Биолог ё зистшиноси тоҷик Рустам Муратов мегӯяд, барои фаҳмидани шеваҳои муассири истифодаи босамари захираҳои табиӣ бидуни осеб ба низоми муҳити зист, бояд миёни риштаҳои гуногуни илм ҳамкориҳои судманд сурат бигиранд.
Рустам Муратов, донишманди илми зистшиносӣ (биология) буда, берун аз марзҳои Тоҷикистон ҳамчун парандашинос (орнитолог) маъруф аст. Ӯ феълан мудири шӯъбаи ҳайвоноти сутунмӯҳрадори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад.
CABAR.asia: Рустам Муратов, гуногунии биологӣ чист ва то чӣ андоза муҳим аст?
Рустам Муратов: Гуногунии биологӣ ин ҳама гуна гуногунии имконпазири шаклҳои ҳаёт дар рӯи Замин мебошад. Яъне, тамоми олами зиндаест, ки моро иҳота мекунад – наботот, ҳайвонот, микроорганизмҳо, бактерия ва вирусҳо, тамоми мавҷудоти зинда, ки дар сайёраи Замин вуҷуд доранд. Инсон аслан ҳамчун як қисми гуногунии биологӣ офарида шудааст.
Рушди иқтисодӣ ва фаъолиятҳои тиҷорӣ аксар вақт мушкилоти экологиро ба вуҷуд меорад. Таъсири харобиовари инсонро ба муҳити зист чӣ гуна пешгирӣ ё ҳадди ақал кам кардан мумкин аст?
Ҳоло ифлосшавии муҳити зист ва аз байн рафтани гуногунии биологӣ мушкилоти асосии экологӣ ба ҳисоб меравад.
Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар яке аз суханрониҳои худ гуфт, ҳамасола ба андозаи 1,5 дараҷа гармтар шудани ҳаво моро ба варта наздиктар мекунад, хатарҳои системавиро афзоиш дода, муқовиматро дар муқобили фалокатҳои иқлимӣ заифтар месозад. Ӯ ҳушдор дод, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим падидаҳои манфии метеорологӣ, иқлимӣ ва гидрологӣ дар бисёре аз манотиқи ҷаҳон зуд-зуд ва шадидтар ба вуқӯъ пайваста, ҳамаи ин метавонад боиси “ғайри қобили сукунат” шудани сайёраи мо гардад. Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки ҳамасола қариб садҳо намуди организмҳои зинда нобуд мешавад.
Оё таъсиси минтақаҳои муҳофизатшаванда метавонад барои муассиру босамар ҳифз кардани табиат ёрӣ расонад?
Мантиқан, имкон дорад. Дар Аврупо идеяе ба миён омад, ки давлатҳои сарватманд ва аз ҷиҳати иқтисодӣ тавсеаёфта барои таъмини муҳофизати минтақаҳои табиии кишварҳои фақир бунёде ташкил кунанд. Бо ин шева, имкон дорад тақрибан 20 дарсади минтақаҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳофизат карда шаванд.
Масалан, ин ё он иншоот ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил мешавад – маконҳои диданӣ ё минтақаҳое, ки тибқи конвенсияи байналмилалӣ аз ҷониби СММ оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ҳифз карда мешаванд. Ин иншоот дорои аҳамияти бузурги фарҳангӣ, таърихӣ, илмӣ ё табиӣ мебошад.
Ин мавзеъҳо “мероси табиии тамоми ҷаҳон” ҳисобида мешаванд, ки “барои инсоният арзиши барҷаста доранд”.
Дар Тоҷикистон ду минтақаи табиии махсус ҳифзшавандаи мероси ҷаҳонии табиии ЮНЕСКО мавҷуд аст: 1) Боғи миллии Тоҷикистон, ки соли 1992 бо мақсади таъмини устувории мувозинати биологии табиат, муҳофизат ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти нодир, экосистемаҳои мушаххаси табиӣ, мониторинги биологӣ, ёдгориҳои табиию таърихӣ ва амалӣ намудани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар заминаи таҳлил ва арзёбии равандҳое, ки ба экосистемаҳои табиӣ таъсир мерасонанд, таъсис дода шудааст.
2) Мамнуъгоҳи “Бешаи палангон”. Моҳи сентябри соли 2023 ҷангали туғайи мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардид.
Беш аз 20 дарсади қаламрави Тоҷикистонро мавзеъҳои муҳофизатшаванда ташкил медиҳад.
Аммо саволи дигар ба миён меояд: режими мамнуъгоҳӣ чӣ гуна риоя мешавад? Бояд ба ин чиз диққати махсус дода шавад. Аксар вақт барои муҳофизати мавзеъҳои табиӣ маблағ намерасад. Маблағҳои аз буҷаи кишвар ҷудошуда нокифоя ҳастанд, маъмурияти мамнуъгоҳҳо ва мавзеъҳои табиии муҳофизатшаванда бояд аз созмонҳои байналмилалӣ кумаки молӣ биҷӯянд.
Маблағҳое ки дар шакли грант ҷудо мегарданд, бояд барои нигоҳдорӣ, барқарорсозӣ, ҳалли мушкилоти гуногуни экологӣ ва ғайра равона карда шаванд. Дар мисоли Боғи миллӣ ва “Бешаи палангон” гуфта метавонам, ки ин мавзеъҳо захирагоҳе барои нигоҳдорӣ ва барқарор кардани баъзе намуди ҳайвоноте ҳастанд, ки он ҷо зиндагӣ мекунанд.
Масалан, қаламрави Боғи миллӣ ҷойи зиёдшавии архарҳои помирӣ мебошад. Баъдан ин ҳайвонҳо аз ин қаламрав дар тамоми Помир паҳн мешаванд. Дар “Бешаи палангон” ҳам инчунин. Солҳои 90-ум тазарви тоҷикӣ тақрибан аз минтақаҳои паҳншавии худ аз байн рафт. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дигар пахтазорҳо бо доруҳои кимиёвӣ коркард нашуданд, тазарви тоҷикӣ дар майдонҳои васеъ паҳн шудан гирифт. Ин ба дигар намуди ҳайвонот низ дахл дорад.
Ба андешаи олимон, табиати Тоҷикистон бо гуногунии биологиаш фарқ мекунад. Сабаби ин дар чист?
Табиати Тоҷикистон беназир аст. Ин қаламрав бо баландии мутлақи аз 300 то 7,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр буда, дорои тамоми маҷмӯи манзараҳои табииест, ки дар Осиёи Марказӣ вомехӯранд – биёбонҳо, нимбиёбонҳо, растаниҳои туғай, минтақаҳои набототи даштӣ ва доманакӯҳҳову баландкуҳҳо. Помир дар мавқеи хос қарор дорад, аз чор тараф бо қуҳҳои баланд иҳота шудааст.
Ҳар минтақаи табиӣ маҷмӯи намояндаҳои набототу ҳайвоноти хоси худро дорад. Тоҷикистон охирин макони зисти паланги туронӣ буд. Азхудкунии ҳудудҳои назди “Бешаи палангон” яке аз сабабҳои аз байн рафтани он шуд. Айни замон дар ин ҷо аҳёнан бабр, оҳуи бухороӣ, гӯсфанди куҳии бухороӣ (уриал) ва ғизолро дидан мумкин аст.
Архари помирӣ, саҷҷаи тибетӣ, ғози ҳиндӣ, кабутари синасафедро танҳо дар Помир вохӯрдан мумкин аст. Дар минтақаҳои дигар онҳо тақрибан вуҷуд надоранд. Чӣ миёни растаниҳо ва чӣ байни ҳайвонот бумиён вуҷуд доранд. Ҳамасола донишмандон аз кишварҳои мухталиф ба кишвари мо меоянд ва намудҳои навро ба ҳисоб мегиранд. Масалан, имсол профессор Анатолий Баркалов ду навъи пашшаи ба илм номаълумро тавсиф намуд. Олими дигар, профессор Роман Яковлев ду намуди нави парвонаҳоро тавсиф кардааст.
Сабаби аз байн рафтани баъзе намуди ҳайвоноти сутунмуҳрадори хурду калон дар кишвари мо дар чист?
Ҳамон тавр ки қаблан ишора кардам, ин пеш аз ҳама ба фаъолияти инсон марбут аст, ки маконҳои зист, объект ва манобеи ғизои онҳоро нобуд мекунад. Масалан, таъқиби мустақими паланги туронӣ ва кам шудани манбаи ғизои он (хуки ваҳшӣ ва оҳу) боиси аз байн рафтани ин ҳайвон шудааст. Тибқи тадқиқоти мо, барои муътадил зиндагӣ кардани бабри барфӣ дар як сол 74 cap буз лозим аст ва инҷо архар, харгӯш ва ғайраро дар назар нагирифтем. Ин кафолати нигоҳдории он мебошад. Рақамҳои муайянро метавон барои ҳайвоноти дигар ҳам пешниҳод кард.
Кадом намуди набототу ҳайвонот дар кишвари мо ниёз ба иқдомоти таъҷилӣ барои ҳифзу нигоҳдорӣ доранд?
Ҳамчун орнитолог гуфта метавонам, ки роҳандозии чораҳои таъҷилӣ барои дуғдоғҳо хеле зарур аст. Зиёда аз бист сол мешавад, ки ҳудудҳои ҳамшафати мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” азхуд карда шудаанд, мавзеи Қашка-қум ба ихтиёри ширкати тоҷикистониву чинӣ дода шуд ва ин боиси аз байн рафтани ин намуди паранда гардид. Давоми 2-3 соли охир он ҷо лона гузоштани 2-3 ҷуфти ин намуд ба қайд гирифта шудааст. Маълумотҳо дар бораи лона гузоштани ду ҷуфти дигар дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ҳам ҳаст. Ин парандаҳо дар пеши назари мо нобуд шуда истодаанд, чораҳои таъҷилӣ дидан лозим аст.
Дар баробари ин бабр низ дар остонаи нобудшавӣ қарор дорад, мисле ки замоне паланги туронӣ маҳв шуд. Ман дар бораи бабрҳо маълумот ҷамъ карда истодаам, моҳи феврали соли гузашта нигоҳбонҳо онро дар ҳудуди “Бешаи палангон” мушоҳида карда буданд. Ба гуфтаи коршиносон, он наринаест, ки дар ҳудуди худ сайр мекунад. Ҳудуди он метавонад ҷануби Тоҷикистон, Узбекистон ва шимоли Афғонистонро фаро гирад ва ба эҳтимоли зиёд модина ва бачаҳояш дар ин қаламрав қарор доранд.
Оё дар робита ба коҳиши намудҳои алоҳидаи набототу ҳайвонот дар пайи тағйирёбии муҳити зист ва ё дар маҷмӯъ тағйирёбии иқлим ягон тадқиқот гузаронида мешавад?
Бале, ин корҳо мунтазам анҷом дода мешаванд. Олимон шумораи намояндагони олами набототу ҳайвонотро назорат карда, дар асоси маълумоту далелҳои мушаххас тавсияҳо медиҳанд. Масалан, соли равон фохта ё қумрии маъмулӣ ба Китоби сурх дохил карда шуд. Агар мо кам шудани шумораи ин ё он намуди муайянро мушоҳида кунем, барои пешгирӣ кардани нобудшавӣ ва коҳиш додани хатарҳо ҳатман давлатро дар ҷараён мегузорем.
Шумо муаллифи яке аз бахшҳои Китоби сурхи навшудаи Тоҷикистон ҳастед. Лутфан, дар бораи корҳое, ки дар ин самт анҷом дода мешаванд, муфассалтар маълумот бидиҳед. Ин корҳо барои ҳифзи гуногунии биологӣ то чӣ андоза муҳим мебошанд?
Тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, Китоби сурх бояд давоми ҳар 10 сол бо дарназардошти ба он ворид кардани навъҳои нави набототу ҳайвонот ё аз он берун кардани навъҳои нобудшуда, таҷдид карда шавад.
Дар Китоби сурхи Тоҷикистон тамоми маълумоти мавҷуда дар бораи ҳолат, паҳншавӣ, гуруҳ, тағйирёбии саршумори ҳайвонот ва растаниҳои нодир зикр карда мешавад.
Худи интишори Китоби сурх кафолати ҳифзи ин ё он намуди муайяни ҳайвоноту набототро намедиҳад. Инҷо кори мутамарказ ва муштараки Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии хоҷагии ҷангал, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, воситаҳои ахбори омма ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим мебошад.
Баргардем, сари масъалаи коҳиши гуногунии биологӣ. Вайрон кардани гуногунии биологии наботот барои Тоҷикистон чӣ хатарҳо дошта метавонад?
Чанде пештар бо ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ Абдусаттор Саидов суҳбате доштам. Мо дар мавриди зиёд чарондани чорво, ки дар Точикистон бисёр аст, гап задем. Ин ҳолат боиси аз байн рафтани рустаниҳо дар минтақаҳои куҳӣ ва доманакуҳҳо мегардад. Тухми растанӣ ба пашми ҳайвонот часпида ба ҷойи дигар бурда мешавад. Як растанӣ ҷойи растании дигарро мегирад.
Ба ин тартиб, дар ин минтақаҳо гиёҳҳои хордор бештар шудаанд. Ҳамин тавр чарогоҳҳо ва хушобурангии онҳо аз байн мераванд. Ва табиист, ки ниёз ба чарогоҳҳои нав ба нав пайдо мегардад. Вазъияти баамаломада метавонад ба оқибатҳои хеле манфӣ оварда расонад. Солҳои ҳокимияти Шӯравӣ институти давлатии лоиҳакашии заминсозии “Гипрозем” фаъолият мекард. Ба ҳайати он гуруҳи махсусе шомил буд, ки таъсири ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ ба чарогоҳҳоро меомӯхт. Мутаассифона, ҳоло чунин гуруҳҳо амал намекунанд.
Оқибатҳои манфии нобудшавии наботот дар доманакуҳҳо метавонад дар афзоиши сел, ярч ва харобаҳои пас аз заминҷунбӣ эҳсос шавад. Фикр мекунам зарурати ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни соҳаҳои гуногуни илм ба миён омадааст, зеро танҳо дар ҳамоҳангӣ мешавад фаҳмид ки захираҳои табииро чӣ тавр бояд самаранок истифода кард, то ба экосистема зарар нарасонем.
Ба унвони як парандашинос лутфан бигӯед, ки вайрон кардани гуногунии биологӣ ба олами парандаҳо чӣ таъсири манфӣ расонда метавонад?
Ҳар минтақаи табиӣ дорои намудҳои муайяни набототу ҳайвонот мебошад. Масалан, агар як намуд аз байн равад, раванди нобудшавии як навъи ҳашароти зараровар қатъ мегардад. Ин ҳашароти зараррасон зиёд шуда, на танҳо ҳайвонот, балки тамоми маҷмӯи табииро нобуд карда метавонад. Одам ин ё он тағйиротро намебинад. Парандаҳо ки мушкилоти муайянеро ҳис мекунанд, фавран макони зисти худро ба ҷойи бехатар ва бароҳаттар иваз мекунанд.
“Паррандаи соли 2024” қумрӣ ё фохта эълон гардид. 20-25 сол пеш, ба истиснои Помир он дар саросари Тоҷикистон як навъи маъмулии паранда ба шумор мерафт. Ман ҳангоми ҷамъоварии ҳосили ғаладона қатори тирамоҳии ин фохтаҳоро медидам, ки болои симҳо менишастанд, аз зиёд будани шумораи онҳо симҳо алвонҷ мехӯрданд. Аммо ҳоло чунин нест. Ин маънои онро дорад, ки дар табиат дигаргуниҳо ба амал омадаанд ва ин парандаҳо аз байн рафтанд.
Соли гузашта мо ба экспедитсия рафта, дар ҳудуди “Бешаи палангон” на бештар аз 4-6 фохтаро ёфтем. Мо тахмин мекунем, ки қумрии ҳалқадор, ки авоили солҳои 80-ум аз шимол (ҳудуди Қазоқистон) омада, ба тадриҷ дар бештари манотиқи Тоҷикистон ҷой гирифт, шояд фохтаи маъмулиро аз ин қаламрав берун карда бошад. Аммо ин танҳо як тахмин аст, то ҳол далели илмӣ вуҷуд надорад.
Кабки куҳӣ, бум, шоҳин, тазарви тоҷикӣ, лаклаки сафед, парасту, ҳудҳуд, уқоби тиллоӣ ва чандеи дигар низ дар гузашта ҳамчун парандаи сол эълон шудаанд.
Мақсади озмуни “Парандаи сол”, ки ҳамасола дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон гузаронда мешавад, огоҳӣ ва пеш аз ҳама расонидани паёми муайяне барои давлат ва ҷомеа ҷиҳати ҳифзи навъҳои нодир ва дар ҳоли маҳвшавӣ қарордоштаи парандаҳо мебошад. Бар иловаи ин, давлат ва ҷомеа барои ҳифзи гуногунии биологии Тоҷикистон чӣ саҳме гузошта метавонад?
Президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба парлумон моҳи декабри соли 2023 ба зарурати андешидани тадбирҳои фаврӣ ва муассир ҷиҳати ислоҳи вазъи номусоиди муҳити зист ва пешгирии харобшавии минбаъдаи он, пеш аз ҳама, тавассути коҳиши назарраси партовҳои газҳои гулхонаӣ, кабудизоркунӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои об баҳри наҷоти табиат ва инсоният таъкид карда буд.
Фикр мекунам, ҳоло тадбирҳои андешидаи давлат дар самти таъсиси минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, боғҳову мамнуъгоҳҳо кофӣ мебошанд. Аммо барои намудҳои муайян на танҳо чораҳои муҳофизатӣ, балки амалҳои муассир низ лозиманд.
Масалан, сохтани парваришгоҳҳо барои навъҳои нодири ҳайвонот ва парандаҳо. Дар чунин парваришгоҳҳо зиёд кардани шумораи онҳо ва баъдан ба табиат сар додани онҳо зарур аст. Дар ин самт ҳоло кор вобаста ба тазарви тоҷикӣ идома дорад, дар Данғара ва “Бешаи палангон” парваришгоҳҳо мавҷуданд. Дар Панҷакент парваришгоҳи оҳу ва дар ҷануби Тоҷикистон чанд парваришгоҳи гусфанди куҳӣ мавҷуд аст. Инҳо чораҳои дурусте барои нигоҳ доштани ин намуди ҳайвонот дар ҳолатҳои форс-мажор мебошанд.
Тақрибан даҳ сол пеш бузҳои пармашох ба варами шуш гирифтор шуданд, ки дар натиҷа 25-30 дарсади ин намуди ҳайвон нобуд гардид. Ман идеяи таъсиси парваришгоҳҳои бештарро барои ҳифзи генофонди навъҳои гуногуни ҳайвонот дастгирӣ мекунам. Давлат ин корро анҷом медиҳад, зеро намудҳои нодири ҳайвонот ба муҳофизат ниёз доранд.
Ҳоло қимати шикори як сар наринаи морхур ё ҳамон бузи пармашох, ки дар афзоиши насл иштирок намекунад, ба 200 ҳазор доллар мерасад. Ва ин маблағ метавонад буҷаи солонаи Институти зоология ва паразитологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро пурра таъмин кунад.
Солҳои охир дар шаҳрҳои калон, аз ҷумла дар Душанбе гунҷишкҳо ғайб задаанд, вале шумораи майнаҳо зиёд шудааст. Сабаби ин дар чист ва вазъияти парандаҳо дар шаҳр то чӣ андоза ҷиддист?
Ман ва ҳамкасбонам дар Душанбе якчанд минтақаҳои экологиро муайян кардем, ки дар баъзеи онҳо навъҳои гуногуни парандаҳо хеле зиёданд. Якум, гулбоғу хиёбонҳо, боғҳо ва қабристонҳои атрофи Душанбе. Дуюм, заминҳои серобу ботлоқ, дарёҳо, кулҳои сунъӣ ва каналҳо мебошанд. Дар ин ду минтақаҳо парандаҳо зиёдтар ҳастанд.
Минтақаҳои саноатӣ ва истиқоматӣ ҷойи зисти парандаҳо нест ва онҳо маҷбуранд мутобиқ шаванд. Аксари парандаҳо натавонистанд мутобиқ шаванд. Пештар дар ин ҷо зиёда аз сесад намуди паранда зиндагӣ мекард, аммо ҳоло танҳо зиёда аз 170 намуд мондааст. Дар ҳақиқат, гунҷишкҳо камтар шудаанд.
Майнаи маъмулӣ як навъи хеле серҳаракат буда, солҳои 50-60-уми асри гузашта дар Душанбе пайдо шуда буд. Онҳо қариб тамоми биотопҳоро азхуд карда, ба зисту зиндагонӣ дар назди биноҳои истиқоматӣ, ки онҷо барои худ ғизо ёфта метавонанд, хеле хуб мутобиқ шудаанд. Аммо барои гунҷишкҳо мушкилтар аст онҳо мисли майна наметавонанд ҳамачиро тановул кунанд.
Онҳо парандаи гиёҳхӯр буда, дар давраи парвариши чӯҷаҳояшон ба онҳо танҳо ҳашарот медиҳанд, ки дар Душанбе шумораи онҳо торафт кам мешавад. Агар мушоҳида карда бошед, дар гирду атрофи чароғҳои хиёбонҳо хомушак ва парвонаҳо кам шуда истодаанд, инҳо ғизои гунҷишкҳо ба ҳисоб мераванд.
Омили дуюм сохтмонҳо мебошад. Масалан, майна дар баландии болотар аз бинои чорошёна лона месозад. Гунҷишкҳо бошанд, зери боми биноҳои 1-2 ошёна лона сохтанро афзал медонанд. Дар Душанбе сохтмони биноҳои баландошёна зиёд мешавад. Ин ду омил нишон медиҳанд, ки шумораи гунҷишкҳо ҳарчӣ камтар мешавад. Дар давраи баҳору тобистон, вақте ки наслгузорӣ доранд, ғайб зада, давраи тирамоҳу зимистон дар шаҳр пайдо мешаванд. Минтақаҳои пойтахтро кабутарҳои хокистарӣ хуб азхуд кардаанд, барои онҳо биноҳои баландошёна монеа нестанд.
Охирҳои тирамоҳ ва аввали зимистон рӯи чинорҳои баланд дар майдону боғҳои Душанбе зоғҳои зиёд пайдо мешаванд. Онҳо на танҳо ба сокинон, балки барои муассисаҳои коммуналӣ ҳам нороҳатӣ эҷод мекунанд, садо баланд мекунанд, заминҳоро ифлос мекунанд. Оё ҳамеша чунин буд? Ва оё роҳи халосӣ аз онҳо ҳаст?
Биёед, ба масъалаи зимистонгузаронии шӯрнӯл, зоғча ва зоғи хокистарӣ дар шаҳри Душанбе каме ботафсил суҳбат кунем. Онҳо субҳи барвақт барои пайдо кардани ғизо ба канори пойтахт парвоз карда, шабона ба шаҳр бармегарданд ва барои шабгузаронӣ минтақаҳои дорои дарахтони баландро интихоб мекунанд ва албатта кӯчаҳоро ифлос мекунанд. Масалан, роҳрави кӯчаи ба номи А.Рӯдакӣ, боғи назди Театри опера ва балет, боғи назди варзишгоҳи “Локомотив”, боғи ботаникӣ ва ғайра. Воқеан, вазъи санитарию эпидемиологии ин минтақаҳо буҳронӣ аст. Агар аҳамият дода бошед, онҳо болои дарахтони аз 10-12 метр пасттар наменишинанд. Агар дарахтон ба ҳамин андоза бурида шаванд ё барои шинондан дигар навъҳои дарахтони сояафкан интихоб шаванд, пас ин парандаҳо ба шаҳр парвоз намекунанд. Масалан, дар кӯчаи Неъмат Қарабоев низ чунин аҳвол буд, аммо баъди буридани дарахтон ин парандаҳо дигар онҷо наомаданд, вазъият беҳтар шуд.
Соли равон дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя даҳҳо маротиба фазоро чангу ғубор печонид. Оё ин ба тағйирёбии иқлим вобаста аст?
Дар ибтидо дар бораи таъсири чангу ғубор як мисол меорам. Соли 2010 аз Русия барои парваришгоҳи вилояти Хатлон тухми фазан оварда будам. Ибтидои моҳи августи ҳамон сол чангу ғубор ба амал омад, чуҷаҳо мисли бемор ҳаракат мекарданд, ғизо намехӯрданд ва мефавтиданд. Духтури ҳайвонот онҳоро муоина карда гуфт, ки аҳволашон хуб аст, вале зери таъсири чангу ғубор аз ҳаракат мондаанд. Ҳамин тавр бештари чӯҷаҳо мурданд. Чангу ғубор албатта ба олами набототу ҳайвонот таъсир мерасонад. Рӯйи барги дарахтон ғубор нишаста фотосинтез кам мегардад ва дарахт бемор мешавад.
Коршиносон якдилона бар ин назаранд, ки афзоиши чангу ғубор пеш аз ҳама ба кам шудани боришот, ки аз тағйирёбии иқлим сарчашма мегирад, вобаста аст. Дар баробари ин истифодаи ғайрисамараноки замин ва об мушкили дигар аст, ки боиси биёбоншавӣ мегардад. Фикр мекунам, асосан бо ҳамин сабабҳо дар минтақаҳои муайян қабати наботот мутаносибан кам ё тамоман аз байн рафта, дар натиҷаи хушксолӣ ва биёбоншавӣ шамол намак, чанг ва регро ба атмосфера мебарорад.