Мақомот мегӯяд, ки кормандони давлатии Тоҷикистон қисми маоши худро ихтиёран ба фонди мубориза бо COVID-19 супурданд. Тариқи суханронии пинҳони хизматчиёни давлатӣ мегӯянд, ки аз онҳо ҳатто иҷозат напурсидаанд.
Ба Telegram канали мо обуна шавед!
1 апрели соли равон дар Тоҷикистон ҳисоби махсуси бонкӣ барои ҷамъоварии маблағҳои хайрия барои мубориза бо паҳншавии COVID-19 кушода шуд.
30 апрел аввалин ҳолатҳои сироятёбии COVID-19 ба шаҳрвандони Тоҷикистон расман тасдиқ карда шуд.1 май Президент Эмомалӣ Раҳмон қарор кард, ки музди моҳонаи худро ба суратҳисоби бонкии дар боло қайд намуда, барои мубориза бо паҳншавии COVID-19 интиқол диҳад.
Дар байни аввалин намунаҳои президент вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода буд, ки нисфи маоши худро барои мубориза ба пандемия равона кардааст.
Агентии давлатии иттилооти “Ховар” хабар медиҳад, ки дар байни онҳо раиси палатаи Маҷлиси намояндагон, муовинон ва вакилони, роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, раиси вилояти Хатлон, кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Академияи идоракунӣ, Театри давлатии академии опера ва балет мебошанд.
Нашрияи давлатии “Ҷумҳурият” ба наздики хабар додааст, ки раиси Суди Олӣ маоши якмоҳаи худро супурда аст, дар ҳоле ки судяҳои Суди Олӣ, Суди шаҳри Душанбе ва чор ноҳияи пойтахт 25 фоизи музди меҳнаташонро ба маблағи умумии 55 ҳазор сомонӣ (тақрибан 5,5 ҳазор доллари ИМА) ба фонди COVID додаанд.
Вазорати молияи Тоҷикистон, ки масъули ҷамъоварӣ тақсимот барои кӯмаки мардум таъин нардида аст, ба CABAR.asia гуфтааст, ки то 15 июни соли равон ба суратҳисоби махсуси мубориза бо COVID-19 беш аз 15,2 миллион сомонӣ (тақрибан 1,5 миллион доллар)маблаг ворид шудааст. Бо ссъори амрикоӣ 183,5 ҳазор доллар, бо рубли русӣ 25 ҳазор (тақрибан 361 доллар) ворид гардидааст. Ба гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Каҳхорзода, маблағҳои ҷамъоваришуда то ҳол сарф нашудаанд.
Дар суханронии Вазорати молия гуфта мешавад, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пур кардани суратҳисобро барои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 “дар пайравӣ аз ташаббуси башардӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” идома медиҳанд.
Низоми ихтиёрӣ–ҳатмӣ
Ба гуфтаи коршиносон, ҷамъоварии маблағ аз ҳисоби мардум замони ҷамъоварии маблағ барои сохтмони нерӯгоҳи Роғунро ба ёд меорад. Дар аввали соли 2010 ҳукумати Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват намуд, то саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро харидори намоянд. Он замон ҳукумат мардумро итминон медод, ки нерӯгоҳ метавонад бо пули давлат сохта шавад. Расонаҳо хабар медоданд, ки аксар вақт фишор овари ба шаҳрвандон истифода мешуд, то онҳоро маҷбур кунанд, ки саҳмияҳои НБО Роғунро харидори кунанд. Масалан, аз ронандагон дар гузаргоҳҳо ба ҷои ҳуҷҷатҳои мошин саҳмияҳоро барои пешниҳод талаб менамуданд. Дар донишгоҳҳо ба донишҷӯён дар имтиҳон иштирок намуданро бе доштани саҳмия иҷозат намедоданд.
Дар натиҷа, саҳмияҳо тақрибан ба 180 миллион доллар фурӯхта шуданд. Аммо, баъдтар, аз маслиҳати институтҳои байналмилалии молиявӣ, ҳукумат аз ин андеша даст кашид.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба хабарҳо дар бораи ҷамъоварии “ихтиёрӣ” шубҳа доштанд. Дар шабака инчунин саволҳо дода шуд: “Чӣ гуна хизматчиёни давлатӣ метавонанд оилаҳояшонро таъмин кунанд, агар онҳо як қисми музди меҳнаташонро диҳанд?”
Котиби матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ Нусратулло Маҳмадзода яке аз аввалинҳо шуда, маблағро ба мубориза бо коронавирус пардохт намудааст. Вай ба CABAR.asia гуфт, ки ҷамъоварии пул аз кормандони Вазорати корҳои дохилӣ идома дорад. Дар байни онҳое, ки аллакай маблағ интиқол додаанд, сардорони ВКД, муовинони вазир ва раёсатҳо мебошад.
“Садҳо нафар дар саросари кишвар аз ҳисоби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ кумак пули гирифтанд”, гуфт Маҳмадзода.
Ӯ даъвоҳоро дар бораи маҷбуран ситонидани маблағ рад намуд.
“Нӯкорӣ ҳеҷ гоҳ маҷбури буда наметавонад” – гуфт Маҳмадзода.
Аммо, дар идоракунӣ таҳрири CABAR.asia санаде буд, ки аз 2 майи соли равон талабот оид ба мубориза бо паҳншавии коронавирус, ки аз яке аз сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст.
Дар ин санад, аз ҷумла,”оғӯш кардан ва бӯса кардан”, ки хос ба анъанаи ҷомеаи Тоҷикистон рост меояд , манъ карда шудааст ва талабот барои нигоҳ доштани масофаи якуним метр дар байни кормандон вуҷуд дорад. Аммо, дар он ин чунин “пешниҳод” мекунад, ки кормандон барои мубориза бо коронавирус аз ҳисоби маоши худ дар моҳи май ба ҳисоби махсуси ин бахш 20 сомонӣ (тақрибан 2 доллар) интиқол диҳанд.
«Барои муборизаи муштарак бо коронавируси COVID-19 дар Вазорати молия ва Департаменти тибби ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоби махсус кушода шудааст. Вобаста ба ин, пешниҳод карда мешавад, то ки ҳар кадоме аз кормандон музди меҳнатро аз моҳи май 20 сомонӣ равона кунанд, (мӯҳлати ниҳоӣ он 25 май ) », – омадааст дар ҳуҷҷат.
Корманди ВКД иқрор шуд, ки дар маҷлис аз онҳо талаб карда мешуд, то маблағҳоро ба фонди махсус партохт намоянд.
Ҳуқуқшинос Абдулмаҷид Ризоев мегӯяд, ки музди меҳнат, новобаста аз шакли моликияти корхона будан, инчунин моликияти шахсист:
Арҷгузорӣ ба анъана
Коршиносон мегӯянд, ки дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон муносибатҳои иҷтимоӣ аксар вақт на аз рӯи қонун, балки аз рӯи анъана ва урфу одатҳо танзим карда мешаванд. Ба гуфтаи коршиноси тоҷик Эмомалӣ Сайдамирзода, намунаи мансабдорони воломақом махсусан муҳимимтаринҳо, ки чунин амалҳоро аз зердастонашон тақозо мекунад.
«Ин анъана аз замони шӯравӣ боқӣ мондааст. Вақте ки нафарони “Воломақом” эълон кунанд то, ки як қисми музди меҳнати худро, барои сохтумон, пул ё корхона супоранд, коргарони оддӣ низ маҷбур мешаванд, то ба онҳо пайравӣ намоянд, мегӯяд ӯ. – Айнан ҳамин ҳол имрӯз низ рух дода истодааст. Аммо маоши расмии имрӯза ҳатто барои хароҷоти ҳафтаинаи хонаводаҳо кифоят намекунад. Аз ин рӯ, ба самимияти ин амалҳо бовар кардан душвор аст. “
Вай чунин мешуморад, ки давлат дар шароити имруза набояд барои ситонидани маблағ аз шаҳрвандон дар мубориза бо пандемия кӯшиш кунад.
“Пеш аз ҳама, ин хароҷот бояд аз ҳисоби буҷаи давлат пардохт шавад. Ва пасон бояд диқати созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои сарватмандро барои кумак ҷалб созем ”- қайд намуд Эмомалӣ Саидамирзод.
Ба гуфтаи ин корманди милитсия, маоши ӯ 800 сомонӣ (тақрибан 80 доллар) мебошад.
“Ин пул барои 10-12 рӯз базӯр мерасонад. Ман барои садақа аз куҷо пул ёбам? худам аз ҳисоби бародаронам зиндагӣ мекунам. Ҳама роҳбарон медонанд, ки маоши мо хароҷоти хайрияро пӯшонида наметавонад. Аммо гуфтанд, ки пул бояд супорида шавад. Дигар илоҷе нест, – гуфт лейтенанти калон.
Ин мавод дар доираи лоиҳаи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project».- омода шудааст.