Маоши ночиз ва адами имтиёзҳои иҷтимоӣ сабаби тарки мактаб кардани омӯзгорон дар Тоҷикистон шудааст. Ин ҳолат нигаронии ҷиддии ҷомеаро ба бор овардааст.
Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар охирин нишасти матбуотиаш хабар дод, ки соли 2021 — 2067 омӯзгор тарки пеша кардаанд.
Расонаҳои маҳаллӣ мегӯянд, чунин як вазъият дар манотиқи дигари Тоҷикистон ҳам мушоҳида мешавад. Дар муассисаҳои таълимӣ нарасидани омӯзгорон эҳсос мешавад, як қисми онҳо ба муҳоҷират мераванд, қисми дигар тарки пеша мекунанд.
Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, 3 феврал дар як нишасти хабарӣ тарки мактаб намудани омӯзгорони тоҷикро таъйид кард, аммо гуфт, “набояд аз он фоҷеа сохт”.
Ба гуфтаи ӯ, ин як раванди табиӣ буда, сабабҳои аз мактаб рафтани омӯзгорон гуногун аст: маош, фавт, беморӣ, муҳоҷират, нафақа ва иваз кардани ҷойи зист.
“Масалан, муаллим ҷойи истиқоматашро иваз кард, яъне, аз як минтақаи Тоҷикистон ба минтақаи дигар кӯчид ва метавонад дар минтақаи дигар корашро идома диҳад”,-таъкид намуд вазир.
Вазири маориф омори умумии тарки соҳа кардани омӯзгорон дар саросари кишварро ироа накард, аммо гуфт, мактабҳои Тоҷикистон ба 1124 омӯзгор ниёз доранд.
Дар ҳамин ҳол, баҳсу баррасиҳои бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки одамон яке аз омилҳои аслии аз кор рафтани омӯзгоронро ба маоши ками онҳо рабт медиҳанд.
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, 9 феврал дар нишасти хабарии ин ниҳод тасдиқ намуд, ки камтарин музди меҳнат дар кишварро омӯзгорон ва табибон мегиранд. Музди миёнаи маоши омӯзгорони тоҷик 1244,2 сомонӣ (110 доллар) ва аз пизишкон 1025,3 сомонӣ (90 доллар) аст. Дар деҳот музди кор аз ин ҳам поинтар аст.
Корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз сатҳу сифати таҳсил ва тарки пеша кардани омӯзгорон зиёд нигаронӣ мекунанд. Онҳо аз ҳукумати кишвар даъват мекунанд, ин мавзӯъро ҷиддӣ бигирад ва барои бартараф намудани мушкил ҷиддӣ иқдом кунад.
“Давлат ва Вазорати маориф аввалан бояд маоши омӯзгоронро боло бардорад. Бо ин музди меҳнат муаллимон ба мактаб омада, дар фикри чӣ хел пеш бурдани зиндагӣ, аз куҷо пайдо кардани манбаи даромади иловагӣ мешаванд, то рӯзгори хонаводаашонро таъмин намоянд. Бо маоши кам дар фикри муаллим танҳо чӣ гуна дуруст хӯрондану пӯшондани фарзандон ва пеш бурдани рӯзгори оила пайдо мешавад. Вақте дар хона шароити кофӣ муҳайё нест, онҳо наметавонанд ба кор мутамарказ шаванд. Ҳар мутахассисе, ки маоши хуб мегирад, корашро самимӣ анҷом медиҳад”-менависад Насиба Мирзоева зери хабари тарки соҳа кардани омӯзгорон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук (дар гуруҳи “Азия Плюс”).
Худи омӯзгорон ҳам аз кам будани маош ва барои пешбурди зиндагӣ нокофӣ будани он шикоят мекунанд.
Зайнаб Раҳматова 20 сол мешавад дар яке аз мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе кор мекунад. Вай тақрибан 1500 сомонӣ (наздики 130 доллар) ҳақмузд мегирад. Мегӯяд, дар шароити феълӣ бо чунин маош зиндагӣ кардан хеле мушкил аст.
Ба гуфтаи ӯ, писари калониаш донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи тиббии кишвар мебошад. Қарордоди солонаи таҳсил ҳудуди 10 000 сомонӣ (885 доллар) аст. Ҳар сол дар оғози соли хониш барои пардохти шартнома аз бонк қарз мегирад.
“Вақте охири моҳ маошамро мегирам, як қисми онро ба бонк медиҳам. Бо маблағи боқимонда як моҳ зиндагӣ мекунем. Нархҳоро бинед – равған, орд, гӯшт! Ҳама чиз хеле қимат аст. Ман дар бораи нархи дигар маҳсулоти ниёзи аввал намегӯям. Ҳолатҳое мешаванд, ки нимаи моҳ маблағ тамом мешавад. Маҷбур мешавам аз мағозаи назди хона маҳсулоти заруриро қарз бигирам. Ҳамин тавр, як моҳи дароз кор карда, охири моҳ маошамро барои пардохти қарз медиҳам”,- гуфт ин омӯзгор дар суҳбат бо CABAR.asia.
Дар Тоҷикистони муосир чунин ҳолатҳо зиёд ҳастанд.
Маҳина Хидирова, ки чанд сол ба ҳайси омӯзгор дар яке аз донишгоҳҳои тиббии кишвар кор кардааст, ду сол қабл ба Русия ҳиҷрат намуд. Ӯ сабабҳои асосии тарки пеша кардани омӯзгорони зиёдро дар маоши ночиз, гаронии нархи бозор, бюрократия ва чанд омили дигар медонад.
“Соли 2018 ба ман 750 сомонӣ (чизе бештар аз 66 доллар) маош медоданд. Ду фарзанди хурдсол доштам, яке ба боғча ва дигарӣ ба мактаб мерафт. Маблағи якмоҳаи кӯдакистони духтарам 320 сомонӣ (28 доллар) буд. Ҳоло бигӯед, ки оё бо 430 сомонӣ (38 доллар) як моҳ зиндагӣ кардан мумкин аст?”,-мепурсад ӯ.
Омӯзгори дигар Баҳодур Эргашев тибқи Барномаи кӯч додани ҳамватанон ба Русия рафта, инак шаш сол аст, ки онҷо кор мекунад. Дар Тоҷикистон тӯли 15 сол дар яке аз мактабҳои миёна кор кардааст. Маоши кам ва набудани манзили шахсӣ ӯро ба муҳоҷират бурд.
“Дар ин 15 сол рӯзгузаронӣ душвор буд, зеро манзили шахсии худро надоштам. Се фарзанд дорам, ки хӯрондану пӯшондани онҳо ва зиндагӣ дар манзили иҷора хеле мушкил буд. Ду соли аввал худам танҳо ба Русия рафтам. Як миқдор пул ҷамъ карда, ба барномаи кӯч додан дархост фиристодам. Хушбахтона, муваффақ шудем. Дар доираи ин барнома ҳамроҳи хонавода ба Русия омадем ва шаҳрвандӣ гирифтем. Аллакай 6 сол мешавад, ки инҷо ҳамчун омӯзгор кор мекунам. Ҳатто хонаи шахсии худро дорем”,-гуфт Эргашев.
Коршиносон на танҳо ба маоши ками омӯзгорон, балки ба набудани имтиёзҳои иҷтимоӣ низ барои онҳо ишора мекунанд.
Мунира Иноятова, собиқ вазири маорифи Тоҷикистон бар ин назар аст, вазъият дар сурате беҳтар мешавад, ки муаллимон ба ҳимояти иҷтимоӣ даст ёбанд.
“Имрӯз бештари омӯзгорон ба Русия мераванд, зеро онҷо шароит барои омӯзгорон хеле беҳтар аст. Дар кишвари мо мутаассифона, он дастгириҳои иҷтимоие, ки имрӯз дар Русия мебинем, вуҷуд надорад. Масалан, дар давраи пандемия онҷо муаллимонро хеле дастгирӣ карданд”,-гуфт ӯ.
Ба таъкиди Иноятова, яке аз мушкилоти дигар ин коррупсия мебошад.
“Ришвахорӣ то андозае дар соҳаи маориф паҳн шуда, эҳтиром ба ин бахши муҳимро хеле коҳиш додааст”,-илова намуд Иноятова.
Ҳукумат кушиш мекунад ин мушкилро бо роҳҳои гуногун ҳал кунад. Масалан, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 5 феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, тарки пеша кардани омӯзгорон мояи нигаронӣ аст.
Ӯ ба раҳбарони 18 шаҳру ноҳияи вилоят дастур дод, ки барои омӯзгорони ҷавон манзилҳои хидматӣ бунёд кунанд. Аҳмадзода ба хабарнигорон гуфт, сохтмони чунин хонаҳо дар Хуҷанд аллакай оғоз шуда, баъди анҷоми онҳо ҳудуди 300 омӯзгор бо манзили истиқоматӣ таъмин хоҳанд шуд.
Аммо ин ки чунин усулҳо мушкилотро то куҷо ҳал мекунанд, маълум нест.
Ба эътиқоди коршиносон, қарору барномаҳои давлатӣ, ки аз ҷониби ҳукумат қабул мешаванд, на ҳамеша муассир ва натиҷабахш иҷро мегарданд.
Мунира Иноятова пешниҳод мекунад, иҷрои он барномаҳое беҳтар карда шавад, ки аллакай қабул шудаанд. Ҳамаи онҳо дар рӯи коғаз хуб ҳастанд, аммо раванди иҷрои онҳо хуб нест.
Далер Баромбеков, мудири кафедраи ҷомеъашиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳам ба андешаи ӯ мувофиқ аст. Баромбеков ба ин бовар аст, ки ҳангоми таҳияи барномаҳои мухталифи давлатӣ раванди иҷрои онҳо ба назар гирифта намешавад.
“Мо ҳамасола аз буҷети давлатӣ барои маориф пули зиёд мегирем. Бино ба гузоришҳои расонаҳои хабарӣ, миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама бештар барои маориф Тоҷикистон масраф мекунад. Бо вуҷуди ин, маоши омӯзгорон ба ҳадде аст, ки барои зиндагӣ намерасад. Омӯзгорон ва табибон аз он сабаб кишварро тарк мекунанд, ки инҷо бо маоши худ зиндагӣ карда наметавонанд”,- гуфт ӯ.
Коршиносон мегӯянд, агар иҷрои ин гуна барномаҳо беҳтар шавад, барои омӯзгорон шароити беҳтар муҳайё гардад, пас вазъ метавонад ба таври қобили мулоҳиза беҳтар шавад, зеро худи омӯзгорон намехоҳанд ба муҳоҷират раванд.
“Мо мехоҳем дар Ватан зиндагӣ кунем, то фарзандонамон дар шароити Тоҷикистон ба воя бирасанд, аммо мушкилоти иқтисодӣ имкон намедиҳад”,- гуфт Маҳина Хидирова.
Мунира Иноятова мегӯяд, ҳукумат бояд ба омӯзгорону табибон, ки сифати зиндагӣ аз фаъолияти онҳо вобастагӣ дорад, имтиёзҳои воқеӣ пешниҳод кунад.
Бино ба гузоришҳои расонаҳои маҳаллӣ, солҳои охир раванди ба муҳоҷират рафтани табибон ҳам суръат гирифтааст. Бештари онҳо ба Федератсияи Русия мераванд.