Сарҳад
Тадқиқоти рӯзноманигорӣ ошкор кард, ки шикояти сокинон дар мавриди ришвахорӣ дар гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистону Узбекистон ҳақиқат дорад. (more…)
Бозгашти ҳаракати «Толибон» (ҳаракат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнуъ ва террористӣ эътироф шудааст ) ба сари қудрат дар Афғонистон ба кишварҳои ба он ҳамсоя таъсири ҷиддӣ мерасонад, ва барномаи сиёсати Афғонистон дар сиёсати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳимтар хоҳад шуд, мегӯянд коршиносон. (more…)
Созмони Паймони Амнияти даста ҷамъӣ (СПАД) омодагии худро барои кўмак ба Тоҷикистон дар вазъияте, ки пас аз ҳамлаи муваффақонаи Толибон (дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнуъ) дар шимоли Афғонистон ба вуҷуд омадааст, изҳор кард. Коршиносон чунин мешуморанд, ки Москав иштирокчии калидии СПАД аст, бар иваз чизе талаб намекунад, зеро ў худ ба субот дар марзи Тоҷикистону Афғонистон манфиатдор аст.
Низоъҳои марзии ба наздикӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки санаи 28-29уми апрели соли ҷорӣ рух дод, ба ҳаёти сокинони оддии ду ҷониб таъсири манфӣ расонид. Онҳое зарар диданд, ки тиҷорати муштарак доштанд, ба кишвари ҳамсоя хизматрасонӣ мекарданд ё мегирифтанд. Сокинон бовар доранд, ки мушкилот рафъ шуда, ҳамсояҳо метавонанд аз сар ба дидорбинии ҳам раванд.
Бар асоси иттилои ғайрирасмӣ, то пандемияи коронавирус ҳамасола тавассути гузаргоҳҳои марзӣ ва минтақаҳои назоратнашавандаи рустоҳо беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба вилояти Ботканти Қирғизистон меомад. Онҳо асосан барои кор, табобат ва истироҳат меомаданд. Аммо пас аз муноқишаҳои мусаллаҳона дар баҳори соли 2021 муносибатҳои дуҷониба қатъ гардид.
Пас аз ба сари қудрат омадани президент Шавкат Мирзиёев ҷараёни гуфтушунидҳои Тошканд ва Душанбе вобаста ба ҷудокунӣ ва аломатгузории сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон босуръат гардид. Ҳукуматҳо бовар мекунонанд, ки ихтилофҳои ҷиддӣ дар ду кишвар оид ба ин масъала вуҷуд надорад. Аммо коршиносон ба ин назаранд, ки гуфтушунидҳои сарҳадиро зарур аст суръат бахшанд, то аз барномаҳои эҳтимолан номатлуб гурезанд. Ҳамчунин коршиносон аз он нигаронанд, ки шаффофият дар ин масъала вуҷуд надорад. (more…)
Зиёда аз даҳ сол мешавад, ки дар марзи байни Тоҷикистону Афғонистон бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ бозорҳои марзӣ таъсис ёфтанд, ки ҳадаф беҳтар кардани шароити мардуми ҳар ду тарафи марз буд. Вале ба назар мерасад, ки сокинони деҳоти марзии Афғонистон зиёдтар ба фаъолияти ин бозорҳо моиланду аз онҳо фоидаи бештар мебинанд. (more…)