© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон: ривоят ё ҳақиқат?

Дар Тоҷикистон 10 сол мешавад, ки аз ҳукумати электронӣ суҳбат мекунанд. Аммо новобаста аз мизони афзоиши истифодабарандаҳои Интернет, ҳукумати электронӣ ба ҷузъи зиндагии ҳаррӯзаи мардум табдил нашуд. 


Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!


Маълумоти мухтасари мақола:

Татбиқи консепсияи ҳукумати электронӣ ба таври қобили мулоҳиза аз нақша ақиб мондааст. 

Мақоми сохтории ташкилӣ ва идорие, ки тавонад талошҳои муассирро барои ба даст овардани натиҷаҳои беҳтар дар бахши ҳукумати электронӣ таъмин намояд, вуҷуд надорад.

Сомонаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ қисман кор намекунанд ё ғайрифаъол ҳастанд ва танҳо вазифаи иттилоотиро иҷро мекунанд.

Ҳоло ҳам бештари шаҳрвандон дастрасӣ ба хизматрасониҳои электрониро надоранд, халои рақамӣ садди аслӣ дар рушди ҳукумати электронӣ дар кишвар мебошад.

 В начале 2010-х Таджикистан был лидером по развитию интернета во всей Центральной Азии. Фото: CABAR.asia
Дар оғози соли 2010 Тоҷикистон аз нигоҳи рушди интернет дар миқёси тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ пешгом буд. Акс аз: CABAR.asia 

Баъди касби истиқлол бахши телекоммуникатсионии Тоҷикистон, ки аз Иттиҳоди Шӯравӣ ба мерос монда буд, тақрибан пурра хароб гардида, дастгоҳҳои дигар зарфияти худро аз даст дода буданд. Дар ин бастагӣ рушди босуръати бозори телекоммуникатсионӣ ва технологияи нав, монанди интернет, IP-телефония ва алоқаи мобилии стандарти GSM дар Тоҷикистон аз соли 1998 шурӯъ гардид[i].

Дар оғози солҳои 2010 Тоҷикистон дар самти рушди интернет дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ пешгом буд. Соли 2005 Тоҷикистон алоқаи мобилии стандарти 3G-ро озмоиш кард ва ин нахустин санҷиши оммавии он дар ҷаҳон маҳсуб меёфт. Бар илова, тақрибан давоми ду-се сол теъдоди муштариён то 3 миллион афзоиш ёфт, дар ҳоле ки соли 2000-ум он на бештар аз 3000 нафарро ташкил медод[ii]. Бо гузашти 13 сол на ҳамаи минтақаҳои кишвар бо стандарти 4G[iii] таъмин шудаанд.    

Бо ин ҳол, сиёсати ҳукумати электронӣ дар замони гузариш, ки бо мизони нокофии инфрасохтории технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, саводи поини компютерӣ ва дастрасии маҳдуд ба интернет ҳамроҳ буд, оғоз гардид.  

Бо замон пас аз омӯзиши таҷрибаи хуби кишварҳои пешрафта дар бахши ҳукумати электронӣ як қатор санадҳо таҳия ва қабул гардид, ки “Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣдар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012-2010) аз асоситарини онҳо маҳсуб мегардад. Он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011 (№6431) тасдиқ гардид. Сипас, Барномаи татбиқи минбаъдаи ҳукумати электронӣ ворид карда шуд.

Бар асоси консепсияи зикршуда сиёсати ҳукумати электронӣ дар кишвар се давраи калидиро дар бар мегирад[iv]: Бештари бандҳои дар даври аввали ин Консепсия дарҷшуда, бо истиснои “коркарди лоиҳаи портали ҳукуматӣ” то ин давра амалӣ карда шуданд. Ин нуктаи хеле муҳим дар ҷараёни амалӣ сохтани консепсия аст. Қаблан, он ҳамчун hukumat.tj таъсис дода шуд, аммо бо сабабҳои номаълум аз интернет ғайб зад. 

Муҳимияти портали ҳукуматӣ дар он аст, ки барои шаҳрвандони тамоми кишвар имкон фароҳам меоварад, бо мақомоти давлатӣ иртибот дошта бошанд. Дар ҳоли ҳозир, дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Қазоқистон (http://egov.kz/cms/ru), Узбекистон (https://www.gov.uz)  ва Қирғизистон (http://www.gov.kg/?lang=ru) порталҳои ҳукуматӣ амал мекунанд, ки иртиботи зичро бо ҷомеа таъмин менамоянд.  

Бештари вазифҳое, ки дар бандҳои ду ва сеи Консепсия дарҷ шудааст, ҳалношуда боқӣ мондаанд. Аз ҷумла таъсиси низоми ягонаи электронии табодули санадҳо, бартараф намудани нобаробарии рақамӣ дар кишвар, таъсиси низоми байниидоравии ҳукумати электронӣ, роҳандозии лоиҳаҳо дар бахши тибби телевизионӣ ва омӯзиши фосилавӣ мушкилиҳои дастнахӯрда боқӣ мондаанд.      

Сатҳу сифати вебсомонаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллӣ

Фаъолияти ҳукумати электронӣ ба се бахш ҷудо мешавад, ки шакли муносибатҳои субъектҳоро бо ҳамдигар инъикос мекунанд: 1) миёни хадамотҳои давлатӣ ва аҳолӣ, шаҳрвандон. 2) миёни шохаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ ва сатҳҳои идораи давлатӣ; 3) миёни давлат ва тиҷорат;  

Ин се бахши ҳамкории мутақобила ҳамчун давраҳои трансформатсияи ҳукумат маъруфанд. Гузашта аз ин, бахши сеюми он (G2C) дар ҷараёни трансформатсия ва демократикунонии ҷомеа нақши асосиро ишғол мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин се навъи муносибат то андозае дар ҳоли рушд кардан ҳастанд. Аммо тамоми ин сатҳҳои муносибат ба ҳадди зарурӣ дар тамоми мақомот кор намекунанд. Танҳо дар фаъолияти мақомоти алоҳидаи давлатӣ ва муассисаҳо хизматрасониҳои ба шаҳрвандон пешниҳодшуда тавассути шабакаҳои электронӣ амалӣ мешаванд.    

Дар ҳоли ҳозир, мақомоти давлатӣ дар чорчуби ҳукумати электронӣ ба шаҳрвандон рӯйхати хизматрасониҳои мушаххаси электрониро пешниҳод мекунанд. Аз ҷумла, хизматрасониҳои электронӣ дар Кумитаи андоз, Вазорати молия, Хадамоти гумрук бо суръат рушд меёбанд. Аммо саҳифаи “Тамос” ва ё бахши “Китоби меҳмон” дар сомонаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ҳанӯз кор намекунад ва ё ғайрифаъол боқӣ мондаанд ва сомона танҳо вазифаи иттилоотиро анҷом медиҳад.   

Дар маҷмӯъ мешавад мушоҳида кард, ки ҳангоми сохтану рушди сомонаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ принсипи иҷтимоӣ аввалиндараҷа ҳисобида намешавад. Ба таъбири дигар, сомонаҳои интернетии мавҷуда ба давлат нигаронида шудаанд, на ба ҷомеа.

Бештар аз ҳама сомонаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон фаъол ҳастанд. Аммо қисмати иттилоотии бештари ин сомонаҳо дар сатҳи поин қарор дорад. Дар минтақаҳои дигар, барои мисол дар навоҳии тобеи марказ ва ВМКБ сомонаҳои бештари мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ аз нигоҳи тарроҳӣ ва касбият бесифат ҳастанд. Маъмурияти ноҳияи Мурғоб бошад, ҳанӯз сомонаи худро боз накардааст.

Имрӯз, дар остонаи натиҷагирӣ аз давраҳои миёнамуҳлат, метавон гуфт, ки талаботи асосии даври аввали Консепсия пурра иҷро нашудааст. Дар даври аввали “Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2012-2013) сохтани сомонаҳо барои тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ шудааст.  

Дар маҷмӯъ, мушкилоти умумие, ки мешавад дар фаъолияти тақрибан тамоми сомонаҳои интернетӣ мушоҳида кард, набудани шакли русӣ ва англисии он мебошад. Бо назардошти мушкилоти мавҷуда, таваҷҷуҳи хос ба таҳлили сомонаҳои интернетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳр ва навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон  равона мегардад, ки дар асоси он мешавад сатҳи рушди ҳукумати электрониро дар тамоми қаламрави кишвар арзёбӣ кард.

 Чӣ кор карданд?

Барои рушди ҳукумати электронӣ дар кишвар як қатор лоиҳаҳо амалӣ шудааст:

Феҳристи ягонаи электронии маҷмӯи маълумот ва иттилоот оид ба иҷозатнома (литсензия) ва иҷозатдиҳӣ (ijozat.tj) таъсис ёфт, ки дорои иттилои комил ва зарурӣ дар мавриди ҷараёни дарёфти иҷозатнома барои намудҳои ҷудогонаи фаъолият дар Тоҷикистон мебошад;    

Дар назди Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон низоми бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ – “Равзанаи ягона” ҷорӣ карда шуд;

Низоми электронии қайди эъломияи молиётӣ ҷорӣ карда шуд, ки кори пардохткунандаҳоро дар самти тартиб додани ҳисобот ва пурра электронӣ намудани раванди пешниҳоди эъломияҳои андоз дар мақомоти андоз (andoz.tj, www.mbma.tj) содда мекунад;   

Лоиҳаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати инернет” – “Мо метавонем” амалӣ карда шуд. Сомонаи ин тарҳ — mometavonem.tj муроҷиати шаҳрвандон дар масоили марбут ба сифати хизматрасониҳои коммуналии пойтахтро дар бар мегирад;

Лоиҳаи “Махзани миллии маълумот доир ба ҷойҳои кории холӣ”-и Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – kor.tj ҷорӣ карда шуд;  

Барномаи компютерикунонии мактабҳои миёна ва асосӣ, Маркази ягонаи тестӣ ва ғайраву ҳоказо ҷорӣ карда шуд.

 Арзёбии нишондиҳандаҳои рушди ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон

Созмон ва ширкатҳои гуногуни машваратӣ пайваста оид ба рушди кишварҳо дар бахши ҳукумати электронӣ пажуҳишҳо анҷом медиҳанд. Барои арзёбии нишондиҳандаҳои ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон ба натиҷаҳои пажуҳиши Департаменти рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ, ки дар ду-се сол як маротиба мизони омодагии кишварҳоро ба ҷорӣ намудан ва истифодаи хизматрасониҳои электронии давлатӣ пешниҳод мекунад, муроҷиат мекунем[v].  

Шохиси рушди ҳукумати электронӣ193 кишварро фаро мегирад. Ин дар навбати худ имкон медиҳад, дастовардҳои кишвар дар самти рушди технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ муқоиса шавад, инчунин ба сифати василаи таҳлили муқоисавӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақаӣ кумак мекунад. 

Шохис аз се омил иборат аст: мақомоти веб-ҳукуматӣ (хизматрасониҳои онлайн), инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, сармояи инсонӣ. Хулосаи умумии гузоришҳои пешниҳодшуда аз сӯи созмонҳои хориҷӣ ин аст, ки новобаста ба нишонаҳои мусбати рушди инфрасохтори ТИК, омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳандозии муассири ҳукумати электронӣ дар сатҳи хеле поин боқӣ мемонад.

Ин шохис нишон медиҳад, ки давоми солҳои 2004 то 2012 дар рушди ҳукумати электронӣ таҳаввулоти мусбат мушоҳида мешавад. Аз соли 2012 мизони рушди ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон рӯ ба коҳиш меорад ва кишвар ба қатори давлатҳое шомил мегардад, ки рушди ҳукумати электрониашон дар сатҳи миёна аст (кишварҳое бо шохиси миёни 0,25 ва 0,5).   

Омилҳои саддгузор дар рушди ҳукумати электронӣ дар кишвар

Тоҷикистон ба ҳайси як кишвари иқтисодаш дар ҳоли гузариш бо мушкилоти зиёде дар роҳи ҷорӣ кардани ҳукумати электронӣ рӯбарӯ аст. Саддҳои асосӣ дар ин роҳ инҳоянд:

Ҷойгиршавии ҷуғрофӣ. Дар сатҳи дастрасӣ ва эътимоднокии истифодаи интернет, шароити гуногуни иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва технологӣ миёни шаҳрҳои бузург ва деҳот гуногуниҳои қобили мулоҳиза вуҷуд дорад. 

Бо назардошти адами таъодули аҳолӣ дар тамоми қаламрави кишвар, мизони поини саводи компютерӣ ва дастрасии маҳдуд ба интернет, хизматрасонии воқеӣ ба муштариён (Марказҳои хизматрасонии муштариён) ба ҷойи иртиботи онлайнӣ, мисли ҳамеша муҳимтарин нуктаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои давлатӣ барои шаҳрвандон, махсусан дар мавриди гуруҳҳои осебпазир ва сокинони деҳот боқӣ мемонад.     

Мониторинг ва арзёбӣ. Яке аз мушкилоте, ки ҳукумат бо он мувоҷеҳ аст, мавҷуд набудани таҳлили хароҷоту манфиатҳо, арзёбии муассирии тарҳҳои ҷории ҳукумати электронӣ мебошад. Сарчашмаҳои гуногун, ки асосан аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ пешниҳод мешаванд, дар мавриди пешрафти Тоҷикистон дар бахши ҳукумати электронӣ натиҷагириҳои мухталиф мекунанд. Аммо на ҳамеша натоиҷи пажуҳишҳоро метавон воқеъбинона шумурд.

Дар марҳилаи кунунӣ арзёбии тарҳҳои ҳукумати электронӣ аз ҷониби Маркази иттилоотӣ-техникии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон (ба сифати мақоми ҳамоҳангсоз) бо дархости Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, на бар асоси доимамалкунанда.

Ҳукумати электрониро назорат ва арзёбӣ кардан зарур аст, талаботи корбарон дарк гардида ва муассирии тарҳҳои ҳукумати электронӣ дар дастёбӣ ба ҳадафҳои он арзёбӣ карда шавад. Арзёбии муассирии тарҳҳои ҳукумати электронӣ барои истидлоли парвандаҳо оид ба тарҳҳо ва хароҷоти нав, ҷоиз донистани идомаи ташаббусҳо ва ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ зарур аст.

Мавҷуд набудани тамаркуз ба муштариҳо. Ҳарчанд тамаркуз ба корбар шиори маъруф дар санадҳои калидӣ ва расмӣ гардидааст, мақомоти давлатӣ, ки хизматрасониҳои муайянро пешниҳод мегардонанд, аксаран чӣ хостани истифодабарандагони хадамоти электрониро намедонанд. Мушовара бо шаҳрвандон ва муассисаҳо ҷиҳати ошкор намудани талабот ва авлавияти онҳо дар робита ба сохтор ва мазмуни хидматрасониҳои электронӣ мавҷуд нест. ,

Рушди тамаркуз ба корбар ҳамкории зичи миёни ҳукумат ва шаҳрвандон, инчунин миёни таҳвилгарони давлатии хидматрасониҳоро тақозо мекунад. Ин дар чорчуби идоракунии давлатӣ тағйироти чашмгири фарҳангиро тақозо дорад. Сухан аз рушди фарҳанги иттилоотии ҷомеа меравад, ки бо мурури замон омили муҳими инкишофи ҳар фард ва ҷузъи татбиқи муассири ҳукумати электронӣ мегардад.

Интернет в Таджикистане – один из самых дорогих в мире. Фото: CABAR.asia
Интернет дар Тоҷикистон – яке аз гаронарзиштаринҳо дар дунёст. Акс аз: CABAR.asia

Халои рақамӣ. Бар асари чораҳои ҳукуматӣ ҷиҳати коҳиш додани халои рақамӣ дар Тоҷикистон теъдоди ҳар чи бештари шаҳрвандон саводнокии компютерии худро беҳтар намуда, ба интернет низ дастрасии хубтар доранд. Бо вуҷуди ин, то ҳанӯз шумораи зиёди шаҳрвандон аз манотиқи деҳот, оилаҳои ниёзманд ба хизматрасониҳои электронӣ дастрасӣ надоранд. Дар робита бо ин, халои рақамӣ садди аслӣ дар рушди ҳукумати электронӣ дар кишвар мебошад, дар ҳоле ки одамон бо саводнокии пасти компютерӣ ва дастрасии маҳдуд ба интернет наметавонанд ба онлайн-хадамот дастрасӣ пайдо намоянд. 

Суръату сифати пасти интернет. Шабакаи Интернет шаклу усулҳои ширкати сиёсии шаҳрвандонро дар идоракунӣ тавсеа медиҳад, фаъолнокии сиёсии онҳоро баланд мебардорад; ба иртиботи мустақими шаҳрвандон ва мақомоти ҳукуматӣ мусоидат менамояд; барои паҳншавии озодонаи иттилоот, мониторинги фаъолияти мақомоти ҳукуматӣ аз сӯи субъектҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолӣ шароит фароҳам меорад, ва дар маҷмӯъ сохтори ҳамгирои ҳукумати электрониро ташаккул медиҳад. Дар робита бо ин суръату сифати Интернет ва сатҳи дастрасии аҳолӣ дар рушди ҳукумати электронӣ нақши муҳим мебозанд.  

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Интернет дар Тоҷикистон яке аз гаронарзиштаринҳо дар дунё мебошад. Дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ таҳти унвони “Дарёфти дивидендҳои рақамӣ” гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон танҳо 17%-и одамон интернетро дар дилхоҳ таҷҳизот истифода мекунанд. Дар муқоиса ин нишондиҳанда дар Қирғизистон 28%, дар Ӯзбекистон 44% ва дар Қазоқистон 55% мебошад.

Яке аз сабабҳои гарон будани арзиши интернет дар он аст, ки провайдерҳо интернет-каналро аз шарикони хориҷиашон бо арзиши баланд харидорӣ менамоянд ва наметавонанд онро ба аҳолӣ бо арзиши нисбатан пасттар бифурӯшанд. Сабаби дигаре, ки ба арзиши Интернет таъсир мегузорад, ба ворид кардани аксизи 5%-а ба интернет рабт дорад[vi].  

Ҳамаи ин ба рушди ҳукумати электронӣ ва инкишофи минбаъдаи рақамии кишвар монеа эҷод менамояд. Барои бартараф сохтани ин маҳдудиятҳо тасмимҳои мушаххас заруранд. Онҳо бояд ба коҳиш додани арзиши интернет ва беҳсозии онлайн-таҳсилот равона карда шаванд. 

Тазаккур медиҳем, ки як қатор омилҳои умумӣ, ки барои амалисозии бунёди ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон мушкилот эҷод мекунанд, ба андозаи муайян барои бисёре аз кишварҳои дар ҳоли рушд хос мебошанд[vii].

Натиҷагириҳо ва хулоса

Ба назари мо ҳалли мушкилоти мавҷуда дар самт ва механизмҳои асосии зерини татбиқи ҳукумати электронӣ амалӣ карда мешаванд:

Якум, таҳким бахшидани иқтидори институтсионалӣ барои идоракунӣ ва мониторинги амалисозии муассири тарҳи ҳукумати электронӣ. Таъсиси сохторҳои ташкилӣ ва идоракунӣ барои ҳамоҳангсозӣ ва ҳамгироии муассири талошҳо, ки ба даст ёфтан ба натиҷаҳои беҳтари сиёсӣ дар бахши ҳукумати электронӣ равона гардидаанд, муҳим шумурда мешавад.

Дуюм, инъикоси равиши миллӣ ба идоракунии хатару таваккалҳо барои ҳалли мушкилоти бехатарӣ ва махфияти рақамӣ. Мебояд асоси дақиқи истифодаи манбаъҳо барои даст ёфтан ба ҳадафҳои гузошташуда ва пайгирии натиҷаҳои бадастомада қабул карда шавад. Эҷоди имконоти марбута, аз ҷумла, заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ зарур аст, то ки на фақат аз имконоти нави ҳукумати электронӣ истифода карда шавад, балки хатарҳои бо он алоқаманд (ба мисли амният ва махфият) нармтар карда шаванд.

Сеюм, бознигарии заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки истифодаи имконоти рақамиро фароҳам меорад.

Чорум, таъсиси тиҷорат-кейсҳои дақиқ барои дастгирии маблағгузорӣ ва татбиқи ҳадафмандонаи тарҳҳо дар бахши технологияҳои рақамӣ тавассути:

– таҳияи пешниҳоди нархӣ барои ҳамаи тарҳҳои болотар аз ҳадди муайяни буҷавӣ, муайян кардани манфиатҳои маъмули сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ҷоиз шумурдани сармоягузориҳои давлатӣ ва беҳтарсозии идоракунии лоиҳаҳо;

– андешидани чораҳо ҷиҳати бартарафсозии “тафовутҳои рақамӣ”-и мавҷуда (яъне он далеле, ки метавон ҷомеаро ҷудо кард ба шаҳрвандоне, ки ба технологияҳои электронӣ дастрасӣ доранд ва он шаҳрвандоне, ки дастрасӣ надоранд ва истифода карда ҳам наметавонанд)

– ҳалли масоили ҳуқуқи шаҳрвандон, ташкил ва тақсимоти манбаъҳо, қабули қоида ва стандартҳои нав, истифодаи васоити иртибототӣ ва рушди иқтидори институтсионалӣ, то ки иштироки ҳамаи гуруҳҳои синну сол ва қишрҳои ҷомеа сабук карда шавад, аз ҷумла, бо роҳи фаҳмондани вазифа ва дастуроти расмӣ;

Панҷум, ҳавасмандгардонии ҷалб ва иштироки созмонҳои давлатӣ, хусусӣ ва ҷамъиятӣ ба таҳияи сиёсати пешниҳоди хизматрасониҳои электронии давлатӣ. Ин фарогири истифодаи бизнес-моделҳо барои ҳавасмандгардонии иштироки шахсони амалкунанда дар таҳрири пешниҳоду талабот ва эҷоди чорчуби ҳамкорӣ, чи дар бахши давлатӣ ва чи бо субъектҳои берунӣ мебошад.

Дар маҷмуъ ташкил ва амалисозии татбиқи ҳукумати электронӣ дар оянда иҷрои як қатор масъалаҳоро талаб менамояд. Пеш аз ҳама, ин такмили стандартҳо, тарғиби тарҳ дар ВАО ва муассисаҳои таълимӣ, татбиқи хизматрасониҳои интерактивӣ, ҳалли қисмати техникии тарҳ ва ғайра мебошад.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи “Giving Voice, Driving Change – from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст.

[i] Таджикистан: отчет по оценке готовности страны. ООН. Нью-Йорк и Женева, 2003.-С10

[ii] https://tj.sputniknews.ru/analytics/20190312/1028463067/mobilnyy-internet-ceny-tajikistan-central-asia.html

[iii]  http://today.tj/obschestvo/18996-tadzhikskiy-internet-dorogoy-i-plohoy.html

[iv] «Концепция формирования электронного Правительства в Республике Таджикистан (2012-2020)». 30 декабря 2011 г. № 6431).

[v] Исследование ООН: электронное правительство 2018. Нью-Йорк, 2018.publicadministration.un.org

[vi] Обзор прессы. Период: Май-Июль 2017 г. ОО «Бюро по правам человека и соблюдению законности». https://www.bhr.tj/sites/default/files/articles/2018-02/obzor-smi-mai-iul-2017.pdf

[vii] Электронное правительство Таджикистана. http://www.tadviser.ru. / 20.01.2018

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report

The following text will be sent to our editors: