© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон: Қонуни даъват ба артиш теъдоди донишҷӯёнро коҳиш дод

Давоми ду соли охир дар Тоҷикистон теъдоди донишҷӯён, бахусус писарон ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст. Масъулин мегӯянд, далелаш ин аст, ки хатмкунандаҳо бештар ба донишгоҳҳои хориҷӣ дохил мешаванд. Аммо коршиносон қонуни нав “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ”-ро муқассир медонанд.


Бинои Маркази миллии тестӣ. Акс аз сомонаи ntc.tj
Бинои Маркази миллии тестӣ. Акс аз сомонаи ntc.tj

Ҳусейн Хайриддинзодаи 18-сола имсол мактаби рақами 108-и Душанберо хатм мекунад ва аллакай дар Маркази миллии тестӣ сабти ном шудааст. Аммо ӯ намехоҳад дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ширкат кунад ва қасд дорад пас аз хатми мактаби миёна барои кор ба Русия биравад.

Ӯ мегӯяд, агар ба Русия наравад, имкони дарёфти кори хубро аз даст медиҳад. Ҳарчанд дониши хуб дорад ва дар мактаб бо баҳои хуб таҳсил мекунад.

“Ҳатто агар дар Донишгоҳ таҳсил кунам бояд як соли дигар дар артиш хидмат кунам. Аз ин рӯ, бояд дар бораи дурнамо андеша кунем”,- гуфт Хайриддинзода ба CABAR.asia.

Хонаводаи онҳо аз 7 нафар иборат буда, падараш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад. Ҳусейн писари калонӣ аст ва бояд ёвари падараш бошад. Ба донишгоҳ қабул шудани ӯ бори буҷаи оиларо зиёд мекунад.

Хайриддинзода мегӯяд: “Арзиши таҳсили шартномавӣ гарон аст ва падарам маҷбур мешавад, ки барои пардохти харҷҳои ман бештар кор кунад”. Вай афзуд, ба гуфтаи дӯстонаш, дар донишгоҳ ришва мегиранд ва мутаносибан, хароҷот боз ҳам бештар мешавад.

Ҳусейн ду роҳ дорад. Ё ба Русия ба назди падараш рафта, ҳамроҳаш кор мекунад ва ё ҳангоми даъвати навбатӣ ӯро ба хидмати ҳарбӣ мебаранд.

Дар Тоҷикистон соли 2021 қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” қабул шуд. Тибқи он, барои донишҷӯён дигар хидмати алтернативии ҳарбӣ пешбинӣ нашудааст – пас аз хатми донишгоҳ тамоми писарбачаҳо барои анҷоми хидмати яксолаи ҳарбӣ даъват мешаванд. Магистрантҳо ва аспирантҳо бошанд, дигар ҳаққи ба таъхир андохтани даъват ба артишро надоранд.

Довталабон худро сабти ном мекунанд, аммо ба имтиҳон намеоянд 

Тибқи иттилои Маркази миллии тестӣ (ММТ) теъдоди ҷавонписарон дар миёни довталабон рӯ ба коҳиш аст.

Аз шумораи умумии довталабон дар соли 2022 дар имтиҳонҳои дохилшавӣ 89% духтарон ва 78% писарон ширкат кардаанд. Ин дар ҳолест, ки соли 2016 аз шумораи умумии довбаталабоне, ки худро сабти ном карда буданд, 94% духтарон ва 91% писарон дар имтиҳонҳо иштирок доштанд.

Мушкили дигар ин аст, ки баъзеҳо пас аз сабти ном ба имтиҳонҳо ҳозир намешаванд. Масалан, соли 2022 аз 82,2 ҳазор довталаби сабти номшуда танҳо 68,6 ҳазор рӯзи имтиҳон ҳозир шудаанд. Яъне, 14,6 ҳазор нафар ширкат накардаанд, ки ин тақрибан панҷяки шумораи умумии онҳоро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, аз 60 ҳазор нафаре ки ба муассисаҳои олии таълимӣ дохил шудаанд, 11 ҳазор нафарашон ба дарсҳо наомадаанд.

Абдулвосит Шодинё. Акс аз саҳифаи шахсии facebook.com
Абдулвосит Шодинё. Акс аз саҳифаи шахсии facebook.com

Абдулвосит Шодиниё, муовини аввали директори ММТ, дар нишасти хабарии ахири Маркази миллии тестӣ гуфт, тибқи натоиҷи як пажуҳиши ин марказ, аксари пурсидашудаҳо бо далели надоштани имкони пардохти ҳаққи таҳсил пас аз дохилшавӣ ба дарсҳо ҳозир нашудаанд.

 Агар бо фоиз ҳисоб кунем, пас соли 2020 – 87,5 дарсади хатмкунандаҳои мактабҳо довталаб шудаанд, соли 2022 бошад, ин рақам ба 72,6 дарсад расидааст.

 Назари мақомот чист?

Сабзалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази миллии тестӣ дар охирин нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, солҳои охир коҳиши теъдоди донишҷӯён ба мушоҳида мерасад.

“Солҳои охир теъдоди хатмкунандаҳо тақрибан дар як сатҳ аст – ба ҳисоби миёна 116-117 ҳазор нафар мактабҳоро хатм мекунанд. Дар баробари ин нақшаи қабул {ба мактабҳои олӣ} афзуд. Агар дар соли 2017 нақшаи қабул 65 144 нафар бошад, пас соли 2022 аллакай 95 858 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, шояд чунин таассурот пайдо шавад, ки нақшаи қабул на ҳар сол иҷро мешавад”,- гуфт ӯ.

Абдулвосит Шодиниё сабаби аслии коҳиши теъдоди донишҷӯёнро ба боз шудани марзҳо рабт медиҳад. Ба таъкиди ӯ, иддае аз ҷавонон барои таҳсил ба кишварҳои дигар мераванд.

“Сониян, шояд қабули қонуни нав дар бораи хидмати ҳарбӣ ба ин раванд таъсир расонида бошад. Сабабҳо метавонанд гуногун бошанд”,- афзуд Шодиниё.

Ӯ мегӯяд, барои дарки ҳамаҷонибаи вазъ як таҳлили комил лозим аст, то дар ниҳоят хулосаҳои дуруст бароварда шавад.

“Аз миёни хатмкунандаҳое, ки соли 2022 дар имтиҳонҳои ММТ сабти ном нашудаанд ва дар имтиҳонҳо иштирок накардаанд, бо роҳи интихоби тасодуфӣ бо меъёрҳои қаблан муайяншуда бояд интихоб карда шавад ва сипас пурсида шавад, ки бо кадом сабабҳо дар ин имтиҳонҳо иштирок накарданд? Танҳо дар асоси ин маълумот метавон хулоса баровард”, – таъкид кард Шодиниё.

Қаблан Икром Субҳонзода, мудири Оҷонсии назорати соҳаи маориф ва илм аз ин раванд изҳори нигаронӣ карда, гуфта буд, коҳиши теъдоди донишҷӯён паёмадҳои номатлуб дорад, ки метавонад ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ зиён расонад.

“Ин омил метавонад боиси нарасидани кадрҳо шавад”, – изҳор дошт Субҳонзода.

Тарафҳои мусбат ва манфӣ

Коршиносон сабаби аслии коҳиши шумораи донишҷӯёнро ба қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” рабт медиҳанд. Дилрабо Самадова, раиси ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, бар ин назар аст, ки ин раванд ҳам паҳлуҳои манфӣ ва ҳам паҳлуҳои мусбат дорад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳаққи таҳсил бояд аз хидмати ҳарбӣ болотар бошад. Илми муосир дар дасти ҷавонон аст, аз ин рӯ ҳуқуқи онҳо ба таҳсил бояд дастгирӣ карда шавад.

“Хидмати ҳарбӣ набояд садди роҳи дониш ва ҳуқуқ ба таҳсил бошад. Албатта, хидмати ҳарбӣ уҳдадории конститутсионӣ аст, аммо ҳуқуқ ба таҳсил низ ҳуқуқи конститутсионӣ мебошад. Ва ин ҳуқуқ бояд аз уҳдадориҳои дигар болотар ва афзалтар бошад. Зеро ҳама медонанд, ки пояи рушди кишвари мо аз илм вобаста аст”,- гуфт вай дар суҳбат бо CABAR.asia.

Ба иттилои Самадова, соли 2021, вақте қонуни нав дар бораи хидмати ҳарбӣ қабул гардид, коҳиши теъдоди магистрантҳо ва докторантҳо мушоҳида шуд. Далели ин ҳолат, бекор кардани ба таъхир андохтани хидмат барои ин категорияҳои муҳассилин буд.

Аз сӯи дигар, ба ақидаи ӯ, ин омил метавонад боиси боло рафтани сифати донишҷӯён ва олимони ҷавон шавад, зеро танҳо онҳое донишҷӯ мешаванд, ки воқеан таҳсил кардан мехоҳанд ва дар талаби илм ҳастанд.

Дилрабо Самадова. Акс аз саҳифаи шахсии facebook.com
Дилрабо Самадова. Акс аз саҳифаи шахсии facebook.com

“Теъдоди онҳое, ки танҳо бо мақсади ба таъхир андохтани хидмат ба донишгоҳҳо дохил шуда, дуруст таҳсил намекунанд, кам мешавад”, – афзуд Самадова.

Аммо вай аз он нигарон аст, ки довталабон барои таҳсил ба хориҷи кишвар мераванд, зеро онҷо шароит ва имконоти беҳтар вуҷуд дорад.

“Бо ин ҳол, мо метавонем олимони ҷавон ва илми муосирро аз даст диҳем. Зеро донишмандони ҷавон барои таҳсил ва дифои корҳои илмиашон ба кишварҳои дигар мераванд”, – таъкид кард ӯ.

Дилрабо Самадова пешниҳоди бозбинии қонуни мазкурро дорад ва таъкид мекунад, ки ба хидмати ҳарбӣ бояд мутахассисони шартномавӣ даъват шаванд.

“Қонун ду сол аст, ки амал мекунад, мо онро дар амал дидем. Пешниҳоди ман ин аст, ки хуб мешуд камбудиҳояшро ислоҳ карда, тағйиру иловаҳои нав ворид мекарданд. Хидмати ҳарбӣ хидмати касбӣ аст ва бояд танҳо мутахассисон ба артиш ҷалб шаванд”, – мегӯяд Самадова.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: