Рӯзи 15 январ дар Тоҷикистон маъракаи такрории воксинзанӣ ва моякӯбии кӯдакони то 12-сола оғоз шуд. Зарурати ин равандро дар матлаби зер мутолиа кунед.
Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 муроҷиати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар мавриди шурӯи даври сеюми эмгузаронии аҳолии калонсол пазируфт. Инчунин, Вазорати тандурустӣ иҷозати ба эмгузаронӣ фаро гирифтани кӯдакони аз 12 сола болоро дарёфт кард.
Ба омори Вазорати тандурустӣ, дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбӣ ба навъи нави коронавирус – омикрон сабт нашудааст. Аммо коршиносони мустақил мегӯянд, Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир таҷҳизоти зарурӣ ва мутахассисони генетик, ки тавони ташхис додани омикронро дошта бошанд, надорад.
Дар Тоҷикистон моякубӣ бар зидди вируси COVID-19 барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ аст.
Гузашта аз ин, табибони оилавӣ хона ба хона рафта, сокинонро ба эмгузаронӣ даъват мекунанд ва омодаанд ҳатто дар хона мардумро моякубӣ кунанд.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то 18 январ тақрибан 70 дарсади аҳолӣ бар зидди сирояти COVID-19 воксин гирифтааст. 60 дарсади аҳолӣ вояи дуюмро ҳам гирифтаанд.
Коршиносони мустақил иддао доранд, ки ин рақамҳо хеле зиёд нишон дода шудаанд.
Табиб Ораш Алоӣ, коршиноси риштаи вирусшиносӣ, ки давоми ду соли охир ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсияҳои муфид пешниҳод мекунад, дар суҳбат бо CABAR.asia гуфт, ду вояи воксин аллакай дар организми инсон подтан (антитела) ба вуҷуд меоварад. Аммо тадқиқотҳои охирини донишмандон нишон медиҳад, ки бо мурури вақт шумораи подтанҳо кам мешаванд. Ва онҳо аз сироят ва навъ (штамм)-ҳои нави коронавирус камтар муҳофизат мекунанд. Вирусолог қайд мекунад, ки гирифтани чанд вояи воксин ягон ҳолати ғайриоддӣ нест. Масалан, барои пешгирӣ аз бемории фалаҷи атфол кӯдакон 4-5 воксин мегиранд.
Тоҷикистон пайваста аз тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ пайравӣ мекунад. Тавсияҳо вобаста ба тадқиқотҳои нав ва пайдоиши штаммҳои нави коронавирус тағйир меёбанд.
Дар айни замон, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шеваи моякубии 3+1-ро истифода мебарад. Ин маънои онро дорад, ки шахс бояд дар давоми 21 рӯз ду вояи воксинро пай дар пай бигирад. Вояи сеюм пас аз шаш моҳ ва чорум баъд аз як сол бояд гирифта шаванд.
Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ мегӯяд, даври сеюми эмгузаронӣ аз 15 январ оғоз шудааст.
Шарти асосӣ ин аст, ки фосилаи байни воксинҳои дуюм ва сеюм бояд 6 моҳ бошад. Инчунин бо худ доштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи гирифтани ду вояи аввали воксин, баланд набудани ҳарорат ва гирифтори бемориҳои сироятӣ набудан, зарур мебошад.
Масъалаи сифати воксин ва пайиҳамии он солҳои охир хеле тезу тунд буд. Аммо Тоҷикистон озмоишгоҳҳои худро надорад ва аз ин рӯ, ниҳодҳои дахлдор ба таҳқиқоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ такя мекунанд.
Ҳамин тариқ, тамоми воксинҳои аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тасдиқшуда босифат дониста мешавад. Воксинҳо вобаста ба технологияи истеҳсолшавиашон аз ҷиҳати самарабахшӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ инчунин аз истифодаи чанд воксин ҷонибдорӣ мекунад.
Доктор Ораш Алоӣ мегӯяд, ҳанӯз дар мавриди пайиҳамии воксинҳо тадқиқоти мукаммал анҷом нашудааст, аммо натиҷаҳои аввал нишон медиҳанд, ки он таъсири эмгузарониро беҳтар мекунад.
Моякубии кӯдакон ба мавҷудияти воксинҳо дар кишвар вобаста аст. Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, барои дарёфти ду вояи воксин барои аҳолии калонсоли Тоҷикистон 12 миллион воя лозим аст (аҳолии аз 18-сола боло 5,8 миллион нафар). Теъдоди кӯдакон ва наврасони аз 12 то 18-сола қариб як миллион нафарро ташкил медиҳад.
Наврӯз Ҷаъфаров мегӯяд, вазорат аллакай бо дархости моякӯбӣ шудани кӯдакон ба Ситод муроҷиат кардааст. Аммо то замоне ки миқдори зарурии воксин мавҷуд набошад, эмкунӣ оғоз намешавад.
Дар маҷмӯъ, то имрӯз Тоҷикистон ҳудуди 13 миллион воя воксини зидди коронавирус дарёфт кардааст.
Ораш Алоӣ мегӯяд, эҳтимоли маргу мири кӯдакон аз бемории Covid-19 нисбат ба афроди аз 60 сола боло камтар аст. Кӯдакон ин бемориро нисбатан осонтар пушти сар мекунанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки онҳо бемор намешаванд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тавсия медиҳад, кӯдакони аз 5 то 17 солаи мубталои бемориҳое, ки хатари ба COVID-19 гирифтор кардани онҳоро зиёд мекунад, бояд эм карда шаванд.
Аммо дар тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ инчунин гуфта мешавад, ки моякубии кӯдакон “назар ба пиронсолон ё одамони гирифтори бемориҳои музмин ва кормандони соҳаи тиб камтар аҳамият дорад”.
Тибқи маълумоти пешакӣ, эмгузаронӣ дар Тоҷикистон дар се марҳила сурат мегирад: марҳилаи аввал кӯдакони 12-18-сола, марҳилаи дуюм кӯдакони 10-12-сола ва марҳилаи сеюм кӯдакони 5-10-соларо фаро мегирад.
“Дар ин кор ягон бадӣ нест. Охир, ҳамаамон қариб дарҳол пас аз таваллуд ваксинаи зидди зуком мегирем”,- мегӯяд вирусшинос Ораш Алоӣ.
Ораш Алоӣ мегӯяд, назарияи пайдо шудани иммунитети оммавӣ ҳангоми мавҷудияти подтан дар 70% аҳолӣ ноком шудааст. Сабаб дар он аст, ки штаммҳои нав пайдо мешаванд, антитела дар бадани мо кам мешавад ва ҳуҷайраҳои хотира вирусро фаромӯш мекунанд.
“Ҳоло имконияте вуҷуд дорад, ки дар сурати пайдо нашудани навъҳои нав ва моякубӣ шудани 95 дарсади аҳолӣ вирус назорат карда шавад”,-гуфт Ораш Алоӣ.
Пас аз гирифтани воксин эҳтимолияти марг 10 маротиба кам мешавад. Аммо ҳеч яке аз воксинҳо 100% аз сироятёбӣ ба коронавирус муҳофизат карда наметавонад.
Ба гуфтаи вирусолог Ораш Алоӣ, барои гирифтор нашудан ба ин беморӣ, бояд воксин гирифт, масофаи иҷтимоиву қоидаҳои беҳдоштиро риоя кард ва ниқоб пӯшид. Бо риояи ҳамаи ин талабот метавонед хатари сироятёбӣ ба коронавирусро пешгирӣ кунед.
Масалан, аҳолии шаҳри Душанбе 1 миллион нафар аст. Агар касе дар ин шаҳр воксин нагирад, пас ҳолатҳои маргу мир аз коронавирус метавонад аз 10000 то 30000 нафарро ташкил диҳад. Бо воксинзанӣ мизони марг то 600 нафар коҳиш хоҳад ёфт. Ин як фарқияти хеле калон мебошад.
Як сол пеш, олимон дар бораи вируси “Ковид-19” ва воксинҳо маълумоти хеле кам доштанд, ки ин барои пайдо шудани хабарҳои қалбакӣ шароит фароҳам овард. Ҳоло бошад, ба гуфтаи Ораш Алоӣ, табибон дар як қатор масъалаҳо дар бораи ин вирус маълумоти кофӣ доранд.
“Акнун мо аниқ медонем, ки воксин барои муносибатҳои ҷинсӣ ё ҳомиладорӣ мушкиле эҷод намекунад. Воксини зидди коронавирус ба кӯдаке, ки ҳангоми эмкунӣ дар батни модар аст, зарар намерасонад. Аз ин рӯ, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба тамоми одамони аз панҷсола боло тавсия медиҳад, ки воксин бигиранд”,- хулоса кард вирусолог.
Ин матлаб дар доираи лоиҳаи “Рушди расонаҳои нав ва рӯзноманигории рақамӣ дар Осиёи Марказӣ”, ки онро Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) бо дастгирии Ҳукумати Бритониёи Кабир амалӣ мекунад, таҳия шудааст. Муҳтавои матлаб баёнгари нуқтаи назари расмии IWPR ё Ҳукумати Бритониёи Кабир нест.