Миёнаҳои моҳи феврал вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт, дар ҷумҳурӣ корҳои баргардонидани шаҳрвандон аз Сурия ва Ироқ шурӯъ шудааст. Солҳои охир ҳудуди ду ҳазор нафар ба ин ду кишвар рафта буданд. Аммо вазъ дар ҷумҳурӣ яксон нест: дар баъзе навоҳӣ теъдоди зиёде аз сокинон ба сафи гуруҳҳои экстремистӣ ҷалб шудаанд, аммо аз бархеи дигар ҳатто як нафар ҳам нарафтааст.
Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!
Шаҳри Исфара, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон аз 12 ҷамоат – Ворух, Кулқанд, Лаккон, Навгилем, Нефтобод, Нурафшон, Сурх, Хонаобод, Чилгазӣ, Чоркуҳ, Шаҳрак ва Шӯроб иборат аст. Бештари сокинони маҳаллии ин шаҳр одамони диндоранд.
Тирамоҳи соли гузашта Мансурҷон Умаров, муовини КДАМ Тоҷикистон зимни суханронӣ дар парлумон гуфт, солҳои охир 1899 тоҷикистонӣ барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ ба Ироқу Сурия рафтаанд. Аз ин шумора 111 нафар сокинони Исфара ҳастанд. Ба иттилои Суруриддин Зиёваддинзода, сардори дастгоҳи Ҳукумати шаҳри Исфара 70 дарсади онҳое ки ба сафи ҷангиёни ДОИШ (ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ, ки фаъолияташ дар ҳудуди Тоҷикистон манъ шудааст-муаллиф) пайвастаанд, сокинони ҷамоати Шаҳрак ва 30 дарсади дигар сокиноин ҷамоатҳои Навгилем ва Нефтобод мебошанд.Бархеҳо сабабҳои ин ҳолро дар нокофӣ будани донишҳои диннӣ ва дунявӣ мебинанд. Ба гуфтаи Нодира Авезова, яке аз раҳбарони ҷамоати Чоркуҳ, онҳое экстремист мешаванд, ки аз Ислом ва шариат огоҳ нестанд:
– Онҳо ҳатто китоб хондану намоз гузориданро наметавонанд, барои ҳамин зери таъсири одамони дигар қарор гирифтаанд. Аксари онҳо мегӯянд, аз надонистан ба ин амалҳо даст задаанд. Замонҳое буд, ки занҳо умуман ба кӯча намебаромаданд, танҳо мо – 4 ё5 зан ба кор мерафтем. Аммо ҳоло чунин ҳолатро мушоҳида кардан душвор аст. Онҳое ки экстремист шудаанд, ҳатто ба оддитарин саволҳо дар мавриди Ислом ҷавоб дода наметавонанд.Дар ҷамоати Чоркуҳ се масҷиди ҷомеъ ва 22 масҷиди панҷвақта амал мекунад. Ба иттилои имомхатиб Орифҷон Ҳабибуллоев, рӯзҳои намози ҷумъа онҷо ҳудуди 6 ҳазор нафар ҷамъ меоянд:
Муаззам Назирова, сарвари кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷамоати Сурх яке аз сабабҳои рӯ овардан ба экстремизмро дар фақру нодорӣ мебинад. Ба гуфтаи ӯ, бештари онҳое ки ба гуруҳҳои террористӣ пайвастаанд, бо умеди дарёфти пули ба онҳо ваъдашуда ба ин роҳ рафтаанд:
-Вақте инсон ба ин мушкил гирифтор аст, бовару эътиқодашро аз даст медиҳад, дигарон аз ин вазъи ӯ истифода мебаранд, пул медиҳанд ва бо роҳи фиреб ба худ ҷалб месозанд. Хушбахтона, ман бо боварии том гуфта метавонам, ки аз ҷамоати Сурх ҳеч кас ба ҷангҳои Ироқу Сурия нарафтааст. Аммо бо ин ҳол мо пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои экстремистиро анҷом медиҳем.Ин матлаб дар чорчуби лоиҳаи IWPR “Субот дар Осиёи Марказӣ тавассути муколамаи озод” таҳия шудааст.