© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Буҳрони вартаи қарзӣ барои Тоҷикистон чӣ хатарҳое дорад?

Афзоиши қарзҳои берунии Тоҷикистон хавфи дефолт ва аз даст додани манобеи табииро ба миён меоварад.


 Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!


Қарзи берунии Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли 2019 — 2,9 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки баробар ба 38,9 дарсади ММД мебошад. Ҳаҷми қарзи берунаи кишвар дар соли 2018 дар қиёс ба нишондиҳандаҳои соли 2017 ба 45,2 миллион доллар афзоиш ёфт.

Бар асоси “Стратегияи идораи қарзи давлатӣ барои солҳои 2015-2017” қарзи берунаи Тоҷикистон набояд аз 40 дарсади ММД-и он бештар шавад. Яъне, дар ҳоли ҳозир кишвар ба ин нишондод хеле наздик шуда, то расидан ба меъёри муқарраршуда ҳамагӣ 1,1 дарсад фосила боқӣ мондааст.

Феълан, яке аз қарздиҳандаҳои аслии Тоҷикистон ҳамсоякишвари мо – Чини абарқудрат маҳсуб мешавад, ки дуввумин иқтисоди ҷаҳон ба шумор меравад. Ин ҳолат нигаронии гуруҳе аз коршиносонро ба бор овардааст. Бархе аз онҳо таъкид мекунанд, ки дипломатияи қарзии ҳукумати Ҷумҳурии мардумии Чин – як навъ усули истифода аз кишварҳои бидеҳкор барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ мебошад.    

Бо ишора ба суръати афзоиши таъсири иқтисодии Чин ба минтақаи Осиёи Марказӣ пажуҳишгари амрикоӣ Сэм Паркер таъкид намуда буд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар пайи суръат гирифтани қарзҳояшон аз Хитой дар феҳрасти кишварҳои нисбатан осебпазир қарор доранд.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи “Giving Voice, Driving Change – from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report

The following text will be sent to our editors: