Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон бисёре аз духтарон пас аз фориғ шудан аз мактаб аз ҳаққи идомаи таҳсил дар донишгоҳ маҳруманд. Бовари ғолиб ин аст, ки зани тоҷик бояд шавҳар кунад ва ба тарбияти фарзандон машғул шавад ва дар хидмати шавҳару волидони шавҳараш бошад. Бино бар ин, барои бисёре аз духтарон мадраки таҳсилоти олӣ монеъе барои зиндагии хонаводагист. (more…)
Дар баъзе аз манотиқи Тоҷикистон ҳанӯз ҳам суннатҳои қадимии номзадии бармаҳал вуҷуд дорад. Духтаронро ҳанӯз дар синини 12-13-солагӣ, бе он ки домоди ояндаро дида бошанд, ба ӯ номзад мекунанд. Ва дар мавриди идомаи таҳсили духтарон дар мактаб ва донишгоҳ фақат номзад ё шавҳари ояндаашон метавонад тасмим бигирад. (more…)
Шиканҷа, бадрафторию таҳқир ва марги сарбозон дар асари лату кӯб аз далоили аслии саркашии ҷавонон аз хидмати сарбозӣ мебошад.
Ба таъкиди коршиносон Душанберо зарур аст, мушкили Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро ҳал кунад, на бо оқибатҳои он мубориза барад. (more…)
Мақомоти тоҷик бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ниҳодҳои интизомии Беларус хостаанд, Парвиз Турсунов, футболбози собиқи тими “Хайр”-и шаҳри Ваҳдатро ба Тоҷикистон истирдод кунанд. (more…)
Собиқ имомхатиби деҳаи Далёни Боло дар ноҳияи Деваштич ба гумони пайрави ба гурӯҳи мамнӯъи “салафия” боздошт шудааст.
Моҳи апрел чаҳор кӯдаки тоҷикро, ки ҳамроҳи хонаводаашон дар чанд соли пеш ба “Давлати исломӣ” пайваста даҳшати ҷанги Сурияро дидаанд ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.
(more…)
Ҷангҳои мазҳабӣ пӯшише ҳастанд, ки кишвару доираҳо аз он ба манофеи худ истифода мекунанд ва имрӯз ҷангҳои мазҳабӣ дар кишварҳои ҷаҳони сеюм, хусусан, мамолики исломӣ ба мушоҳида мерасад.
(more…)
Шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истаравшан ва Спитамени вилояти Суғд маҳалҳои осебпазир дар мавриди шомил шудани сокинон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гурӯҳҳои ифротгаро ном бурда мешавад. Дар ин бора муовини раиси Суди вилояти Суғд Манзура Латифзода дар нишасти матбуотии нимсолаи соли равон ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. (more…)
Як хонавода дар водии Вахш мегӯяд, ки пайвастани фарзанд, келин ва набераи ноболиғаш ба “Давлати исломӣ” ва бо гузашти солҳо бенишон будан хонаводаро дар ҳолати бади равонӣ қарор додааст ва ҳато гуфта мешавад, ки ғамгинию ангушнамоӣ онҳоро ба ғам андохтааст.