«Сарфи назар аз ин ки Душанбе саъй мекунад сиёсати хориҷии чандҷонибаеро дунбол кунад, Чин аз имтиёзҳои роҳбурдие барои ҷалби Тоҷикистон ба самти худ дар набарди ривоятҳо бархурдор аст», – ин нуктаест, ки дар мақолаи вижаи таҳлилгари масоили сиёсӣ Шерзод Шомиев барои CABAR.asia ба он таъкид шудааст.
Ба канали мо дар Telegram обуна шавед!
Ҳамагирии вируси корона бисёре аз ҷанбаҳои зиндагии башарро таҳтушшуо қарор додааст. Аз ҷумла, ин амр боиси навъе рукуд дар иқтисоди ҷаҳонӣ, дар ҳамлу нақли колову маҳсулот ва дар муносиботи сиёсӣ миёни кишварҳо шудааст.[1] Дар мавриди ин гуна рӯйдодҳо таъбири кинояомези “қӯи сиёҳ”-ро ба кор мебаранд, ки навъе истиора аст ва ҳар гуна низомҳо ё сиёсатҳоро дучори таҳаввулот ва дигаргуниҳои ҷиддию густардае месозад. [2]
Дар пасманзари мубориза бо вируси корона навъе набарди ривоятҳо дар арсаи ҷаҳонӣ дар ҳоли шуълавар шудан аст. [3] Зидқаҳрамони аслии ин рӯёрӯӣ Чин аст, ки мехоҳад обрӯи худро ҳифз кунад ва дар баробари он Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо қарор доранд, ки Пекинро ба саҳлангорӣ ва ғафлат дар марҳилаҳои аввали шуюъи беморӣ муттаҳам мекунанд. Яъне масъала ҷиддитар аз он аст, ки тасаввур мешавад. Бино бар ин, Чин барои ҳифзи обрӯи худ аз ҳамаи манобеъ ва зарфиятҳои сиёсати хориҷии худ баҳра мегирад ва ба таври ҷиддӣ аз абзорҳои қудрати нарм истифода мекунад. Ҳадафи аслии Чин ба унвони муқассири аслии дунёгир шудани вируси корона шустани ин доғи нанг аз чеҳрааш аст. Дар ин росто Пекин саъй мекунад ба эҳдокунандаи аслии кумакҳои башардӯстона ба кишварҳои осебдида табдил шавад. [4]Набарди ривоятҳо метавонад то ҳадди зиёде дар равобити байни кишварҳо таъсир гузорад ва давлатҳоро дар ду ҷабҳаи мухолифи ҳам қарор бидиҳад. Барои Тоҷикистон дар ин шароит мантиқӣ хоҳад буд, агар ин суолро аз худ бипурсад, ки равобиташ бо Чин то чи ҳадде метавонад тағйир кунад? Ҳануз пешбинии дақиқе дар ин маврид зуд аст, аммо метавон чанд сенориюи мумкинро барои таҳаввулоти оянда дар назар гирифт, чиро ки дер ва ё зуд пойи Тоҷикистон ҳам ба ин ҷидол ва рӯёрӯӣ кашида хоҳад шуд.
Набарди ривоятҳо
Вируси корона акнун ба як мавзӯъи ҷиддии баҳсу кашмакашҳои сиёсӣ байни абарқудратҳо – Амрикою Иттиҳодияи Аврупо, аз як сӯ, ва Чину Русия, аз дигар сӯ, – табдил мешавад. [5] Ин баҳс бидуни иттиҳомпароканиҳои Амрико ва Чин алайҳи якдигар дар бораи маншаъи вируси корона қобили тасаввур нест. [6] Ҳамзамон, дар сиёсати хорҷии Чин пӯёӣ ва таҳарруки ҷолибе ба мушоҳида мерасад: ба унвони нахустин кишваре, ки аз ин вирус осеб дида ва нахустин кишваре, ки онро пушти сар кардааст, Чин акнун ба кишварҳои дигар, аз ҷумла давлатҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, кумакҳои худро дареғ намедорад. Ин кишварҳо дар оғоз аз тадбирҳои сахтгиронаи давлати Чин барои муқобала бо вируси куруно интиқод мекарданд, бе он ки ба натиҷаи муассири ин иқдомот таваҷҷуҳе дошта бошанд. [7]
Бархе аз таҳлилгарон бар ин боваранд, ки кумакҳои башардӯстонаи Чин чизе бештар аз як корзори таблиғотӣ барои ҳифзи эътибори ин кишвар дар дохил ва хориҷ нест. Коршиносони аврупоӣ ин фаъолиятҳоро «дипломатияи ниқоб» (mask diplomacy) таъбир кардаанд ва сиёсати феълии Чинро талоше барои боло бурдани обрӯву эътибори ин кишвар дар сатҳи байналмилал медонанд. Дар айни ҳол, фароҳам кардани васоили эмании пизишкӣ барои кишварҳои осебдида аз куруно ба афзоиши нуфузи Чин ва устувор шудани мавқеъият ва ҳузураш дар арсаи ҷаҳонӣ кумак хоҳад кард. [8]
Мақомоти Чин хуб дарк мекунанд, ки буҳрони кунунӣ дар ҷаҳон фурсате барои муаррифии ин кишвар ба унвони як раҳбари ҷаҳонии посухгӯ ва масъулиятшинос аст. Ин нукта дар тамоюли ошкори Чин ба тарвиҷи ривояти худаш аз буҳрони куруно ва талошҳо барои ҳифзи эътибораш дар арсаи байналмилалӣ ҳувайдост. Вируси корона барои иқтисоди ин кишвар мушкилоти кофӣ ба вуҷуд овардааст. Дар сурати нокомӣ дар ин набард, ҳазинаҳое, ки Чин барои ҳифзи эътибораш мепардозад, мумкин аст ибтикорҳои иқтисодияшро, аз ҷумла дар чорчӯби тарҳи «Як камарбанд, як роҳ» (ЯКЯР) ба хатар андозад.Дар ҳоле ки Иёлоти Муттаҳида ба сиёсатҳои инзивогароёнаи худ идома медиҳад ва дар таъмини молии ниҳодҳои байналмилалӣ то ҳадде мураддад аст ва равзанаро боз гузошта, Чин мехоҳад фавран ҷои холии онро пур кунад. Аз ҷумла, Вашингтон тасмим гирифтааст саҳми молии худро дар Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ ба таври чашмгире коҳиш бидиҳад. Ва ин бори аввал нест, ки Амрико чандон тамоюле ба мушорикат дар барномаҳои ҷаҳонӣ аз худ нишон намедиҳад. Пеш аз ин, хориҷ шудани Амрико аз Паймони иқлимии Порис, худдорияш аз таъмини молии ЮНЕСКО ва берун рафтанаш аз тавофуқи ҳастаии Эрон ин нуктаро собит мекунад.
Ин амр метавонад Чинро дар мавқеъияти баранда ё пирӯзе қарор бидиҳад ва имкон хоҳад дод, ки Чин худро дар нақши як бозигари ҷойгузин муаррифӣ кунад, ки ҳалли мушкилоти ҷаҳониро ба уҳда гирифтааст.[9] Дар амри кумак ба кишварҳои ҳамҷавораш, аз ҷумла Тоҷикистон, Чин пешгом аст. Ба лиҳози торихӣ, кумакҳои молӣ унсури аслии сиёсати хориҷии Чин барои дастёбӣ ба пуштибонии сиёсӣ ва густариши нуфузаш дар ҷаҳон будааст. Ҳатто дар замони ҳукумати Моу низ Чин ба эҳдои кумакҳои башардӯстона машғул буд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин моҷаро, бештари гуфтугӯҳо дар бораи ҷаҳони пас аз ҳамагирӣ (пандемия) ба ин пурсиш марбут аст, ки чи кишваре зимоми раҳбарии ҷаҳонро дар даст хоҳад гирифт: Чин ё Омрико?[10] Кишварҳои ҷаҳон дар ҳоли ҳозир бо паёмадҳои иқтисодии ҳамагирии корона рӯбарӯ ҳастанд. Роҳи бурунрафт аз ин вазъият густариши ҳамкориҳои иқтисодии байналмилалист, аммо набарди ривоятҳо монеъ аз ин амр мешавад.
Оё Тоҷикистон ҳам вориди майдон хоҳад шуд?
Набарди ривоятҳо байни Амрико ва Чин бар соири нуқоти ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ҳам, соя хоҳад андохт. Сарфи назар аз ин ки Душанбе саъй мекунад сиёсати хориҷии чандҷонибаеро дунбол кунад, Чин аз имтиёзҳои роҳбурдии фаровоне барои ҷалби Тоҷикистон ба самти худ дар ин рӯёрӯӣ бархурдор аст.
Аввал ин ки Чин аз миёни абарқудратҳои дунё дар равобит бо Осиёи Миёна аз нуфузи иқтисодии бештаре бархурдор аст. Ба унвони умдатарин сармоягузор, Чин нақши боризе дар торихи пас аз фурупошии Шӯравӣ дар минтақа дар заминаи иҷрои барномаҳои истиқодӣ ва зербиноӣ ифо кардааст. [11] Аз ҷумла, дар Тоҷикистон, ба лутфи сармоягузориҳои Чин, зербиноҳои фарсудаи шӯравӣ, монанди роҳҳову тунелҳо, нерӯгоҳҳо ва ғайра навсозӣ шудаанд. [12] Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар яке аз ҳамоишҳои марбут ба тарҳи «Як камарбанд, як роҳ» аз ҳамкориҳои байни Чин ва Тоҷикистон чунин тақдир карда буд: «Тарҳи «Як камарбанд, як роҳ» кишварҳо ва минтақаҳои марбутаро ба таври муассире ба ҳам пайванд медиҳад ва кумак мекунад, ки Тоҷикистон ба унвони кишваре маҳсур дар хушкӣ, ки ба обҳои озод дастрасӣ надорад, ба бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ ёбад ва иқтисодашро басуръат пеш барад».[13] Ин тарҳ, ки боиси таҳкими зербиноҳо ва афзоиши фаъолиятҳои молию иқтисодӣ мешавад, барои Тоҷикистон аҳаммияти зиёде дорад. Аз тарафи дигар, ингуна ҳамкории наздик бо Чин барои Тоҷикистон уҳдадориҳои зиёди қарзӣ эҷод мекунад, таъодул дар тиҷорат байни ду кишварро (беш аз $2 млрд. дар соли 2020) [14] аз байн мебарад ва Тоҷикистонро вобастаи Чин мекунад. Дар гузашта, Тоҷикистон маҷбур буд дар ивази қарзу бидеҳиҳои Чин ба ширкатҳои чинӣ ҳуқуқи инҳисорӣ барои истихроҷи маодин бидиҳад ва сармояи Чин дар тарҳҳои зербиноиро бо захоири табиъӣ мубодила мекард. [15] Дар соли 2019 бидеҳии Тоҷикистон ба Чин ба $1,525 млрд. баробар шуда буд, ки ин рақам наздик ба 52% аз қарзи хориҷии кишварро ташкил медиҳад. [16] Сарфи назар аз ин вазъият, равобити ду кишвар дар сатҳи бисёр болост ва баъид аст, ки дар ояндаи наздик тағйир кунад.
Дигар ин ки Чин тавонистааст аз тариқи сармоягузорӣ, ҳамкориҳои низомӣ ва дар чорчӯби Созмони Ҳамкории Шанхасй (СҲШ) дар минтақа нуфузи сиёсии худро ба таври кофӣ густариш бидиҳад. Илова бар ин, дар соли 2017 равобити Тоҷикистону Чин ба сатҳи роҳбурдӣ (истротежик) иртиқо ёфта ва ин амр боис шудааст, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳое чун кишоварзӣ, молия ва дороӣ, захоири обу энержӣ ва истихроҷи маодин густариш ёбад. Чин худро ба унвони ягона бозигари фароминтақаӣ бо мавқеъият ва чашмандозе мушаххас барои пешрафти оянда муаррифӣ кардааст. Ҳатто пеш аз он ки Тоҷикистон ба тарҳи «Як камарбанд, як роҳ» бипайвандад, Душанбе аз сиёсатҳои Пекин ҳамеша ҳимоят мекард, аз ҷумла дар иртибот бо вазъияти уйғурҳо ва саркӯби мусалмонон дар Чин.[17] Қаблан Тоҷикистон бо Чин дар бораи истирдоди муҷримин тавофуқномае имзо карда буд, ки он на танҳо ба муҷримону маҳкумон, балки ба фирориён ва паноҳҷӯёни уйғур ҳам рабт мегирад.[18]
Севум, ба далели барномаҳои тавсеъа ва ибтикорҳои иқтисодияш, Чин метавонад бо пеш гузоштани шарту шароите барои дарёфти кумакҳои молияш, дар сиёсати хориҷии шарикони иқтисодии худ таъсир гузорад. Ин дар ҳолест, ки бар хилофи бардошти умумӣ аз мафҳуми шарту шароит, Чин ба таври зимнӣ ва ноаён шариконашро ба пазируфтани шарту шароити пешниҳодии худ водор мекунад. Сармоягузорӣ дар ҳеч тарҳу барномае бидуни иҷрои шарту шароити таҳмилшуда аз сӯи Чин имконпазир нест. [19]
Изҳорот дар бораи ин ки Тоҷикистону Қазоқистон роҳбурдҳои миллии тавсеаи худро то соли 2030 бо такя бар тарҳи «Як камарбанд, як роҳ» таҳия кардаанд, ин нуктаро собит мекунад. [21] Намунаи дигар сиёсати Чини воҳид аст, ки онро Тоҷикистон ҳам ба расмият шинохтааст. Моҳияти ин сиёсат аз он иборат аст, ки кишвари дарёфткунандаи кумакҳои молии Чин аз ҳар гуна равобити диплумотик бо Тойвон парҳез мекунад ва давлати марказии Пекинро ба унвони танҳо давлати машрӯъ дар ҳамаи қаламрави Чин ба расмият мешиносад. [22] Ин нукта собит мекунад, ки чи гуна шарту шароити таҳмилшуда аз сӯи Чин барои таъсиргузории мустақими он кишвар дар сиёсати хориҷии кишварҳои дарёфткунандаи кумакҳои молияш замина фароҳам мекунад.
Ин омилҳо метавонад дар чигунагии вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ, бавижа кишварҳои дарёфткунандаи сармояи Чин, ба таҳаввулоти сиёсӣ дар Пекин таъсир гузорад. Имтиёзҳои роҳбурдии Чин, дар мавриди Тоҷикистон, метавонад аз ҷумла дар имзои асноди байналмилалӣ барои ҳимоят аз сиёсатҳои Чин дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар набарди ривоятҳо, дар сурати зарурат таъсир гузорад. Илова бар ин, Чин қавл додааст, ки аз фаъолиятҳои давлати Тоҷикистон дар мубориза бо бемории Кувид-19 пуштибонӣ хоҳад кард [23] ва то кунун кумакҳое башардӯстона дар қолаби маҳмулаҳои дору ва маводди пизишкӣ ба Душанбе ироа додааст. Чин ҳамчунин аз роҳи мушовара ва ройзанӣ ба анҷоми тадобири зидди куруно дар Тоҷикистон мусоидат кардааст. [24] Ҳамакнун мушорикати роҳбурдӣ байни Тоҷикистону Чин ба шеваи судманде идома дорад ва ҳарду кишвар барои густариши ҳамкорӣ ва ҳамоҳангиҳои жарфтар дар бисёре аз масоил камари ҳиммат бастаанд.
Таъсири набарди ривоятҳо дар равобити Тоҷикистону Чин
Буҳрони феълӣ, ки боиси уфти баҳои нафт шудааст, бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистонро, дар вазъияти душворе қарор додааст. Ба дунболи ҳамагирии вируси корона ва рукуди иқтисодии Русия, бисёре аз муҳоҷирони кории тоҷик маҷбур шудаанд бо дастони холӣ ба ватан баргарданд. Рукуди иқтисодии Чин ҳам метавонад бар иқтисоди Тоҷикистон соя андозад. Аз ин рӯ, мантиқист, ки фикр кунем Чин дар чунин шароите мумкин аст кумакҳои молии худро коҳиш бидиҳад ва ба барқарории иқтисоди дохилияш тамаркуз кунад. Бо таваҷҷуҳ ба вобастагияш ба сармоягузориҳои мустақими Чин, Тоҷикистон дар мавқеъияти хатарноке қарор хоҳад гирифт. Бо ин ҳол, дар шароити набарди ривоятҳо, равобити ду кишвар ба далели шабоҳати дидгоҳҳои сиёсӣ, системи арзишҳо ва наздикии ҷуғрофиёӣ мумкин аст дар ҳамон сатҳ боқӣ бимонад.
Ду кишвар дар чорчӯби СҲШ низ ба ҳамкориҳои худ идома медиҳанд. Аз як лиҳоз, ин созмон абзоре дар дасти Чин барои тағйири чашмандози сиёсати ҷаҳонӣ ба самти чандқутбӣ маҳсуб мешавад. СҲШ метавонад дар бозсозии пас аз буҳрони куруно нақши боризе ифо кунад. Аммо мавқеъияти иқтисодии заъиф, кишварҳои дигари узви ин созмонро водор мекунад, ки ба султа ва нуфузи Чин ба унвони як раҳбари ғайрирасмӣ тан бидиҳанд ва аз ривояте пуштибонӣ кунанд, ки ба нафъи Пекин бошад.
Чин нуфузи худ дар Тоҷикистонро дар арсаи амният ҳам афзоиш додааст. Ин нуктаро метавон дар размоишҳои муштарак ва ваъдаи Чин барои муҷаҳҳаз кардани 11 посгоҳи низомӣ дар марз бо Афғонистон ва эҷоди марокизи омӯзишӣ барои нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мушоҳида кард.[25] Ҳамкориҳои низомии рӯзафзуни ду кишвар низ дар таҳаввулоти ахир ҳувайдост, бавижа ин ки ахиран ҳавопаймои артиши озодибахши Чин кумакҳои башардӯстонаеро ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон интиқол додааст. [26] Барои Чин комилан мантиқист, ки беш аз пеш ба бахши амният дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ кунад, зеро Пекин сармояи зиёде дар иқтисоди ин кишвар ва минтақа гузоштааст. [27] Тарҳи бузурги «Як камарбанд, як роҳ» зербиноҳои ҳамлу нақл ва ё таробарӣ дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёнаро ба ҳам муттасил мекунад. Ин тарҳ барои Тоҷикистон ба далели мавқеъияти танги ҷуғрофиёӣ ва дастрасӣ надоштанаш ба обҳои озод судманд аст. Барои Чин ҳам ин тарҳ муҳим аст, ба ин хотир ки интиқоли колоҳо ва маҳсулоташ дар саросари қитъаи Осиёро осон мекунад. Аз ин рӯ, ҳамкориҳои амниятӣ байни ду кишвар сирфан барои муҳофизат аз сармояи Чин дар Тоҷикистон ва муроқибат аз марзи ин кишвар бо Афғонистон густариши бештаре хоҳад ёфт.Ин имкон вуҷуд дорад, ки тобистони соли 2020 барои бисёре аз ибтикороти иқтисодии Чин дар чорчӯби тарҳи «Як камарбанд, як роҳ» як давраи хоби зимистонӣ бошад. Бо таваҷҷуҳ ба маҳдудиятҳои сиёсӣ ва иқтисодии зикршуда, Чин наметавонад ба андозаи гузашта вомҳои бузурге ба Тоҷикистон бидиҳад [28]. Агар иқтисоди Чин зудтар аз ҳадди интизор барқарор шавад, боз ҳам бонкҳои чинӣ дар интихоби тарҳҳои судманд барои сармоягузорӣ эҳтиёт ба харҷ хоҳанд дод ва ҷилави «филҳои сафедро» хоҳанд гирифт. [29]
Ба далели кумакҳои башардӯстонае, ки ироа медиҳад, Чин барои кишварҳои дар ҳоли тавсеъа ба унвони як наҷотдиҳанда зоҳир хоҳад шуд. Дар гузашта Чин аз абзорҳои қудрати нарм ба таври кофӣ бархурдор набуд. Бо истифода аз конолҳои диплумотик ва ҳамоҳангии кишварҳои ниёзманди кумак, Чин метавонад қудрати нарми муассиреро ба кор андозад ва дар натиҷа вобастагии кишварҳое чун Тоҷикистонро ба худ бештар кунад.
Тоҷикистон барои эҷоди танаввуъ ва гуногунӣ дар сарчашмаҳои даромади молияш ба кумаки созмонҳои байналмилалӣ ниёзманд аст. Дар шароити буҳрон, Чин наметавонад монанди гузашта қарзу бидеҳиҳои худро бибахшад. Чин маҷбур ба таҷдиди сохтори қарзу бидеҳиҳояш ба Тоҷикистон хоҳад шуд ва пардохти онҳоро ба таъвиқ хоҳад андохт [30]. Вомҳо ҳамеша риску хатарҳое ба ҳамроҳ доранд, бавижа ин ки шароите барои ихтисоси онҳо на танҳо аз сӯи Чин, балки аз сӯи ниҳодҳои молии байналмилалӣ, монанди Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ ҳам пешбинӣ шудааст. Ва дар сурате, ки манофеъи ду тараф бо ҳам созгор набошад, сармоягузор аҳрумҳое дар ихтиёр хоҳад дошт, ки ба василаи онҳо метавонад озодии қарзгиранда ё бидеҳкорро дар тасмимгирӣ маҳдуд созад.
Натиҷагирӣ
Набарди ривоятҳо то кунун камтар мавриди мутолеъа ва пажӯҳиш қарор гирифтааст, ба ин маъно ки пешбинии паёмадҳои он дар ҳаёти сиёсии оянда душвор аст. Нашри хабару иттилоъоти козиб, назарияҳои тавтеапиндорона ва додаҳои нодуруст метавонад рақобатҳои байналмилалиро сирфан амиқтар кунад. Тоҷикистон кишварест, ки бо ҳамаи тарафҳои даргир дар набарди ривоятҳо равобити ҳасана дорад. Бино бар ин, ин кишварро лозим аст, ки худро аз иттилоъоти козиб ва ғайрисаҳеҳ дар шабакаи ҷаҳонӣ, конолҳои телевизиюнӣ ва манобеъи дигари хабарӣ муҳофизат кунад. Давлат ва ҷомеаи мадании Тоҷикистон метавонанд абзорҳое барои ростиозмоии иттилоъот, шиносоии ахбори ҷаълӣ ва ҷилавгирӣ аз пахши он эҷод кунанд.
Бо ин ҳол, он гуна ки дар боло ишора шуд, се имтиёзи роҳбурдии Чин (қудрати иқтисодӣ, нуфузи сиёсияш аз роҳи густариши ҳамкориҳои низомӣ ва СҲШ, ва таҳмили шароити хос дар ивази сармоягузорӣ) рӯшан месозад, ки чиро Душанбе ба эҳтимоли қавӣ дар канори Пекин хоҳад истод. Ҳарчанд ҳамкориҳо барои ҳарду кишвар судманд аст, аммо Тоҷикистонро лозим аст равобиташро бо бозигарони қудратманди дигар низ густариш бидиҳад ва дар тарҳу барномаҳо ва ибтикорҳои иқтисодии онҳо низ мушорикат варзад.
Набарди ривоятҳо пеш аз ҳамагирии вируси куруно оғоз шуда буд. Аммо буҳрони кунунӣ басароҳат нишон дод, ки рӯйдодҳое аз ин даст то чи андоза метавонад ба танишҳои ношӣ аз тарсу нигаронӣ, таассуб ва бардоштҳои носолим ва таъсиргузор дар муносиботи байни кишварҳо дар кӯтоҳтарин фурсат доман занад.
Ин мақола дар чорчӯби тарҳи «Ҳамовозӣ барои дигарсозӣ — аз ҳошия то бодия» таҳия шудааст. Назароти баёншуда дар ин матлаб мавзеъи ҳайъати таҳририя ё ҳомии тарҳро бозтоб намедиҳад.
[1] Brian Wong, “China’s Mask Diplomacy,” The Diplomat, March 25, 2020, https://thediplomat.com/2020/03/chinas-mask-diplomacy/.
[2] Jenna Ross, “Black Swan Events: Short-term Crisis, Long-term Opportunity,” Visual Capitalist, March 22, 2020, https://www.visualcapitalist.com/black-swan-events-short-term-crisis-long-term-opportunity/.
[3] Zhang Bei, “’Battle of narratives’ unhelpful in global fight against COVID-19,’” CGTN, April 05, 2020, https://news.cgtn.com/news/2020-04-05/-Battle-of-narratives-unhelpful-in-global-fight-against-COVID-19-Pr2ZrVwMEw/index.html.
[4] Vince Chadwick, “’The politics of generosity’: Brussels aims to counter Chinese narrative on coronavirus,”Devex, April 7, 2020, https://www.devex.com/news/the-politics-of-generosity-brussels-aims-to-counter-chinese-narrative-on-coronavirus-96944.
[5] Wong, “China’s Mask Diplomacy.”
[6] Lyu Jinghua, “US, China Should Pursue Peace, Not Military Brinkmanship,” Defense One, May 12, 2020, https://www.defenseone.com/ideas/2020/05/us-china-should-pursue-peace-not-military-brinkmanship/165322/
[7] Bei, “Battle of narratives.”
[8] Erik Brattberg and Philippe Le Corre, “No, COVID-19 Isn’t Turning Europe Pro-China (Yet),” The Diplomat, April 15, 2020, https://thediplomat.com/2020/04/no-covid-19-isnt-turning-europe-pro-china-yet/.
[9] Sandra Maksimovic, “Global battle of narratives: Will propaganda about the pandemic change the world order?,” European Western Balkans, April 21, 2020, https://europeanwesternbalkans.com/2020/04/21/global-battle-of-narratives-will-propaganda-about-the-pandemic-change-the-world-order/.
[10] Patrick Wintour, “Coronavirus: who will be winners and losers in new world order,” The Guardian, April 11, 2020, https://www.theguardian.com/world/2020/apr/11/coronavirus-who-will-be-winners-and-losers-in-new-world-order.
[11] “China’s Belt and Road Initiative and its impact in Central Asia,” Voices on Central Asia, January 19, 2018, https://voicesoncentralasia.org/chinas-belt-and-road-initiative-and-its-impact-in-central-asia/
[12] Joachim Stark and Manuel Ahrens, “Economic Reform and Institutional Change in Central Asia: Towards a New Model of the Developmental State?” (Gottingen,2012), https://www.econstor.eu/handle/10419/58058.
[13] Ren Qi, “Tajik leader hails broad benefits of Belt, Road,” China Daily, April 26, 2019, https://www.chinadaily.com.cn/a/201904/26/WS5cc26932a3104842260b8863.html.
[14] Дефицит торгового баланса Таджикистана превысил 2 миллиарда долларов, Спутник, 22 Января, 2020 https://m.tj.sputniknews.ru/country/20200122/1030582706/Defitsit-torgovogo-balansa-Tajikistan-2-milliarda-dollarov.html?mobile_return=no
[15] Mattlin Matt and Nojonen Matti, “Conditionality and Path Dependence in Chinese Lending,” Journal of Contemporary China 24, no.94 (2015): 713.
[16] Payrav Chorshanbiev, “Razmer dolga Tajikistana pered Kitaem previsil $1,5 mlrd. Eto bolee polovini vneshnego dolga strani,”Asia-Plus, October 29, 2019, https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/economic/20191028/razmer-dolga-tadzhikistana-pered-kitaem-previsil-15-mlrd-eto-bolee-polovini-vneshnego-gosdolga-strani.
[17] Gao, “China and Tajikistan.”
[18] Dushanbe and Beijing sign extradition deal with Uyghurs in mind, Asianews, March, 25, 2015 http://www.asianews.it/news-en/Dushanbe-and-Beijing-sign-extradition-deal-with-Uighurs-in-mind-34319.html
[19] Michal Hudec, “China’s Emergence in Central Asia,”( Bratislava,2018): 8.
[20] Matt and Matti, “Conditionality,” 718.
[21] Marlene Laruelle, ed. “China’s Belt and Road Initiative and its Impact in Central Asia,” (Washington D.C.: The George Washington University, 2018), 6.
[22] Li, Xiaojun, Does Conditionality Still Work? China’s Development Assisstance and Democracy in Africa, Chinese Political Science Review, 2, 2017 https://link.springer.com/article/10.1007/s41111-017-0050-6
[23] “China will stand with Tajikistan till COVID-19 elimination: Chinese FM,” Xinhua Net, May 6, 2020, http://www.xinhuanet.com/english/2020-05/06/c_139034188.htm
[24] “Китай продолжает оказывать Таджикистану помощь в борьбе с короновирусом,”Avesta Information Agency, May 12, 2020, http://avesta.tj/2020/05/12/kitaj-prodolzhaet-okazyvat-tadzhikistanu-pomoshh-v-borbe-s-koronavirusom/
[25] Stephen Blank, “Sino-Tajik Exercises: The Latest Chinese Encroachment Into Russia’s Sphere of Influence,” Eurasia Daily Monitor, July 25, 2019, https://jamestown.org/program/sino-tajik-exercises-the-latest-chinese-encroachment-into-russias-sphere-of-influence/
[26] “Народно-освободительная армия Китая передала гуманитарный груз для борьбы с коронавирусом Вооруженным силам Таджикистана,” Tajikistan24, May 05, 2020,
[27] Stephen Blank, “China’s Military Base in Tajikistan: What does it Mean?,” The Central Asia -Caucasus Analyst, April 18, 2019, https://www.cacianalyst.org/publications/analytical-articles/item/13569-chinas-military-base-in-tajikistan-what-does-it-mean?.html
[28] Plamen Tonchev, “The Belt and Road after COVID-19,” The Diplomat, April7, 2020, https://thediplomat.com/2020/04/the-belt-and-road-after-covid-19/.
[29] Белый слон – термин, использующийся для обозначения инвестиционных проектов, которые не оправдывают ожиданий
[30] Tonchev, “The Belt and Road.”