Без рубрики

CABAR.asia 24.01.19

Бештари тоҷиконе, ки дини худро иваз кардаанд, аз тарси мавриди муҳокимаи атрофиён қарор нагирифтан, эътиқодоти динии худро пинҳон мекунанд.    


Ба канали мо дар  Telegram  ҳамроҳ шавед! 


Намояндагони маркази миссионерии масеҳии “Greace Somin”, ки тоҷикони этникӣ ҳастанд, мегӯянд, пас аз он ки аз ислом ба масеҳият гузаштанд, дар хонаводаҳояшон бо мушкил рӯбарӯ шуданд. Аз ин рӯ пайрави дини масеҳӣ будани худро аз атрофиён пинҳон мекунанд.
Умед (ном иваз шудааст) яке аз чунин нафарон аст. Ӯ мегӯяд, баъди он ба масеҳият пайваст, ки модараш пас аз дуои тағои масеҳияш шифо ёфт:
-Вақте дар синфи 8 мехондам, тағоямро барои он ки дини исломро ба масеҳият иваз кард, ҳамеша “кофир” мегуфтам. Вақте модарам бемор шуд, табибони зиёде дар муолиҷааш бечора шуданд. Ӯ қариб ба ҳалокат расид. Аммо вақте тағоям барои ӯ дуо кард, шифо ёфт. Ин мисли муъҷиза буд. Баъди ин, динамро тағйир додам. Аммо мавриди муҳокимаи атрофиён қарор гирифтам, аз ин рӯ талош мекунам ифшо накунам, ки масеҳӣ ҳастам.

Одатан мо дар бораи дини ман суҳбат намекунем, ба ҳамсояҳо низ умуман дар ин мавзӯъ гап намезанам. 
Дар аввал ҳатто волидонам инро қабул надоштанд. Аммо вақте мушоҳида карданд, ки дар рафтору кирдор умуман тағйир наёфта, баръакс беҳтар шудаам, маро он гуна ки ҳастам, пазируфтанд. 
Вале баъзан бо ҳамсарам дар ин маврид мушкил пеш меояд. Ӯ маро дарк намекунад. Одатан мо дар бораи дини ман суҳбат намекунем, ба ҳамсояҳо низ умуман дар ин мавзӯъ гап намезанам. Беҳтар аст, онҳо инро надонанд. Ба ҳама намешавад, фаҳмонд, зеро фанатҳо зиёданд.

Пресвитериан ва Пентикосталҳо
Пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ миссионерҳои зиёде ба Тоҷикистон омаданд. Он замон дар кишвар як қатор ҳаракатҳои протестантӣ, монанди ибодатгоҳи пентикосталҳо (пятидесятникҳо) “Ҳарфи зиндагӣ”, Калисои расулии ҷадид ва ғайра фаъол шуд.
Соли 1992 дар кишвар Калисои кореягии пресвитериании “Сонмин” ба фаъолият оғоз намуд, ки баъдан ба “Greace Somin” табдили ном кард.
Пресвитерианизм – як фирқаи протестантизм дар масеҳият мебошад. Он аз рӯи сохтори ташкилии калисоӣ, ки дар марказаш интихобӣ будани кашиш ва коҳин меистад, фарқ мекунад.

Бо гузашти панҷ сол дар Тоҷикистон калисои пентикосталии Кореяи ҷанубӣ – “Сонмин Сунбогим” ба таври фаъол ба кор оғоз кард. Он расман сабти ном ва хеле маъруф шуда буд. Он замон теъдоди пайравонаш ҳудуди 2,5 ҳазор нафар гуфта мешуд.
Пентикосталҳо – масеҳиёни евангелӣ, пайравони ҷамъияти ҷаҳонии пентикосталӣ мебошанд, ки дар ҳоли ҳозир яке аз равияҳои пурнуфузи протестантизм ба шумор меравад. Онҳо ба Таъмиди Руҳи Муқаддас таваҷҷуҳи бештар равона мекунанд.
Таълими пентикосталҳо аз даъват ба зиндагии намунавӣ, монанди даст кашидан аз шароб, тамоку, маводи мухаддир, бозиҳои саргармкунанда, суханҳои қабеҳ, ҳамчунин даъват ба меҳнатдӯстӣ, боэҳтиёт будан дар масоили оила ва никоҳ иборат аст. Бархе аз пайравони муҳофизакори ин равия дар ҳеч шароите ба даст силоҳ намегиранд.
“Сонмин Сунбогим” дар тамоми ҳудуди кишвар  фаъолияти васеъ ба роҳ монд: ба хонаводаҳои камбизоат кӯмакҳои тиббӣ ва моддӣ расонда, давраҳои таълимии забони инглисӣ, саводнокии компютерӣ  ва омӯзиши таэквондо созмон дод. Дар Хуҷанд миссионерҳои Кореаи Ҷанубӣ беморхона, марказҳои саломатӣ, муассисаҳои таълимӣ бунёд карданд. Бештари чорабиниҳои калисо аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ мавриди дастгирӣ қарор мегирифт.
Аммо баъдтар адами таҳаммули диннӣ ва сиёсати назорат бар созмонҳои мазҳабӣ ба он оварда расонд, ки калисои мазкур давоми солҳои баъдӣ ба мушкилиҳое дар Тоҷикистон дучор шуд.
Якуми октябри соли 2000 дар бинои калисои протестантии “Сонмин Сунбогим” дар Душанбе ду бомб мунфаҷир шуд. Дар натиҷа 8 нафар ба ҳалокат расида, 48 каси дигар захм бардошт.
Барои ташкили ин амал соли 2001 ду донишҷӯи Донишгоҳи исломии Тоҷикистон равонаи зиндон шуданд. Дар ҷараёни тафтишот маҳкумшудаҳо изҳор доштанд, ки ҷиноятро бар пояи фаҳмишҳои  динӣ анҷом доданд, зеро ба гуфтаҳои онҳо, ин ибодатгоҳ мусалмонҳои зиёдеро ба сафи худ шомил кард.
Тобистони соли 2017 додгоҳи шаҳри Хуҷанд кашиши калисои “Сонмин Сунбогим” Баҳром Холматови 42-соларо бо иттиҳоми экстремизм се сол аз озодӣ маҳрум намуд.
“Ба онҳо ҳеч муносибате надорем
Ҳоло дар Тоҷикистон ду маркази “Сонмин” мавҷуд аст. Дар Хуҷанд калисои протестантии “Сонмин Сунбогим” қарор дорад. Дар Душанбе бошад, онро ба маркази масеҳии “Greace Sonmin” табдили ном карданд.
Пас аз таркишҳо дар оғози солҳои 2000-ум фаъолияти ахирӣ ба рукуд рафт. Маркази масеҳӣ дар ошёнаи аввали бинои маскунии чорқабата қарор дорад. Пайдо кардани он осон набуд, зеро ҳеч навиштае, ки маълум шавад инҷо ташкилоти масеҳӣ қарор дорад, нест. Бо ин ҳол,  марказ ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа ба камбизоатҳо хӯроки ройгон тақсим мекунад.
Кашиши калисои “Greace Sonmin”, ки ба мо танҳо номашро Марат гуфт, дар сӯҳбат ба CABAR.asia иброз дошт, онҳо хеч муносибате бо “Сонмин Сунбогим” надоранд:
Онҳо бо мусулмонҳо ба масҷид мераванд, вале ба тарзи масеҳиҳо дуо мекунанд.
– Тибқи қонуни иттиҳодияҳои динӣ роҳбар бояд шахрванди Тоҷикистон бошад, ман зодаи Тоҷикистон ва аз оилаи мусалмон ҳастам. Наметавонам теъдоди дақиқи пайравонамонро бигӯям, бисёриҳо аз ифшои динашон худдорӣ мекунанд.
Масеҳиҳое ҳастанд, ки дар хонаводаҳои мусалмон зиндагӣ мекунанд ва метарсанд дар бораи динашон ошкоро суҳбат кунанд. Онҳо ҳамроҳи мусалмонҳо ба масҷид мераванд, аммо бо шеваи масеҳӣ ибодат мекунанд. Аз тарси наздиконашон эътиқодоти динии худро пинҳон мекунанд.
Ҳар рӯз дар ин марказ наздики сесад нафар ибодат мекунад. Ҳатто аз дигар ноҳияҳо барои ибодат меоянд. Дуруст аст ки вақте пайравони нав меоянд, мо мепурсем, ки чӣ гуна, барои чӣ, шояд касе аз дӯстон онро даъват кардааст. Дуруст намешавад, агар одамони нав ба назди мо биёянд, вале мо ба онҳо таваҷҷуҳ накунем.
Барои мо син ва дини онҳое, ки ҳар рӯзи сешанбе ва ҷумъа барои ғизохурӣ инҷо меоянд, муҳим нест. Мо бо мусалмонҳо мушкиле надорем ва ҳамеша дуо мекунем, ки дар Тоҷикистон оромӣ бошад.


Ин мақола дар чорчӯби лоиҳаи IWPR “Субот дар Осиёи Миёна тавассути муколамаи озод” таҳия шудааст.

CABAR.asia 19.12.18

Дар баъзе аз манотиқи Тоҷикистон ҳанӯз ҳам суннатҳои қадимии номзадии  бармаҳал вуҷуд дорад. Духтаронро ҳанӯз дар синини 12-13-солагӣ, бе он ки домоди ояндаро дида бошанд, ба ӯ номзад мекунанд. Ва дар мавриди идомаи таҳсили духтарон дар мактаб ва донишгоҳ фақат номзад ё шавҳари ояндаашон метавонад тасмим бигирад. (more…)

CABAR.asia 18.12.18

Дар дафтари намояндагии IWPR дар Тоҷикистон конфронси минтақавии онлайнӣ дар мавзӯъи “Вазъияи дар Кӯҳистони Бадахшон: нигоҳ аз берун» баргузор шуд. Дар он коршиносони барҷастаи марокизи таҳлиливу таҳқиқии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳамроҳ бо рӯзноманигорону сиёсатшиносон вазъият дар Бадахшони Тоҷикистонро баррасӣ ва роҳҳалҳое барои рафъи мушкилот дар он минтақа пешниҳод карданд. (more…)

Имконияти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини нерӯи барқ ҳамасола бештар мешавад, аммо зарур аст, то масоили гидроэнергетикӣ дар ҳамкорӣ ва бо назардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳал карда шаванд, таъкид мекунанд коршиносон. (more…)

CABAR.asia 03.12.18

Таҳлилгарони ҷавон ва хабарнигорон аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон дар нишасти серӯза масоили марбут ба чолишҳо ва равандҳо дар кишварҳояшон дар соли 2019-ро баррасӣ карда, ҷаласаи минтақаӣ дар заминаи сифати таҳлил ва мавзӯи обу барқро баргузор намуданд. Ҳамчунин, ширкатдорони нишаст донишу маҳорати худро дар ростои инъикос ва пешниҳоди мавзӯҳои таҳлилӣ беҳбуд бахшиданд. (more…)

CABAR.asia 30.11.18

Шиканҷа, бадрафторию таҳқир ва марги сарбозон дар асари лату кӯб аз далоили аслии саркашии ҷавонон аз хидмати сарбозӣ мебошад.

(more…)

CABAR.asia 22.11.18

Ба таъкиди коршиносон Душанберо зарур аст, мушкили Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро ҳал кунад, на бо оқибатҳои он мубориза барад. (more…)

Ба таъкиди коршиносон Душанберо зарур аст, мушкили Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро ҳал кунад, на бо оқибатҳои он мубориза барад. (more…)

CABAR.asia 21.11.18

Садҳо маркази ғайрирасмии ибодат тайи солҳои ахир дар Тоҷикистон баста шудаанд. Мақомоти ин кишвар ба сиёсати бастани масоҷиди сабтнашуда идома дода ва мегӯянд ин иқдом барои муқобила бо ифротгароӣ анҷом мешавад. Аммо мунтақидон ин амалро навъе ҳамла ба озодиҳои мазҳабӣ унвон мекунанд. (more…)

Natalia Lee 30.10.18

Коршиносон мегӯянд, мақомоти минтақаро зарур аст, сиёсати шадиди аз озодӣ маҳрум сохтани одамонро барои амалҳои ноогоҳона дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҷдиди назар намоянд.
(more…)