Без рубрики

CABAR.asia 20.02.23

Дар Тоҷикистон расман аз 95 000 алиментсупоранда танҳо 1000 нафар дар пардохти алимент коҳилӣ кардаанд. Аммо коршиносон мегӯянд, мақомот оморро поин нишон медиҳанд ва дар асл ҳудуди 90 дарсади алиментсупорандаҳо дар Тоҷикистон уҳдадориҳои худро дар мавриди таъмини фарзандонашон иҷро намекунанд. (more…)

CABAR.asia 17.02.23

Хешовандони шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия маҳкум ба зиндон шудаанд, аз эҳтимоли ба ҷанг бо Украина бурдани наздиконашон нигаронанд. (more…)

Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон рӯзноманигорони ботаҷриба ва навкорро барои ширкат дар тренинги дурӯзаи “Стандартҳои муосири журналистика: Барои расонаҳои байналмилалӣ чӣ гуна бояд кор кард?” даъват мекунад. (more…)

CABAR.asia 10.02.23

Давоми чанд моҳи охир дар Тоҷикистон пулис се блогерро бо гуноҳи бадахлоқӣ боздошт кард. Коршиносон мегӯянд ба ин васила мақомот мехоҳанд назорат  аз болои афкори ҷомеаро пурзӯр намоянд. (more…)

CABAR.asia 03.02.23

Дар Тоҷикистон беш аз 800 000 муштарӣ, ки симкортҳои худро бо шиносномаи нав сабти ном накардаанд, метавонанд аз алоқаи мобилӣ маҳрум шаванд. (more…)

CABAR.asia 12.12.22

Бо шурӯи фасли тирамоҳ шикояти сокинони манотиқи Тоҷикистон аз қатъ шудани нерӯи барқ дигарбора зиёд шуд. Онҳо мегӯянд, набудани барқ дар фасли сармо зиндагии онҳоро душвор ва хароҷоташонро бештар мекунад.
(more…)

CABAR.asia 15.11.22

Даҳҳо муҳоҷири тоҷик гум шудаанд. Наздиконашон эҳтимол доранд, ки онҳоро иҷборан ба артиши Русия ҷалб кардаанд. (more…)

CABAR.asia 10.11.22

Аз 1 ноябри соли 2022 дар Тоҷикистон воякӯбии кӯдакон алайҳи сирояти пневмококк оғоз гардид. Моҳи сентябр дар кишвар воякӯбии густурдаи ғайринақшавии кӯдакон бар зидди сурхча анҷом шуда буд. Чунин тасмимҳои пайвастаи мақомоти кишвар барои эмгузаронии кӯдакон метавонад боиси нигаронии волидон шавад. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, чунин тадбирҳо барои зери назорат нигоҳ доштани вазъи эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат мекунанд. (more…)

Navruz Karimov 21.10.22

«Солҳои охир мо мушоҳида кардем, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба ҷуз Туркманистон, ҳодисаҳои зӯроварӣ авҷ гирифтааст. Ҳарчанд, нишонаҳои аввал ба назар мерасид, – дар бархе ҳолатҳо мо худро нороҳат эҳсос мекардем» – Терҳи Ҳакала, намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар бораи оммавӣ поймол шудани ҳуқуқи инсон дар Осиёи Миёна.  (more…)

CABAR.asia 19.10.22

Коршиносони расонаӣ мегӯянд, пас аз боздошти 7 блогер ва рӯзноманигор кори расонаҳо дар Тоҷикистон ба маротиб мушкилтар гардида, доираи “хатти сурх”-и худсонсурӣ, ки набояд убур карда шавад, тангтар шуд. (more…)