© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Аз Бохтариён то ДИИШ ва бенишонию интизорӣ

Як хонавода дар водии Вахш мегӯяд, ки пайвастани фарзанд, келин ва набераи ноболиғаш ба “Давлати исломӣ” ва бо гузашти солҳо бенишон будан хонаводаро дар ҳолати бади равонӣ қарор додааст ва ҳато гуфта мешавад, ки ғамгинию ангушнамоӣ онҳоро ба ғам андохтааст.


Ба Telegram канали мо обуна шавед!


Аз ғами Қудбидин Тавакалов ҳамсари ӯ Гулнора Тавакалова ва фарзанди онҳо, ки ба Сурия рафтаанд Шарбатулло Тавакалов, падари ин хона бемор шуд ва ба орзуи дидори онҳо ҷон дод.

Сабринисо Тавакалова, модари Қудбидин
Сабринисо Тавакалова, модари Қудбидин

Оилаи Тавакаловҳо, дар ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Бохтар зиндаги мекунанд, Кудбидин фарзанди хурдии оила буда пас аз хатми мактаби миёна аз соли 2007 ба Русия ба муҳоҷиарти меҳнати рафта меомад. Ӯ пас аз ним соли бо Гулнора Тавакалова оила барпо карданаш ба муҳоҷирати меҳнати сафар намуда, сипас завҷаашро, ки соҳиби як фарзанд буд, ба наздаш ба Русия даъват кард. Ҳардуи онҳо дар онҷо ба доми мубалиғони “Давлати исломӣ” пайваста, барои “ҷиҳод”кардан ба Сурия рафтаанд.

Аҳли оилаи Тавакаловҳо ин хабари мудҳишро аз кормандони мақомти ноҳияи Бохтар дар соли 2016 шунидаанд, ки мегӯяд ҳануз ҳам ба он андешаад, ки азизонашон чӣ ҳол дорад.Дар прократураи Бохтар ба мо хабар доданд, ки нисбати Қудбидин Тавакалови 28-сола ва Гулнора Тавакалова 25-сола парвандаи ҷинояти боз шуда, онҳо ҳамчун ҷавонони ифротӣ дар кофтукоб қарор доранд.

Сабринисо Тавакалова, модари Қӯдбидин мегуяд, ки фарзандаш барои дарёфти ризқу рузи ба мардикори ба Русия рафта меомад. Соли 2014 баъди оила барпо карданаш ба муҳоҷирати меҳнати сафар карда, дар онҷо бемор мешавад, ба мо телефони занг зада мегуяд, ки оилаамро ба наздам равон кунед, мо барои келини худ  ҷипта омода карда ба назди писарам равонаш кардем. Зимни суҳбат модари Қудбидин  ба мо иброз намуд, ки чанде баъд  хабари пайвастани у ва оилаашро ба ҷангиҳи бемаъни аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ шунидаам.Ӯ гуфт: “Дар ғами писарам ҳастам, ки чӣ ҳол дошта бошад? Падар аз ғами писараш ғам хӯрд ва ҷон дод, худам дар ғами онҳо ҳастам, ки дар куҷо ҳастанду чӣ ҳол доранд. Орзу дорам, ки як бор ба оғушаш гирам.”

Ин хонавода ҳато ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ гуфтаанд, ки агар писарашонро аз Сурия баргардонад барои онҳо ҳадия хоҳанд дод, ин ҳадия як гове ҳаст, ки дороии ин хонавода ба ҳисоб меравад.

Сабриниссо Тавакалова бо дидаи пури ашк қиса намуд, ки баъди хабари ифроти шудани фарзанаш Қудбидинро шуниданд, шавҳарам аз ғами фарзанди роҳгумзадааш аз олам чам пушуду, худи ман бемору бистаарим.

Бародари Қудбидин бошад ба мо гуфт, ки додари ман инсони хеле хуб буд, на май менушиду на сигор мекашид намозхону рузагир буд, вале ҳеҷ бовар надоштем, ки ба ин роҳ биравад. Мо чанд бародар дар Русия кор мекунем, агар аз рафтани у ба ҷангҳои бемеъани Сурия огоҳ мешудем, хатманд ӯро аз роҳаш бармегардондем. Ӯ гуфт, ки додарашро касе фиреб дода ба Сурия бурдааст ва мудати беш аз ду сол мешавад, ки тамоан ба мо тамос намегирад ва мо намедонем, ки у дар қайди ҳаёт ҳаст ё не. Ягонаи орзуии мо аҳли оила бори дигар ба оғуш гирифтани фарзаниди падарамон мебошд, бикзор тибқи қонун ҷазо гиранд, вале дар Тоҷикистон бошанду зинда будани онҳоро бубинем.

Ҳоло суроғаи Қутбиддин Тавакалов дар назди идораи пулис ва роҳои серодами ноҳияи Бохтар гузошта шудааст, ки бо ҷурми ҳамдасти ба “Давлати исломӣ” гумонбар аст.

Суҳбату вохуриҳо натиҷа намедиҳад

Бояд гуфт, ки ин ягона нафаре нест, ки аз ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Бохтар ба гурҳи Тераристии ба ном «Давлати Исломи» шомил шудааст.

Абдуғафор Ёров, муовини раиси ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Бохтар

Абдуғафор Ёров, мувини раиси ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Бохтар қайд дошт, ки аз ҳудуди ҷамат як оила бо зану фарзандонаш ва 12 нафар ҷавонони дигар  бо масқади “ҷиҳод” ба гуруҳи терорристии ба ном «Давлати Исломӣ» шомил шуда, ба маълумотҳои оперативи дар давлатҳои Сурияву Ироқ қарор доштаанд. Ӯ гуфт, ки бештарашон аз муҳоҷирати меҳанти ба ин давлатҳо сафар намудаанд. Қайд рафт, ки ин оилае, ки ба гуруҳои ифроти аз ҷамоат шомил шудааст,  оилаи Тавакаловҳо мебошад, ки бо зану фарзандаш ба Сурия рафта,  тамоман  ба хонаводаи худ тамос нагирифтааст.

 Ба гуфти масъули ҷамоат зимни суҳбату вохӯриҳо бо волйдони ҷавононе, ки бо пайвастан ба ДИИШ дар рӯихати сиёҳ қарор доранд маълум гашт, ки тариқи телефон гоҳ гоҳ ба назикони худ дар тамос мешуданд ва билохир пурра тамоси онҳо бо волидони худ аз соли 2016  қат шуда, ҳоло аз онҳо хабаре нест.

Абдуғафор Ёров омили шомил шудани ҷавонони ҷамоатро ҷанги Шаҳрванди арзёби намуда гуфт, ки баъди гуреза шудани шаҳрвандон онҳо аз муасссиаҳои таълими дур мондаанд, ки саводи кофи надоранд ва ба зуди барои пули муфт ба даст овардан ба суханони бофтаи пайрваони Давлати ба ном Исломи  бовар намуда, ба ҷангҳои Сурияву Ироқ сафар намуданд.

Тибқи иттилои расмӣ баҳри пешгири аз шомилшавии ҷавонон ба гуруҳои ифроти  ва баргарднидани онҳо ба ватан суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда истодааст, ки мутасифона ин ҳама бе натиҷа боқӣ мондааст, зеро нафаре аз ин ҷамоат аз Сурия барнагаштааст.

Дилшод Валиев,  масъул бахши дин тазиму анана ва ҷашну маросимхои ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳиҳияи Бохтар  гуфт, ки  мубориза алайҳи ҷинояту ҷинояткорӣ ва терроризму экстремизм вазифаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ бошад ҳам, дар ин самт ҳар як инсони солимақл бояд ҳиссаи созгори худро гузорад. Ба ақидаи ҳамсуҳбати мо , барои пешгирӣ аз гароиши ҷавонон ба ин гурӯҳҳои тундрав бояд пайваста миёни ҷавонон суҳбату мулоқотҳо гузаронида шуда, бад-ин васила сатҳи огоҳии онҳо боло бурда шавад. Зарур аст, наврасону ҷавоноро бештар ба ватандўстӣ, донишандўзӣ ва муҳаббат ба касбу ҳунар ҷалб намоем. Дар ҳамин ҳол коршиносон дар вилояти Хатлон мегӯяд, ки баргаштани ҷавонон аз ДИИШ кори сангинаст, ки ба истиснои чанд нафар аз Хатлон дигарҳо наметавонад анҷом диҳанд. Орзуи Карим, хабарнигор, ки бо ин мавзу бештар ошноӣ дорад гуфт, ки баромадан аз минтақаи зери назорати ДИИШ кори сангине мебошад: “Зоҳиран аксар ҷавононе, ки ба ДИИШ мепайванданд пушаймон ҳастанд, вале суҳбатҳои онҳое, ки аз нимароҳ, яъне аз Туркия баргаштаанд ва онҳое, ки аз Сурия баргаштаанд маълум мешавад, ки бозгашт кори душвор аст. Ҳарчанд қонун онҳоеро, ки пушайвон мешавад афв мекунад, вале роҳи бозгашташон сангин аст. Хусусан барои заноне, ки баъди марги шавҳаронашон кӯдакони ноболиғ дар даст доранд.”          

Тибқи маълумоте, ки чанд моҳи пеш Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бохтар зикр кард шумораи сокинони ин ноҳия, ки ба “Давлати исломӣ” пайвастаанд ҳудуди 90 нафар будааст, ки дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд. Президент моҳи май соли ҷорӣ, чанд моҳи пеш аз суҳбаташ дар ноҳияи Бохтар дар ноҳияи Данғара аз ифротгароӣ ва ҳузури ҷавонони тоҷик дар Сурия ва Ироқ изҳори нигарони намуда гуфта буд, ки 500 сокини вилояти Хатлон дар зери парчами сиёҳи ДИИШ меҷангидаанд.        

Ин дар ҳолест, ки мақомот дар вилояти Хатлон мавзуи терроризм ва экстремизмро ҳамчун вабои аср гуфта, мегӯяд, ки ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, ҳамзамон барои зиндагии осоиштаи минбаъдаи башарият хатари бузург эҷод мекунад. Ҷавонон бояд беш аз пеш зираку ҳушёр бошанд, ватану миллати худро дӯст доранд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

 

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: