© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон: бидуни интригаву сюрпризҳо

Пешгӯиҳои коршиносон дар ин маврид, ки раҳбари кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи қарибулвуқӯъ номзадии писарашро пешбарӣ мекунад, бароварда нашуд.


Ба канали мо дар Telegram обуна шавед!


Акс аз CABAR.asia

Дар Тоҷикистон марҳилаи асосии интихоботи президентӣ шурӯъ гардид. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) эълон кард, барои курсии раёсатҷумҳурӣ панҷ нафар, бо шумули президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон талош меварзанд.

Ягона номзади худпешбар Фаромуз Иргашев наметавонад муддаии курсии раёсатҷумҳурӣ бошад, зеро натавонист 260 ҳазор имзои лозим барои сабти номро ҷамъоварӣ кунад. Дар ин ҳол, бештари коршиносон мегӯянд, натиҷаҳои интихобот аллакай маълуманд, иштироки номзадҳои наздик ба ҳукумат бошад, танҳо барои он аст, ки як навъ рақобатро ба намоиш гузоранд.

КМИР рӯзи душанбеи 14 сентябр рӯйхати номзадҳои сабтиномшударо нашр кард. Ба иттилои манбаъ, дар интихобот Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби сотсиалистӣ, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунистӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби се созмони ҷамъиятӣ-сиёсӣ: Ҳизби халқӣ-демократӣ, Иттифоқи ҷавонон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон пешбарӣ шуд, иштирок мекунанд.

Дар изҳороти КМИР гуфта мешавад, номзадии раиси Ҳизби демократ Саидҷаъфар Усмонзода бо далели “мутобиқ набудани санадҳои пешниҳодкардааш ба қонун” сабти ном нашуд. Эҳтимолан, имзоҳои ҷамъовардаи Ҳизби демократ аз ҷониби КМИР қабул нашудаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Саидҷаъфар Усмонзода изҳор дошта буд, беш аз 285 ҳазор имзо ҷамъ оварда, ба КМИР таслим кардааст.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки коршиносон онро ягона ҳизби воқеии оппозитсионии кишвар медонанд, интихоботро таҳрим кард. Раҳбари ҲСДТ Раҳматилло Зоиров охирҳои моҳи август изҳор дошт, ки интихоботи президентӣ “ғайриқонунӣ” ва “зиддимардумӣ” мебошад.

Рахматилло Зойиров. Акс: dw.com

Ба гуфтаи Зоиров, президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун сарвари давлат ҳуқуқ надорад, ки раиси ҳизб бошад. Ба иддаои ӯ, раҳбарии вай дар ҲХДТ низоми бисёрҳизбиро дар Тоҷикистон барҳам задааст.

Ба андешаи Зоиров, қонун дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон ба Конститутсия мувофиқат намекунад ва тасмими КМИР дар мавриди муайян кардани интихобот қабл аз муҳлат ғайриқонунӣ аст.

Раиси ҲСДТ мегӯяд, ҷамъоварии панҷ дарсади имзои интихобкунандаҳо (260 ҳазор) дар як моҳ имконнопазир мебошад. Ба таъкиди ӯ, тамоми аъзои ҳавзаҳои маҳаллии интихоботӣ намояндагони мақомот ҳастанд, ки ба ҳифзи манофеи ҳизби ҳукмрон манфиатдоранд.

Дар ҳамин ҳол, ягона номзади худпешбар дар интихобот Фаромуз Иргашеви 30-сола, ҳуқуқшинос аз маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ аз иштирок дар интихоботи президентӣ маҳрум шуд.

Иргашев дар суҳбат бо CABAR.asia гуфт, тими ӯ натавонист панҷ дарсад имзои интихобкунандаҳоро ҷамъоварӣ кунад, аз ин рӯ иштирокаш дар мубориза барои курсии президентӣ хатм мешавад.

Чаро боз ҳам Эмомалӣ Раҳмон?

Интихоботҳои президентӣ дар Тоҷикистон ҳар ҳафт сол баъд баргузор мешаванд. Баъди касби истиқлол ин шашумин интихоботи президентӣ маҳсуб мешавад.

Имсол мебоист интихобот 6 ноябр баргузор мешуд, аммо дар пайи пандемия парлумон оғози моҳи август рӯзи интихоботро 11 октябр муқаррар намуд.

Пас аз он ки рӯзи баргузории интихобот эълон шуд, интригаи асосӣ ин буд, ки аз ҳизби ҳоким кӣ номзад мешавад – Эмомалӣ Раҳмон ва ё писари бузурги ӯ Рустами Эмомалӣ? Рустам раиси шаҳри Душанбе ва ҳамзамон раиси палатаи болоии парлумонбуда, дуввумин мақом дар давлатдорӣ маҳсуб мешавад.

Соли 2017 дар Конститутсияи кишвар тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки бар асоси он маҳдудияти синусолӣ барои номзадҳо ба мақоми раёсатҷумҳурӣ аз 35 ба 30 поин оварда шуд. Шореҳон ҳадс заданд, ки бо ин роҳ президент Раҳмон роҳи писарашро барои иштирок дар интихоботи соли 2020 ҳамвор кард.

Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ. Акс аз president.tj

Аммо 26 август маълум шуд, ки ин хулосаҳо ғалат будаанд. Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ки ҳаққи пешбарии номзадҳоро дорад, Эмомалӣ Раҳмонро номзади худ эълон кард.

Пас аз чанд рӯз, Иттифоқи ҷавонон ва Ҳизби халқӣ-демократӣ ҳам номзадии Эмомалӣ Раҳмонро пешбарӣ карданд. Коршиносон гуфтанд, интригаи асосии интихобот ғайб зад ва Эмомалӣ Раҳмон дигарбора президент интихоб мешавад.

Бар асоси қонуни конститутсионӣ дар бораи пешвои миллат “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат”, Эмомалӣ Раҳмон ҳаққи номаҳдуди пешбарии номзадӣ ба мақоми президентиро дорад. Эмомалӣ Раҳмон бори панҷум аст, ки барои курсии раёсатҷумҳурӣ талош мекунад.

Ба андешаи бархе коршиносон, далелҳое, ки президент Эмомалӣ Раҳмонро барои дигарбора вориди корзори интихоботӣ шудан водор карданд, рӯйдодҳои ахири Белорус ва омодагии нокофӣ ба раванди таҳвили ҳукумат ба вориси худ мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, бархе расонаҳои оппозитсионӣ, ки берун аз марзи Тоҷикистон фаъоланд, чандин маротиба навиштанд, ки гӯиё Кремл ба нақшаҳои Раҳмон дар мавриди пешбарии номзадии писараш Рустами Эмомалӣ дар интихоботи дарпешистода розӣ нашудааст.

Бархе таҳлилгарон мегӯянд, дар чунин ҳолатҳо қоидаҳои нонавиштае дар минтақаи Осиёи Марказӣ талаб мекунанд, ки чунин масоил бо Кремл мувофика карда шаванд.

Номзади ҷавон, ки касе интизорашро надошт

Дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ ному насаби наве баланд шуд. Фаромуз Иргашев, ҳуқуқшиноси ҷавон аз шаҳри Хоруғ изҳор дошт, ки мехоҳад ба таври худпешбарӣ номзади мақоми президентӣ бошад. Дар қиёс ба номзадҳои дигари алтернативӣ шахси Иргашев аз ҷониби корбарони шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон фаъолона баҳс шуд.

https://www.facebook.com/dododjon.atovulloev/posts/3514847778534437

“Фабрикаи ҷавоб” ҳам дар канор набуд ва Фаромуз Иргашевро мавриди интиқоди шадид қарор дод.

Дар саҳфаи маъмурияти ВМКБ дар Facebook номаи омӯзгори маҳаллӣ Насим Саидраҳмонов нашр шуд, ки ибтикори Иргашевро танқид мекард.

Ба гуфтаи ин муаллим, қонунгузории амалкунанда худпешбариро пешбинӣ накардааст, аз ин рӯ ҳуқуқшинос Иргашев бояд талаботи қонунро риоя мекард.

Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ҳам номаи танқидиеро бо имзои А.Ашӯров, мутахассиси пешбари ин марказ, ки дар доираи коршиносӣ маълум нест, мунташир кард.

Дар ин нома гуфта мешавад, Иргашев таҷрибаи идорӣ надорад, “манфиатҳои умумимилиро дарк наменамояд”, аз ин хотир наметавонад “бори масъулияти давлату миллат”-ро бар душ гирад.

Фаромуз Иргашев дар суҳбат ба CABAR.asia гуфт, ки тасмими пешбарии номзадиашро мустақилона гирифт. Ба қавли ӯ, ин тасмим се сол қабл, вақте сину соли номзад ба мақоми раёсатҷумҳурӣ аз 35 ба 30 поин оварда шуд, гирифта шуд.

“Соли 2017 вақте аз як ҷо ба ҷойи дигар мерафтам, аз ман мепурсиданд, ки дар оянда чӣ нақшаҳо дорам? Ман мегуфтам, ки соли 2020 дар интихобот барои курсии президентӣ талош мекунам. Ин тасмими шахсии ман буд. Агар касе ба ин шубҳа дорад, ман исбот мекунам. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳам санҷиданд, ки аз пушти ман кадом як гуруҳе қарор надошта бошад”, – илова кард Иргашев.

Қонун дар бораи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон худпешбариро пешбинӣ накардааст. Тибқи ин қонун танҳо нафароне ҳаққи талош барои курсии президентиро доранд, ки номзадиашонро аҳзоби сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, Иттифоқи ҷавонон ва маҷлисҳои минтақавӣ пешбарӣ кардаанд. Ба андешаи Фаромуз Иргашев ин ҳуқуқи шаҳрвандонро маҳдуд мекунад, аз ин рӯ вай тасмим дорад барои ворид кардани тағйирот ба ин банд ба Додгоҳи конститутсионӣ муроҷиат намояд.

Ойнихол Бобоназарова. Акс: CABAR.asia

“Ин талаботи қонун ҳуқуқҳои зиёди конститутсиониро нақз мекунад. Сар карда аз сарфи вақти зиёд барои ҷамъоварии имзо ва зарурати сабти имзоҳо дар назди раисони шаҳру ноҳияҳо. Ахириҳо ҳизби ҳокимро намояндагӣ мекунанд ва барои тасдиқ накардани имзоҳо баҳонаҳои гуногун пеш меоранд”,-гуфт Иргашев.

Ин бори аввал нест, ки номзади оппозитсия дар Тоҷикистон наметавонад бо далели ҷамъоварӣ накардани имзоҳо сабти ном шавад. Соли 2013 Ойниҳол Бобоназарова, номзад аз ду ҳизби оппозитсионӣ ҳам натавонист садди панҷдарсадии ҷамъоварии имзоҳоро убур кунад. Ин банди қонунгузории Тоҷикистон борҳо аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва мухолифин мавриди интиқод қарор гирифтааст.

Парвиз Муллоджанов. Акс: CABAR.asia

Мунтақидон мегӯянд, ҷамъоварии панҷ дар сади имзоҳои интихобкунандаҳо ва тасдиқи онҳо аз сӯи раҳбарони шаҳру навоҳӣ монеаест, ки тавассути он мақомот номзадҳои мухолифинро аз корзори интихоботӣ қафо мекашанд. Мақомот ин иттиҳомро рад мекунанд.

Ҳамин тариқ, интихоботи моҳи октябр бидуни кадом як номзади воқеии оппозитсионӣ баргузор мешавад. Ҳамаи чор рақиби Эмомалӣ Раҳмон аъзои палатаи поёнии парлумон ва раҳбарони ҳизбҳои рӯ ба ҳукуматианд.

Ҳамаи ин ҳизбҳо дар ду маъракаи интихоботи раёсатҷумҳурии гузашта иштирок намуда, дар маҷмӯъ камтар аз 5 дарсади овозҳоро соҳиб шудаанд. Дар изҳоротҳои худ онҳо эълон карданд, ки бо натиҷаҳои интихобот мувофиқ ҳастанд.

Аммо ба адами номзади оппозитсионӣ нигоҳ накарда, коршиносон мегӯянд, баргузории интихобот мушкилиҳоеро барои мақомот пеш меорад.

Сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, ҳадди ақал давоми даҳ соли охир ҳукумат бо чунин буҳрон рӯбарӯ нашуда буд.

“Буҳрони феълӣ, ки дар пайи коронавирус ба вуқӯъ пайваст – буҳрони ҷиддӣ аст, ки чӣ ба Тоҷикистон ва чӣ ба кишварҳои дигар таъсир мерасонад. Таъсири он ба сатҳи зиндагии одамон – падидаи нав ба шумор меравад”,-таъкид намуд сиёсатшинос.

Ба гуфтаи ӯ, ба интихобот инчунин рӯйдодҳои Белорус, мушкилиҳо дар Русия ва мушкили иқтисодии худи Тоҷикистон бор мешаванд.

“Аз ин нуқтаи назар авзоъ тамоман дигар аст. Ба ибораи дигар, гап дар худи интихобот нест, балки дар он аст, ки он дар чӣ шароите баргузор мешавад”,-хулоса намуд Муллоҷонов.


Ин матлаб дар доираи лоиҳаи IWPR Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: