Без рубрики

CABAR.asia 17.06.20

Дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон аз замони эътирофи расмии мавҷуд будани коронавирус ё Covid-19 дар кишвар то ба ҳол 11 нафар бо ташхиси “илтиҳоби шуш” ҷон бохтаанд. Бархе аз маҳбусон ва наздикони онҳо нигаронанд, ки ин “илтиҳоби шуш” ҳамон коронавирус аст. (more…)

CABAR.asia 16.06.20

“Чораҳо ҷиҳати ба ҳадди имкон коҳиш додани оқибатҳои буҳрон бояд ба бахшҳои иҷтимоӣ, асъорӣ-молиявӣ, боз доштани пастравии қурби асъори миллӣ, коҳиши маболиғи харҷҳои иловагӣ, қатъи маблағгузории тарҳҳои ҳангуфт ва қатъи ихтисоси маболиғ барои сохтмонҳои иншоотҳои бошукуҳ равона шавад”. Ин нуктаро профессор Зарина Додобоева дар як матлаби таҳлилии барои CABAR.asia навиштааш, ки ба оқибатҳои буҳрони коронавирусӣ ба иқтисоди Тоҷикистон бахшида шудааст, таъкид мекунад.    

(more…)

CABAR.asia 12.06.20

Хабарнигори тоҷик Абдулло Ғурбатӣ дар давоми як моҳ ду маротиба латту кӯб шуд. ВКД гуфт, ки хабарнигори латукӯбшуда талош кард, “дар бадбахтии дигарон барои худ бахт ёбад” ва хост, сокинони маҳаллиро нисбати ҳукумат бадбин кунад. Ҳамзамон чанде аз рӯзноманигорони дигар тоҷик мегӯянд, фишор нисбати онҳо низ бештар шудааст. (more…)

Aziz Timurov 10.06.20

Ширкаткунандаи мактаби таҳлилии CABAR.asia, Азиз Тимуров, мегӯяд, ки “сиёсати осмонҳои боз ё озодсозии бозори миллии ҳамлу нақли ҳавоӣ метавонад барои афзоиши вуруди гардишгарони хориҷӣ ба кишвар замина фароҳам кунад.” (more…)

Safarbek Kabirov 09.06.20

Аксар вақт кордиҳандагон дар соҳаи истеҳсолот пархдотҳое, ки барои кормандонашон бояд диҳанд намепардозанд. (more…)

Бо назардошти муносибати инфиродӣ бо пандемия, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ё ба омори расмӣ ва ё алтернативии марбут ба қурбониёни COVID-19 дар кишвар муроҷиат намоянд.

(more…)

Аз замони эълони расмии мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон як моҳ сипарӣ шуд, аммо бар хилофи интизориҳои аҳолӣ дар кишвар низоми карантин ҷорӣ нашуд. Таътил дар макотиби миёна то 16 август ва манъи баргузории чорабиниҳои оммавӣ аз маҳдудиятҳоеанд, ки мақомот ҷорӣ кард.  
(more…)

CABAR.asia 03.06.20

Дар Тоҷикистон даҳҳо ҳазор нафар моҳҳо аст, ки наметавонанд музди меҳнати худро дарёфт кунанд. Мансабдорон аз буҳрон ва нарасидани маблағ мегӯянд. (more…)

CABAR.asia 29.05.20

Волидони бархе аз хонандагони мактабҳои хусусии Тоҷикистон даъво доранд, онҳо вазифадор нестанд, ки дар давраи таътили пеш аз вақт маблағи шартномаи мактабро пардохт кунанд. Таътиле, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии вируси корона аз сӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон эълон шуд. Аммо масъулони мактабҳои хусусӣ мегӯянд, назди кормандони худ, мақомоти андоз ва бонкҳо масъулияти молӣ доранд ва агар волидон маблағ напардозанд, наметавонанд, аз уҳдаи иҷрои масъулиятҳояшон бароянд. Коршиносон бар ин назар аст, ки қисме аз мушкилоти волидон ва мактабҳои хусусиро бояд давлат ба зима гирад. (more…)

CABAR.asia 27.05.20

Сокинони ҷануби Тоҷикистон, ки аз омадани сел зиён дида буданд, роҳи мошингардро бастанд ва ба ин тартиб, аз мақомот кӯчонидан ба ҷои амнро талаб карданд. Дар шаҳраки дигари наздикии шаҳри Душанбе сокинон мегӯянд, фаъолиятҳои соҳибкор сабаби омадани сел шудааст. (more…)