© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Интихоби душвори духтарони тоҷик: издивоҷ ё таҳсил?

Дар Тоҷикистон бисёре аз духтарон пас аз фориғ шудан аз мактаб аз ҳаққи идомаи таҳсил дар донишгоҳ маҳруманд. Бовари ғолиб ин аст, ки зани тоҷик бояд шавҳар кунад ва ба тарбияти фарзандон машғул шавад ва дар хидмати шавҳару волидони шавҳараш бошад. Бино бар ин, барои бисёре аз духтарон мадраки таҳсилоти олӣ монеъе барои зиндагии хонаводагист.


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


Бавижа доштани арӯси таҳсилкарда дар манотиқи рустоии Тоҷикистон чандон мояи ифтихор нест. Эътиқод бар ин аст, ки духтарони таҳсилкарда пас аз арӯсӣ саркашу ситезаҷӯ мешаванд. Ин ақида аз қадимулайём роиҷ буда ва ҳоло низ бисёре аз тоҷикон ба он пойбанданд.

Зулфия (номи мустаъор), ки 33 сол дорад, дар рустои Ғазантараки ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, зиндагӣ мекунад. Ӯ ҳуқуқдон аст ва писарашро танҳо бузург мекунад. Сарфи назар аз ин ки издивоҷи ӯ бо шавҳараш як издивоҷи ошиқона буда, вале пайванди заношӯии онҳо дер напойидааст, чун хушдоманаш намехоста “аруси таҳсилкарда” дошта бошад.

– Рӯзи севум пас аз маросими арӯсӣ хушдоманам маро назди худ хонд ва чӯбдастеро нишон дод.

Гуфт: “Муҳим нест, ки ту ҳуқуқдон ҳастӣ ё каси дигар. Аз имрӯз таҳти қавонини хонаи ман зиндагӣ мекунӣ. Ҳарчи ман мегӯям, бояд бе чуну чаро иҷро кунӣ.”

Он замон дарк намекардам, ки чаро ӯ аз ман хушаш намеояд. Вале дертар ба ман гуфт, ки мехостааст барои писараш арӯсе пайдо кунад, ки “таҳсил накарда ва хонанишин” бошад.

Ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон
Ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон. Акс: CABAR.asia

Дар бисёре аз ноҳияҳои вилояти Суғд чун соири манотиқи Тоҷикистон шавҳар додани духтарон ба маҳзи расидан ба синни 18 ё 19 амре маъмулӣ ва роиҷ аст. Синни болотар аз ин мояи ифтихор нест, бино бар ин, пас аз фориғ шудан аз мактаб теъдоди андаке аз духтарон орзӯи таҳсил дар донишгоҳро дар сар мепарваранд.

Эҳтимоли дар даст доштани маълумотномаи таҳсилоти олӣ, вале маҳрум шудан аз иқболи ташкили хонавода барои занони таҳсилкарда ҷиддан рӯ ба афзоиш аст.

Тавалло Сафарова. Акс: CABAR.asia
Тавалло Сафарова. Акс: CABAR.asia

Тавалло Сафароваи 36-сола, мудири мактаби рақами 17 дар рустои Виткони ноҳияи Масчоҳ, мегӯяд дар инҷо шумори духтароне, ки моиланд баъд аз анҷоми давраи таҳсилоти миёна ба донишгоҳ ворид шаванд, бағоят кам аст.

Худи ӯ ҳаргиз шавҳар накарда ва иллати танҳоияшро дилбастагӣ ба таҳсилоти олӣ ва касби шуғлу пеша медонад. Ҳоло ӯ саъй мекунад ҳатто рӯзҳои таътилиро ҳам дар мактаб сипарӣ кунад, зеро аз таънаву маломати волидон ба дод омадааст.

Ман касбу кор ёфтам, аммо натавонистам шавҳар кунам
Тавалло бо табассуме олуда ба яъс мегӯяд:

“Ман хеле мехостам омӯзгор шавам. Аммо замоне ки дипломи донишгоҳ дар даст ба деҳа баргаштам, ҳамаи ҳамсинфонам ду-сетоӣ фарзанд доштанд. Барои мардони деҳ муҳим нест, ки шумо чи хислате доред, ҷаҳонбиниятон дар чи сатҳ аст. Муҳим ин аст, ки духтар ҷавон бошад. Ман хондаму касбу кор пайдо кардам, аммо натавонистам шавҳар кунам. Фикр мекунам, дигар дер шудааст.”

Агарчи гуфта мешавад ин масъала фақат дар манотиқи рустоӣ вуҷуд дорад, вале дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон ҳам метавон духтаронеро пайдо кард, ки ба хотири тамоюлашон ба идомаи таҳсил дар донишгоҳ ва пайдо кардани касбу кор бешавҳар боқӣ мондаанд.

 Дар Хуҷанд 34-солагӣ синни бисёр боло барои издивоҷи духтарон аст 
Барои касби омӯзиши олӣ на камтар аз шаш сол лозим аст. Издивоҷ дар замони таҳсил дар донишгоҳ равише бағоят маъмул дар миёни духтарони шаҳрӣ аст. Агар дар ҳангоми таҳсил издивоҷ накунанд, иқболи ташкили хонавода ва танзими зиндагии шахсияшон ба таври чашмгире коҳиш меёбад.

Замира Сатторова. Акс аз бойгонии шахсӣ
Замира Сатторова. Акс аз бойгонии шахсӣ

Замира Сатторова, 34-сола, дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекунад. Вай номзади илм аст ва шуғле обрӯмандона дар донишгоҳ дорад. Вале иқболи худ барои эҷоди як зиндагии шоди хонаводагиро андак медонад.

Ӯ мегӯяд: “Базудӣ ҳамсолони ман ба шавҳар додани духтарони худ шурӯъ мекунанд. Дар Хуҷанд 34-солагӣ синни бисёр ва бисёр боло барои издивоҷи занон аст. Намедонам, сарнивишти ояндаи ман чигуна хоҳад буд.”

Омӯзгори фиребхӯрда

Дар ҷомеаи Тоҷикистон ба таври куллӣ пазируфташуда аст, ки пас аз синни 25 духтарон бояд бо ҳар пешниҳоде мувофиқат кунанд: чи издивоҷ бо фарде нолоиқ бошад ва чи ҳамбистарӣ дар нақши зани дувуму севум.

Синни боло интихобро барои ингуна духтарон маҳдуд месозад. Нигоҳи таъномези ҳамсоягон ва сарзанишу маломати наздикон зиндагиро талх мекунад. Гоҳ ингуна духтарон қурбонии фиребу тақаллуб ҳам мешаванд.

Чунин иттифоқеро Омина Раҳмонова (номи мустаъор) таҷруба кардааст. Ӯ сокини ноҳияи Деваштич аст, ки ду маълумоти олӣ дорад, аммо дипломҳои сурхаш ӯро аз фиребу тақаллуб наҷот надодаанд.

Баъд аз фориғ шудан аз донишгоҳ Омина ба рустои худ баргашт, то ба нафъи ҳамдеҳагонаш кор кунад. Аммо бо истиқболи чандон гарме рӯбарӯ нашуд.

Аз таънаву маломати ҳамарӯзаи наздиконаш дар ин маврид, ки кай шавҳар мекунад, ӯ хаста шуда буд ва ҳангоме ки акси ҷавонеро аз рустои ҳамсоя ба ӯ нишон доданд, зуд розӣ шуд, ки бо вай издивоҷ кунад.

Ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон. Акс: CABAR.asia
Ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон. Акс: CABAR.asia

– Қабл аз арӯсӣ ман бо шавҳарам мулоқот накарда будем. Ҳатто дар рӯзи арӯсӣ, ҳангоме ки аз хона берун омадам, наметавонистам сарамро бардорам ва ба ӯ нигоҳ кунам. Вале аксе, ки ба ман нишон дода буданд, ҳамеша пеши назарам буд.

Вақте ки домулло хутбаи никоҳро хонд ва аз мо хост, ки ба сурати ҳам бингарем, наздик буд аз тарс фарёд занам. Канори ман марде комилан мутафовит нишаста буд!

 Ӯро аз ман пинҳон медоштанд, чун бемори равонӣ буд. 
Ман намедонистам чи кор кунам, чун ҷашни арӯсӣ идома дошт. Чорае ҷуз мувофиқат надоштам. Аммо дучори афсурдагӣ шудам ва эҳсос мекардам, ки фиреб хӯрдаам.

Дертар мутаваҷҷеҳ шудам, ки қаблан аксе аз бародари шавҳарамро ба ман нишон дода буданд. Ин ҳам рӯшан шуд, ки ӯро аз ман ба ин хотир пинҳон медоштанд, ки як бемории равонӣ, савдозада ва муътод ба маводди мухаддир буд.

Тоби азияташро надоштам ва доман аз ӯ барчидам.

Имрӯз Омина омӯзишҳое барои занон баргузор мекунад – ба онҳо дар бораи ҳаққу ҳуқуқашон мегӯяд, сабақ медиҳад, ки чи гуна тан ба хушунат надиҳанд ва барои ёрӣ ба созмонҳои зирабт рӯй оваранд.

Модари нофарҳехта – насли нофарҳехта

Бо ин ҳама, дар миёни аксари модаршавҳарон, ки намехоҳанд арусони таҳсилкарда дошта бошанд, касоне ҳам ҳастанд, ки муқобили ҷараён ҳаракат мекунанд ва огоҳанд, ки омӯзиш ба эҷоди зиндагии беҳтаре барои хонаводаҳои ҷавон кумак мекунад.

Улфатой 50 сол дорад ва сокини рустои Овчиқалъаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуруф аст. Ӯ дӯхтану бофтан ва ошпазӣ хуб балад аст, аммо ҳаргиз ба орзуяш барои таҳсил дар донишгоҳ нарасидааст.

Улфатой дар соли севуми донишгоҳ издивоҷ кард. Пас аз муддате фарзанддор шуд ва дигар натавонист таҳсилоташро ба поён бирасонад.

– Вақте духтаронам бузург шуданд, шавҳарам нахост, ки онҳо ба таҳсилоташон идома диҳанд. Писаронам тамоюле ба омӯзиши олӣ надоштанд.

 Набераҳоям ояндаи хубе хоҳанд дошт, зеро модарашон фарҳехта аст. 
Ман дар мавриди ояндаи фарзандонам бисёр нигарон будам, зеро модари таҳсилнакарда насле таҳсилнакарда ба дунё меоварад. Бино бар ин, барои писарам духтареро арус кардам, ки дар донишгоҳ таҳсил мекард. Ва тӯли панҷ сол худам ӯро ҳар рӯз ба донишгоҳ мефиристодам, то ба таҳсилоташ идома бидиҳад.

Ҳар рӯз барои рафту омад ба шаҳр дастикам бояд ду соат роҳро тай кард. Мавориде ҳам буд, ки кӯдак таб карда ва арусамон мехоҳад пеши ӯ бимонад. Аммо ман ӯро водор мекардам, ки донишгоҳ биравад ва худам парастории кӯдакро ба уҳда мегирифтам.

Ҳаргиз ин иттифоқ наафтода, ки ӯ як маврид дарсҳояшро аз даст дода бошад. Ва ман аз ин рафторам пушаймон нестам. Фикр мекунам, набераҳоям ояндаи хубе дар пеши рӯ хоҳанд дошт, зеро модарашон зане фарҳехта аст.”

Дар зимн, маҳрумияти занону духтарон аз таҳсилоти олӣ мушкилест, ки ҳукумати кишварро ҳам нигарон сохтааст. Дар Тоҷикистон ҳамасола мизони талоқ дар миёни хонаводаҳои ҷавон афзоиш меёбад. Ағлаби духтарони ҷавон дар синни то 25-солагӣ бо се то панҷ кӯдак танҳо мемонанд, вале на шуғлу пешае доранд ва на василае барои зиндагӣ ва маъишат.

Дар тӯли чаҳор соли гузашта теъдоди талоқҳо дар шимоли Тоҷикистон 15 ҳазору 193 мавридро ташкил додааст.

Шамсинисо Муҳамадалиева, раиси шӯрои ҳамоҳангии маҳаллаи Фрунзеи деҳистони Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуруф, мегӯяд, ки расми издивоҷи зудҳангоми духтарон ба таҳкими хонаводаҳо ҳеҷ кумаке намекунад.

– Таҷриба нишон медиҳад, ки дар ағлаби маворид ихтилофи назар дар хонавода аз омода набудани духтарон ба зиндагии заношӯӣ маншаъ мегирад. Бино бар ин, мо ба волидон тавсия мекунем, ки духтаронашонро баъд аз 20-солагӣ шавҳар диҳанд.

Мо ба волидон тавсия мекунем, ки духтаронашонро баъд аз 20-солагӣ шавҳар диҳанд.
Волидон бояд духтаронашонро барои зиндагии хонаводагӣ омода кунанд. Дар синни 18-солагӣ онҳо тоза аз мактаб фориғ мешаванд, вале пас аз он бояд ҳадди ақал ошпазӣ ва корҳои дигареро ёд бигиранд. Ва барои ин шумо ба омӯзиши бештар ва касби пеша ва шуғли муносиб ниёз доред.

Як духтар барои издивоҷ, на фақат ба лиҳози равонӣ, балки ба лиҳози ҷисмонӣ ҳам, бояд омода шавад. Иттифоқоти мухталифе дар зиндагии мардон меуфтад ва ҳангоме ки шавҳар дар таъмини зиндагии хонавода дучори мушкил мешавад, зан метавонад аз ӯ на танҳо аз нигоҳи равонӣ, балки ба лиҳози молӣ ҳам пуштибонӣ кунад.

Мақомҳои Идораи умури занон ва хонаводаи вилояти Суғд мегӯянд, ки давлат барои боло бурдани нақши занон дар ҷомеа корҳои фаровоне анҷом медиҳад.

Аз ҷумла, ба ин манзур, ҳамвора барои таҳсили духтарон аз манотиқи рустоӣ дар донишгоҳҳо саҳмия ва бурсҳои таҳсилӣ ихтисос меёбад, ва бо онҳо гуфтугӯҳои боздоранда ва корҳои дигаре анҷом мешавад.


Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: