Дар пайи пандемияи коронавирус Русия то 1 май вуруди шаҳрвандони хориҷиро ба қаламрави худ манъ кард. Ин тасмим бар зарари ҳазорон муҳоҷири меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ тамом шуд, ки дар оғози мавсим аз ҷойҳои кор маҳрум гардиданд.
Ба канали мо дар Telegram обуна шавед!
Муҳоҷирати меҳнатӣ барои Тоҷикистон хеле муҳим аст. Ба иттилои Бонки марказии Русия, соли сипаришуда муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба ватан 2,7 миллиарл доллари амрикоӣ фиристодаанд, ки наздики 33 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Муҳоҷирони меҳнатие ҳам ки аллакай дар Русия қарор доранд, дар вазъи душвор ҳастанд. Шаҳрванди Тоҷикистон Собир Самадов давоми даҳ соли ахир дар як тарабхонае дар Маскав кор мекард. Авохири моҳи феврал дубора ба Маскав омад, то иҷозаи иқомат ва патент барои корро бигирад. Аммо як ҳафта ҳам кор накард, ки тарабхона баста шуд.
Ҳоло Собир монанди ҳазорон муҳоҷири дигар намедонад, ки тақдири ӯ чӣ мешавад. Ӯ наметавонад пули иҷораи манзилро пардохт кунад. Раҳбари тарабхона гуфтааст, танҳо ними моҳонаашро медиҳаду бас.
Бар асари шадид гардидани шароити карантин дар шаҳрҳои Русия муҳоҷирони зиёде аз ҷойи кор маҳрум мешаванд. Бо ин ҳол, онҳо наметавонанд ба Ватан баргарданд, зеро Русия марзҳоро баста, ҳаракати тамоми намуди василаи нақлиётро маҳдуд кардааст. Аз 20 март Тоҷикистон ҳам хатсайрҳои ҳавойӣ ва заминиро баст, ки вазъро бештар печидатар намуд.
Аз ин рӯ, бештари коршиносон бар инанд, ки раванди мазкур зарбаи нисбатан дардноктари чанд соли ахир чӣ барои муҳоҷирон ва чӣ барои кишварҳои онҳо мебошад. Коршиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, дар шароити кунунӣ муҳоҷирони меҳнатӣ осебпазиртарин ҷузъи ҷомеаи муоссири Русия гардиданд. Ба гуфтаи ӯ, ин таҳдид на танҳо ба эҳтимоли сироятёбӣ ба вирус иртибот дорад.
“Дар натиҷаи пандемия бузургшаҳрҳои Русия карантин ҷорӣ мекунанд. Дар ниҳояти кор, ҳама чӣ ба шадид кардани низоми изолятсияи иҷтимоӣ оварда мерасонад. Ин ба коҳиши фаъолнокӣ маҳз дар бахшҳои иқтисодие оварда мерасонад, ки муҳоҷирон машғуланд, махсусан бахшҳои тиҷорат, хизматрасонӣ, сохтмон ва нақлиёт. Аз ин рӯ, бештари муҳоҷирон маҷбуранд рухсатӣ бигиранд ё ихтисор мешаванд”,-таъкид намуд Муллоҷонов.
Ӯ илова намуд, ки дар замони буҳронҳо маҳз муҳоҷирон қурбониҳои аввалин ба ҳисоб мераванд.
“Махсусан, агар онҳо ғайриқонунӣ фаъолият дошта бошанд ва ё онҳое ки бо патент кор мекунанд. Корфармоҳо дар навбати аввал онҳоро ихтисор мекунанд”,-гуфт Муллоҷонов.
Ба иттилои вай, бештари муҳоҷирон дар Маскав аллакай аз ҳисоби амонатҳояшон зиндагӣ мекунанд. Муллоҷонов мегӯяд, ояндаи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар Русия аз давомнокии карантин вобастагӣ дорад.
Давоми даҳсоли ахир муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ба Ватан беш аз 20 миллиард доллар фиристодаанд. Маълумоти семоҳаи аввали соли равон ҳоло дастрас нест, аммо рушан аст, ки дар чунин шароит ҳаҷми интиқоли маблағҳо ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст.
Масъуд Собиров, иқтисоддон ва корманди Академияи улуми Тоҷикистон мегӯяд, интиқоли маблағҳо яке аз манбаъҳои нисбатан муҳими буҷаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва саҳми онҳо дар таҳияи қонуни буҷа бояд ба инобат гирифта шавад.
Ба иттилои Собиров, ҳаҷми бахши сохтмон тақрибан ба 20 дарсад поин рафта, даромади корхонаҳои хурокворӣ 50 дарсад кам шудааст.
“Табиист, дар чунин шароит муҳоҷирон наметавонанд ба хонаҳояшон пул фиристанд ва маблағеро, ки сарфа кардаанд, бо умеди расидан ба ояндаи хуб барои рӯзгузаронии хеш масраф мекунанд. Агар буҳрон идома кунад, онҳо натанҳо наметавонанд, ки пул фиристанд, балки мақоми қонунии худро аз даст медиҳанд. Муҳлати ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои кор тамом мешавад, муҳоҷирон бошанд, барои тамдиди он пул намеёбанд”,-гуфт Собиров.
Бо таваҷҷуҳ ба вазъи пешомада, сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз мақомоти Русия пешниҳоди имтиёз ба муҳоҷиронро дархост кард. Ба гуфтаи Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия, сафорат тасмим дорад, ба мақомоти Русия муроҷиат намояд, то барои муҳоҷирон дар пардохти молиёт ва тамдиди патент “таътил” пешниҳод кунад.
Дар навбати худ, мақомоти Русия ба муҳоҷирон баъзе сабукиҳо ироа кард. ВКД Русия ба муҳоҷирон иҷозат дод, патентҳои худро бидуни гузаштан аз марз дар шӯъбаҳои пулис тамдид кунанд.
Аммо, тибқи пешбиниҳо вирус дар Русия дар ҳоли паҳншавӣ буда, эҳтимоли ҳифзи низоми карантин дар даҳҳо шаҳри калони ин кишвар хеле зиёд аст. Дар ин ҳолат, ҷойи кори бештари муҳоҷирон дасти кам барои се моҳ баста хоҳанд буд.
Таҳлилгари масоили муҳоҷират Абдуманнон Шералиев пешбинӣ мекунад, ки интиқоли пул аз Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистон метавонад ду маротиба ва ҳатто бештар аз ин коҳиш ёбад.
Шералиев ба изҳороти нахуствазири Русия — Мишустин дар мавриди номатлуб будани аз кор ҷавоб додан дар замони пандемия ишора кард. Ба гуфтаи Мишустин, корхонаҳое ки дар онҳо ихтисори кормандон сурат мегирад, аз ҷониби нозироти муҳоҷират, Хадамоти федеролии андоз ва додситонӣ мавриди санҷиш қарор мегиранд.
Ба таъкиди ӯ, “ҳазорон, шояд даҳҳо ҳазор соҳибкор”-ро, ки соҳиби тарабхона, қаҳвахона ва фурӯшгоҳҳои хурд ҳастанд, хатари муфлисшавӣ таҳдид мекунад.
“Ҳатто бе назардошти паҳншавии коронавирус дар Русия ин далел, ки қурби рубли русӣ давоми ду моҳ тақрибан ба 25 дар сад поин рафту, даромади аҳолӣ ба ин миқдор коҳиш ёфт, метавон интизор буд, ки даромади муҳоҷирон ва интиқоли пул ба 25-30 дарсад кам мешавад, мегӯяд Шералиев. – Агар дар Русия сенарияи Итолиё ё Эрон такрор шавад, пас интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон давоми чор-панҷ моҳи оянда нисбат ба нишондоди соли гузашта метавонад ба 60-70 дарсад поинтар бошад”.
Муҳоҷири тоҷик Собир Самадов, ки дар як тарабхонаи Маскав кор мекунад, мегӯяд, раҳбари тарабхона пули иҷораи манзилро пардохт намуда, пешниҳод кардааст, ки бо назардошти шароити карантин кор кунад. Акнун, Собир ва дигар кормандон фармоиши муштариёнро қабул намуда, бо мошин ғизоро ба хонаҳо мерасонанд.
“Дар ҳар сурат, ман бо дасти холӣ ба хона баргаштанӣ нестам. Онҷо ҷойи кор ва даромаде надорам”,-мегӯяд Собир Самадов.
Ӯро тақдири ҳазорон муҳоҷири корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ нигарон кардааст, ки феълан дар шаҳрҳои Русия зиндагӣ мекунанд.
“Ман метарсам. Намедонам, ки оянда чӣ мешавад”,-изҳор дошт Самадов.
Ин матлаб дар чорчӯби тарҳи IWPR «Ҳамовозӣ барои дигарсозӣ — аз ҳошия то бодия» нивишта шудааст.