Саҳми ширкатҳои чинӣ дар тавсеъаи кишоварзӣ дар ҷануби Тоҷикистон дар солҳои ахир беш аз пеш барҷаста мешавад. Кишоварзон аз даромади мунтазам ва пардохти бамавқеъ хушҳоланд, аммо ба бовари коршиносон, ин заминҳо метавонистанд василаи даромади муносибе барои мардуми маҳаллӣ бошад.
Ба канали мо дар Telegram ҳамроҳ шавед!
Фотима Ниёзова, як сокини 68-солаи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, кори кишоварзиро аз соли 1989 шуруъ кардааст. Тайи се соли ахир ӯ дар заминҳое кор мекунад, ки чиниҳо иҷора гирифтаанд:
Фотима Ниёзова. Акс аз CABAR.asia
— Кор бо чиниҳо аз он лиҳоз беҳтар аст, ки онҳо сари вақт музди корро пардохт мекунанд, ҳарчанд додани замин ба чиниҳо сокинони маҳаллиро нигарон кардааст. Зеро ин амр моро аз имконоти зиёде, ба монанди таҳияи ғизо барои чаҳорпоён маҳрум сохтааст.
Ман чандин бор ба мақомоти маҳаллӣ барои ҷудо кардани замин муроҷиат кардам, аммо талошҳоям натиҷа надод. Шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ дар ноҳияи мо замин мегиранд, аммо ман ҳар боре ки ба мақомот рӯй овардам, ки ба ман ҳам қитъае замин бидиҳанд, мақомот рад карданд.»
Фотима Ниёзова. Акс аз CABAR.asia
Хол Норов, як сокини 58-солаи ноҳияи Ёвон, низ тайи се соли ахир барои як ширкати чинӣ кор мекунад.
Хол Норов. Акс аз CABAR.asia
— Аз як тараф, ин як шуғли нисбатан хуб аст, чунки беш аз ҳазор сомонӣ (андаке баштар аз 100 дулор) моҳона мегирам. Аммо дар айни ҳол, барои як зиндагии шоиста ин маблағ кофӣ нест.
Мо мехоҳем, ки мақомоти маҳаллӣ барои мо низ қитъаҳои замин ҷудо кунанд, то мо битавонем дар он кор кунем ва ба зиндагии худ беҳбуд бахшем.
Дар ноҳияи Ёвон 540 нафар дар ширкатҳои чинӣ кор мекунанд, ки 486 нафарашон сокинони маҳаллӣ ва 54 тани дигар чиниҳо мебошанд. Маоши мутавассити сокинони маҳаллӣ 1086 сомонӣ (ҳудуди 115 доллар) мебошад.
Аммо тибқи иттилоъи ширкати “Нуриҳои Осиё” дар шаҳри Леваканд, дар ин ширкат 235 нафар кор мекунанд, ки 41 нафарашон чинӣ ҳастанд. Маоши миёнаи сокинони маҳаллӣ дар ин ҷо 1830 сомони (муъодили 193 доллар) аст.
Ин дар ҳолест, ки ҳуқуқи моҳиёнаи мутавассит дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ ҳудуди 134 дулорро ташкил медиҳад.
Пештозони пардохти молиёт
Дар ноҳияи Ёвон ширкате ба номи «Рушди кишоварзии Тоҷикистону Чин» фаъолият мекунад, ки беш аз 1400 ҳектор заминро иҷора кардааст. Ин ширкат бо мақомоти маҳаллӣ барои истифода аз замин ба муддати 20 сол қарордод бастааст.
Вал Эн Пио , як намояндаи ширкати чинӣ, мегӯяд, ки ҳосили заминҳои онҳо бамаротиб бештар аз мазореъи сокинони маҳаллӣ аст:
— Мо аз ҳар ҳектор замин беш аз се тун панба, чаҳор тун гандум ва беш аз се тун ҷуворимакка мегирем. Дар ширкати мо 40 шаҳрванди Тоҷикистон ба сурати доимӣ ва беш аз 600 нафар бо қарордод ба кори мавсимӣ ҷалб шудаанд.
Бештари сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар кишвар кормандонро бо шартномав ё қарордод барои иҷрои корҳои мавсимӣ ҷалб мекунанд, аммо барои ин молиёт намепардозанд. Мо барои ҳар корманде, ки бо қарордод кор мекунад, 25 дарсад ба Сандуқи бима ва 14 дарсад молиёт мепардозем.
Базре, ки мо кишт мекунем, бо ончи мардуми маҳаллӣ мекоранд, чандон фарқе намекунад, аммо ба кумаки фанноварӣ ва таҷҳизоти хуби кишоварзӣ мо ҷамъоварии ҳосили киштро зудтар шурӯъ мекунем.
Мо бо мардуми ноҳия муносибати хубе дорем ва то ҳол касе шикоят накардааст.
Ба ҷуз ин, ширкати чинӣ бо муҷтамаъҳои кишоварзӣ барои расондани панба қарордод бастааст. Онҳо панбаро бо баҳои муносиб аз кишоварзон мехаранд, маҳсулоте аз он таҳия мекунанд ва дар хориҷ аз Тоҷикистон мефурӯшанд.
Тибқи иттилоъи Идораи умури кишоварзии ноҳияи Дӯстӣ, чиниҳо бо раисони ҳоҷагиҳои деҳқонӣ қарордод бастаанд, панбаро аз онҳо мегиранд ва дар корхонаҳои худашон маҳсулоте аз он тавлид мекунанд. Ва бештари кишоварзон тарҷеҳ медиҳанд панбаро на ба ширкатҳои маҳаллӣ, балки ба ширкатҳои чинӣ бидиҳанд, чун онҳо пулашро бамавқеъ мепардозанд.
Заминҳои пахта дар вилояти Хатлони Тоҷикистон. Акс аз tj.sputniknews.ru
Ҳукумати вилояти Хатлон ҳам ба фаъолияти ширкатҳои чинӣ нигоҳи мусбат доранд ва мегӯянд, ки онҳо аз миёни пардозандагони молиёт дар ҷануби кишвар пештоз ҳастанд.
Тибқи додаҳои Идораи омори вилояти Хатлон, дар аксари шаҳру навоҳии ин вилоят 22 ширкати чинӣ фаъолият доранд.
Ҳаҷми сармоягузории мустақими Чин 461 миллёну 462 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Сармоягузориҳои дигар 57 миллиёну 641 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Дар чорчӯби қонун
Дар ноҳияи Дӯстӣ ширкати санъатии ҶСП “Ҷунтай Хатлон” дар панҷ ҳазор ҳектор панба кишт кардааст. Дар ин ширкат тақрибан 15 шаҳрванди Тоҷикистону Чин кор мекунанд. Кормандони маҳаллӣ мегӯянд, ки маъоши хуб мегиранд.
Тибқи қарордоди ҳамкорӣ аз соли 2015, ин ширкат бояд дар 15 ҳектор аз заминҳо дар навоҳии Носири Хисрав, Қубодиён, Шаҳритус ва Дӯстӣ панба парвариш кунад. Замин ба ин ширкат барои 49 сол иҷора дода шудааст.
Раҳматулло Бобомуродов , як сокини ноҳияи Дӯстӣ, ба фаъолияти ширкатҳои чинӣ назари мусбат дорад ва мегӯяд:
— Чиниҳо заминҳоеро гирифтанд, ки солиёни зиёд бе кишту кор хобида буданд. Онҳо тавонистанд лӯлаҳои обрасонии фарсудаву харобро иваз кунанд ва обро ба заминҳо дубора ҷорӣ созанд.
Мардум имкони обёрии ин заминҳоро надоштанд ва ин заминҳо солиёни тӯлонӣ аз кор уфтода буданд. Ҳоло кишоварзон панба мечинанд ва бамавқеъ маъош мегиранд. Бештари панбакорон ҳосилро ба ширкатҳои чинӣ мефурӯшанд ва пулашонро бамавқеъ дарёфт мекунанд.
Чанд сол пеш сокинони ноҳияи Дӯстӣ аз чиниҳо чандон хушашон намеомад, чун муздашонро бамавқеъ пардохт намекарданд. Аммо акнун ин мушкил ҳал шудааст.
Ба гуфтаи
Меҳнатулло Сироҷов , раиси Идораи кишоварзии вилояти Хатлон, масоҳати замини муносиб барои киштукор 305 ҳазору 272 ҳекторро ташкил медиҳад. Дар соли равон чиниҳо 11 ҳазору 765 ҳектор заминро иҷора гирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол, коршиносони хатлонӣ мегӯянд, ҳеч ниёзе нест, ки заминҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷора дода шавад, зеро дар шароити Тоҷикистон замин манбаъи аслии даромади мардуми рустоӣ маҳсуб мешавад.
Раҳмон Шукуров , таҳлилгари масоили кишоварзӣ, мегӯяд, ин хатар вуҷуд дорад, ки чиниҳо дар тӯли муддате, ки заминҳоро иҷора мекунанд, мумкин аст тамоми минеролҳои онро аз байн баранд ва онро ба мазраъае беҳосил табдил диҳанд.
Раҳмон Шукуров. Акс аз CABAR.asia
— Барои дубора барқарор кардани ҳосилхезии замин солиёни зиёде лозим аст. Ба ҷуз ин, маълум нест, оё базре, ки аз Чин ворид мешавад, ва мизони осебе, ки он ба замин ворид мекунад, ҳаргиз мавриди санҷиш ва таҳқиқи коршиносӣ қарор мегирад ё на.
Чунин таҷрубаи истифода аз замин дар кишварҳои дигар низ ба чашм мерасад. Масалан, корофаринҳои омрикоӣ, азбас дар кишвари худашон нархи нерӯи корӣ ва молиёт барои замин хеле зиёд аст, тарҷеҳ медиҳанд маҳсулоти кишоварзиро дар кишвари ҳамсояи Мекзик парвариш кунанд.
Зоҳиран чиниҳо ҳам дар Тоҷикистон ҳамин ҳадафро дунбол мекунанд.
Ин хуб аст, агар онҳо заминҳои азкоруфтодаро дубора ба кор баранд. Аммо феълан онҳо заминҳои хубу ҳосилхезро ба иҷора мегиранд. Дар ҳоле ки мардуми бумии худамон низ барои дарёфти замин талош меварзанд.
Шароити зиндагӣ дар деҳкадаҳо бад аст ва рустоиён маҷбуранд зери дасти чиниҳо кор кунанд, дар ҳоле ки метавонистанд худашон дар заминҳои худ кор кунанду даромади қобили тааҷҷуҳе ба даст оваранд.
Ин матлаб дар чорчӯби тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо пуштибонии молии Вазорати умури хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, таҳия шудааст. Назароте, ки дар ин матлаб баён шудаанд, баёнгари мавзеъи IWPR ва ё созмонҳо ва кишварҳои кумаккунанда нест.
If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter .