© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон: Ҳуқуқи кӯдакон риоя мешавад?

Мизони баланди фавт ва камғизоӣ дар байни кӯдакон мушкили калидӣ дар Тоҷикистон мебошад. Бештари кӯдакони тоҷик аз имкони гирифтани таҳсилоти томактабӣ маҳруманд.


Ба Telegram канали мо обуна шавед!


Таълими духтарон ва табъизи воқеии кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус ҳам мавзӯи доғ боқӣ мондааст.

Дар Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак, ҳуқуқ ба ҳаёт, ғизои солим, таҳсилоти босифат ва озодӣ аз табъиз ҳуқуқҳои асосие мебошанд, ки кӯдакон аз замони таваллуд мегиранд. Аммо давлат то куҷо риояи ин ҳуқуқҳоро дар Тоҷикистон таъмин мекунад?

Киро кӯдак мегӯянд?

Бар асоси Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, ҳамаи одамони то 18-сола кӯдак ҳисобида мешаванд ва дорои ҳуқуқҳое мебошанд, ки дар Конвенсия навишта шудааст. Тоҷикистон ин санадро 28 сол қабл – соли 1993 ба тасвиб расонд.

Ҳуқуқ ба зиндагӣ?

Ҳар як кӯдак ҳуқуқ ба зиндагӣ кардан дорад. Ҳукуматҳо вазифадоранд, барои зинда мондан ва рушди ҳадди имконпазири кӯдакон шароит фароҳам оранд. (Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак)

Ба андешаи мутахассисони Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), барои ин кор низоми дурусти таъминоти об, санитарияву беҳдошт дар таваллудхона ва зоишгоҳҳои муассисаҳои тиббиро таъмин кардан зарур аст. Набудани шароити одӣ, доруҳои муҳим, таҷҳизот, ваксинаҳо ва муносибати ғайридӯстона нисбати кӯдак дар таваллудхонаҳо яке аз сабабҳои асосии марги навзод ва атфол (давоми як моҳи аввали ҳаёт) мебошанд.

Ба омори Бонки ҷаҳонӣ, мизони маргу мири навзодон дар Тоҷикистон дар соли 2019 миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо истиснои Туркманистону Афғонистон аз ҳама баланд будааст. Тибқи нишондоди ин ниҳод аз ҳар ҳазор навзод 15 нафари он фавт кардааст.

Сатҳи фавти кӯдакони то 5-сола дар Тоҷикистон дар соли 2019 низ нигаронкунанда будааст – 33,8 ҳолати фавт аз ҳар ҳазор навзод. Дар кишварҳои ҳамсоя вазъият нисбатан беҳтар гуфта мешавад. Узбекистон (17,4), Қирғизистон (18,3) ва Қазоқистон (10,5). Аммо вазъият дар Туркманистон (42 ҳолати фавт аз ҳар ҳазор тифли то 5-сола) ва Афғонистон (60.3) нигаронкунанда гуфта мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои соли 2020 омори дилгармкунанда пешниҳод кард. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ 12 феврали соли 2021 дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки сатҳи фавти навзодон (давоми 1 соли ҳаёт) дар соли 2020 ба ҳар 1000 нафар 13,4 фавтро ташкил додааст, миёни кӯдакони то 5-сола бошад, ин рақам ба 16,5 фавт ба ҳар ҳазор тифл рост меояд.

Ҳуқуқ ба ғизои солим

Ҳар кӯдак ҳуқуқ ба таҳсил дорад. Таҳсилоти ибтидоӣ бояд ройгон бошад. Маълумоти миёна ва олӣ бояд барои ҳар кӯдак дастрас бошад. Илова ба он ки таҳсилот бояд барои рушди шахсият, истеъдод ва қобилияти кӯдакон кумак расонад, бояд барои зиндагии осоишта дар ҷомеа, донистани ҳуқуқҳои худ ва ҳифзи муҳити зист ба онҳо мусоидат кунад. (Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак)

Мушкили аслии соҳаи маориф дар Тоҷикистон ба мураккабии рушди барвақтии томактабии кӯдак алоқаманд аст. Дар Тоҷикистон беш аз 84 дарсади кӯдакони аз 3 то 6-сола (бештар аз 726 ҳазор нафар) ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта намешаванд. Бахши аъзами ин кӯдакон дар деҳот ва ноҳияҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд.

Бино ба иттилои ЮНИСЕФ, ин ба тақсимоти нокофии захираҳои давлатӣ, афзоиши пайвастаи демографӣ, вобастагӣ аз маблағгузории беруна ва маблағ надоштани волидон вобаста аст.

Кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз сабаби ночиз будани маблағгузорӣ аз ҷониби давлат маҷбуранд, ки аз волидони кӯдакон пул бигиранд. Бештар аз 70 дарсади муаллимоне, ки дар муассисаҳои таълимии томактабӣ кор мекунанд, барои таълим додани кӯдакони то 6-сола омӯзиш нагирифтаанд, аз ин рӯ салоҳияти кофӣ надоранд.

Дар давраи пандемияи COVID-19 дар Тоҷикистон, даромади буҷаи давлатӣ коҳиш ёфт ва хароҷот ба соҳаҳои иҷтимоӣ ва тандурустӣ зиёд шуд, ки касри буҷетро якбора зиёд кард. Тасмим гирифта шуд, ки ин камомад аз ҳисоби ҷалби қарзҳои беруна пӯшонда шавад.

Пардохти қарзҳои беруна барои ба даст овардани яке аз Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2025 – то 30 дарсад зиёд кардани фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ – хавфи калон ба ҳисоб меравад. Барои пардохти қарзи хориҷӣ метавонад ҳаҷми маблағҳои давлатӣ барои низоми томактабӣ, ки бе ин ҳам нокифоя аст, коҳиш дода шавад. Солҳои 2019-2020 он наздики 300 миллион сомонӣ (тақрибан 26,3 миллион доллар)-ро ташкил дод, ки тақрибан ба 0,3 дарсади ММД Тоҷикистон баробар мебошад.

Озодӣ аз табъиз

Ҳама кӯдакон ба ҳуқуқҳои ба онҳо додашуда баробар ҳуқуқ доранд. Ҳеч як кӯдак сарфи назар аз дин, эътиқод, намуди зоҳирӣ, ҷинс, маъюбият, доро ё камбағал будан ё аз чикора будани волидону аҳли хонаводаашон, набояд мавриди муносибати беадолатона қарор бигиранд. Ба ҳеч кӯдак набояд муносибати беадолатона карда шавад.

Аммо аз воқеъиятҳои Тоҷикистон мебинем, ки гирифтани маълумоти олӣ, ҳатто баъзан маълумоти миёна барои духтарон мушкилтар аст. Аксар вақт онҳоро барвақт ба шавҳар медиҳанд. Хоҳиши духтарон барои таҳсил ва кор ба назар гирифта намешавад, зеро чунин як андешае вуҷуд дорад, ки танҳо писарон саробон ё ноноварони оила ҳисобида мешаванд.

Ин тамоюл махсусан барои деҳаҳои дурдаст хос аст, ки дастрасӣ ба ҳама гуна таҳсилот хеле мушкил аст ва таҳсили фарзандон хароҷоти ғайри қобили таҳаммул барои волидон мебошад.

Кӯдакони дорои нуқсҳои рӯҳӣ ва ҷисмонӣ низ мавриди табъизи ҷомеа қарор мегиранд. Дар Тоҷикистон қонунҳое мавҷуданд, ки ҳуқуқи кӯдакони имконияташон маҳдудро барои дастрасӣ ба таҳсил, манзил, таълими касбӣ, кӯмаки тиббӣ ва фароғат баробар бо одамони солим эътироф мекунанд, аммо дар амал онҳо иҷро намешаванд.

Дар Тоҷикистон низоми густардае, ки муносибати мусбат нисбат ба шахсони дорои эҳтиёҷоти махсусро таъмин намояд, монанди таҳсилоти фарогир ё хадамоти тавонбахшӣ, вуҷуд надорад. Ҳатто волидон талош мекунанд, ҳолати будани нафари имконияташ маҳдудро дар оилаашон пинҳон кунанд, зеро аз вокуниши манфии ҷомеа метарсанд. Ин чиз дурнамои иштироки кӯдакони дорои маълулиятро дар ҳаёти ҷамъиятӣ коҳиш медиҳад.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” волидон ҳуқуқ доранд, фарзанди худро дар синни томактабӣ дар муассисаҳои махсус ҷойгир кунанд ва давлат аз онҳо парасторӣ мекунад.

Аммо Лола Насриддинова, табиб, мушовири ADOS, роҳбар ва муассиси ташкилоти ҷамъиятии “ИРОДА” ба ин бовар аст, ки аз кӯдакони дорои маъюбият дар муассисаҳои махсус ба таври муносиб муроқибат намешавад.

“Мушкил дар он аст, ки кормандони мактабҳои махсус ва мактаб-интернатҳо на ҳамеша курсҳои такмили ихтисос, таҷрибаомӯзии байналмилалиро мегузаранд, равишҳои муоссири таълимро, ки дер боз дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва тамоми ҷаҳон истифода мешаванд, дунбол намекунанд”,-мегӯяд Насриддинова.

Масъалаи дигар ин муносибат ба таълим додани одамони дорои мушкилоти гуногуни фаъолият мебошад.

“Кӯдакон ва калонсолони дорои маълулияти шадиди муошират, ки мушкилоти рафторӣ доранд, ҷойи хадамоти таълимӣ-табобатӣ дармони доруӣ мегиранд, зеро онҳо ба тренингҳо, кормандони иловагӣ ва ихтиёриён ниёз доранд”,- гуфт табиб.

Ба гуфтаи ӯ, мушкили сеюм ба таълимоти кӯдакон алоқаманд аст.

“Масалан, барои шахсе, ки гирифтори шакли аутизми шадид аст, таълимот ин омӯхтани чӣ гуна ба мағоза рафтан, омӯхтани малакаҳои оддии зиндагии мустақилона, аз худ кардани малакаҳои амалии касб ва ғайраҳо мебошад”,- гуфт Насриддинова. 111

А когда начнется вакцинация остальных граждан?

Бисёре аз кӯдакони дорои маъюбият умуман таҳсил намекунанд. Ин ба дастнорас будани биноҳо (вуҷуд надоштани пайроҳа барои аробачаҳои маъюбӣ), омода набудани муаллимон, муносибати манфӣ ва набудани маводи мутобиқшудаи таълимӣ рабт дорад.

Масалан, кӯдаки ношунаво ба муаллиме ниёз дорад, ки забони имову ишораро медонад, барои кӯдаки нобино бошад, китобҳои дарсие, ки бо ҳуруфи Брайл навишта шудааст, лозим аст.

Муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чунин шароитро надоранд. Бидуни таҳсил, ҳатто агар далели набудани ҷойи корро ба назар нагирем, пайдо кардани ҷойи кор барои кӯдакони имконияташон маҳдуд мушкилтар аст.


“Ин мавод дар доираи лоиҳаи барномаи “Рушди расонаҳои нав ва рӯзноманигории рақамӣ дар Осиёи Миёна” таҳия ва аз ҷониби Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) бо дастгирии Ҳукумати Бритониё роҳандозӣ шудааст. Муҳтавои маводи мазкур метавонад бо мавқеъи IWPR ва ё Ҳукумати Бритониё ҳамхон набошад”

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: