории ӯро ҷонибдорӣ накарданд.
Ҳизбҳои сиёсии кишвар дар доираи маъракаи пешазинтихоботӣ сар аз 20 феврали соли равон баромадҳо тавассути телевизиони давлатиро оғоз карданд. Ба ҳар як ҳизб 40 дақиқа ва ба номзадҳои алоҳида 20 дақиқа вақт дода мешавад, то барномаи худро тавассути телевизион ба сокинони кишвар муаррифӣ кунанд. Номзадҳо ҳамчунин шабакаҳои иҷтимоиро низ дар ихтиёр доранд, ки сокинон, бахусус муҳоҷирон – неруи асосии қобили кор ва қишри фаъоли ҷомеа аз онҳо фаъолона истифода мебаранд.
Вале дар инҷо вазъи муаррифии ҳизбҳо беҳбуд мехоҳад. Танҳо намояндагони ҲСДТ аксҳои таблиғотии худро нашр мекунанд, ки ба гуфтаашон, то ҳол 123 ҳазор варақа тақсим ва ҳудуди 50 вохӯрӣ анҷом додаанд. Ҳизбҳои дигар дар муаррифии барномаҳои худ ба раъйдиҳандагон чандон фаъол нестанд. Ҳарчанд Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) мегӯяд, маъракаҳои таблиғотии аҳзобу номзадҳо дар шакли лозимӣ ҷараён доранд.
Омодагии мақомот
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ахираш ба порлумони кишвар аз тамоми ниҳодҳои дахлдор хост, то дар раванди интихобот дахолат накунанд ва ба иҷрои вазифаҳое машғул шаванд, ки бар зиммаашон вогузор шудааст. Вале раванди омодагии ҳукумат ба интихоботи пешорӯ ҳанӯз моҳҳо пеш аз эъломи санаи он мушоҳида мешуд.
Порлумони Тоҷикистон моҳи июни соли гузашта пешниҳоди ҳукуматро барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни кишвар “Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ” қабул кард, ки бар асоси он аъзои ҳизбҳои сиёсӣ наметавонанд ба ҳайати ин комиссия шомил шаванд. Пештар ҳамаи ҳизбҳо дар КМИР намоянда доштанд, ки метавонистанд, раванди шумориши овозҳоро назорат кунанд. Мунаққидони лоиҳа ҳангоми тағйири қонун гуфтанд, ихроҷи аъзои ҳизбҳо аз ҳайати комиссияи интихоботӣ шаффофият ва беғаразии кори онро ба ҳам зада, ба намояндагони ҳукумат имкон медиҳад, ки раванди раъйдиҳиро ба нафъи ҳизби ҳоким дасткорӣ кунанд. Дертар маълум шуд, ки аз ҳафт узви КМИР сетоашон узви Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ҳастанд. Вале дар ҳизб гуфтанд, ки ин се нафар аз узвияти ҲХДТ даст кашидаанд. Ин ҳам дар ҳоле ки вобастагии аъзои КМИР аз ҳукумати иҷроия, ки аз давлат маош мегиранд, фишанги назарраси расонидани таъсир ба раванди раъйдиҳӣ хоҳад буд.
Дар арафаи интихобот дар баробари механизмҳои дақиқи муассир иқдомҳои имиҷсозӣ низ аз сӯи мақомот мушоҳида мешуданд. Барои намуна, қонуни “Дар бораи афв” бахшида ба 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2019, ки тибқи он ҳудуди 20 ҳазор одам афв шуданд ва ин наметавонист ба имиҷи президент ё ҳизби ӯ бетаъсир бошад. Ҳамчунин ба кор андохтани ду чархаи нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғунро низ бо иштироки президент дар солҳои 2018 ва 2019 метавон мисол овард, ки чандин сол мешавад ҳамчун идеяи миллӣ таблиғ карда мешавад.
Бар иловаи ин, ҲХДТ ҳамчун номзад ба вакилӣ мансабдорони пешини давлатиеро пешниҳод кардааст, ки аллакай дар доираҳои худ то андозае маъруф ҳастанд. Ба рӯйхати ҳизбии ҲХДТ раиси Шӯрои амнияти миллӣ, вазири пешини меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, вазири пешини адлия, раиси пешини Кумитаи кор бо занон ва оила, муовини раиси вилояти Хатлон ва дигарон шомиланд. Ҷолибии кор дар он аст, ки дар фармони президент сабаби барканории онҳо “гузаштан ба кори дигар” гуфта шудааст, ки бар хилофи изҳороти раҳбари кишвар дар бораи шаффоф ва демократӣ баргузор шудани интихобот ба ҳисоб меравад.
Харҷҳои молӣ
Набудани муборизаи воқеӣ миёни ҳизбҳои рақиб ҳаҷми харҷи онҳо ба маъракаҳои пешазинтихоботиро низ бозгӯ мекунад. Раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода дар мусоҳибаи худ гуфт, ҳизби онҳо дар интихобот 75 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 8 ҳазор доллар) сарф мекунад. Намояндагони ҳизбҳои дигар гуфтанд, ки тибқи нақшаи худ, аз 100 то 150 ҳазор сомонӣ (10-15 ҳазор доллар) харҷ карданианд.
Қонунгузории Тоҷикистон дар навбати худ меъёри аз ҳама баланди харҷро дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ 1 миллиону 740 ҳазор сомонӣ (наздики 180 ҳазор доллар) муайян кардааст.
Вале ин маблағе, ки намояндагони ҳизбҳо мегӯянд, дар рақобатҳои воқеӣ дар як кишвари дорои 9 миллион аҳолӣ гумон аст, ки даҳ дарсади харҷи таблиғотро рӯйпуш кунад. Ин ҳам дар ҳоле ки раҳбарони ҳизбҳо хушбин буда, тасмим доранд, дар порлумони ҳадди ақал 5-ҷоиро соҳиб шаванд, то тавонанд дар баробари ҳизби ҳоким эътилоферо ташкил кунанд.
Мавқеи мухолифон
Дар ин ҳама сол танҳо Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки дар интихоботи соли 2015 соҳиби 5 курсӣ шуд, тавонист дар порлумон эътилоферо ташкил кунад. Ду ҳизби асосии мухолиф – Ҳизби ҳамакнун мамнуи наҳзати исломӣ ва Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, ки дар порлумон ду намояндагӣ доштанд, аз курсиҳои худ маҳрум шуданд. Раиси вақти Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов он замон интихоботро “мазҳака” номид, вале гуфт, шикоят бурдан аз натиҷаҳои он маъно надорад. Ҳизби коммунистии Тоҷикистон баъди аз мақоми раисӣ рафтани Шабдолов мавқеъгирии худро нисбат ба ҳукумат нармтар кард. Ин ҳам дар пасманзари террористӣ эълом шудани Ҳизби наҳзати исломӣ дар кишвар ва боздошти раҳбарони он сурат гирифт.
Дар интихоботи пешорӯ созмонҳои мухолифи фаъолияташон мамнуъ дар кишвар – “Гуруҳи 24” ва Паймони милллии Тоҷикистон, ки ба он ҲНИТ низ шомил аст, бо нашри изҳороти алоҳида ҳимояти худро аз ҲСДТ баён ва аз ҷонибдоронашон даъват карданд, ки ба ин ҳизб овоз диҳанд. Раҳбарияти ҲСДТ низ расман изҳорот дода, гуфт, бо ин гуруҳҳо ҳеч робитае надоранд ва онҳо танҳо фикри шахсии худро баён намудаанд.
Ҳаминтариқ мухолифони ғайрисистемавии тоҷик, ки фаъолияташон дар доираи шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдуд мешавад, дар интихобот аз ҲСДТ ҷонибдорӣ карданд. Вале дар вазъияти кунунӣ гумон аст, ки ин ҷонибдорӣ таъсире расонида тавонад.
Таваҷҷуҳи нозирон
Ба ин ҳама нозироне ҳам, ки аз сӯи Душанбеии расмӣ ба интихоботи 1 март даъват шудаанд, шак надоранд.
Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо 16 январи соли равон бо нашри як гузориш гуфт, иштироки нозирони худро дар интихоботи навбатии порлумонии Тоҷикистон ғайримақсаднок медонад, вале ба хотири алоқамандии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва омодагии мақомоти тоҷик барои ҳифзи муколама дар робита ба масоили интихобот иштирок хоҳанд кард.
Дар гузориш қайд шудааст, ки дар мутобиқсозии меъёру қонунҳои марбут ба интихобот бо уҳдадориҳо дар назди САҲА ва меъёрҳои байналмилалии баргузории интихоботҳои демократӣ ҳеч пешрафте дида намешавад. Аз ҷумла, ба набудани расонаҳо ва имконият барои мухолифон ишора шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки созмони мазкур ягон бор интихоботҳои Тоҷикистонро озод ва демократӣ эътироф накардааст. Танҳо намояндагони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкориҳои Шангхай, ки дар интихоботи 1 март низ иштирок хоҳанд кард, тибқи қоида, онҳоро озод ва шаффоф номидаанд. Бино ба иттилои расмӣ, ҷамъан 500 нозири байналмилалӣ раванди интихоботро назорат хоҳанд кард.
Ба ҷои хулоса
Панҷумин интихоботи порлумонӣ низ дар ба миён омадани як контрэлитаи созанда дар порлумон мусоидат накард. Баръакс, ба ронда шудани рақибони мавҷудаи ҳукумат аз саҳнаи сиёсӣ кумак кард. Манъи ғайрирасмии интиқод тадриҷан на танҳо алоқамандии оммаро ба иштирок дар рақобатҳои сиёсӣ, балки ба назорати ин раванд низ коҳиш дод. Дар натиҷа ҳизбҳои мавҷуда дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ба омма беаҳамият шуданд.
Худи ҳизбҳо низ тайи ин муддат барои ҷалби таваҷҷуҳ ба фаъолияташон тақрибан даст ба ҳеч иқдоми лозимие назаданд. Онҳо боре ба масоили сиёсиву иҷтимоӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ё сиёсати кадрӣ дар кишвар дахл накардаанд ва маҳз барои ҳамин номи “мухолифони кисагӣ”-ро соҳиб шудаанд. Дар ин замина танҳо ҲСДТ метавонад истисно бошад. Вале таъсири он низ ба иллати норасоии манобеъ ва надоштани дастгирии кофии омма маҳдуд аст. Мавҷудияти он танҳо нақши нишондиҳандаи гуногунандешии сиёсиро мебозад, ки ба нафъи худи ҳукумат аст.
Мақомот, ки дар дохил ҳеч рақибе надоранд, аз манбаъҳои идорӣ ошкоро истифода мебаранд. Ҳамаи намояндагони шаҳру ноҳияҳое, ки интихоботро ташкил мекунанд, интихобӣ нестанд. Онҳоро ҳокимияти иҷроия таъйин мекунад, ки дар натиҷа аз он вобастагии комил хоҳанд дошт.
Дар ин гуна шароит натиҷаи интихобот на танҳо дар дохили кишвар, балки дар берун аз он низ пешгӯишаванда аст. Ҳангома дар он хоҳад буд, ки дар баробари ҳизби ҳоким боз кадом ҳизб вориди порлумон хоҳад шуд. Вале дар сурати ворид шудани ҳамаи ҳизбҳо ба порлумон низ вазъ тағйир нахоҳад хурд.
Ин мавод дар доираи лоиҳаи “Giving Voice, Driving Change – from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст.