Авоили моҳи апрел сокинони бархе манотиқи Тоҷикистон бар асари боришоти шадид ва фаромадани ярч осеб диданд. Дар пайи офатҳои табиӣ як кӯдак ҷон бохта, чанд нафар бесарпаноҳ монд ва ҳоло маҷбуранд, ки шабро дар кӯча рӯз кунанд.
Садҳо хона, бино ва муассисаҳои хидмати маишӣ, роҳҳову хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва боғу киштзорҳо хароб гардида, одамон чорвои худро талаф доданд. Дар вилояти Хатлон як кӯдак ба ҳалокат расид.
Рӯзи 4 апрел бар асари сел беш аз 100 манзили сокинони деҳаи Пахтакори ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон тахриб шуд ва заминҳои кишт зери об монд.
Бештари сокинони аз офати табиӣ осебдида мегӯянд, сел нимаи шаби 3 ба 4 апрел оғоз шудааст. Вақте об ба ҳавлии истиқоматиашон ворид гардид, ҳатто фурсати ҷамъ кардани ҷойхобашонро пайдо накарданд.
Сокини деҳаи Пахтакор Сироҷиддин Гурезов яке аз онҳоест, ки бесарпаноҳ мондааст. Ба гуфтаи ӯ, бо гузашти як ҳафта сокинони осебдида ҳанӯз ба худ наомадаанд. Бархеҳо ба хонаи хешу табор ва ёру дӯстон кӯчиданд, ӯ бошад, шабро дар масҷид рӯз мекунад.
“Хушбахтона, сокинони деҳа дар канор намеистанд. Ҳар рӯз аз деҳаҳои гирду атроф ҷавонон омада, ба мо кӯмак мекунанд, то хонаҳоро аз обу лой тоза кунем”,- мегӯяд Сироҷиддин.
Имрӯзҳо дар ин мавзеъ хонаҳо ва роҳҳо бо ёрии булдозеру экскваторҳо тоза карда мешаванд.
Раҳматулло Ҷалолов, сокини дигари ин маҳалла мегӯяд, дар шаҳраки Пахтакор беш аз 400 ҳавлӣ мавҷуд аст, ки бештари онҳо зери об мондаанд. Кормандони масъули ноҳия ба назди онҳо омада, тамоми сокинони осебдидаро сабти ном кардаанд.
“Дар масҷиди деҳа ҳамарӯза ғизо таҳия мекунанд, зеро бештари мардони хонаводаҳои осебдида ҳоло онҷо шабро рӯз мекунанд”,- мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи Раҳматулло Ҷалолов, сел қаблан низ ба сокинони деҳа хисорот ворид карда буд. Масалан, соли 2018 чанд хона хароб гардид. Он замон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ барои сокинони осебдида хонаҳои истиқоматӣ сохта буданд. Аммо ҳоло мардум намедонанд, ки мақомоти ноҳия ба онҳо кумак мекунанд ё не.
Сироҷиддин Гурезов мегӯяд, онҳо феълан ба ғизо сахт ниёз доранд. Сел тамоми захираҳои озуқаворӣ ва асбобу анҷоми рӯзгорро нобуд кардааст.
“Хонаҳои мо ба ҷуз девор чизе надоранд. Ҳама чизро аз нав барқарор кардан лозим меояд”,- меафзояд ҳамсуҳбати мо.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, пас аз боронҳои шадид дар чанд ноҳияи вилояти Суғд омадани сел ба қайд гирифта шудааст. Талафоти ҷонӣ сабт нашудааст, вале роҳҳо, нақлиёти сокинон ва зардолузорҳо зарар дидаанд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони CABAR.asia, бар асари боришоти борон сокинони маҳаллаҳои 3, 14, 15-и шаҳри Хуҷанд ва ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бештар осеб дидаанд.
Масалан, дар маҳаллаи 3-юми шаҳри Хуҷанд бар асари обхезӣ роҳҳо, таҳхонаҳо ва ҳатто баъзе хонаҳоро гилу лой зер кардааст. Инчунин чанд ҳайвони хонагӣ ҳам талаф ёфтааст.
Рӯзи 2 апрел сел ба ҳавлӣ ва хонаи Умринисо Усмонова, сокини маҳаллаи 3-юми шаҳри Хуҷанд ворид шуд. Он замон вай ҳамроҳи се фарзандаш дар хона қарор дошт ва онҳо маҷбур шуданд, ки болои девори ҳавлӣ баромада, худро наҷот бидиҳанд.
Тамоми амвол, аз ҷумла таҷҳизоти рӯзгор ва асбобу анҷоми маишии онҳо комилан нобуд шудааст.
Аксари сокинони осебдидаи ин маҳаллаҳо аз он нигаронанд, ки мақомоти маҳаллӣ ба онҳо кумак намекунанд ва умедворанд, ҳадди ақал як қисми хисороти расида ба онҳо ҷуброн мешавад.
Мақомоти Суғд ҳанӯз маблағи умумии хисороти аз заминларзаи 2 апрел расидаро расман эълон накардаанд. Чунин ба назар мерасад, ки шумораи хонаҳои тахрибшуда аз маълумоте, ки дар иттилоияи расмии мақомот оварда шудааст, бештар аст. Аксари осебдидаҳо мунтазири ёрии мақомот ҳастанд.
Абдулҳамид Қаюмов, мудири Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳо”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ягона роҳи коҳиши хисороти офатҳои табииро роҳандозии пажуҳишҳои нави илмӣ медонад.
“Ҳалли мушкилотро пеш аз ба амал омадани он пайдо кардан лозим аст”, – мегӯяд Қаюмов.
Ба гуфтаи ӯ, дар замони Шӯравӣ хадамоти ҷилавгирӣ аз обхезӣ вуҷуд дошт, ки тамоми маълумотро дар бораи офатҳои табиӣ ҷамъоварӣ ва таҳлил мекард.
“Муассисаҳои дахлдорро зарур аст маҳалҳоеро, ки аз обхезӣ бештар зарар мебинанд, муайян намуда, аз қабл корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тоза кардани заҳбуру каналҳо ва мустаҳкам намудани роҳҳои селгузарро анҷом бидиҳанд”,- мегӯяд Қаюмов.
Омадани сел баъзан ба сокинон ба маблағи миллионҳо сомонӣ хисорот мерасонад.
“Агар маҳалли ин обхезиҳо барвақт ошкор шуда, ҷараёни онҳо ба ҳолати муқаррарӣ баргардонда шаванд, шояд барои барқарорсозии хисороти аз обхезиҳо расида, чунин маблағи ҳангуфт сарф нашавад”, – таъкид мекунад Қаюмов.