© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон: Дард ва ранҷиши куҳистониҳо

Ба таъкиди коршиносон Душанберо зарур аст, мушкили Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро ҳал кунад, на бо оқибатҳои он мубориза барад.


Ба Telegram канали мо обуна шавед!


Ҳудуди ВМКБ дар харитаи Тоҷикистон. Source: Wikipedia commons License
Ҳудуди ВМКБ дар харитаи Тоҷикистон. Source: Wikipedia commons License

“Инҷо ҳама чӣ орому амн буд, овардани неруҳои иловагӣ чӣ зарурат дошт?”-мепурсад як сокини шаҳри Хоруғ, ки онҷо пас аз сафари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар миёнаҳои моҳи сентябр маъракаи мубориза бо “беқонунӣ” ва гирифтани силоҳу аслиҳа шурӯъ гардид.

“Ба мо ваъда карданд, ки ин неруҳо давоми як моҳ бароварда мешаванд. Аммо онҳо ҳанӯз инҷоянд, ки сабаби асабонияти одамон ва вуқӯи ҳар гуна ҳолатҳо мешавад”,-гуфт дар идома ҳамсуҳбати 40-солаи мо, ки нахост номаш ифшо шавад.

Барои ошкоро иброз намудани андеша инҷо касе намехоҳад ки ному насабашро ифшо кунад. Бо гузашти ду моҳ аз сафари “дубора”-и Президент ба маркази маъмурии ВМКБ авзоъ дар Хоруғ тағйир ёфтааст. Аммо ба кадом самт, алъон рӯшан нест.

 “Моро ба он муттаҳам карданд, ки дар шаҳри мо сатҳи ҷинояткорӣ хеле баланд аст. Аммо барои чанд нафар, ки мақомот аз онҳо ном мебаранд, набояд ҳамаро гунаҳкор кард ва набояд тамоми аҳолиро тарс дод”,-мегӯяд як зан, ки аз амнияти фарзандонаш хавф дорад.  

“Мардуми мо ҳанӯз аз ҳолати стрессе, ки соли 2012 бардошта буд, берун нашудааст”, – мегӯяд ӯ бо ишора ба амалиёти қудратие, ки барои боздошти муттаҳамон дар куштори сардори Раёсати КДАМ дар соли 2012 анҷом шуд ва дар пайи он 48 нафар ба ҳалокат расид. Ин зан дар идома афзуд, “ҳама метарсанд. Ҳатто кудаконе, ки ба боғча мераванд, мегӯянд, ки ҷанг сар мешавад”.

Муфассалтар дар бораи амалиёти махсуси Хоруғ дар соли 2012 аз маводи  IWPR пайдо кунед: Боз як зарбаи дигар ба суботи ноустувор дар Бадахшон

Шарҳи Абахон Султоназаров дар мавриди ҳодисаҳои соли 2012 дар Хоруғ: Чӣ тавр Бадахшон аз хушунат беҳбуд меёбад 

Мулоқоти Эмомали Рахмона дар Хоруғ. Акс аз хадамоти матбуотии президенти ҶТ
Мулоқоти Эмомали Рахмона дар шаҳри Хоруғ. Акс аз хадамоти матбуотии президенти ҶТ

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мақомоти маҳаллиро барои сатҳи ҷинояткорӣ ва кори заиф дар мубориза бо ҷинояткорӣ танқид кард. Ӯ раҳбарияти вилояту сардорони идораҳои қудратиро иваз намуда, амр дод, камбудиҳо ислоҳ ва силоҳу аслиҳа аз аҳолӣ гирифта шавад.  

Дар пайи ин мақомоти қудратӣ дар шаҳри Хоруғ маъракаи бузургеро роҳандозӣ карданд, ки ҳодисаҳои мухталиф ва нофаҳмиҳо миёни кормандони мақомот ва сокинони маҳалиро дар пай дошт. Яке аз ҳодисаҳои пурсарусадо аз силоҳи травматикӣ ҷониби як гуруҳ ҷавонон тир холӣ кардани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд. Ин қазия сабаби ба майдон баромадани садҳо сокини маҳаллӣ гардид. Онҳо баррасии одилонаи ин қазия ва берун кардани неруҳои изофии амниятиро аз ҳудуди вилоят талаб карданд. 

Дар ин ҳол, миёни сокинони Хоруғ онҳое ҳам ҳастанд, ки мегӯянд, аз рафтори ғайриахлоқӣ ва авбошии гуруҳе аз ҷавонон хаста шуда, аз таҳқими кори мақомот барои риояи қонуният истиқбол мекунанд.

“Сокинон борҳо шоҳид будаанд, ки онҳо дар маркази шаҳр чӣ гуна байни ҳам тирпаронӣ, кордкашӣ ва муноқишаҳои гуруҳӣ мекунанд. Ҳатто кормандони милиса метарсиданд, ки дахолат кунанд,-мегӯяд як ҳамсуҳбати мо. –Вақте проблемаҳо бо роҳи зурӣ ҳал мешаванд, ҷавонон фикр мекунанд, ки бо ҳамин роҳ бояд рафт. Ин намунаи ғалат барои ҷавонон мебошад”.

“Ҳоло вазъ беҳтар шудааст, бисёриҳо силоҳи худро супурданд. Дар оғоз ҳама хафв дошт, ки амалиёти низомӣ сар мешавад, аммо хурсанд ҳастем, ки мушкилиҳо бо роҳи осоишта ҳал мешаванд”,-мегӯяд сармуҳаррири ҳафтаномаи вилоятии “Оинаи зиндагӣ” Руқия Давроншо.

 Минтақаи “вижа”

Сокинони Хоруғ. Акс аз pinterest.com
Сокинони Хоруғ. Акс аз pinterest.com

Коршиносон мегӯянд, вазъи ба вуқӯъомада дар ВМКБ ва нофаҳмиҳо миёни мақомоти Душанбе ва сокинони минтақаи автономӣ натиҷаи чанд ҳолат аст.

Фарҳанг, мазҳаб ва забони тоҷикони ВМКБ аз аҳолии дигари Тоҷикистон каме тафовут дорад. Онҳо пайрави мазҳаби шиаи исмоилӣ ҳастанд, тоҷикони дигар суннӣ мебошанд. Бо гуруҳи забонҳои Эрони шарқӣ гуфтугӯ мекунанд, ки барои аҳолии дигари кишвар чандон фаҳмо нест.  

Ин махсусиятҳо дар пайи шароити табиие, ки помириҳо зиндагӣ мекунанд, шакл гирифтааст, мегӯянд коршиносон.

“Помириҳо ба ҳамроҳӣ ва дастгирии мутақобила ниёз доранд”,-мегӯяд таҳлилгар Абахон Султоназаров, ки зодаи ВМКБ аст.     

Ба андешаи ӯ, таваҷҷуҳи нокофии мақомоти марказии Душанбе нисбат ба помириҳо шароитеро барои ҳузури лидерони ғайрирасмӣ дар он минтақа ва таҳкими таъсири онҳо шакл додааст. Аммо ӯ таъкид мекунад, ки лидерони ғайрирасмӣ дар Помир ҳатто дар аҳди Шӯравии собиқ ҳам мавҷуд буданд.  

Бархе расонаҳои Тоҷикистон “лидерони ғайрирасмӣ” дар Хоруғро ба раҳбарони гуруҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ пайванд медиҳанд ва бо такя ба иттилои расмӣ менависанд, онҳо бо қочоқи бору маводи нашъадор аз Афғонистон иртибот доранд.  

Аз ҷумла, чанд сол қабл, Оҷонсии мубориза бо маводи нашъадори Тоҷикистон яке аз чунин лидерон — Толиб Аёмбековро дар “иртиботи ҷиноӣ” ва “қочоқи маводи тамоку, сангҳои қиматбаҳо (асосан зумрад ва рубин), аслиҳа, нушокиҳои алкоголӣ ва маводи мухаддир” муттаҳам намуд. 

Вале авохири моҳи октябр расонаҳои Тоҷикистон навиштанд, Аёмбеков ба шӯъбаи маҳаллии прокуратура омада, дар мавриди иттиҳоми нисбаташ эълоншуда дар бораи фаъолиятҳои ғайриқонунӣ шарҳ хостааст. Аммо дар прокуратура гуфтаанд, алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.

“Ба ман гуфтанд, ки ба ҷуз гузаштани муҳлати қарзи бонкӣ, нисбати ман ягон даъво нест. Ман ваъда кардам ки қарзи бонкро дар фурсатҳои наздик бармегардонам”,-гуфтааст Аёмбеков ба хабаргузории “Азия Плюс”.

“Аз соли 2006 то имрӯз дасти кам чор маротиба талоши ҳалли ҳузури лидерони ғайрирасмӣ бо усулҳои радикалӣ анҷом шудааст. Дар пайи надонистани махсусиятҳои минтақа ҳар бор марказ тасмими нодуруст гирифт”,-мегӯяд таҳлилгар Алим Шерзамонов, як зодаи Хоруғ, ки ҳоло дар Лаҳистон зиндагӣ мекунад.   

Ба андешаи Шерзамонов, атрофиён президенти Тоҷикистонро дар мавриди аз байн бурдани таъсири ҷинояткорон дар минтақаи Бадахшон ва имкони таҳкими мавқеи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки аз Душанбе итоат мекунанд, ба нофаҳмӣ бурданд. Аммо баъдан маълум шуд, ки чораҳои нави куҳнаи мақомоти марказӣ ба сокинони маҳаллӣ хуш намеояд.     

“Сабаби ин норизоиятӣ дар муборизаи мақомоти қудратӣ бо ин “лидерон” набуда, балки дар ҳал нашудани мушкилоти иҷтимоӣ мебошад”,-таъкид мекунад Шерзамонов.

“Ман намегӯям, ки ин мардум аз марказ итоат намекунанд ва барои мақомот таҳдиди ҷиддие доранд”,-илова намуд ӯ.

 Феҳрасти ҷадвали Менделеев

Шаҳри Хоруғ. Акс аз Михаил Романюк
Шаҳри Хоруғ. Акс аз Михаил Романюк

Фаъолияти истеҳсолӣ ва иқтисолии Тоҷикистон асосан дар шимол ва навоҳии тобеи марказ ба роҳ монда шудааст. Бештари қаламрави ВМКБ-ро куҳҳо ташкил медиҳанд. Дар вилоят бахши фаъоли истеҳсолие нест, ки аҳолӣ онҷо машғули кор бошад.

Ҳудуди 80 дарсади буҷаи ВМКБ аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ пур мешавад. 20 дарсади боқимонда аз ҳисоби молиёт аз тиҷорати хурду миёна мебошад.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, агар мақомот барои беҳтар намудани авзои иҷтимоӣ-иқтисодии аҳолии ВМКБ мутамарказ мешуд, ин сабаби оғози эътимоду боварии миёни марказ ва вилоят мегардид.  

Вакили мардумӣ дар Бадахшон Аввалмо Хубоншоева мегӯяд, “агар мақомот бештар ба мушкили дарёфти шуғл миёни ҷавонони маҳаллӣ тамаркуз мекард, вазъият ба самти беҳтар шудан ҳаракат менамуд”.

Аҳолии 217 ҳазораи ВМКБ ҳам мисли мардуми тамоми Тоҷикистон асосан аз ҳисоби маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ зиндагии худро пеш мебаранд.

“Ҳукумати ҷумҳурӣ талош дорад масъалаи ҷойҳои кориро ҳал кунад. Масалан, барои сад сокини ҷавони Хоруғ барои кор дар НБО Роғун квота ҷудо шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ низ ҷавононро барои кор даъват кард”,-мегӯяд сухангӯи маъмурияти ВМКБ Ғолиб Ниятбеков. Ӯ афзуд, мақомот медонанд, ки ин ҳам ҳанӯз барои ҳалли мушкилот басанда нест.

Дар ҳамин ҳол, бархе кормандони собиқи сохтмони НБО Роғун шикоят карданд, ки онҳо аз кор ронда шуда ва музди меҳнати ваъдагиро нагирифтаанд.

“Ҳамаи ин масъалаҳоро намешавад дар муҳлати кутоҳ ҳал кард. Ин мушкилоти як рӯза нест,-мегӯяд як сиёсатшинос аз Душанбе, ки нахост номаш ифшо гардад. –Ин масъалаҳо бояд батадриҷ ҳал карда шаванд. Нақшаи стратегии рушди вилоят бояд таҳия шавад. Ҷойҳои корӣ таъсис ва ба ҷавонон имкон дода шавад, то худро нишон бидиҳанд. Ва ба ҳеч ваҷҳ набояд иҷоза дод, ки ин проблемаҳо бо роҳи зӯр ҳал карда шаванд”.

Муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров бар ин аст, ки “вазъи Хоруғ дар ояндаи наздик беҳтар мегардад”.

“Аввалан, худи аҳолии Помир дар маҷмӯъ манфиатдоранд, ки авзоъ хуб шавад. Онҷо тамоми чораҳо андешида мешавад ва аҳолӣ талош дорад ки вазъро беҳтар намояд. Ёдгор Файзов, ки раиси вилоят таъин гардид, чеҳраи наве дар сиёсат мебошад. Аз корҳои ӯ маълум аст, ки ҳама чи хуб мешавад. Ҳам мақомоти давлатӣ ва ҳам аҳолӣ ҳоло манфиатдоранд ки вазъ буҳронӣ нашавад. Бигузор касе натарасад, ки одамони оддӣ зиён мебинанд. Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон қисми ҷудонашавандаи Тоҷикистон аст ва ботадриҷ онҷо ҳама чи хуб мешавад”,-гуфт Сайфулло Сафаров.

Абахон Султоноваров. Сурат аз бойгонии шахсӣ
Абахон Султоноваров. Сурат аз бойгонии шахсӣ

Ба андешаи таҳлилгар Абахон Султоназаров рушд накардани ВМКБ ба он рабт дорад, ки ваколатҳои раҳбари маъмурияти вилоят маҳдуд аст – тамоми мансабдорони калидиро дар Душанбе таъин мекунанд. Аммо ӯ изҳори умедворӣ мекунад, ки ба раҳбари нави вилоят имкони бештар медиҳанд, то тавонашро барои рушди вилоят сарф кунад.    

“Ёдгор Файзов, ки дар гузашта раҳбарии Хазинаи Оғохонро бар душ дошт, мушкилоти асосии ВМКБ-ро хуб медонад ва таҷрибаи хуби идоракуниро дорад. Агар ӯ имкони тамоси мустақим ба мансабдорон дар Душанберо дошта бошад, метавонад мушкилотро муассиртар ҳал намояд”,-мегӯяд Султоназаров. 

Султоназаров меафзояд, дар Хоруғ бештар кормандон аз дигар ноҳия ва вилоятҳои Тоҷикистон раҳбарӣ мекунанд, ки вижагиҳои маҳаллиро надониста, барои ҳалли ин ё он масъала маблағ талаб мекунанд.

“Вақте дар ин курсиҳо кадрҳои маҳаллӣ нишаста буданд, чунин ҳолатҳои коррупсионӣ набуд”,-мегӯяд вай.

Аждар Куртов. Акс аз радиои байналхалқии Фаронса
Аждар Куртов. Акс аз радиои байналхалқии Фаронса

Вижагиҳои душвори ҷуғрофии ВМКБ сабаби асосии мушкилоти ҷамъиятӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ буда, гумон аст ки даҳсолаи наздик Душанбе тавони таъсир ба ин равандро пайдо кунад, иддао дорад таҳлилгари Осиёи Марказӣ Аждар Куртов.

Аз ин рӯ, ӯ муътақид аст, ки ҳолати мавҷуда – таъсири ҷинояткорон, қочоқи маводи нашъадору коло дар ВМКБ идомадор хоҳад буд.

“Дар ВМКБ шояд ҳам тамоми ҷадвали Менделеев (канданиҳои фоиданок) мавҷуд бошад, аммо коркарди он пули ҳангуфтеро мехоҳад ва интиқоли ин ҷадвали Менделеев то маконе дар Замин, ки аҳолии қобили пардохт зиндагӣ мекунанд, низ пули ҳангуфтро талаб мекунад. Аз ин хотир ин минтақа на дар аҳди Шӯравӣ ва на ҳоло ба ҳадди лозим тасаллут наёфтааст”,-меафзояд таҳлилгар.

“Агар имкон медошт, аллакай ҳама мушкил рафъ мегардид. Инҷо набояд айбро дар Душанбе дид. Ин махсусияти минтақа аст ва алайҳи ҷуғрофиё намешавад коре кард”,-хулоса намуд ӯ.


Ин матлаб дар чорчуби лоиҳаи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо маблағгузории Вазорати корҳои хориҷии Норвеж амалӣ мегардад, таҳия шудааст. Назарҳои дар матлаб овардашуда, мавқеи сомона ва донорро инъикос намекунанд.  

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: