Тоҷикистон
Мақомоти давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки ба мушкилоти экологӣ, бахусус тағйирёбии иқлим сарукор доранд, ба андешаву афкори экологҳои ҷавон ба таври кофӣ таваҷҷуҳ намекунанд. Ин нукта дар матлаби таҳлилии Аниса Абибуллоева ва Мухтор Амонбайулӣ, коршиносони ҷавон аз Тоҷикистон ва Қазоқистон таъкид шудааст, ки барои Сabar.asia навиштаанд. (more…)
Рӯзи дувуми ҳафтумин ҷашнвораи Go Viral дар Душанбе ҷолибу хотирмон баргузор шуд. Зиёда аз 500 нафар бо мақсади дарёфти донишҳои нав, ошноӣ бо ғояҳои навоваронаи Тоҷикистони муосир дар бахши фановариҳои расонаӣ, тиҷорат, фарҳанг ва ТИК ба кинотеатри “Зебуннисо” омаданд. (more…)
Дар кинотеатри “Зебуннисо”-и шаҳри Душанбе зиёда аз 600 нафари касбу кор, синну сол ва шавқу завқашон гуногун гирди ҳам омаданд. Ҳамаи онҳоро ҷашнвораи бошукуҳи ҳарсолаи Go Viral, ки аллакай маҳбуби тамоми тоҷикистониён гардидааст, муттаҳид мекунад. (more…)
Дар Тоҷикистон ба омӯзиши ҳамсояи абарқудрати худ диққати махсус дода намешавад. Дар бисёр мақолаҳо ва тадқиқоти коршиносону донишмандони тоҷик танҳо ҷанбаҳои мусбати муносибатҳои Тоҷикистону Чин оварда шудааст, вале арзёбии холисона ва баррасии вижаи самтҳои муҳими ҳамкорӣ амалан вуҷуд надорад. Ин нукта дар матлаби барои CABAR.asia навиштаи сиёсатшиноси мустақил, хатмкардаи Мактаби таҳлилгарии CABAR.asia — Умедҷон Иброҳимзода таъкид шудааст. (more…)
Умедҷон Иброҳимзода, сиёсатшинос ва хатмкардаи Мактаби таҳлилии CABAR.asia мегӯяд, Тоҷикистон бояд аз таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя сабақ бигирад ва ба ҷалбу вуруди сармоя ба иқтисоди худ танаввуъ бахшад.
(more…)
Давоми ду соли охир дар Тоҷикистон теъдоди донишҷӯён, бахусус писарон ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст. Масъулин мегӯянд, далелаш ин аст, ки хатмкунандаҳо бештар ба донишгоҳҳои хориҷӣ дохил мешаванд. Аммо коршиносон қонуни нав “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ”-ро муқассир медонанд.
(more…)
Авоили моҳи апрел сокинони бархе манотиқи Тоҷикистон бар асари боришоти шадид ва фаромадани ярч осеб диданд. Дар пайи офатҳои табиӣ як кӯдак ҷон бохта, чанд нафар бесарпаноҳ монд ва ҳоло маҷбуранд, ки шабро дар кӯча рӯз кунанд. (more…)
Бо вуҷуди афзоиши босуръати интернет-банкинг дар Тоҷикистон ва суботи зоҳирӣ, саволоти зиёде дар мавриди сатҳи амнияти хадамоти бонкдории маҷозӣ интизори ҷавоб ҳастанд. Ба таъкиди Ширин Атласова, хатмкардаи мактаби таҳлилии CABAR.asia, эҳтимол дорад, ки муштариёни бонк бо мушкилоти муайяне рӯбарӯ шаванд. (more…)
Боздошт ва ба муддати тӯлонӣ паси панҷара бурдани хабарнигорон ва блогерон рӯзноманигориро ба як касби хатарнок табдил додааст. Мақомоти Тоҷикистон фишор болои рӯзноманигоронро идома медиҳад. (more…)
Натоиҷи тадқиқоти сотсиологии Алишер Гардоншоев, хатмкардаи Мактаби таҳлилии CABAR.Asia, нишон медиҳад, ки бештари сокинони пойтахти Тоҷикистон ба пурсишҳои сотсиологӣ муносибати мусбат доранд. Дар ҳамин ҳол, чаҳоряки пурсидашудаҳо бар ин назаранд, ки ҳукумат бояд натоиҷи чунин пурсишҳоро ба инобат бигирад.
(more…)