© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Фархор: Селзадаҳо баъди як сол ҳанӯз ҳам бехонаанд

Бар асари боронгариҳои рӯзи 16-уми майи соли 2018, даҳҳо хона ва заминҳои корами деҳаи Сурхоби вилояти Хатлон зери об монданд. 


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


Мақомоти ноҳияи Фархор маблағи умумии зарари расонидашударо беш аз 3, 8 миллиону  сомонӣ (беш аз 400 ҳазор доллари ИМА) арзёбӣ карданд.

Ноҳияи Фархор. Акс аз CABAR.asia

Дар пайи ин боронгарӣ талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шудааст, ки як сокини 25 солаи деҳаи Сурхоб ба ҳалокат расидааст. Гарчанде аз ин ҳодиса як сол гузашт, аммо ҳанӯз зарари расидаи мардум пурра барқарор нашудааст.

Деҳаи Сурхоб қариб дар 200 километрии ҷануби Тоҷикистон, дар ҳудуди ноҳияи Фархор ҷойгир аст.

Вақте хабарнигори CABAR.asia бори аввал моҳи августи соли 2018 ба деҳаи Сурхоб рафт, Насрулло Вализода, муовини якуми раиси ноҳияи Фархор гуфт, ки дар арафаи Ҷашни 20-солагии Истиқлолияти ҶТ, хонаҳо пурра сохта, ба истифода дода мешаванд. Ӯ қайд кард, ки дар натиҷаи омадани сел дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор 168-хоҷагии аҳолӣ зери оби лойиқа монда буд, ки лоиҳакашон хароҷоти як хонаро 74 ҳазор сомонӣ муайян карданд (беш аз 7,8 ҳазор доллари ИМА).

Дар давоми панҷ моҳ танҳо деворҳо ва қисме аз болопӯши хонаҳо бардошта шуда буд. Акс аз CABAR.asia

Ҳарчанд масъулин ба зарардидагон ваъда карда буданд, ки аввалҳои моҳи сентбяри соли 2018 хонаҳои онҳо сохта мешаванд, вале мо бори дуюм охири моҳи октябри соли 2018 ба деҳаи Сурхоб рафта дидем, ки ҳанӯз ҳам сохтмони хонаҳо ба анҷом нарасидааст. Дар давоми панҷ моҳ танҳо деворҳо ва қисме аз болопӯши хонаҳо бардошта шуда буд. Аксари хонаҳо ҳатто дару тиреза надоштанд. Мардум гуфтанд, ки бо сабаби дастгирӣ накардани масъулин, қисме аз сокинонон аз бонк қарз гирифта, мустақилона ба таъмири хонаҳо машғул шуданд.

Сафарой Тулаева, сокини деҳаи Сурхоб, гуфт, барои сохтмони хонаи ӯ Масҷиди 40-солагии ноҳияи Фархор аз тарафи ҳукумат  вазифадор шуда буд, корро пурра ба анҷом нарасонданд.

“Маҷбур шудам, ки аз бонки Ҳумо 4 ҳазор сомонӣ (беш аз 420 доллари ИМА) қарз гирифта,  даруни хонаро тайёр кардем. Ҳадди ақал як ҳуҷраро насохтанд, ки зимистонро дар он мегузарондем. Шавҳарам маъюб аст, шароити кор кардан надорад. Қаблан собиқ раиси ноҳияи Фархор, Сулаймон Вализода омада гуфт, ки ба хотири маъюбии шавҳарам, моро дастгирӣ мекунанд. Вақте намояндагон аз сафорати Арабистон барои дидани сохтумони хонаҳо омада буданд, масъулин хонаи маро нишон доданд, аммо ҳеҷ кӯмаке накарданд.

Вақте ба домулло занг мезанем, мегӯяд, ман аз кор рафтам, боқимондаи ҳуҷраҳоятонро бояд бахши танзими ноҳияи Фархор созад. Ҳамагӣ барои хонаи ман 3 тиреза оварданд, боқимонда дару тирезаҳои хонаи қаблиамон ҳастанд. Ба мо ягон хел кумаки пулӣ накардаанд. Хоки шурро оварда, деворҳоро андова карданд, ки аллакай деворҳо рехта истодааст”.

Мардум гила аз он карданд, ки мутасадиён аз теппаҳои назди деҳа шурахок (хоке, ки бо он хона сохтан ғайримкон аст) оварда,  деворҳои хонаҳоро бо ҳамин намуди хок андова мекунанд, ки бар асари аввалин боронгариҳо аллакай деворҳои навсохташуда кафидаанд.

Иқдоми домуллоҳо аз куҷо шурӯъ шуд?

Хуршед Мирзоев, мудири бахши оид ба корҳои дини ноҳияи Фархор зимни сӯҳбат гуфт, ки кӯмакҳо дар асоси мактуби махсуси роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ва дастури Кумитаи дин ва танзим мебошад: “Махсус мактуб буд, ки садақаи фитр барои кадом табақа ҷудо карда шавад. Садақаи фитри рӯза аз ҳисоби имомхатибон, раисони кумитаҳои маҳалла ва фаъолон ҷамъоварӣ карда шуд ва маблағҳои ҷамъшударо имомхатибон ва масҷидҳои ҷомеъ дастрас карда, пурра барои барқарор кардани хонаҳои истиқоматии деҳаи Сурхоб сарф карданд.

Амонхуҷа Обидов, сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Фархор қаблан гуфта буд, он маблағҳое, ки дар садақаи фитр ҷамъ карданд, барои сохтмони хонаҳо сарф карданд: “Домуллоҳое, ки ҳозир хонаҳоро насохта истодаанд аз набудани маблағ мебошад. Дигар мардум дастгирӣ намекунад ва вақте рӯзҳои ҷумъа дар ин мавзӯъ гап мезанем, мефаҳмем, ки мардум моро дашном медиҳанд. Бубинед мардум ҳам то кай кумак мекунанд, магар бо талбидан мешавад?».

Зарардидаҳо аз рафтори баъзе домуллоҳое, ки барои сохтмони хонаҳо муваззаф шудаанд, шикоят мекунанд. Ба гуфтаи онҳо домуллоҳо ба зангҳои телефонии онҳо ҷавоб намедиҳанд.

Моҳпарӣ Наимова яке аз зарардидаҳои деҳаи Сурхоб аз дастгирӣ накардани масъулин шикоят кард: “устоҳо омада, таҳкурсии хонаамро рехта, гуфтанд, агар пули моро намедиҳӣ трактор оварда, хонаатро чаппа мекунем. Домуллоҳое, ки хонаи моро бояд созанд, чанд рӯз аст, ки намеоянд. Ба мо дар маҷмӯъ 25-халта семент, 10 тахта, 1 мошини санги калон ва майда оварданд. Инчунин 500 сомонӣ (53 доллари ИМА) пули сементрезҳоро доданд. Барои хариди тунукаҳо аз ҷониби масҷиди Дарқад 1800- сомонӣ (190 доллари ИМА) кӯмак карданд, гуфт Моҳпарӣ. Аммо ҳамсуҳбати мо аз он нигаронӣ кард, ки бо маблағи зикршуда хона сохта намешавад.

Рушанбӣ Одинаева, сокини дигари деҳаи Сурхоб, шикоят дорад, ки аз рӯйи ваъдаҳои масъулини шӯъбаи маорифи ноҳияи Фархор бояд 3 ҳуҷраву 1 долон барои онҳо месохтанд. Одинаева гуфт: “мо 5-ҳуҷра доштем, ки пурра вайрон шуданд. Аз ҳукумати вилояти Хатлон ва ноҳияи Фархор омада, диданд, вале кӯмак намекунанд. Як нафар, аз Шӯъбаи маорифи ноҳияи Фархор дар рӯзҳои аввали вайрон шудани хонаҳоямон омада, тахта, хок овард. Аз як бонк 5000 ҳазор сомонӣ (530 доллари ИМА) ва аз бонки дигар 8000 ҳазор сомонӣ (845 доллари ИМА) барои таъмири хона қарз кардам ва худам хонаамро сохта истодаам.”

Рушанбӣ Одинаева. Акс аз CABAR.asia

Одинаева аз кори муаллимон нигаронӣ карда гуфт: таҳкурсие, ки муаллимон барои хонаам рехтаанд, аллакай кафидааст. Ба мо мегӯянд дигар тавони кӯмак кардан надорем, хоҳед ҳамин, нахоҳед дигар мо наметавонем. Мо худамон як хайма сохтем, ҳатто ба мо хайма надоданд. Мисли саг рӯзи дароз дар кӯчаҳо будем, шаб бошад ҷойи хоб надоштем. Ҳамаи чизҳои мо таги об монд, чизе барои хурдан ҳам надоштем».

Ғазаншоҳ Сафарзода, собиқ мудири Шӯъбаи маорифи ноҳияи Фархор иброз дошт, ки барои сохтмони хонаи Рушанбӣ Одинева мутассадӣ буд: “Мактаби 4-и ноҳияи Фархорро канда, чӯбу тахта бурда, ба соҳиби хона додем. Маводи хӯрока низ кӯмак кардем, дар рӯзҳои аввал кӯмакҳои хайриявӣ зиёд буд, дигар мардум ҳам танбал мешавад. Мо касеро маҷбур накардаем, миёни муаллимон эълон кардем, ҳама бо хоҳиши худ рафта кӯмак карданд. Тамоми мушкилотро бар дӯши ҳукумат ҳам бор кардан аз рӯи инсоф нест.

Муовини раиси ноҳия: “Даврони Шуравӣ нест”

Чаро то ҳанӯз хонаҳои мардуми зарардида сохта нашудааст, ин саволе буд, ки мо ба масъулини ноҳияи Фархор муроҷиат намудем.

Раҳматхуҷа Комилзода, муовини раиси ноҳияи Фархор зимни сӯҳбат гуфт, ки “хонаҳо сохта мешаванд, ҳамин қадарашро ҳам ба талбидан сохта истодаанд. Дар ягон ҷо навишта нашудааст, ки ҳукумат ба онҳо бояд хона созад. Ҳукумат ягон буҷа барои сохтани ин хонаҳо надорад. Ин ҳодисаи табиӣ мебошад, ҳар куҷое, ки чунин ҳодисаҳо мешавад, Ҳукумати Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар омада, кӯмак мекунанд. Даврони Шуравӣ нест, ки аз ҳисоби савхозу калхоз маблағ бошаду ба ин хонаҳо дода шавад”.

Ноҳияи Фархор. Акс аз CABAR.asia

Масъулин мегӯянд, ки барои сохтмони хонаҳои зарардидагон ҳукумат вазифадор нашудааст, аммо расонаҳо қаблан хабар дода буданд, ки гурӯҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо сарвари муовини аввали раиси Кумита дар минтақаи офатзада фаъолият дошта, сарбозони қисми ҳарбии КҲФ барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ба минтақа сафарбар шуданд.

Бино ба иттилои  Sputnik Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои ин офати табиӣ таҳти сарварии муовини аввали раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Рустам Шоҳиён гурӯҳи корӣ созмон дода шуд, ки рафти барқарорсозиро назорат мекунанд.

Идибек Буриев, муовини сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждани Тоҷикистон, тасдиқ кард, ки дар сохтмони хонаҳои деҳаи Сурхоб масъуланд. Вай гуфт, ки бевосита аз рафти сохтмони хонаҳои деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор моҳи январи соли равон дидан намудааст.

Ӯ илова кард, ки “касе аз истиқоматкунандагони деҳаи Сурхоб дар масъалаи сохтмони хонаҳои худ шикоят надошта, онҳо аз кори масҷидҳо ва шӯъбаи маорифу ҳукумати ноҳияи Фархор розӣ мебошанд. Дар дастам 14 баёноти истиқоматкунандагони ҳамин деҳаро дорам, ки шикояте надоранд. Ноҳияи Фархор сохтумони хонаҳоро бояд аз ҳисоби худаш бартараф кунад”.

Буриев, ҳамчунин гуфт, ки тибқи маслиҳат бояд сохтумони хонаҳои сокинонро масҷидҳо ва Шӯъбаи маорифи ноҳияи Фархор сохта, таъмири даруниро худи сокинон ба анҷом мерасониданд.

Вале истиқоматкунандагони деҳаи Сурхоб мегӯянд, ки онҳо наметавонад аз ҳисоби худ коре анҷом диҳанд, зеро сел қариб, ки тамоми лавозимоти зиндагиашонро шуста, бурдааст. Танҳо дару тирезаҳое, ки баъди сел пайдо карданд, ҳамонро дар сохтумони хонаҳо истифода бурдаанду халос.

Ҳарчанд кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода иброз медоранд, ки дар даст баёноти сокинонро оиди розӣ будан аз кори ҳукумат доранд, вале зарардидаҳо ҳамоно шикоят доранд, ки  то ҳол хонаҳояшон пурра сохта нашудааст.

Рушанбӣ Одинаева, ки суҳбати охири мо 5-уми марти соли равон сурат гирифт, гуфт: “Ба ҷузъ сохтмони як хона чизе накардаанд. Моҳи январ ба Шӯъбаи маорифи ноҳияи рафтам, гуфтанд, ки моҳи феврал биё, вақте рафтам, гуфтанд, ки камтар гармӣ шавад баъд биё. Ҳоло мегӯянд, ки маошро медиҳанд, баъд ба мо кӯмак мекунанд, ҳанӯз интизори кӯмакем”.


Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, навишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: