Без рубрики

CABAR.asia 23.04.19

Дар Тоҷикистон солҳост, ки ислоҳоти кишоварзӣ идома дорад – ҷойи колхозу совхозҳо ҳазорон хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ таъсис ёфтанд. Аммо ба гуфтаи коршиносон, фоизҳои баланди қарзи бонкӣ метавонад монеи рушди ин бахш гардад.
(more…)

CABAR.asia 18.04.19

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 17-18 апрел ба Русия сафари расмӣ анҷом дод. Сарфи назар аз шарикии тӯлонии Душанбеву Москва, дар 12 соли охир ин нахустин сафаре буд, ки дар чунин сатҳ баргузор шуд.
(more…)

CABAR.asia 17.04.19

Аз рӯёрӯии хушунатомез миёни сокинони рустои Оқсой (Қирғизистон) ва Ворух (Тоҷикистон) як моҳ сипарӣ шуд, аммо ҳанӯз зиндагии сокинони ду тарафи марз мисли қабл оддиву роҳат нашудааст. Аз 4 то 6 апрел дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии ҳайъатҳои ҳукуматии ду кишвар дар мавриди аломатгузории марзи давлатӣ доир гардид. Аммо ҳанӯз рӯшан нест, ки дар ин мулоқот чӣ тасмимҳое гирифта шудааст.     
(more…)

CABAR.asia 11.04.19

8 апрели соли 2019 Намояндагии IWPR дар Тоҷикистон мизбони мулоқоти коршиносии “Ҷорӣ кардани низоми суғурта дар бахши тандурустии Тоҷикистон” буд. Коршиносон, намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои хусусӣ, шореҳони мустақил ва рӯзноманигорон мушкилоти мавҷуд дар бахши тандурустии Тоҷикистон ва дурнамои ҷорӣ намудани низоми бима ё суғуртаро баррасӣ ва пешниҳодоти худро ироа карданд. (more…)

CABAR.asia 09.04.19

Ҷамъияти адвентистҳои рӯзи ҳафтум дар Душанбе соли 1990 таъсис ёфтааст, аммо пайдо шудани худи адвентизм дар Тоҷикистонро ба соли 1930 нисбат медиҳанд.
(more…)

CABAR.asia 29.03.19

Бозгашти аввалин зани тоҷик, ки як сол дар шаҳри Идлиби Сурия, дар қаламрави зери назорати ДОИШ (созмони экстремистӣ ва террористии фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ-муҳаррир) қарор дошт, дар қалби волидоне, ки фарзандонашон ба майдонҳои набарди кишварҳои арабӣ рафтаву барнагаштаанд, тухми умед коштааст.
(more…)

CABAR.asia 27.03.19

Бар пояи иттилои мухталиф, дар Тоҷикистон аз 0,005 то 0,02 дарсади аҳолӣ аз ҷараёни баптизм пайравӣ мекунанд. Намояндагони ин равияи масеҳӣ 90 сол аст, ки қисми ҷудонопазири ҳаёти динии кишвар маҳсуб мешаванд.
(more…)

CABAR.asia 18.03.19

Гарон шудани интернет дар Тоҷикистон сабаби афзоиши молиёти хазинаи давлат намешавад, аммо метавонад ба комилан коста гардидани бозори интернети мобилӣ дар кишвар оварда расонад, мегӯянд коршиносон.
(more…)

CABAR.asia 14.03.19

Давоми чанд соли ахир ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар кишварҳои Аврупои Ғарбӣ мақоми паноҳанда дарёфт карданд. Ин афрод киҳоянд ва оё гирифтани ин мақом барои тоҷикистониҳо дар кишварҳои Аврупо осону содда аст? (more…)

CABAR.asia 11.03.19

Дар Тоҷикистон бисёре аз духтарон пас аз фориғ шудан аз мактаб аз ҳаққи идомаи таҳсил дар донишгоҳ маҳруманд. Бовари ғолиб ин аст, ки зани тоҷик бояд шавҳар кунад ва ба тарбияти фарзандон машғул шавад ва дар хидмати шавҳару волидони шавҳараш бошад. Бино бар ин, барои бисёре аз духтарон мадраки таҳсилоти олӣ монеъе барои зиндагии хонаводагист. (more…)