Без рубрики

CABAR.asia 19.05.20

Рӯзноманигори тоҷик, Абдуллоҳи Ғурбатӣ, ки ахиран мавриди ҳамла қарор гирифт, муътақид аст, ки ин ҳамла аз қабл барномарезишуда ва амдӣ буд. Коршиносон мегӯянд ин ҳодиса ба ҳамлаҳое, ки дар гузашта ба рӯзноманигорон сурат гирифта буд, шабоҳатҳое дорад. (more…)

CABAR.asia 18.05.20

Табиби дараҷаи олии тоҷик Мирзо Ҳоҷимуҳаммад мегӯяд, мақомот сирояти коронавирусро дер эътироф карданд. (more…)

Мақомоти Тоҷикистон иддао мекунанд, сабти дастгоҳҳои мобилӣ барои таҳкими “амният” зарур аст. Аммо коршиносон мегӯянд, ин кор ба хотири пур кардани буҷа ва таҳкими назорат бар зиндагии шаҳрвандон анҷом мешавад. (more…)

Muslimbek Buriev 15.05.20

“Вазъи марз бо Ӯзбекистон ва Чин мусоидтар буда, вале бо Афғонистон ва Қирғизистон хатарҳои ҷиддиеро дар пай дорад”, – сиёсатшинос Муслимбек Буриев мушкилот ва нозукиҳоеро, ки Тоҷикистон дар робита ба марз дорад, махсус барои CABAR.asia таҳлил кардааст. (more…)

CABAR.asia 14.05.20

Ҳафтаи дувум аст, ки вируси короно дар саросари Тоҷикистон доман паҳн мекунад. (more…)

Гуруҳи коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) беш аз як ҳафта аст, ки дар Тоҷикистон қарор дошта, ба мониторинги мубориза бо пандемияи COVID-19 дар кишвар машғул аст. Ҳанӯз маълум нест, ки онҳо ба чӣ хулосае расидаанд. Аммо бархе коршиносон аллакай мегӯянд, миссияи СҶТ дар Тоҷикистон номуваффақ буд.

(more…)

Mazhab Juma 09.05.20

Мақомот роҳҳалро дар нигоҳ доштани маҳкумшудаҳо бо ҷурми экстремизм ва терроризм дар биноҳои алоҳида мебинанд, аммо ин кор ҳам хавфҳое дорад. (more…)

CABAR.asia 05.05.20

Коршиносон ва ҳомиёни ҳуқуқ аз мақомоти Тоҷикистон даъват доранд, барои баҳодиҳии матолибе ташхиси мустақилро ба роҳ монанд, ки паҳнкунандаи ақидаҳои мамнуъ дониста мешаванд. (more…)

24 апрел дар шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндагони фирқаҳои асосии динии кишвар мулоқоти коршиносӣ баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш омодагии онҳо ба кор дар шароити таҳдиди паҳншавии пандемияи коронавирус, COVID-19 дар Тоҷикистон баррасӣ гардид.


Дар мулоқоти коршиносӣ намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон ва раҳбарони се фирқаи калонтарини динии кишвар ҳузур доштанд.

Иштирокдорон таъкид намуданд, ки ҳарчанд расман ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон тасдиқ нашудааст (расман дар бораи сабти сироятёбӣ 30 апрел хабар дода шуд), аммо дар тамоми ташкилоту муассисаҳои динӣ чораҳои зарурӣ барои роҳ надодан ба паҳншавии ин бемории хатарноки ҳамагир ба роҳ монда шудааст.       

Намояндагони фирқаҳои динӣ – имом-хатиби ноҳияи Ҳисор Афзалшоҳ Шарифзода, намояндаи калисои православии Русия дар Тоҷикистон роҳиб Василий Телехов, раҳбари миссияи калисои католикӣ дар Душанбе Педро Родригес, инчунин мутахассиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Муҳиддинҷон Тухтахоҷаев аз чораҳое гуфтанд, ки барои ҳифзи сиҳатии ибодаткунандаҳо роҳандозӣ шудааст.  

Афзалшоҳ Шарифзода, имом-хатиби ноҳияи Ҳисор аснои суҳбат гуфт, феълан тамоми масоҷиди ноҳия баста аст ва ба мусалмонон тавсия шудааст, ки дар хонаҳояшон намоз бигзоранд.

Ба гуфтаи Шарифзода, қабл аз ин иқдом дар масоҷид тамоми чораҳои зарурии санитарӣ-гигиенӣ, ки аз ҷониби Хадамоти санитарӣ-эпидемиологӣ тавсия шудааст, анҷом мешуд.

«Бар иловаи амалҳои безараргардонӣ ва бо маҳлулҳои зиддиуфунӣ коркард намудани масоҷид, тамоми ходимони дин бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронданд, ки дар ҷараёни он аз хатари вируси нав, босуръат паҳн шудани он, хавфнок будани ҷамъшавии оммавии одамон ва чораҳои профилактикӣ гуфта шуд. Агар дар рӯзҳои аввал бештари одамон ба иттилое, ки тавассути ВАО паҳн мегардид, чандон аҳамият намедоданд, ҳоло бошад, аҳолӣ ба саломатии худ муносибати ҷиддӣ мекунад»,-гуфт имом-хатиб.

Дар ҳоли ҳозир, тақрибан тамоми имом-хатибони масҷидҳои ноҳия телефонҳои ҳушманд доранд, ки дар онҳо замимаҳо насб шудааст, инчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуруҳҳо таъсис шуда, тавассути он имомҳо бо аҳолӣ суҳбат ва маслиҳатҳо медиҳанд.

«Мо ба аҳолӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO маслиҳату машварат медиҳем. Дар сурати зарурат талош мекунем, ки ба фаъолияти онлайн бигзарем”,-гуфт вай.

Роҳиб Василий Телехов. Фото: CABAR.asia
Роҳиб Василий Телехов. Фото: CABAR.asia

Роҳиб Василий Телехов низ дар бораи чораҳо ҷиҳати коҳиш додани хавфи паҳншавии коронавирус миёни ибодаткунандаҳои калисои православии русӣ суҳбат кард. Ба гуфтаи вай, ба ин нигоҳ накарда, ки дар Тоҷикистон карантин ҷорӣ нашудааст, онҳо ҳанӯз аз оғози пандемия тамоми тавсияҳоро ҷиҳати коҳиш додани хавфи сироятёбӣ иҷро намуданд, инчунин ба ибодаткунандаҳо, ба вижа афроди солманд тавсия доданд, ки ба калисо наоянд, балки дар хона ибодат кунанд.

«Имсол дар иди Пасха ба калисо нисбат ба солҳои пеш теъдоди ками одамон омаданд»,-гуфт роҳиб.

Феълан, дари калисо барои ибодат баста аст. Инчунин тамоми чорабиниҳо ҷиҳати расонидани ёрии иҷтимоӣ ба ибодаткунандаҳо низ муваққатан манъ шудаанд.

Намояндаи калисои католикӣ дар Тоҷикистон Педро Родригес. Фото: CABAR.asia
Намояндаи калисои католикӣ дар Тоҷикистон Педро Родригес. Фото: CABAR.asia

Намояндаи калисои католикӣ дар Тоҷикистон Педро Родригес дар бораи чораҳое гуфт, ки дар маъбади католикии Душанбе роҳандозӣ шудаанд. Ба иттилои ӯ, ҳамарӯза маъбад чанд маротиба бо маҳлули зиддиуфунӣ коркард мешавад.

«Ҳоло мо ба ибодаткунандаҳо тавсия медиҳем, ки аз хонаҳояшон ибодат кунанд»,-афзуд Педро.

Намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Муҳиддинҷон Тухтахоҷаев дар бораи чораҳое суҳбат кард, ки дар кумита гирифта шудаанд. Аз ҷумла, ӯ гуфт, дар робита ба хавфи паҳншавии коронавирус Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз 18 апрел анҷоми тамоми чорабиниҳои динӣ, намозҳои ҷамоат дар масоҷидро манъ кард. Ин тасмим то муътадил шудани вазъ идома хоҳад кард.

Феълан, моҳи мубораки Рамазон аст ва мусалмонон рӯза медоранд. Бо қарори Шӯрои уламо анҷоми намозҳои ҷамоат, намози таровеҳ, ифторҳо, инчунин идгардак манъ гардидааст.

Тамоми намояндагони фирқаҳои динӣ, иштирокдорони мулоқоти коршиносӣ изҳор доштанд, ки барои ҳарчӣ зудтар шифо ёфтани беморон ва маҳви ин маризии барои инсоният хатарнок дуо мекунанд.

«Аз ҳукумат ва тими ояндаи Рустами Эмомалӣ наметавон интизор дошт, ки дигаргунии ҷиддие дар низоми мудирият ва улгуи иқтисодии мавҷуд ба вуҷуд оварад», – ин назари ояндабинонаи таҳлилгари масоили сиёсӣ Парвиз Муллоҷонов аст, ки дар мақолаи худ барои CABAR.asia матраҳ кардааст. (more…)