© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

«Маслиҳат доданд, ки беэътиноӣ кунам». ВАО-и Тоҷикистон муноқишаи Русияву Украинаро тақрибан инъикос намекунад

Бештари Воситаи Ахбори Омма (ВАО)-и тоҷик кӯшиш мекунанд, ки аз мавзуъи ҳамлаи Русия ба Украина худдорӣ намоянд. Бархе бо «тавсия»-и боло ин корро мекунанд, бархе мегӯянд, ки аз сарнавишти муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳаррос доранд.


Таджикские журналисты. Фото: CABAR.asia
Рӯзноманигорони тоҷик. Акс: CABAR.asia

Аз оғози даргириҳои мусаллаҳона миёни Русия ва Украина  ду расонаи маъруфи Тоҷикистон хабаргузории «Азия – Плюс» ва радиои «Озодӣ» дар сомонаҳои худ бахшҳои алоҳидаи  «Украина» ва «Ҷанг дар Украин»-ро боз карданд.  Дар инҷо рӯйдодҳо пайваста ба забонҳои тоҷикӣва русӣ инъикос мешаванд, маводҳои таҳлилӣ нашр мешаванд, коршиносон дар бораи таъсири ин буҳрон ба Тоҷикистон сухан  мекунанд.

Дигар ВАО-и мустақил – Агентии иттилоотии «Авесто», порталҳои Your.tj «Тоҷикистон» ва «СССР» инчунин даргириҳои миёни Русия ва Украинаро инъикос мекунанд.

Sputnik Тоҷикистон, агентии иттилоотӣ, ки ба ҳукумати Русия мутааллиқ аст, ҳамчунин як рубрикаи ҷудогонаи «Амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс»-ро таъсис додааст, ки дар он ҳимоят аз Русия мешавад.

Якбора пас аз сар задани низоъ, хабаргузории ҳукумати Тоҷикистон – Агентии миллии Иттилоотии (АМИТ) «Ховар» – 24-ум феврал бо нашри як хабаре таҳти унвони «Дабири кулли СММ аз Путин даъват кард, ки сулҳ кунад ва аз «таҷовузи хушунатомез» ба Украина даст кашад». Аммо дере нагузашта ин паём аз сомона ҳазф шуд, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ пай бурданд.

Коршиноси расонаҳои хабарӣ Иршод Сулаймонӣ, таъкид кард, ки ҳоло расонаҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла, шабакаҳои телевизионӣ ва АМИТ «Ховар» ба хеҷ ваҷҳ ин мавзуъро инъикос намекунанд. Ҳарчанд дар баъзе шабакаҳои радиои давлатӣ хабарҳо дар бораи муноқишаҳоро шунидан мумкин аст.

Аз ҷумла, хабаргузории давлатии «Ховар» сар аз оғози ҳодисаҳои – 24 феврали соли 2022 ҳамагӣ чанд  хабар нашар кардааст, ки бештари онҳо паёмҳои мақомоти тоҷик аст.

Масалан,  24 феврал «Ховар» муроҷиатномаи Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Украина, ки «дар робита ба ҷорӣкардани вазъи ҳарбӣ аз ҷониби Украина аз 24-уми феврали соли 2022 тавсия шудааст, ба нашр расонид, бо дастури ситоди Вазорати ҳолатҳои фавқуллода риоя намуда, дар сурати имкон аз хонаҳои худ берун набароянд». Аммо дар бораи оғози муноқиша миёни Русия ва Укрина чизе гуфта намешавад.

Нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар сомонаи худ низ дар бораи ин низоъ чанд хабар нашр кардааст. Аксари онҳо хабару изҳороти ночиз аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон мебошанд.

Бояд гуфт, ки ҳатто хадамоти матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар хабари сафари раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко ва мулоқоти ӯ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи Укрина чизе намегӯяд. Ҳарчанд, тибки маълумоти ТАСС, дар ин дидор Матвиенко раисиҷумҳури Тоҷикистонро аз вазъи феълии атрофи Украина огоҳ кардааст. «…Ба ман супориш дода шуд, ки (Владимир Путин дар назар аст – муаллиф) ба шумо дар бораи вазъи Украина хабар диҳам», – гуфт Матвиенко.

Телевизионҳои давлатии Тоҷикистон (дар Тоҷикистон ягон шабакаи хусусии умумимиллӣ вуҷуд надорад) воқеаҳои Украинаро умуман инъикос намекарданд. Намояндагони расонаҳои давлатӣва бархе аз раҳбарони нашрияҳои мустақил мегӯянд, бо «маслиҳат»-и мақомот аз пӯшиши даргириҳои низомӣхуддорӣкардаанд. Ҳадди ақал ду масъули ду расонаи давлатӣба CABAR.asia  тадиқ карданд, ки ба онҳо «тавсия» дода шудааст, ки ба ҳодисаҳо нодида гиранд.

Ба назди мо аз хадамоти махсус омада ба таври шифоҳӣ«тавсия» доданд,  дар ин бора чизе нашр накунед.

«Дар аввал мо дар бораи сар задани низоъ як –ду маълумот нашр кардем, вале аз хадамоти махсус назди мо омада, шифоҳӣ«тавсия» доданд, ки дар ин бора чизе нашр нашавад. Бар асоси ин, мо ҳоло аз нашри мавод дар ин мавзуъ худдорӣ мекунем», – гуфт муовини сардабири яке аз расонаҳои давлатӣ ба шарти ифшо нашудани номаш ба CABAR.asia.

Ба гуфтаи рӯзноманигорон, қаблан мақомоти Тоҷикистон аз расонаҳои давлатӣ ва мустақили тоҷик тақозо кардаанд, ки ҳодисаҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро, ки дар натиҷаи марги як сокини ноҳияи Роштқалъа ҳангоми боздошт дар онҷо тазоҳуроти иҷтимоӣ оғоз шуд, инъикос накунанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи муноқишаи Русияву Украина изҳорот надодаанд. Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое буд, ки аз райъдиҳии қатъномаи СММ дар бораи маҳкум кардани иқдомоти Русия алайҳи Украина «бетараф» монданд.

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки ҳангоми овоздиҳӣба ҷонибдории қатъномаи СММ дар бораи маҳкум кардани иқдомоти Русия алайҳи Украина «худдорӣ» карда буд

Ба вазъи муҳоҷирон назар андозем

Иршод Сулаймони: Фото с личной страницы в facebook.com
Иршод Сулаймонӣ: Акс аз саҳифаи шахсӣдар facebook.com

Иршод Сулаймонӣ, ки низ муҳаррири бахши тоҷикии хабаргузории «Азия-Плюс» аст, мегӯяд, ки идораи онҳо мунтазам ҳаводиси даргириҳои Украинаро инъикос мекунад. Вай афзуд, ки «Азия-Плюс» тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то бетарафиро риоя кунад.

«Азия-Плюс» дар бораи истилоҳоти мушаххаси инъикоси руйдодҳо тасмим нагирифтааст ва он истилоҳоте, ки дар расонаҳои ҷаҳонӣистифода мешаванд, ба кор мебарад», – гуфт Иршод Сулаймонӣ.

Яке аз масъалаҳои мубрами инъикоси ин руйдодҳо сарчашмаҳои иттилоот мебошад. Аксари коршиносон мегӯяд, расонаҳои мустақили Тоҷикистон бештар аз манобеъи русӣиттилоъ мегиранд ва аз ин рӯ, рӯйдодҳоро ғаразнок инъикос мекунанд.

Аммо раҳбарияти «Озодӣ», бахши тоҷикии , назари ҳарду ҷонибро дар ин бора нашр мекунанд. 

Салим Аюбзод, директори радиои «Озодӣ» мегӯяд, ки сарчшмаи асосии иттилоъ барои онҳо хабарнигорони бахши русӣва украинии радиои «Озодӣ» дар маҳал ва кишварҳои Русия ва Украина мебошанд.

Ҳамчунин радиои «Озодӣ» ба тамоми  расонаҳои хабарии ҷаҳонӣ, минтақавӣва ҳатто хурди маҳаллӣдар ҳарду кишвар обуна аст. Дигар манбаи иттилоъ метавонанд истифодабарандагони маъруф ва рӯзноманигорон бошанд.

Салим Аюбзод: Фото с личной страницы в facebook.com
Салим Аюбзод: Акс аз саҳифаи шахсӣдар facebook.com

«Аз оғози ҷанг дар Украина дар идораи мо шуъбаи алоҳида оид ба қабул, ҷамъоварӣва санҷиши маводҳои онҳо ташкил карда шуд. Пеш аз нашри ин гуна навор ва аксҳо мутахассисони ботаҷриба онҳоро бодиққат тафтиш мекунанд. Он маводе, ки тасдиқ нашудааст, истифода намешавад», – гуфт Аюбзод.

Ба қавли Аюбзод, аз ҳама чизи асосӣдар ин вазъ нишон додани воқеият аст. Ва мушкили асосӣдар таҳияи гузоришҳо дар бораи ин руйдодҳо тафтиш ё тафтиши маводҳои ирсолкардаи корбарони шабьакаҳои иҷтимоӣ ва хабарнигорони маъруф аст.

Мушкилоти дигаре, ки рӯзноманигорон ба он рӯ ба рӯ мешаванд, ҷустуҷӯи шореҳону коршиносони ватанист. Аммо ин мушкилот дар инъикоси масъалаҳои дигар низ вуҷуд дорад.

«Мутаассисон барои суҳбат бо мо бо душворӣ розӣ мешаванд. Бархе аз онҳо мегӯянд,  ширкат дар барномаҳои мо метавонад барояшон мушкил эҷод кунад. Инқадар одамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ андешаҳои худро баён мекунанд, аммо вақте онҳоро масалан, ба барномаи баҳсии «Гапи озод» даъват мекунем, рад мекунанд», — гуфт Аюбзод.

Хуршед Атовулло. Фото с личной страницы в facebook.com
Хуршед Атовулло. Акс аз саҳифаи шахсӣдар  в facebook.com

Бархе аз хабарнигорон ва коршиносони расонаҳои тоҷик аз оғози даргириҳои мусаллаҳона дар шабакаҳои иҷтимоӣаз расонаҳои тоҷикӣбо назардошти ҳузури беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия хостаанд, ки ҳангоми пӯшиши ин ҳодисаҳо эҳтиёткор бошанд.

Аз ҷумла, Хуршед Атовулло, роҳбари Маркази тадқиқоти журналистӣдар Тоҷикистон ва муассиси ҳафтаномаҳои «Фараж» ва «Самак» изҳор дошт, ки сабаби худдорӣкардани расонаҳояш дар бораи ин ҳодисаҳо дар он аст, ки ӯ намехоҳад «бештар аз як миллион муҳоҷири корӣдар Русия азоб кашанд».

Вай ҳамчунин тайид кард, ки шахсони наздик ба ҳукумат ба онҳо маслиҳат доданд, ки аз шарҳи ин мавзуъ худдорӣкунанд, то ин ки мақомоти Русия ба ихроҷ ва дигар фишор болои муҳоҷирон даст назананд.

«Тасаввур кунед, ки чунин теъдоди муҳоҷири тоҷик дар Русия кору ризқу рӯзӣпайдо мекунанд. Ҳоло, масалан, мо маводҳои маҳкумкунанда алайҳи Русия нашр мекунем, онҳо аз онҷо ихроҷ мешаванд ва ба ин кор ба ҷомеа на хайр, балки зарар меорем», – гуфт Хуршед Атовулло.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: