© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Камбуди ҳавзҳои шиноварӣ боиси марги даҳҳо нафар дар Хатлон

Ҳамасола бо расидани гармии ҳавои тобистон дар ҷануби Тоҷикистон даҳҳо нафар ғарқ мешаванд. Мақомот як сабаби ғарқшавиро дар набуди ҳавзҳои шиноварӣ ва гармии ҳаво медонад. Коршиносон мегӯянд, ки мақомот барои ҳалли ин мушкилот коре намекунанд.


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


Хайриддин Холов, сокини 46 – солаи ҷамоати деҳоти “Заргар”-и ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон дар суҳбат ба Cabar. asia гуфт, ки 8 майи соли ҷорӣ писари 17-солааш ҳангоми оббозӣ кардан дар дарёи Вахш ғарқ шудааст. Баъди ба вуҷуд омадани воқеа бештари мардуми деҳа ҷамъ шуда ва ба мақомот хабар доданд.

Худи ҳамон рӯз кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҷасади ғарқшударо аз об берун бароварданд. Ба гуфти Хайриддин Холов дар деҳаи онҳо ҳавзи шиноварӣ нест, ки кӯдакон оббозӣ кунанд. Ҳодисае, ки дар хонаводаи ӯ рух дод сахт андӯҳгин шуданд ва ҳеҷгоҳ фаромғш намекунанд.

Кӯдакон маҷбур ҳастанд, ки дар каналу ҷӯйборҳо оббозӣ кунанд. Акс аз CABAR.asia

– Ҳаво хеле гарм аст, кӯдакон тоқати гармиро надоранд. Маҷбур ҳастанд, ки дар каналу ҷӯйборҳо рафта оббозӣ кунанд. Агар мақомот барои сохтани ҳавзи шиноварӣ замин ҷудо кунад ман омода ҳастам, ки як ҳавзи шиноварӣ бисозам, – мегӯяд Хайриддин Холов.

Аз ҷамоати “Заргар”-и ноҳияи Кушониён хабар доданд, ки аз ин ҷамоат дар се соли охир ду ҳолати ғарқшавӣ низ ба қайд гирифта шудааст.

Шарофиддин Холов, ки дар дарёи Вахш ғарқ шудааст. Акс аз CABAR.asia

Гармтарин минтақаи Тоҷикистон вилояти Хатлон 120 километри Душанбе аст, ки ҳарорати гармиаш ба беш аз 40 дараҷа расидааст. Сокинони навоҳӣ низ дар мавсими гармӣ маҷбур ҳастанд, ки барои оббозӣ кардан ба кӯлу дарёҳо бираванд. Зеро дар зодгоҳашон мушкили набуди ҳавзҳои шиноварӣ вуҷуд дорад.

Зафар Раҳимов, сокини ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон чаҳор соли пеш дар сини 19 солагӣ ҳангоми оббозӣ кардан ғарқ шудааст. Падараш Боймаҳмад Раҳимов мегӯяд ғаму дарди фарзандаш фаромуш нашуда буд, ки писари дуюмаш Шаҳбози 20- сола рӯзи 21- уми  май соли 2019 ғарқ мешавад. Ҳудуди як моҳ мешавад, ки тамоми хешу табор ва кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ кофтуков доранд, вале ҷасадро пайдо накардаанд. Ин мард ва ҳамсари ӯ канори обе, ки писараш ғарқ шудааст, мешинанду гиря мекунанд.

 – Таҳаммул кардани дарди фарзанд хеле мушкил аст, модараш бо шунидани номи фарзандонаш аз ҳуш меравад.  Мутаасифона то ҳол ҷасади Шаҳбозҷонро пайдо накардаем, – гуфт падари Шаҳбоз ва Зафар.

Канале, ки Шаҳбози 20 сола дар он ғарқ шудааст. Акс аз CABAR.asia

Ба гуфти мақомот кӯдакон тоқати гармиро надоранд ва ба ҳамин хотир ба ҳавзҳое, ки хатарнок ҳастанд ба оббозӣ мераванд. Ҳамасола дар бештари шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҳолатҳои нохуши ғарқшавӣ рух медиҳанд, баровардани ҷасадҳои онҳо ва расонидан ба наздиконашон мушкили сангин ва ташвишовар гуфта мешавад.

Файзулло Ҳусейнов, афсари калони шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон дар шаҳри Норак мегӯяд, ҳамасола ҳолатҳои ғарқшавӣ дар ин шаҳр мушоҳида мешавад. Дарёи Вахш, ки аз инҷо мегузарад, дар соҳили он ҷойҳои истироҳатӣ сохта шудаанд ва мардуми дигар шаҳру навоҳӣ низ барои истироҳат ба инҷо меоянд.

Наздики як моҳ аст, ки ҷавони 28- сола соҳиби се фарзанд ҳангоми рондани моторсикли оббӣ ғарқ шудааст. Кормандони Ситод ва ҳолатҳои фавқулода бо тамоми лавозимоти зарурӣ кофтуковро оғоз мекунанд, вале ҷасади ҷавонро то ҳол пайдо накардаанд. Соли гузашта беш аз 5 ҳолат, имсол бошад ду ҳолати ғарқшавӣ низ ба қайд гирифта шудааст.

–  Ҷойе, ки ҷавон онҷо ғарқ шудааст “Карер” ном мебаранд. 50 метр чуқурӣ дорад. Аслан ҷавонон шиновар нестанд, ки худро дар об идора карда тавонанд. Суҳбату вохӯриҳо дар мавриди ҷойҳои хавфнок гузаронида мешавад, ки дар чунин ҷойҳо обозӣ кардан мумкин нест. Азбаски ҳаво гарм аст, баъзан маҷбур мешаванд, ки дар ҳамон дарёҳо оббозӣ кунанд, ироа кард Файзулло Ҳусейнов.

Муродҷон Муҳиддинов, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон омилҳои ғарқшавиро дар беназоратии волидайн ва набуди ҳавзҳои шиноварӣ медонад. Ҳолатҳои ғарқшавӣ бештар дар ноҳияҳои Кушониёну Вахш ва худи маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар дида мешавад, зеро кӯлу дарёҳо дар ин ноҳияҳо зиёд аст. Дарёи Вахш, ки калонтарин дарё дар Хатлон аст, аз ноҳияҳои мазкур убур мекунад.

Муродҷон Муҳиддинов дар суҳбат ба Cabar.asia гуфт, ки барои коҳиш ёфтани ҳолатҳои ғарқшавӣ миёни ҷавонону наврасон ва худи волидайни онҳо дар муассисаҳои таълимию донишгоҳо ва масҷидҳо низ суҳбату вохӯриҳо гузаронидаанд. Ҳарчанд, ки талошҳои зиёдро анҷом медиҳанд, вале набуди ҳавзҳои шиноварӣ боиси марги ҷавонону ноболиғон мегардад.

Бояд дар ноҳияҳо ҳавзҳои шиноварӣ бошад, ки кӯдакон ё ҷавонон дар онҷо обозӣ кунанд. Мақомот ё худи соҳибкорон низ дар ҳалли ин мушкилот бетараф набошанд, – гуфт Муродҷон Муҳиддинов.

Масъулони Кумитаи Ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ мегӯянд, ки сокинонро аз ҷойҳои хавфнок, ки барои оббозӣ кардан манъ шудааст огоҳ мекунанд. Вале Комрон Ҳафизов як сокини шаҳри Бохтар ба Cabar. asia нақл кард, ки ягон шиору овезаҳои манъи оббозӣ дар ҷойҳои хавфнок насб нашудааст, ки кӯдакон бубинанд.

Бояд гуфт, ки аҳолии Хатлон беш аз 3-миллионро ташкил медиҳад. Алишер Гулов, корманди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон гуфт, ки дар ҷануби Тоҷикистон 23 ҳавзи шиноварӣ мавҷуд аст, ки ин барои як вилояти калонтарини кишвар, ки 25 шаҳру ноҳия дорад, басанда нест. 14 ҳавзи шиноварии дигар низ дар моҳои наздик ба истифода дода мешавад, аммо ин шумора ҳам низ кам аст.

Рустами Сафар. Акс аз CABAR.asia

Рустами Сафар, коршинос дар вилояти Хатлон чанд омили муҳими ғарқшавии кӯдакону ҷавононро ба Cabar. asia зикр кард. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки волидайн метавонанд фарзандонашонро зери назорати қатъӣ бигиранд ва нагузоранд, ки дар ҳавои гарм берун аз хона шаванд. Набуди ҳавзҳои шиноварӣ далели аз даст додани ҷони чандин фарзандони сокинон низ мегардад.

– Рафтори хунукназаронаи раисони шаҳру ноҳияҳо аст, ки оиди проблемаи ҷойдошта таваҷҷуҳ намекунанд. Ҳамаи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо имкони сохтани ҳавзҳои шиновариро доранд ва бояд онҳо талош кунанд, ки чунин шароитро муҳайё созанд ва ҳолати ғарқшавӣ дар фасли гармо коҳиш ёбад. Мушкили дигар гарон будани нархи ҳавзҳои шиноварӣ аст, ки мардум ба кӯлу дарёҳо ба оббозӣ мераванд, – илова кард Рустами Сафар.

Дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар арзиши оббозӣ дар ҳавзҳои шиноварӣ аз рӯи соат муайян шудааст. То 10 дақиқа як сомонӣ аст ва як барои як соаташ бошад 10 сомониро ташкил медиҳад. Дар шаҳри Леваканд, ки “Аквапарк” –и хуб бо сифати баланд сохта шудааст, то синни 6- сола 10 ва аз ин боло 20- сомонӣ мебошад.

Тибқи маълумоти омории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ду соли охир беш аз 22 ҳолати ғарқшавӣ ба қайд гирифта шудааст.


Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, навишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report

The following text will be sent to our editors: