© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Буҳрони энергетикӣ дар Тоҷикистон: сокинон аз пайваста қатъ шудани нерӯи барқ шикоят мекунанд

Коршиносони тоҷик мегӯянд, масъулини бахши энержии кишварро мебояд ба низоми куҳнашудаи таъмини барқ ​​дар кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунанд.


Хиёбонҳои шаҳри Душанбе. Акс: CABAR.asia
Хиёбонҳои шаҳри Душанбе. Акс: CABAR.asia

Сардиҳои ахири ҳаво дар Тоҷикистон боиси буҳрони таъмини нерӯи барқ ​​ва ба таври қобили мулоҳиза бештар шудани мушкилоти мардум шудааст. Сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар аз камбуди нерӯи барқ ​​шикоят мекунанд, масъулин бошанд, сабаби инро якбора боло рафтани талаботи аҳолӣ ба нерӯи барқ медонанд, ки боиси садамаҳо дар хатҳои баландшиддати барқи кишвар шудааст.

Рӯзи якуми март, тахминан соати 11:10 бар асари садама дар системаи энергетикии кишвар бештари аҳолии Тоҷикистон бе барқ ​​монд.

Бар иловаи қатъ шудани нерӯи барқ, низоми гармидиҳӣ, оби ошомиданӣ, иртиботи мобилӣ ва Интернет низ аз кор бозмонд.

Ба иттилои хабаргузории “Азия-Плюс”, аз миёни шаҳрҳои бузург ва марказҳои вилоятӣ ​танҳо шаҳри Бохтар ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз ҳисоби нерӯгоҳҳои барқии маҳаллӣ бо қувваи барқ таъмин буданд.

Сокинони Душанбе аз қатъ шудани нерӯи барқ ​​шикоят доранд

Хиёбонҳои шаҳри Душанбе. Акс: CABAR.asia
Хиёбонҳои шаҳри Душанбе. Акс: CABAR.asia

Сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, ки набудани нерӯи барқ ​​дар сардиҳои ахир зиндагии онҳоро мушкил ва харҷҳояшонро афзоиш додааст.

Гуландом, як сокини биноҳои баландошёнаи ноҳияи Сино, аз бебарқӣ ва мушкили ногаҳонӣ дар низоми гармидиҳӣ шикоят мекунад. Ӯ мегӯяд, фарзандони хурдсолаш чаҳор рӯзи ахир ғизои дуруст нахӯрдаанд.

“Мо аз ҳавлиҳои назди биноямон дар термосҳо оби доғ оварда, ҳамроҳи фарзандонамон танҳо угроҳои зудпази “Роллтон” мехӯрем. Ҳамин тавр се вақт ғизои мо “Роллтон” ва нону чой аст. Маблағи ба даст овардаамон танҳо барои харидани нону угро мерасад. Дар хонаҳои бетонӣ бо кӯдакони хурдсол зиндагӣ кардан ғайриимкон аст. Дар берун барф меборад, ҳаво хунук, ҷойи рафтан надорем”,- меафзояд Гуландом.

Меҳрӣ, як сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахт, мегӯяд, “хонаҳо сард аст, нерӯи барқ ҳар рӯз бидуни ягон ҷадвали мушаххас қатъ мешавад”.

“Ҳанӯз ғизо омода нашуда, барқ ​​қатъ мешавад. Намедонем ба куҷо шикоят кунем. Ба шабакаи тақсимоти барқи ноҳияи Фирдавсӣ тамос гирифта намешавад, ба зангҳо ҷавоб намедиҳанд”,- мегӯяд ҳамсуҳбати CABAR.asia.

Ба гуфтаи ӯ, агар сокинон пули истифодаи барқро аз муҳлати муайяншуда ҳатто як рӯз дертар пардохт кунанд, дарҳол онро хомӯш мекунанд.

“Аммо вақте онҳо бидуни огоҳӣ барқро қатъ мекунанд ва мардум дар рӯзҳои сард бебарқ мемонад, касе парвое надорад”,-илова кард Меҳрӣ. 

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамарӯза барқ ​​қатъ мешавад, системаи гармидиҳӣ ҳанӯз кор намекунад, об нест ва сол то сол вазъият мушкилтар мешавад.

Ба гуфтаи сокини дигари шаҳри Душанбе – Рустам Самадов, ки дар маркази пойтахт зиндагӣ мекунад, солҳои охир қатъ шудани нерӯи барқ як амри муқаррарӣ шудааст.

“Барқ ҳатто дар тобистон ҳам хомӯш мешавад. Баъзеҳо ҳатто мегӯянд, ки дар пойтахт маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ шудааст. Аммо ман фикр мекунам мушкил дар он аст, ки тамоми системаи барқрасонӣ ба таъмири куллӣ ниёз дорад”,- мегӯяд Самадов.

Пас аз сукути тӯлонӣ масъулин сабаби қатъи нерӯи барқро шарҳ доданд

Пас аз чанд рӯзи садама Парвиз Қутбиддинов, намояндаи ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқи Душанбе” дар суҳбат бо телевизиони давлатии “Душанбе” вазъро шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, сабаби қатъи нерӯи барқ ​​дар пойтахт ва аксари манотиқи Тоҷикистон садама дар хатҳои асосии баландшиддати барқи ҷумҳурӣ будааст.

“Дар пайи сардии ногаҳонӣ ва боридани барфи зиёд масрафи нерӯи барқ ​​дар шаҳри Душанбе ба маротиб афзоиш ёфт. Бинобар бесобиқа зиёд шудани истифодаи нерӯи барқ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва ҷумҳурӣ ҳамин ҳолати садамавӣ ба вуқӯъ пайваст”,- гуфт Парвиз Қутбиддинов.

Коршиносон дар бораи сабабҳои садама назари дигар доранд. Дар суҳбат бо CABAR.asia коршиноси соҳаи энергетика Камолиддин Сироҷиддинов низ изҳор дошт, ки садама мумкин аст дар пайи истифодаи аз ҳад зиёди нерӯи барқ ​​рух дода бошад. Аммо Сироҷиддинов розӣ нест, ки ин сарборӣ ба аҳолӣ рабт дорад.

“Ин садама бо айби кадом корхонаи бузурги истеҳсолӣ рух додааст, аммо масъулин дар ин бора ҳарф намезананд”,- мегӯяд коршинос.

Ба андешаи Сироҷиддинов, дар ҳавои номусоид талабот ба нерӯи барқ ​​зиёд мешавад ва вобаста ба вазъият бояд нерӯгоҳҳои дигар ва ё агрегатҳои изофӣ фаъол карда шаванд.

“Онҳо аз қабл медонистанд, ки талабот зиёд мешавад, нерӯи барқи зиёд сарф мешавад, ба кор андохтани блокҳои иловагии неругоҳи барқи обии Норак ё неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1 лозим буд. Раҳбаронро мебоист дар пайи сардӣ низоми истифодаи нерӯи барқи корхонаҳои истеҳсолиро дигар мекарданд ва чун ин корро накарданд, талабот зиёд шуд ва садама рух дод”, – афзуд Сироҷиддинов.

Ин ягона ҳолати садамаи бузург дар низоми энергетикии Тоҷикистон нест, соли 2016 ва солҳои қаблтар низ чунин ҳодисаҳо ба вуқӯъ пайваста буданд.

Абдулло Ашӯров, рӯзноманигори тоҷик, ки солҳои тӯлонӣ ин мавзӯъро пайгирӣ мекунад, рух додани садамаҳо ва маҳдудияти нерӯи барқро дар Тоҷикистон мушкилоти системавӣ медонад.

Ба гуфтаи ӯ, “чунин вазъият дар пайи нарасидани мутахассисон, хатҳои куҳнашудаи баландшиддати барқӣ, ки аз замони шӯравӣ боқӣ мондаанд, сохтмони биноҳои баландошёна ва фасод дар соҳаи энергетика ба вуҷуд меояд”.

Ӯ меафзояд, “бо кумаки молии Бонки Осиёии Рушд ҳисобкунакҳои нави замонавӣ насб шуда, хатҳои интиқоли барқи дохили биноҳо нав карда мешавад, инчунин раванди ҷамъоварии маблағи истифодаи нерӯи барқ беҳтар мешавад”. “Аммо хатҳои баландшиддат куҳнаанд, онҳо дар замони шӯравӣ сохта шудаанд. Вақте дар ҳавои сард талабот зиёд мешавад, онҳо ба ин сарборӣ тоб оварда наметавонанд ва система аз кор мебарояд”, – афзуд ӯ.

Ихтилофи ҳарфи масъулин дар мавриди сатҳи об дар обанбори Норак

Сокинони ноҳияи Вахш ба далели набуди барқ ​​маҷбуранд дар кӯча хӯрок пазанд. Акс: CABAR.asia
Сокинони ноҳияи Вахш ба далели набуди барқ ​​маҷбуранд дар кӯча хӯрок пазанд. Акс: CABAR.asia

Баҳси маҳдудияти нерӯи барқ ​​дар манотиқи Тоҷикистон ҳанӯз моҳи октябри соли гузашта дар расонаҳо оғоз шуда буд. Дар рӯзҳои сарди ахир сокинони пойтахт низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ин мушкил бисёр навиштанд.

Як сокини ҷамоати Чортеппаи шаҳри Душанбе менависад, мушкили қатъи нерӯи барқ ​​чанд моҳ аст, ки ҳал нашудааст.

“Онҳо ҳар вақт ки дилашон хост, барқро қатъ мекунанд. Мо андоз ва дигар намуди хизматрасониҳои коммуналиро баробари сокинони шаҳр месупорем, аммо нерӯи барқро мисли ноҳияҳо ба мо медиҳанд”, – шикоят мекунад ӯ.

Як корбари дигар аз ноҳияи Рӯдакӣ менависад, “аз моҳи сентябри соли 2023 то имрӯз дар ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ интиқоли барқ ба танзим надаромадааст​​.

“Нерӯи барқ ​​нест, хона сард аст, кӯдакони хурдсол беморанд, ин ҳолат 6 моҳ боз идома дорад. Намедонам ин масъала кай ҳалли худро меёбад”, – мегӯяд ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ.

Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” моҳе қабл дар як нишасти хабарии гуфта буд, “лимити барқ ​​аз шароити обу ҳаво ва миқдори оби воридшуда ба обанбори нерӯгоҳи барқи обии Норак вобаста аст ва ҳоло маълум нест, ки ин маҳдудият кай бардошта мешавад”.

Ба гуфтаи Асозода, яке аз сабабҳои бебарқӣ дар Тоҷикистон кам будани сатҳи об аст.

Пас аз чанд рӯз, Фазлиддин Шоҳиддинов, роҳбари НБО “Норак” дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки “имсол дар муқоиса ба соли гузашта сатҳи об дар обанбор 3 метр зиёд мебошад”.

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захоири оби Тоҷикистон рӯзи якуми феврал як сабаби дигари маҳдудияти нерӯи барқро “афзоиши талабот ба нерӯи барқ ​​ба далели суръати рушди иқтисод” гуфт.

Соли 2023 Тоҷикистон ба маблағи 110 миллион доллар нерӯи барқ ​​фурӯхтааст

Соли 2023 Тоҷикистон ба Афғонистон, Узбекистон ва Қазоқистон ба маблағи умумии 110 миллион доллар нерӯи барқ ​​фурӯхтааст. Дар ин бора Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Оҷонсии омори Тоҷикистон рӯзи 14 феврал дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Соли 2023 Тоҷикистон ба хориҷи кишвар беш аз 2,6 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ ​​содирот кардааст, ки дар қиёс ба як соли қабл 124 миллион киловат-соат бештар аст. Ба Афғонистон бештар аз якуним миллиард киловат-соат, ба Узбекистан 907 миллион киловат-соат ва ба Қазоқистон 144,6 миллион киловат-соат содирот шудааст.

Абдулло Ашӯров мегӯяд, мушкили камбуди нерӯи барқ ​​дар Тоҷикистон бар иловаи далоиле, ки мақомот ҳамасола ба миён мегузоранд, мисли вазъи обу ҳаво ва коҳиши мизони оби рӯдхонаи Вахш, инчунин ба мудирияти нодуруст ҳам марбут аст.

Ба гуфтаи ӯ, воқеан тавлиди нерӯи барқ ​​афзоиш меёбад, аммо ширкати “Барқи тоҷик” бештар ба содироти он ​​ба хориҷи кишвар таваҷҷуҳ дорад, на ба фурӯши нерӯи барқ ​​ба масрафкунандаҳои дохилӣ.

Вазъи молиявии ширкати “Барқи тоҷик” ва корхонаҳои зертобеи он чандон хуб нест, онҳо аз буҷа ва таъминкунандагон садҳо миллион сомонӣ қарздоранд ва ин қарз рӯз то рӯз меафзояд.

“Аз ин рӯ, онҳо ҳавасманданд, ки ҳарчи бештар нерӯи барқро бо нархи гаронтар ба хориҷи кишвар бифурӯшанд”, – меафзояд Абдулло.

Ба гуфтаи муҳаққиқи мустақил Шер Ҳошимов, ҳукумат ва созмонҳои байналмилалӣ барои навсозӣ ва такмили низоми энергетикӣ дар кишвар маблағҳои ҳангуфт ҷудо мекунанд.

“Аммо қисми зиёди ин маблағҳо барои бунёди иншооти нави энергетикӣ (Роғун) масраф шуда, барои навсозии шабакаҳои тақсим ва таъминоти нерӯи барқ ​​маблағи кофӣ сарф намешавад”,- мегӯяд Ҳошимов.

Системаи энергетикӣ на ба паст шудани ҳарорати ҳаво, на ба вазни барф ва на ба афзоиши истифодаи нерӯи барқ ​​омода нест.

Cистема на ба паст шудани ҳарорат, на ба  бориши барфи зиёд ва на ба афзоиши истифодаи нерӯи барқ ​​омода нест.
Ба гуфтаи ӯ, ин ҷо якбора чанд омил ба ҳам меоянд.

“Таҷдиди хатҳои барқ ​​як лоиҳаи зарурӣ, вале ба қадри кофӣ матраҳ нест ва ба идеяи миллии истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат намекунад. Сохтмони иншооти нави энергетикӣ ба мисли Роғун таваҷҷуҳи бештарро ба худ ҷалб мекунад ва ба ҳадафҳо ва баёнияҳои ҳукумат бештар мувофиқат мекунад”, – мегӯяд Ҳошимов.

Ба гуфтаи вай, “он маблағҳои кӯчаке, ки барои таҷдиди шабакаҳои тақсимот ва таъминоти нерӯи барқ ​​сарф мешавад, қурбони мудирияти нодуруст (идоракунии номуносиб) ва фасод шуда, пурра барои ҳадафҳои зарурӣ истифода намешаванд”.

“Дар натиҷа мо бо системаи куҳнашудаи энергетикӣ кор мекунем, ки ба навсозӣ ва беҳсозии фаврӣ ниёз дошта, ба афзоиши истифодаи нерӯи барқ ​​(бо сабаби афзоиши аҳолӣ) ва тағйирёбии иқлим комилан омода нест”, – таъкид мекунад Ҳошимов.

Иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гармтар ва хушктар мешавад, ҳаҷми боришоти солона коҳиш меёбад ва “дар баробари ин, зарурати омода кардани системаҳои энергетикӣ ба ҳавои бад ҳам кам мешавад”.

“Аммо бо тағйирёбии иқлим обу ҳаво пешгӯинашавандатар мешавад ва вақте боришоти ғайримуқаррарӣ ба амал меояд, мисли ҳафтаи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, система на ба паст шудани ҳарорат, на ба  бориши барфи зиёд ва на ба афзоиши истифодаи нерӯи барқ ​​омода нест”,- илова кард Ҳошимов.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: