Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон кумак ба беморон ва ниёзмандон барои онҳое ки аз интернет фоида гирифтанро дӯст медоранд, ба як усули тарҳи қаллобӣ табдил шудааст. Коршиносон яке аз роҳҳои “ба дом”-и қаллобон наафтиданро дар баланд бардоштани саводнокии рақамии корбарони интернет мебинанд.
Ҳукумати Тоҷикистон аз сабаби вазъи Руссия «барномаи зиддибуҳронӣ»-ро роҳандозӣ кардааст. Аммо коршиносон мегӯянд, ки хеле дер шудааст, зеро барои омодагӣ ба чунин буҳрон солҳо лозим аст. (more…)
Солҳои охир дар Тоҷикистон раванди аз парастории волидони солманд даст кашидани фарзандон дар ҳоли афзоиш аст.
Сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) мегӯянд, қатъ шудани интернет шароити зиндагӣ, таҳсил ва тиҷоратро душвор кардааст.
(more…)
Барои ба эътидол даровардани вазъ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муколама ва роҳандозии тамос бо мардум бо истифода аз таҷрибаи созандаи байналмилалӣ зарур аст, мегӯяд коршиноси тоҷик Одил Мадбеков.
Маоши ночиз ва адами имтиёзҳои иҷтимоӣ сабаби тарки мактаб кардани омӯзгорон дар Тоҷикистон шудааст. Ин ҳолат нигаронии ҷиддии ҷомеаро ба бор овардааст.
Эътирозҳо дар ВМКБ ҳеч гоҳ тарҳрезишуда ва созмонёфта набуданд ва ҳар навбат дар вокуниш ба ягон рӯйдод ба таври худҷӯш баргузор мешаванд. Ин нуктаро коршиноси мустақил ва магистри равобити байналмилалӣ Субҳия Мастоншоева дар як матлаби таҳлилӣ таъкид мекунад. Ба андешаи ӯ, ҷузъҳои иҷтимоиву иқтисодии вазъи буҳронӣ дар Помирро ҳам бояд дар назар гирифт, ки аксар ҳолат нақзи қонун аз сӯи мақомоти қудратӣ ҳам бар он изофа мешавад ва ин ҳама дар маҷмӯъ сабабгори норизоиятӣ мегарданд. (more…)
Тадқиқоти рӯзноманигорӣ ошкор кард, ки шикояти сокинон дар мавриди ришвахорӣ дар гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистону Узбекистон ҳақиқат дорад. (more…)
Коршиносони CABAR.asia бар ин назаранд, ки “толибон”-и кунунӣ дар Кобул аз “толибон”-и қаблӣ танҳо бо лаҳни гуфтор ва миқёси чораҳои саркӯбкунанда фарқ мекунанд. Аммо террор ва таҳдиду ҳаросафканӣ ҳанӯз яке аз усулҳои асосии сиёсати онҳо боқӣ мондааст.
(more…)
Рӯзи 15 январ дар Тоҷикистон маъракаи такрории воксинзанӣ ва моякӯбии кӯдакони то 12-сола оғоз шуд. Зарурати ин равандро дар матлаби зер мутолиа кунед. (more…)