© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Ҷалби ҷавонон ба масъалаҳои марбут ба иқлим дар Қазоқистону Тоҷикистон то куҷо босамар аст? 

Мақомоти давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки ба мушкилоти экологӣ, бахусус тағйирёбии иқлим сарукор доранд, ба андешаву афкори экологҳои ҷавон ба таври кофӣ таваҷҷуҳ намекунанд. Ин нукта дар матлаби таҳлилии Аниса Абибуллоева ва Мухтор Амонбайулӣ, коршиносони ҷавон аз Тоҷикистон ва Қазоқистон таъкид шудааст, ки барои Сabar.asia навиштаанд.


Иштирокчиёни аввалин конфронси минтақавии ҷавонон оид ба тағйирёбии иқлим дар Бишкек. Акс аз undp.org
Иштирокчиёни аввалин конфронси минтақавии ҷавонон оид ба тағйирёбии иқлим дар Бишкек. Акс аз undp.org

Масъалаҳои тағйирёбии иқлим махсусан барои Тоҷикистон ва Қазоқистон хеле муҳиманд. Тоҷикистон бо далели экосистемаҳои куҳӣ, ки тақрибан 93%-и қаламрави онро ташкил медиҳад, дар муқобили тағйироти иқлим осебпазир мебошад. Қазоқистон, як кишвари поёноб буда, аз мушкили камбуди манобеъи об, ки ҳамчунон дар пайи тағйирёбии иқлим печидатар мешавад, нигарониҳое дорад.

Ҳанӯз аз охири солҳои 90-ум ин ду кишвар Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (UN FCCC), бо шумули Протоколи Киото ва баъдан Созишномаи Парижро имзо карданд. Соли 2003 Тоҷикистон Нақшаи миллии амалиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва соли 2019 Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дуввумин Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншударо қабул кард. Қазоқистон низ соли 1995 UN FCCC-ро тасвиб кард. Гузашта аз ин, соли 1999 Протоколи Киото ва соли 2016 Созишномаи Парижро ба имзо расонд. Соли 2023 Қазоқистон аввалин Саҳми дар сатҳи миллӣ муйяншударо пешниҳод кард, ки дар он нишон дода мешуд, чӣ гуна ба нақша гирифтааст, ки партовҳои газҳои гулхонаиро то соли 2030 то 25% коҳиш бидиҳад.

Бо вуҷуди сиёсати фаъоли ду кишвар дар самти пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим суоле ба миён меояд, ки дар ин кишварҳо то куҷо тамоми қишрҳои ҷомеа, бахусус ҷавонон ба ин раванд ҷалб шудаанд?

Нақши ҷавонон дар масоили марбут ба иқлим

Тибқи маълумоти Созмони милали муттаҳид (СММ) теъдоди ҷавонон дар ҷаҳон тақрибан 1,21 миллиард нафарро ташкил медиҳад. Бештари ҷавонони ҷаҳон мустақиман дар маърази оқибатҳои тағйирёбии иқлим, монанди коҳиши амнияти озуқаворӣ, афзоиши норасоии об ва офатҳои табиӣ, ки ҳарчи бештару бештар ба амал меоянд, қарор доранд. Ҷавонон ки дар бештари кишварҳо қисмати зиёди аҳолиро ташкил медиҳанд, дар ҳоли табдил шудан ба нерӯи пешбаранда барои дастёбӣ ба ояндаи устувору пойдор дар баробари тағйирёбии иқлим ҳастанд.

Ба унвони мисол, соли 2018 Грета Тунберг, мактабхони 15-солаи шведӣ, дар назди парлумони Шветсия даст ба тазоҳурот зад ва хостори роҳандозии чораҳои фаврӣ барои мубориза бо тағйирёбии иқлим шуд. Эътирозҳои вай дар саросари ҷаҳон ҷонибдорон пайдо кард ва сабаби ҷунбиши оммавии “Ҷумъаҳо барои оянда” гардид. Пас аз эътирозҳо бисёре аз сиёсатмадорон зарурати тамаркуз ба ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлимро эътироф карданд. Масалан, раиси Комиссияи Аврупо Жан-Клод Юнкер изҳор дошт, ки “дар давраи молиявии аз соли 2021 то 2027 ҳар чорумин еврое, ки дар доираи буҷаи Иттиҳоди Аврупо ҳазина мешавад, барои чораҳои коҳиш додани тағйирёбии иқлим масраф хоҳад шуд”.

Дар Қазоқистон ва Тоҷикистон бахши аъзами аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар Тоҷикистон ҳудуди 40 дарсади аҳолиро ҷавонон ва 68 дарсадро афроди зери 30-сола ташкил медиҳад.  Бар пояи омори  Маркази илмӣ-тадқиқотии “Ҷавонон”, дар Қазоқистон то аввали соли 2022 — 3 741 083 нафари аз 14 то 29-сола сабти ном шудааст, ки 20 дарсади ҷамъияти ин кишварро ташкил медиҳад. Тибқи натиҷаҳои семоҳаи аввали соли 2023 теъдоди онҳо афзоиш ёфта ба 5,7 миллион расидааст.

Дар кишварҳои зикршуда, иштироки ҷавонон дар масъалаҳои иқлим барои рушди устувор хеле муҳим аст. Аммо мушкилоте вуҷуд доранд, ки иштироки фаъолонаи ҷавононро дар қабули қарорҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист маҳдуд мекунанд.

Фосилаҳо дар танзими ҳуқуқии иштироки ҷавонон дар раванди қабули қарорҳо

Иштироки ҷавонон дар қабули қарорҳо шарти асосии амалӣ намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон мебошад.

Масалан, дар Тоҷикистон соли 2004 Қонун дар бораи ҷавонон  ва сиёсати давлатии ҷавнон қабул карда шуд. Дар назди Маҷлиси Миллӣ (палатаи болоии парлумоти Тоҷикистон) Кумита оид ба масъалаҳои  аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳити зист ва Кумитаи масъалаҳои иҷтимоӣ, тандурустӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон фаъолият доранд. Ҳарду Кумита аз намоянда, муовини намоянда ва се аъзо иборат мебошад. Аммо дар ҳайати ин ду Кумита намояндагони ҷавонон нестанд (маълумот то моҳи январи соли 2024). Тарҳҳои мухталифе барои таъсиси шӯроҳои вилоятӣ ё маҳаллӣ бо кумакҳои байналмилалӣ, инчунин ташкилот ва марказҳои ҷамъиятии марбут ба ҷавонон вуҷуд доранд, аммо ин ташаббусҳо маъмулан кӯтоҳмуддат буда, аз дастгирии беруна вобастаанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми асосии давлатӣ барои таҳияи сиёсат дар бахши тағйирёбии иқлим буда, инчунин масъули назорати Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ мебошад. Дар миёни роҳбарият ва намояндагони воҳидҳои кумитаи мазкур низ мутахассисони чавон муаррифӣ нашудааст. Илова бар ин, дар миёни раёсат (3 нафар) ва даҳ мудири шӯъба ҳамагӣ ду зан муаррифӣ мешавад (маълумот то январи соли 2024).

Соли 2008 бо мақсади ташаккул ва татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон дар Қазоқистон Шӯрои сиёсати ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон таъсис дода шуд. Шӯро, ки бо фармони сарвари давлат тасдиқ шудааст, як қатор вазифаҳои муҳимро ба уҳда дорад, ки ба таъмини рушди мусоиди иҷтимоӣ ва фарҳангии насли наврас нигаронида шудаанд.

Вазорати экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон мақоми марказии иҷроияи он кишвар мебошад, ки масъулияти роҳбарӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зистро бар зимма дорад. Дар гузашта дар Ҷумҳурии Қазоқистон Вазорати муҳити зист ва захираҳои об вуҷуд дошт, ки баъдан сохтор ва номаш иваз шуд. Дар байни солҳои 2014 ва 2019 ба ҳайати он бахшҳои гуногун, аз ҷумла Вазорати энергетика, Вазорати саноат ва рушди инфрасохтор ва Вазорати кишоварзӣ шомил буданд. Соли 2023 райисҷумҳури Қазоқистон Қасим-Жомарт Тоқаев тағйироти сохторӣ анҷом дода, Вазорати экология, геология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистонро ба Вазорати экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон табдил дод. Миёни роҳбарони вазорат мувозинати синусолӣ нигоҳ дошта мешавад.

Ташаббусҳои ҷавонон дар масоили марбут ба иқлим

Соли 2022 бо пуштибонии YOUNGO, бахши ҷавонони UNFCCC, дар Қазоқистон Аввалин конфронси ҷавонон оид ба тағйирёбии иқлим (Local Conference of Youth, LCOY, LCOY) баргузор шуд. Соли 2023 дар Донишгоҳи Назарбоев дуввумин конфронси ҷавонон оид ба тағйирёбии иқлим гузаронда шуд. Созмондиҳандагони ин конфронс SDSN Youth Kazakhstan, Дафтари рушди устувор, SDSN Kazakhstan, Мактаби олии сиёсати давлатӣ ва клуби донишҷӯёни Green Society буданд. Омода кардани изҳороти ҷавонон дар бораи тағйирёбии иқлим аз Қазоқистон барои Конфронси ҷавонони СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар соли 2023 (COY-18) натиҷаи муҳими ин конфронс гуфта мешавад.

Конфронс нишон дод, ки ҷавонон мехоҳанд ва омодаанд дар равандҳои қабули қарорҳо фаъолона иштирок кунанд. Аммо барои ин зарур аст ки ҷавонон ба ҳайъатҳои расмии кишварҳо ҷалб карда шаванд. Намояндагони ҷавонон ва иштирокчиёни фаъоли чорабиниҳои марбут ба иқлим то имрӯз маҷбур ҳастанд, ки худашон барои пайдо кардани манбаъҳои молиявӣ барои сафар ба конфронсҳои байналмилалӣ ва онҷо аз ҷавонон намояндагӣ кардан талош кунанд.

Аз ҷумла, ҷавонони Осиёи Марказӣ дар чорабиниҳои марбут ба иқлим ҳамчун ризокор ва корманди созмонҳои ҷамъиятии ғайриҳукуматӣ ва доираҳои илмӣ, бахусус дар бахши об фаъолона иштирок мекунанд. Мутахассисони ҷавони минтақа инчунин дар анҷуман ва ташаббусҳои байналмилалии экологӣ, аз қабили YOUNGO, Climate Action Network ва Парлумони ҷаҳонии ҷавонон оид ба об иштирок мекунанд.

Ҷавонони фаъол, ки ба масоили муҳити зист бетафовут нестанд, ба дастгирии ҳамаҷониба ниёз доранд. Баланд бардоштани огаҳӣ аз барномаҳои марбут ба муҳити зисти кишвар дар миёни ҷавонон талошҳои зиёдеро талаб мекунад, зеро таваҷҷуҳи ҷавонон ба ин масъала чандон зиёд нест.

Монеаҳо барои иштироки фаъолонаи ҷавонон

Тасвирсозӣ

Аксар вақт мақомоти давлатӣ ё созмонҳои байналмилалии рушд иштироки ҷавононро ба таври расмӣ ташкил мекунанд, як навъ фазои зоҳирии муколама бо ҷавонон ва ҷалби назарраси онҳоро ба намоиш мегузоранд.

Созмонҳои байналмилалӣ талош доранд, ки мавқеи ҷавононро тавассути ба чорабиниҳои байналмилалӣ равон кардан ва пуштибониашон дар конфронсҳои муҳими минтақавии об ва иқлим таҳким бахшанд. Аммо мушоҳида мешавад, ки мутахассисони ин созмонҳо бештари вақт саволҳо ва шаклҳои машваратҳоеро, ки ҷавонон бояд посух диҳанд, пешакӣ муайян мекунанд. Ҳамин тавр таҳлилу хулосаҳоро назорат мекунанд.

Масалан, дар конфронси байналмилалии “Осиёи Марказӣ: Ба сӯйи ояндаи устувор тавассути институти тавонои минтақавӣ”, ки ба наздикӣ баргузор шуд, ҷаласаи умумии байнинаслҳо дар мавриди расидагӣ ба ҳалли масъалаҳои обҳои фаромарзӣ ва иқтисодиёти даврӣ ва истифодаи стратегияҳои иқтисоди даврӣ барои таъмини устувори обтаъминкунӣ ва беҳдошт ташкил карда шуд. Мутахассисони яке аз муассисаҳои СММ ҳамчун созмондиҳандаи ҷаласа пешакӣ шакл ва рӯзномаи ҷаласаро муайян намуда, инчунин суханрониҳоро бо намояндагони ҳайати ҷавонон мувофиқа намуд.

Созмонҳои СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалии рушд дар минтақа низ бо мақсади коҳиш додани хароҷоти пардохтҳо ва ба намоиш гузоштани мизони сатҳи баланди фарогирии ҷавонон назди маблағгузорони худ ҷавононро ҳамчун ризокор, мушовир ва ташкилкунандагони конфронсҳои ҷавонон ҷалб мекунанд.

Илова бар ин, раванди интихоби намояндагони ҷавонон дар конфронсҳои мухталифи байналмилалӣ шаффоф набуда, ширкати онҳо чандон назаррас намебошад. Дар баъзе мавридҳо, ҷавонони интихобшуда барои иштирок дар чунин чорабиниҳои бузург омодагии кофӣ надошта, дар бораи масъалаҳои тағйирёбии иқлим фаҳмиши бунёдӣ надоранд.

Кофӣ набудани маблағгузорӣ

Барои ҷавонони фаъол, ки мехоҳанд дар лоиҳаҳои экологӣ саҳми худро гузоранд, норасоии маблағ ва захираҳо монеаи ҷиддӣ мегардад. Аксари ҷавонон дар дастрасӣ ба маблағ ва имкониятҳои зарурӣ барои амалӣ намудани ғояҳо ва лоиҳаҳои худ ба маҳдудиятҳо дучор мешаванд. Инчунин, дар минтақа имконот барои ҷойҳои кори “сабз” маҳдуд аст ва ҳатто ҷавононе, ки маълумоти махсус дар бахши обу экологӣ доранд, наметавонанд кори ҷолибе бо маоши муносиб пайдо кунанд. Дар баробари ин норасоии мутахассисони фаннии экологӣ (муҳандисони экологӣ, гидротехнологҳо, мутахассисони моделсозии иқлим) вуҷуд дорад.

Набудани маблағгузории кофӣ амалӣ намудани ташаббусҳои экологии ҷавононро мушкил месозад. Ин ҳамчунин дастрасии маҳдуд ба захираҳои техникӣ, таҷҳизот ва маводи лозим барои татбиқи босамари лоиҳаҳои экологӣ, ҳатто дар марҳилаҳои аввали фаъолияти онҳо мебошад.

Ин норасоии захираҳо на танҳо суръати татбиқи лоиҳаро заиф мекунад, балки барои ҷавононе, ки мехоҳанд дар талошҳои экологӣ фаъолона иштирок кунанд, фазои нобаробарро фароҳам меорад. Муҳим аст, ки ин мушкилотро эътироф кунем ва ба ҷавонони пешсаф захираҳои нисбатан дастрасро таъмин кунем, хоҳиши онҳоро барои иштирок дар ҳифзи муҳити зист ташвиқ ва дастгирӣ кунем.

Кофӣ набудани маълумот ва таълим

Бахши ҳифзи муҳити зист барои ҷавонон як мавзӯи маъмулӣ ва ҷолиб нест ва онҳо чандон майл надоранд, ки ба мавзӯи муҳити зист ҳирфаӣ машғул шаванд. Ҷавонон дар бораи мушкилоти феълии экологӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо фаҳмиши кофӣ надоранд. Аксар вақт мушкилиҳои экологӣ дар мактабҳо ба қадри кофӣ омӯхта намешаванд, имконияти гирифтани маълумоти олии махсус аз рӯйи мавзӯъҳои сиёсати экологӣ ва иқлимшиносӣ маҳдуд аст. Аз ин рӯ барои бисёре аз ҷавонон мушкилоти экологӣ як мавзӯи дастнорасу начандон муҳим ба назар мерасад.

Кофӣ набудани ҳамкорӣ миёни экологҳои ҷавон

Бештари вақт, ҷунбишҳои мавҷудаи экологҳои ҷавон ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ маҷбур мешаванд, ки барои имкониятҳо ва маблағгузорӣ барои иштирок дар мавзӯъҳои марбут ба иқлим бо ҳам рақобат кунанд. Аз ҷумла, ҷавонон барои саҳми назаррас дар сиёсати иқлимии кишварҳо ҳамкорӣ ва ҳадафи мушаххас надоранд. Инчунин барои муаррифии бештару муассир дар арсаҳои байналмилалӣ ҳамкории минтақавӣ намерасад.

“Сингаройӣ” ва стереотипҳо

Аз ҷумла, мутахассисони ҷавон аксар вақт бо падидаи маъруф ба  “эйҷизм” ё “сингаройӣ” рӯбарӯ мешаванд, ки аз муносибатҳои ғаразноки вобаста ба синну сол иборат аст. “Сингаройӣ” дар шакли стереотипҳо ва баъзан табъиз зоҳир мешавад, вақте мутахассисони ҷавон бо эътиқодҳои куҳнае рӯбарӯ мешаванд, мисли ин ки синну сол метавонад нишондиҳандаи набудани таҷриба ё салоҳияти касбӣ бошад.

Бояд эътироф кард, ки мутахассисони ҷавон дар бахши тағйирёбии иқлим метавонанд дурнамои тоза, равишҳои инноватсионӣ ва нерӯи заруриро барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ба таври муассир пешниҳод кунанд. Маҳдуд кардани иштироки онҳо бо сабаби синну сол, маънои аз даст додани имкониятҳои арзишманд барои таҳияи қарорҳои устуворро дорад.

Стереотипҳои марбут ба мутахассисони ҷавон тахминҳоро дар бораи набудани таҷриба, ахлоқи бади корӣ ва қобилияти роҳбарӣ надоштан дар бар мегиранд. Ин қолабҳо барои дарёфти ҷойи кор, пешрафт дар мансаб ва барқарор кардани муносибатҳои баробар дар муҳити кор мушкил  эҷод мекунанд.

Аммо вақте сухан дар бораи адолати зистмуҳитӣ меравад, “сингаройӣ” ҷанбаи амиқтар мегирад. Дастрасии маҳдуди ҷавонони фаъол вобаста ба масоили марбут ба иқлим, вобаста ба сину соли онҳо эътироф ва дастгирӣ накарданашон ва эҳтимоли аз даст додани фаъолони умедбахш дар ин соҳа метавонад сабаби мушкилот гардад.

Тавсияҳо:

Мақомоти давлатӣ, ки масъули сиёсати марбут ба иқлим ҳастанд, бояд иштироки мутахассисони ҷавонро дар раванди таҳияи сиёсати иқлим ва муттаҳидсозии нақши ҷавонон дар масъалаҳои иқлим дар сатҳи қонунгузорӣ таъмин намоянд. Иштироки ҷавонон дар масъалаҳои марбут ба иқлим бояд дар Саҳми дар сатҳи милли муйяншудаи Қазоқистон ва Тоҷикистон муфассал шарҳ дода шавад, масалан тавре ки дар Зимбабве, Кения, Ветнам ва Нигерия таҷриба шудааст.

 

Масалан, аз соли 2018 дар доираи Созишномаи Париж дар кишварҳои Аврупо ва берун аз марзҳои он (Канада, Чили, Бразилия, Гана ва Коста-Рика) шӯроҳои миллии ҷавонон оид ба иқлим фаъолият мекунанд. Ҳар кадоми онҳо тавассути Вазорати муҳити зисти худ вазифадор шудаанд, оид ба стратегияҳои миллии марбут ба муҳити зист машваратҳои мустақил пешниҳод кунанд. Бар пояи арзёбии СММ, дар Перу саҳми ҷавонон барои таҳкими Саҳми дар сатҳи милли муайяншуда баробар бо ҷонибҳои дигари манфиатдор будааст.

Сиёсати марбут ба муҳити зист бояд ба консепсияи адолат ё баробарӣ миёни наслҳо асос ёбад. Дар маркази баробарии наслҳо ин фаҳмиш бояд қарор бигирад, ки ҷавонон ҳамчун гуруҳи мавриди ҳадаф, яъне онҳое ҳастанд, ки аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар дарозмуддат таъсири манфӣ хоҳанд дошт. Инчунин бояд эътироф шавад, ки ҷавонон дар равандҳои кунунии сиёсатгузорӣ ва тасмимгирӣ, ки ояндаи онҳоро муайян мекунанд, ҳаққи райъ надоранд. Роҳандозии муколамаи байнинаслҳо миёни мутахассисони муҳити зист барои табодули дониш, таҷриба ва механизмҳои корӣ зарур мебошад.

Тавсияҳои дигар аз густариши барномаҳои таълимии марбут ба муҳити зист ва устуворӣ дар мактабҳову донишгоҳҳо, гузаронидани маъракаҳои иттилоотӣ барои баланд бардоштани огоҳӣ аз аҳамияти тағйирёбии иқлим, бахусус бо забонҳои миллӣ иборатанд. Барои самаранок ҷалб намудани ҷавонон ба масъалаҳои экологӣ на танҳо баланд бардоштани сатҳи огоҳии онҳо, балки пешниҳоди иттилооти зарурӣ, таълими дуруст ва фароҳам овардани имкониятҳо низ муҳим аст. Муҳим аст, ки тағйирёбии иқлим на танҳо аз ҷиҳати фаҳмиши равандҳои геофизикӣ, балки ҷанбаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва технологӣ ба системаҳои маориф ворид карда шавад. Аз ҷумла, дар минтақа таҳсилоти олии экологиро дар самтҳои сиёсати муҳити зист, иқлимшиносӣ, менеҷменти муҳити зист, иқтисоди сабз ва монанди инҳо вусъат додан зарур аст.

Созмонҳои байналмилалӣ ва давлат бояд дар баробари баргузории шанбегӣ, маъракаҳои ҷамъоварии партовҳо, дарахтшинонӣ ва барномаҳои кӯтоҳмуддати маърифатии экологӣ, ташаббус ва барномаҳои молиявии бештар, ки махсус барои лоиҳаҳои экологии ҷавонон нигаронида шудаанд, роҳандозӣ кунанд.

Аз ҷумла, тавсия дода мешавад, ки платформаҳои доимии миллӣ ва минтақавӣ таъсис дода шаванд, ки дар он ҷавонон масоили муҳити зист ва имкониятҳои истифода кардани зарфияти худро муҳокима карда тавонанд.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: