© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон: вақте занон қурбонии адолат мешаванд… 

Муқовимат бо хушунати шавҳар ва пайвандони ӯ амри ғайримуқаррарие барои келинҳои тоҷик дониста мешавад. Аммо вақте ин ҳолат бо хушунатгарон рӯй медиҳад, қонун ба хидматаш мешитобад.


Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!


Ойниҳол Бобоназарова. Акс аз CABAR.asia
Ойниҳол Бобоназарова. Акс аз CABAR.asia

Як хонуми 27-сола аз вилояти Суғд, ки дар куштори шавҳараш муҷрим шинохта шуд, ҳоло муҳлати 8-солаи зиндонро пушти сар мекунад. Муҳаббат пас аз он ки ҳамсараш дигарбора ӯро зери мушту лагад гирифт, аз хашму ғазаб бо корд ба вай дарафтод. Додрас ба гуноҳи худ иқрор шудани зан ва инро ки пайваста дар оила зери хушунат қарор дошт, ба инобат нагирифт.

Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, кам иттифоқ меафтад, ки додгоҳҳои Тоҷикистон ҳангоми баровардани ҳукм ин ҳолатҳоро ба инобат бигиранд. Аммо ҳолатҳои ғайримуқаррарии дигаре ҳам ҳастанд.

“Хеле кам мешавад, ки занҳо ба куштори одамони гунаҳкор иқдом кунанд, баръакс бештари вақт роҳи халосии худро дар худкушӣ мебинанд, – таъкид мекунад ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова. – Баъзан ҳолатҳое ҳаст, ки зан талош мекунад бо тарк кардани нафаре, ки сабабгори азияту озораш мешавад, худро ҳифз кунад”.

Лариса Александрова. Акс аз osce.org
Лариса Александрова. Акс аз osce.org

Вакили дифоъ Лариса Александрова мегӯяд, дар Тоҷикистон ҳанӯз пажуҳише анҷом нашудааст, ки маълум намояд, занон барои чӣ даст ба ҷиноят мезананд. Аммо ба андешаи ӯ, занони тоҷикистонӣ аз ночорӣ ва ҳамчунон бо далели аз сӯи шавҳар ва наздикони вай мавриди хушунат қарор гирифтан, ҷиноят мекунанд.

“Тадқиқоти соли 2016 анҷомшуда дар Қирғизистон нишон дод, ки бештари занҳо дар пайи куштори ҳамсари худ ба маҳбас меафтанд. Онҳо солҳо қурбони хушунат аз ҷониби шавҳарашон будаанд. Дар Тоҷикистон чунин як тадқиқот, ки сабабҳои ба куштор даст задани занон, ҳуҷум ба мардон ё пайвандони онҳоро маълум намояд, ҳанӯз анҷом нашудааст”,- гуфт вай.

Занҳоро хушунати хонаводаӣ ба ҷиноят тела медиҳад?

Соли 2015 сокини 24-солаи шаҳри Ваҳдат худро бо кӯдаки навзодаш, ки ҳанӯз 40-рӯза набуд, ба дарё андохт. Роҳгузарон занро наҷот доданд, аммо тифл ба ҳалокат расид. Ин зан дар куштори барқасдонаи фарзандаш гунаҳкор дониста шуд. Ҳангоми бозпурсӣ изҳор дошт, ки ин корро дар пайи латту куби ҳаррӯзаи шавҳараш анҷом дод. Бо ҳукми додгоҳ занро 7 сол аз озодӣ маҳрум сохтанд, аммо нисбат ба шавҳари ӯ ҳеч чорае андешида нашуд.

Коршиносон ҳадс мезананд, ки дар Тоҷикистон бештари занҳо мавриди хушунати хонаводаӣ қарор мегиранд. Аммо аз тарси бекор нашудани ақди никоҳ бадрафторӣ ва хушунатро тоқат мекунанд.

Ба гуфтаи Лариса Александрова, бештари занҳои тоҷик аз ҳуқуқҳои худ ҳимоя карда наметавонанд ва ҳатто дар бораи онҳо чизе намедонанд. 

Акс аз dw.com
Акс аз dw.com

“Дар чунин вазъият зан бояд аризаи шикоятӣ бинависад ва аз ташхиси тиббӣ бигзарад. Аммо занҳои мо дар чунин ҳолатҳо худро ҳимоя карда наметавонанд, дар мавриди бисёр чизҳои зарурӣ маълумот надоранд. Аз ин хотир ба кӯмаки қонун, ба ёрии вакили дифоъ ниёз доранд. Аммо кишвари мо барои чунин ҳолатҳо адвокатҳои ройгон пешниҳод намекунад”,-афзуд ӯ. 

Бар асоси гузориши Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) ҳамарӯза дар тамоми ҷаҳон 137 зан аз дасти наздикону пайвандони худ мефавтанд. Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки дар бештари ҳолат ин занон дар манзили худ кушта мешаванд.    

Бештар аз нисфи 87 ҳазор зани кушташуда дар соли 2017 қурбони одамони аз ҳама наздики худ шудаанд. Аз ин миён наздики 30 ҳазор нафар аз дасти шавҳар ё марди ҳамзисти худ ва 20 ҳазори дигар аз сӯи пайвандонашон қатл шудаанд. Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, теъдоди занҳое, ки дар пайи хунушати хонаводаӣ кушта шудаанд, дар қиёс ба соли 2012 зиёдтар аст.

Кумитаи кор бо занҳо чӣ роҳҳалҳое дорад?

Мутахассиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Мадина Тошева мегӯяд, ин мушкил дар тамоми ҷаҳон вуҷуд дорад ва комилан решакан кардани он ба танҳоӣ имконнопазир аст. Ба андешаи ӯ, на танҳо кумита, балки тамоми мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд саҳми худро дар ҳалли ин мушкил гузоранд, то бо гузашти вақт аз он ҷилавгирӣ шавад.

“Танҳо мақомоти давлатӣ наметавонанд омили нохушоянди хушунат дар оиларо пешгирӣ кунанд. Барои ин зарур аст мақомоти давлатӣ ҳамроҳ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ кор кунанд. Бо гузашти замон ин мушкил ҳал мешавад”,-андеша дорад Тошева.

Бино ба иттилои маркази захиравӣ оид ба баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила, давоми 12 моҳи соли 2019 ҳар зан ба ду ё се навъи хушунат дучор шудааст. Зӯроварии ҷисмӣ – 369, иқтисодӣ – 848, равонӣ – 1084, ҷинсӣ – 16.  

Ба гуфтаи ин манбаъ, теъдоди модарарӯс ва шахсони сеюме, ки дар нисбати келин ва домоди худ аз хушунат кор гирифтаанд, давоми 12 моҳи имсол ба 252 нафар мерасад. Миёни гунаҳкорон 165 зан ва 87 мард будаанд.  

Ба омори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон, дар нимаи аввали соли 2019 дар кишвар аз ҷониби занҳо 1200 ҷиноят анҷом шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 — 300 ҷиноят бештар мебошад.

Бар пояи ин омор, бештари занон бо иттиҳоми дуздӣ, қаллобӣ ва куштор маҳкум мешаванд.

Кумита хабар медиҳад, ки дар ҳоли ҳозир дар ягона маҳбаси занонаи шаҳри Норак наздики 300 нафар нигаҳдорӣ мешавад. 158 зан аз Тоҷикистон дар зиндонҳои кишварҳои дигар, монанди Русия, Туркия ва Чин бо иттиҳомҳои гуногун, мисли гардиши маводи мухаддир ва куштор қарор доранд.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи “Giving Voice, Driving Change – from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report

The following text will be sent to our editors: