Хешовандони шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия маҳкум ба зиндон шудаанд, аз эҳтимоли ба ҷанг бо Украина бурдани наздиконашон нигаронанд.
Зулфиқор Муҳиддинови 27-сола бори охир моҳи октябри соли 2022 бо хонаводааш тамос гирифт. Он замон аз ҳукми зиндони ӯ, ки дар қочоқи маводи мухаддир муҷрим шинохта шуд, якуним сол сипарӣ гардида буд.
Соли 2019 мисли садҳо ҷавони тоҷик барои кор ба Маскав рафт. Зулфиқор ният дошт пул кор карда ба Тоҷикистон баргардад ва оила бунёд кунад. Аммо баъдан мурофиаи додгоҳӣ шурӯъ гардид ва ӯро 6 сол равонаи зиндон карданд.
Яке аз наздиконаш ба CABAR.asia гуфт, Зулфиқор тайи якуним соли аввали дар зиндон будан ҳар моҳ тавассути телефон бо хонаводааш суҳбат мекард.
“Ӯ ҳамеша мегуфт, ки бояд ҳарчи зудтар муҳлати ҷазояшро адо карда, ба Тоҷикистон баргардад. Азбаски дар оила писари ягона буд, волидонаш орзу доштанд, ки пас аз бозгашт писарашонро хонадор кунанд”,- гуфт манбаъ, ки нахост номаш ифшо шавад.
Дар охирин суҳбати телефонӣ бо хонаводааш Зулфиқор гуфтааст, ки мехоҳанд ӯ ва зиндониёни дигарро бо зӯр ба Украина фиристанд. Баъди ин дигар телефон накардааст. Ва пас аз чаҳор моҳ ба волидонаш аз Русия занг зада, хабар доданд, ки писарашон дар шаҳри Бахмути Украина кушта шудааст ва ҷасадашро ба Тоҷикистон мефиристанд.
Рӯзи 22 январ ҷасади Зулфиқор Муҳиддинов дар зодгоҳаш деҳаи Яккатути шаҳри Ҳисор ба хок супурда шуд.
Дар оғози ҳамлаи Русия ба Украина мақомоти Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар ҳушдор доданд, ки аз ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ худдорӣ кунанд. Ба гуфтаи мақомот, дар сурати ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ, шаҳрвандони кишвар бар асоси Кодекси ҷиноӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Аммо маълум нест, ки бо гузашти як сол аз ҷанги Русия ва Украина ягон шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шудааст ё на. Мақомоти расмӣ дар ин маврид чизе нагуфтаанд.
Ба гузориши “Радиои Озодӣ”, марги боз шаш шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Русия зиндонӣ буданд, вале дар Украина кушта шудаанд, тасдиқ шудааст.
Яке аз онҳо Мақсад Қурбонови 39-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ мебошад. Ӯ низ мисли Зулфиқор Муҳиддинов дар задухӯрдҳои шаҳри Бахмути Украина кушта шуд ва ҷасадашро рӯзи 6 феврал ба Тоҷикистон оварданд.
Ӯро ҳашт сол пеш дар Русия ба зиндон андохтанд ва мебоист моҳҳои наздик озод мешуд. Файзулло Қурбонов, падари Мақсад Қурбонов ба CABAR.asia гуфт, бори охир писараш моҳи октябри соли гузашта занг зада гуфтааст, ки онҳоро ба шаҳри Мариупол мебаранд.
“Вақте аз ӯ пурсидам, ки шуморо бо хоҳиши худатон мебаранд ё иҷборӣ, писарам гуфт, 160 маҳбусро ҷудо карда, онҳоро маҷбуран ба Мариупол мебаранд”,- гуфт Файзулло Қурбонов.
Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи тоҷик, ки аз ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия ҳимоят мекунанд, аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар маҳбасхонаҳои Федератсияи Русия қарор доштанд, моҳи сентябри соли гузашта, баъди эълони сафарбарӣ ба Украина бурда шуданд.
Дар моҳи декабри соли 2022 ва январи соли 2023 ҷасади боз се тоҷики дигар, ки дар Украина фавтидаанд, ба ватан интиқол дода шуд.
Ба гуфтаи наздиконашон, Шамсиддин Қодирови 47-сола, Бобоазиз Турдиеви 22-сола ва Манучеҳр Шодови 28-сола пас аз моҳи сентябри соли сипаришуда аз зиндонҳои Русия ба Украина бурда шудаанд.
Ҳамаи онҳо барои ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир зиндонӣ буданд.
Хешовандони Зулфиқор Муҳиддинов ва Мақсад Қурбонов ба CABAR.asia гуфтанд, нафароне, ки ба онҳо занг зада, аз марги наздиконашон хабар додаанд, худро узви гуруҳи “Вагнер” муаррифӣ кардаанд.
Ширкати ба истилоҳ хусусии низомии “Вагнер” бо ҷалби густурдаи маҳбусони зиндонҳои Русия барои ҷанг дар Украина маъруф аст.
Чанд маҳбуси тоҷикро ба ҷанги Украина бурдаанд?
Дар ҳоли ҳозир дар бораи теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар боздоштгоҳ ва зиндонҳои Русия қарор доранд, маълумоти расмӣ вуҷуд надорад. Тибқи иттилои расонаҳо, соли 2020 дар ин муассисаҳо ҳудуди 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳузур доштанд. Инчунин маълум нест, ки чанд нафари онҳоро ба Украина бурдаанд. Дар ин бора мақомоти Тоҷикистон расман ҳарф намезананд.
Зафар Саидзода, консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург рӯзи 29 ноябри соли 2022 ба “Радиои Озодӣ” гуфт, моҳҳои июл ва сентябр аз чанд боздоштгоҳи тафтишотии Русия дидан кардааст, вале дар мавриди ба Украина фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистон “ягон шикоят ё иттилои дақиқ” дарёфт накардааст.
Вазорати корҳои хориҷӣ ба дархостҳои хабарнигорони CABAR.asia посух надод. Аммо Шуҳрат Аҳмадзода, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия рӯзи 13 феврал дар нишасти хабарии вазорат гуфт, дар мавриди сафарбарии муҳоҷирони тоҷик, аз ҷумла зиндониён ба ҷанги Украина “расман касе муроҷиат накардааст”.
“Албатта, шаҳрвандоне ки аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ба Украина сафарбар шуда буданд, ризоияти шахсии худро дода, тибқи қонунгузории Русия ба онҷо сафарбар карда шуданд”,- афзуд Аҳмадзода.
Аммо наздикони маҳбусон чизи дигар мегӯянд. Аз ҷумла, Файзулло Қурбонов, падари Мақсад Қурбонов, яке аз маҳбусони кушташуда мегӯяд, писараш дар поёни суҳбат гуфтааст, ки онҳоро иҷборан ба Украина мебаранд.
Бо истифода аз маълумоти ғайрирасмии расонаҳо, метавон тахмин кард, ки пас аз моҳи сентябр садҳо маҳбус аз зиндонҳои Русия ба Украина сафарбар шудаанд. Бино ба иттилои сомонаи “Медиазона”, дар моҳҳои сентябр ва октябри соли 2022 теъдоди маҳбусон дар зиндонҳои Русия 23 ҳазор нафар кам шудааст.
“Аз соли 2010 ба ин сӯ ягон маротиба чунин ҷаҳиши зиёд рух надода буд: ҳатто афви аз ҳама густарда дар солҳои охир теъдоди камтарро фаро гирифта буд”,- менависад “Медиазона”.
Афзоиши хабарҳо дар бораи марги зиндониёни тоҷик дар Украина пайвандони афродеро, ки наздиконашон дар Русия зиндонӣ ҳастанд, нигарон кардааст. Бархе аз онҳо мегӯянд, чанд моҳ мешавад бо наздиконашон дар зиндонҳои Русия тамос гирифта наметавонанд.
Моҳи январи соли ҷорӣ Шаҳноза Тӯраева ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфта буд, се моҳ боз аз шавҳараш, ки дар яке аз зиндонҳои Русия мебошад, хабаре надорад.
“Бори охир 9 ноябр суҳбат карда будем. Ба ивази озодӣ ва пули калон ба ӯ пешниҳод кардаанд, ки ба ҷанги Украина равад. Ман гуфтам, нарав, муҳлати ҳукмат кам мондааст, Худо хоҳад, озод мешавӣ. Ӯ ба суханҳои ман розӣ шуд. Вале инак, се моҳи расо мешавад, ки аз шавҳарам дараке нест. Ҳарчанд ҳар моҳ як ё ду маротиба аз зиндон занг зада, аз ҳолаш хабар медод”, – гуфт Шаҳноза Тураева.
Ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон: аксарият розӣ ҳастанд, ки ба ҷанг раванд
Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик мегӯяд, пайваста бо зиндониёни тоҷик дар Русия тамоси телефонӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, намояндагони гуруҳи “Вагнер” ба зиндонҳо рафта, ба маҳбусон ваъда медиҳанд, ки дар сурати ба ҷанги Украина рафтан, озод хоҳанд шуд.
“Ҳолатҳое ҳастанд, ки маҳбусонро барои ба Украина рафтан маҷбур мекунанд. Ман се маҳбуси тоҷикро медонам, ки онҳоро зери фишор ва маҷбурӣ ба Украина сафарбар карданӣ буданд, вале рад кардаанд”,- мегӯяд Ёров.
Ба гуфтаи ӯ, ин афрод дар миёни маҳбусон нуфуз доштанд ва агар онҳо розӣ мешуданд, чанд маҳбуси дигар низ аз паси онҳо мерафт.
“Аммо тибқи маълумоте ки мо дорем, аксари маҳбусон ба ваъдаи пеш аз муҳлат озод шуданашон бовар карда, розӣ ҳастанд, ки ба Украина бираванд, зеро ба муҳлатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд”,- мегӯяд Каримҷон Ёров.
Ин дар ҳолест ки ба таъкиди ӯ, “Вагнер” маҳбусонро ба хатти пеши фронт равона мекунад.
“Дар сурати ақибнишинӣ онҳоро нерӯҳои Русия мепарронанд ва агар ба пеш ҳаракат кунанд, аз ҷониби укроинҳо парронда мешаванд”,- мегӯяд ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон.