Без рубрики

CABAR.asia 17.11.21

Теъдоди қурбониёни хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфта, мавзӯи ҷиноӣ шудани он кайҳост, ки матраҳ мешавад. Аммо ҳанӯз дар заминаи қонунӣ ҳеч тасмиме гирифта нашудааст.

Коршиносон бар инанд, ки бо кӯдакон дар мавриди шаклҳои гуногуни хушунат ё зӯроварӣ, ки метавонанд бо онҳо рӯбарӯ шаванд, бояд суҳбат кард ва барои пешгирӣ ё вокуниши дуруст ба он маслиҳат дод.

Инҷо атрофиёни кӯдак – волидон, пайвандони наздик, ҳамосяҳо, омӯзгорон ва роҳгузарони бовиҷдон дар кӯчаҳо низ метавонанд нақши муҳим дошта бошанд.

Худро бисанҷед: то куҷо дар мавриди махсусиятҳои зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон огоҳ ҳастед ва оё медонед ки дар ин мавзӯъҳо бо кӯдакон чӣ тавр бояд суҳбат кард? Барои пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо ё пас аз вуқӯи он чӣ чораҳоеро андешидан лозим аст?

Ин тест ё санҷишнома бо ёрии Гулчеҳра Раҳмонова, сарвари Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ”, коршиноми масоили гендерӣ, ҳуқуқшинос ва ҳомии ҳуқуқ таҳия шудааст.


 


Ин матлаб дар доираи лоиҳаи “Рушди расонаҳои нав ва рӯзноманигории рақамӣ дар Осиёи Марказӣ”, ки онро Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) бо дастгирии Ҳукумати Бритониёи Кабир амалӣ мекунад, таҳия шудааст. Муҳтавои матлаб баёнгари нуқтаи назари расмии IWPR ё Ҳукумати Бритониёи Кабир нест.

CABAR.asia 15.11.21

Коршиносони тоҷик ҳушдор медиҳанд, ки истифодаи ангишт мушкилоти ҷиддии экологиро дар пай хоҳад дошт. Аммо мақомот мегӯянд, бо шарофати ангишт метавонанд пойтахтро бо гармӣ таъмин карда, ҷойҳои нави корӣ таъсис бидиҳанд.

(more…)

Коршиносон бар ин назаранд, ки мушкилоти асосии телевизионҳои ҷумҳуриявии точик, ки солҳои охир шуҳраташонро аз даст медиҳанд, ин надоштани рақобат дар сатҳи миллӣ мебошад.

Акс: president.tj

Ардашер Гулмуродзода, сокини 23-солаи Душанбе мегӯяд, аз сабаби он ки дар телевизионҳои тоҷик барномаҳои хубу ҷолиби таҳлилӣ нест, онҳоро тамошо намекунад.

«Ҳамчунин барномаҳои телевизионҳо якранганд: як сужаро якбора дар ҳама шабакаҳо намоиш медиҳанд. Телевизионҳои хориҷӣ дигаргунаанд. Онҳо барои диққати тамошобинро ҷалб кардан, рақобат мекунанд ва барномаҳои хуб таҳия мекунанд», – мегӯяд Гулмуродзода.

Ба гуфтаи вай, талошҳои махсусгардонии шабакаҳои телевизионӣ «мутаассифона» натиҷаи мусбат надоданд.

Ардашер Гулмуродзода. Акс: facebook.com

«Шабакаи аввал (пештар ТВ «Тоҷикистон») ҳоло пурра сиёсӣ шудааст, ва ҳатто филм ва мусиқӣ намоиш намедиҳад. Ҳарчанд «Шабакаи аввал»-и Руссия инро ба хотири ҷалби бинанда анчом медиҳад», – мегӯяд Гулмуродзода.

Гулмуродзода гуфт, ки чанд сол мешавад ҳатто телевизионҳои маҳаллиро ҳам тамошо намекунад.

«Як муддат ман ТВ «СМТ»-ро (аввалин ва ягона шабакаи мустақил дар Душанбе – идора.) тамошо мекардам. Шабакаҳои маҳаллӣ аз давлатӣ бо он фарқ мекунанд, ки онҳо вақти кам доранд. «СМТ» ахбори «Настоящего времени»-ро намоиш медод, ду-се клип-консерт ва реклама пахш мекард, аммо вақти эфир кам доштанд», – гуфт Гулмуродзода. 

Ба қавли Бобоҷон Шафеъ, сокини 64-солаи Душанбе, шабакаҳои ҷумҳуриявӣ барояш ягон қолибият надоранд.

Бобоҷон Шафеъ. Акс: facebook.com

«Танҳо баъзан барномаҳои фарҳангӣ-адабиро тамошо мекунам, – гуфт Шафеъ.

Барномаҳои хабарии телевизионҳои ҷумҳуриявӣ барояш бисёр хастакунанда менамояд.

 «Баъзан дар бораи кадом як бригадири чорводор гузориши тӯлонӣ сабт менамоянд, ки ин бештар ба барномаи хоҷагии қишлоқ монанд аст», – гуфт Шафеъ.

Ба қавли вай, дар пахши бархе барномаҳои телевизионҳои ҷумҳуриявӣ вай худро ҳатто аз рӯи графикаашон нороҳат эҳсос мекунад.

«Сатрҳои зиёди шабакаи «Ҷаҳоннамо» метавонад одамро кӯр кунад. Намедонам, шояд ин танҳо барои ман чунин бошад?»-мегӯяд Шафеъ. Тибқи маълумоти КТМ, – як ширкати таҳлилии истеъмоли расонаҳо дар Тоҷикистон, бинандаи тоҷик рӯз аз рӯз камтар шабакаҳои  телевизионии миллиро тамошо мекунанд ва бештар ба шаьакаҳои хориҷӣ мегузаранд.

Дар пажуҳиши ахири КТМ бо номи «Таҳлили истеъмоли телевизионҳо дар соли 2021» гуфта мешавад, ки саҳми тамоми шабакаҳои телевизионии дохили Тоҷикистон ҳамагӣ 49  дарсади тамошобинони миллиро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумотҳои пажуҳиш, шабакаҳои хориҷиро 51% -и аудитория, миллиро 38%, минтақавӣ ва маҳаллиро 11% тамошо мекунанд.

Ин ширкат қайд мекунад, ки коҳиш ёфтани таваҷҷуҳи бинандаи тоҷик ба шабакаҳои телевизионии миллӣ – ин тамоюли устувори солҳои охир аст. Масалан, дар соли 2015 46 дарсади аҳолии Тоҷикистон, дар соли 2020 42 дарсад, дар соли 2021 38 дарсади мардуми Тоҷикистон телевизионҳои миллиро тамошо кардаанд.

Тибқи маълумотҳои КТМ, маъруфтарин шабакаҳои телевизионии хориҷӣ русӣ, узбекӣ ва гуруҳе аз шабакаҳои моҳвораии форсизабон GEM TV мебошанд.

Дар баробари ин телевизион яке аз муҳимтарин манбаъҳои иттилоот боқӣ мемонад. 81%-и аҳолии Тоҷикистон ҳамарӯза телевизион тамошо мекунанд.

Шералӣ Ҷурабоев, бозоршинос, муассиси оҷонсии таблиғотии Total Advertising Group бар ин назар аст, ки ба далели коҳиши тамошобинони шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон, тиҷорати байналмилалӣ аз ҷойгир кардани таблиғ дар эфири онҳо худдорӣ мекунанд.

Шералӣ Ҷурабоев. Акс аз саҳҳифаи шахсӣ дар  facebook.com

«Мо ҳаҷми дақиқи буҷаи пешбинишуда, ки ширкатҳои байналмилалӣ барои тамошобинони телевизионҳои тоҷик сарф мекунанд, намедонем. Аз ин рӯ, мо метавонем танҳо тахмин кунем. Ин ҳаҷм метавонад то як миллион доллари амрикоиро ташкил диҳад», – гуфт Ҷурабоев ба хабарнигори CABAR.asia.

Дар бораи сифати пасти барномаҳои телевизионҳои маҳаллӣ президенти Тоҷикистон Эмомоалӣ Раҳмон борҳо гуфтааст. Бори охир дар ин маврид ӯ соли 2019 зимни вохӯрӣ бо намояндагони ВАО-и давлатӣ (ВАО-и мустақил, аз ҷумла, хориҷи даъват нашуда буданд) гуфта буд, ки дар шароити муосир онҳо рақобатпазир нестанд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон барои мисол кори шабакаҳои телевизионии “Евроньюс” ва “Aль-Ҷазира”-ро овард, ки сари вақт хабар пахш мекунанд ва роҳбари Дастгоҳи президент Озода Раҳмонро супориш дод, ки барномаҳои телевизионро мониторинг гузаронад. Айни ҳол маълум нест, ки ин гуна мониторинг гузаронида шуд ва натиҷааш чӣ аст.

Дар Тоҷикистон тамоми телевизионҳои миллӣ давлатӣ мебошанд. Кӯшишҳои таъсиси шабакаи миллии ғайридавлатӣ бо сабаби ба қайд нагирифтан, муваффақ нашуданд.

Тамоми шабакаҳои телевизонии ғайридавлатӣ минтақавӣ мебошанд, ки бештари онҳо дар вилояти Суғд қарор доранд. Асосан барномаи ин шабакаҳои телевизионӣ ҷанбаи дилхушӣ доранд, оид ба мушкилоти сиёсӣ иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавод тақрибан нест.

Коршиносон ба кормандони телевизионҳо тавсия медиҳанд аудиторияашонро омӯзанд

Беш аз ду сол мешавад, аммо аз рӯи натиҷаи пажуҳиш ва вокуниши тамошобинон кори телевизионҳои тоҷик беҳтар нашудааст.

Яке аз роҳбарони телевизиони давлатӣ бо шарти ифшо нашудани номаш ба хабарнигори CABAR.asia гуфт,  ки бо интиқоди роҳбари давлат розӣ аст ва онҳо кӯшиш доранд вазъро беҳтар намоянд.

«Ҷое кор ҳаст, онҷо танқид ҳам ҳаст. Ҳукумат ба кори телевизионҳо диққати калон медиҳад. Мо ҳамчунин кӯшиш карда истодаем то муҳтавои барномаҳоямонро беҳтар намоем. Аммо набояд кори рӯзноманигорону кормандони техникиро аз назар дур созем. Дар телевизион барномаҳои хуб ҳаст. Мо дар бораи шахсиятҳои шинохта мавод таҳия мекунем, барномаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хуб низ дорем», – гуфт ҳамсуҳбати CABAR.asia.

Мунаққидон  мегӯянд, ки ҳукумат телевизионро ҳамчун як шабакаи асосии таблиғот истифода мебарад, ки ин ба мундариҷаи барномаҳои телевизионҳои ҷумҳуриявӣ таъсир мерасонад.

Шаҳло Акобирова, рӯзноманигор ва коршиноси расонаҳои хабарӣ сабаби аслии рукуд дар телевизионро набуди бозори рақобатпазир дар ин соҳа медонад

Имрӯз шабакаҳои телевизионҳои тоҷик намедонанд барои кӣ барнома пешниҳод мекунанд.

Ба қавли вай, бештари роҳбарияти телевизионҳо дар Тоҷикистон чӣ гунна шиносоии тамошобини худро намедонанд  ва ҳатто аз абзорҳои муосири муайянкунии он хабар надоранд. 

«Имрӯз шабакаҳои телевизионии мо намедонанд барои кӣ барнома пешниҳод мекунанд. Зарур аст, ки бинандаи худро омӯзанд, кӣ кадом шабакаро ва кадом барномаро тамошо мекунад, кадом вақт ва барои чӣ ба дигар шабака мегузарад», – гуфт Акобирова.

Вай ҳамчунин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард. ки шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ сарфи назар аз сифати маҳсулоти медиаашон, пайваста аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ мешаванд.

«Маблағгузории шабакаҳои телевизионӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ онҳоро то андозае танбал мекунад», – мегӯяд Акобирова.

Стандартҳои дугона ва омодасозии сусти кадрҳо барои ТВ

Шаҳло Акобирова бар ин назар аст, ки мақомот нисбат ба телевизионҳои давлатӣ ва мустақил стандартҳои дугонаро татбиқ мекунанд. Масалан, гуруҳи аввал ба литсензия ниёз надорад, дар ҳоле, ки хусусӣ ба иҷозатнома ниёз дорад ва раванди дарёфти он осон нест.

Дар қатори дигар монеаҳо вай барои телевизионҳои ғайридавлатӣ  қарореро ёдовар шуд, ки моҳи майи соли ҷорӣ қабул гардида буд, шабакаҳои телевизионии мустақил, ки бе ин ҳам буҷаи ночиз доранд, вазифадор шудаанд, ки як фоиз аз даромади солонаашон ба Кумитаи давлатии радио ва телевизион супоранд.

Акобирова  ҳамчунин аз сифати таълим дар факултаҳои журналистика дар донишгоҳҳои Тоҷикистон норозигӣ баён кард.

Шаҳло Акобирова. Акс: facebook.com

«Студияҳои таълимӣ ҳаст, аммо дар онҳо танҳо наворгириро меомӯзанд. Аммо донишҷӯён дониши асосӣ, ки барои кор бо  видео дар телевизион зарур аст, аз худ намекунанд. Бештари барномаҳои таълимии онҳо ба филологҳо бахшида шудааст, аз ҷумла: услуб, забон, адабиёт. Умуман, дар факултаҳои журналистика мо бештари фанҳоеро надорем, ки барои омода кардани журналистон зарур бошад», – гуфт Акобирова.

Абдуқодир Талбаков, ки чанд сол роҳбарии телевизиони «Пойтахт»-ро ба уҳда дошт,  гуфт телевизионҳои давлатӣ бод алели адами мутахассисони ҳирфаӣ, маҳдуд будани имконоти молӣ ва аз ҳад зиёд сиёсӣ шудани барномаҳои телевизионӣ рақобатро аз даст медиҳанд.

«Бештари телевизионҳои миллии мо ҳоло асосан донишҷӯёнро ба кор ҷалб мекунанд. Ва роҳбарони ин шабакаҳо кормандонро ба хотири симои зоҳирӣ қабул мекунанд, на ба хотири дониш ва таҷриба», – гуфт вай.

Боз як мушкили дигари телевизионҳоро коршинос дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои бузурги тиҷоратии ҷаҳонӣ ва шабакаҳои телевизионӣ медонад.

«Шарикони аксари барномаҳои телевизионӣ дар ҷаҳон ширкатҳои бузурги тиҷоратӣ мебошанд. Дар кишвари мо ин гунна мисолҳо амалан вуҷуд надорад», – гуфт Талбаков.

Коршиносон мушкили асосиро дар монополияи барномаҳои телевизионҳои давлатӣ медонанд. Ба қавли Шаҳло Акобирова, зарур аст сабти номи ширкатҳои хусусии телевизиониро, ки метавонанд бо ширкатҳои телевизионҳои давлатӣ рақобат намоянд, содда карда шавад.

«Имрӯз шабакаҳои телевизионии мо бо шабакаҳои пурқудрати хориҷӣ рақобати шадид доранд. Ягона ҳавасмандӣ барои истеҳсоли муҳтавои балансифат эҷоди бозори рақобатпазир аст», – мегӯяд Акобирова.

CABAR.asia 12.11.21

Коршиносони тоҷик омили аслии биёбоншавиро ба фаъолиятҳои бесарусомони кишоварзӣ рабт медиҳанд. (more…)

CABAR.asia 10.11.21

Тоҷикистон кишвари аз захираҳои обӣ ғанӣ мебошад. Релефи кӯҳӣ ва мавҷудияти рӯдхонаҳои зиёд имкон медиҳад, ки сарбандҳои баланд сохта шуда, неругоҳҳои барқи обии бузург бунёд шаванд. 95 дарсади  неруи барқи кишвар дар 14 неругоҳи барқи обии калон ва миёна тавлид мешаванд. (more…)

CABAR.asia 05.11.21

Озмуни сурудҳои поп — “Eurovision” маъмулан таваҷҷуҳи дӯстдорони мусиқиро ба худ ҷалб мекунад. Аммо сабқати охир, дар ҷомеаи Русия баҳси масоили иҷтимоии марбут ба бегонаситезӣ ва ҷинсиятиро ба бор овард. Намояндаи Русия — Манижа Сангини тоҷиктабор, таваҷҷуҳи сиёсатмадорон, фаъолони ҷамъиятӣва ҳатто  руҳониён, инчунин аҳли ҷомеаро на танҳо дар Русия, балки берун аз марзҳои он ҳам ба худ ҷалб кард.

Манижа бо таронаи “Зани рус” ба озмуни “Eurovision” роҳ ёфт. Акс аз: eurovision.tv
Манижа бо таронаи “Зани рус” ба озмуни “Eurovision” роҳ ёфт. Акс аз: eurovision.tv

Аз ҷумла, Манижа дар қатори он ширкатдорони “Eurovision” қарор гирифт, ки номашонро бештар аз ҳама дар ҷӯсторҳои ҷаҳонӣ ҷустуҷӯ кардаанд. Дар натиҷаи овоздиҳии муштараки ҳайати ҳакамон ва мухлисони “Eurovision” дар бахши “Матни беҳтарин” таронаи “Зани рус”-и Манижа мақоми дуюмро аз худ кард. Ҷойи аввал насиби таронаи “Zitti e buoni” аз гуруҳи “Maneskin” шуд.

Миёни шарҳнависони русзабон низ баҳсу мунозираҳои зиёде сурат гирифт. Муҳимтарини онҳо ба ҳуввияти Манижа ва мавқеи фаъоли иҷтимоии ӯ дар дифоъ аз ҳуқуқи занон марбут буд.

Дар маҷмӯъ, назарсанҷиҳои сотсиологӣ дар Русия баёнгари сатҳи баланди бегонаситезӣ миёни русҳо нисбат ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ мебошад. Тибқи ин назарсанҷиҳо, муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ (узбекҳо ва тоҷикон) дар миёни се гуруҳи нажодии барои русҳо камтар матлуб қарор доранд.

Барои беҳтар дарк намудани руҳияи ба вуҷудомада дар атрофи суруди “Зани рус”, ки Русияро дар “Eurovision” муаррифӣ кард, дар матлаби мазкур ин нуктаҳоро баррасӣ хоҳем кард:

Сабабҳои аслии ба чунин мавҷи бузурги шарҳҳои сиёсӣ рӯбарӯ шудани  таронаи мазкур;

Таҳлили шарҳҳо зери се видео-баромади озмунии сароянда дар YouTube;

Таҳлили басомадии калимаҳои марбут ба қавмият ва ҷинсият.

 

Чаро суруди Манижа вокунишҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ ба вуҷуд овард?

Хабари ба “Eurovision” роҳ ёфтани Манижа дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷи бузурги шарҳҳоро ба дунбол дошт, ки миёнашон шарҳҳои дорои хусусияти бегонаситезӣ зиёд буд. Овозхонро бештар барои руҳияи феминистӣ доштани таронааш танқид мекарданд.

Нашрияҳои либералӣ таронаи “Зани рус”-ро манифести феминизм ва “комилан хароб кардани асосҳои падарсолорӣ” унвон карданд.

Вячеслав Половинко, хабарнигори вижаи “Новая газета”  мегӯяд: “Бар иловаи он ки суруд “Зани рус” ном дорад, паёми он дар робита ба “тарзи зиндагӣ” дар Русия ошкоро феминистӣ ва масхараомез мебошад”.

Динамикаи фаъолияти шарҳнависӣ зери Official Video Russia

 

Дар ҷадвали динамикаи фаъолияти шарҳнависӣ зери навори Official Video Russia, тамоюлҳои тадриҷан сиёсӣ шудани суруд ба таври равшан намоёнанд. Дар рӯзи аввали нашр, зери видео то 8 ҳазор шарҳ навишта шуд, дар идома коҳиши тадриҷии таваҷҷӯҳ ба он ба мушоҳида расид.

Аммо баъдан, 16-18 март мавҷи нави фаъолияти шарҳнависӣ ба миён омад. Он рӯз маълум шуд, ки ҳайати таҳририяи нашрияи “Ветеранские вести” ба Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия  муроҷиат карда, хостааст, дар робита ба суруди “Зани рус” бо иттиҳоми барангехтани адовати миллӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кунад. “Ветеранские вести” шарики иттилоотии ФСБ (Хадамоти амниятии федеролӣ) ва ВКД-и Русия мебошад.

Баъди ин вазъият атрофи таронаи “Зани рус” ба ҳадде сиёсӣ шуд, ки таваҷҷуҳ ба навор пас аз изҳороти ин ё он сиёсатмадор бештар шудан гирифт.

Мавҷи бештари фаъолиятҳои шарҳнависӣ рӯзи 31 март баъд аз он ки раиси Шӯрои Федератсияи Русия — Валентина Матвиенко матни сурудро интиқод кард, ба вуҷуд омад.

Ҳамин тавр, андозагирии фаъолияти шарҳнависӣ нишон медиҳад, ки баромади Манижа на танҳо аз нигоҳи мусиқӣ, балки аз нигоҳи иҷтимоӣ ва ҳатто сиёсӣ низ назаррас мебошад.

Таҳлили эҳсосоти шарҳҳо

Се навор аз ҳунарнамоии Манижа дар “Eurovision” танҳо дар шабакаи расмии “Eurovision” дар YouTube, дар маҷмӯъ наздики 40 миллион бинанда дорад ва зери онҳо ҳудуди 300 ҳазор шарҳ навиштаанд.

Дар назари аввал, ҳангоми дидани шарҳҳо шояд чунин таассуроте пайдо шавад, ки паёмҳои манфӣ ба ҳунарнамоии Манижа зиёдтаранд. Аммо оё дар ҳақиқат чунин аст?

Барои ҷавоб ёфтан ба ин савол аз се видеои асосии ҳунарнамоии Манижа дар канали расмии “Eurovision” дар Youtube  — Official Video Russia (42948 шарҳ), Russia First-Semi-Final (41238 коммент) ва Russia Grand Final (9921 шарҳ) — 94 107 шарҳро ҷудо кардем.

Барои арзёбии эҳсосоти матн, мо аз китобхонаи  Dostoevsky дар Python истифода бурда, шарҳҳоро ба се гуруҳ ҷудо кардем: руҳияи мусбат, руҳияи манфӣ ва суханрониҳои бетараф.

Дар таҳлил мазмуни паёмҳое монанди табрикоти расмӣ, изҳори ташаккур ва шарҳҳои табрикотӣ, инчунин навиштаҳое, ки таснифкунанда руҳияи онҳоро маълум карда натавонист, ҳазф шуданд.

Мавриди тазаккур аст, ки истифодаи китобхонаи Dostoevsky барои таҳлили руҳияи шарҳнависӣинтихоби нисбатан беҳтаре барои ин таҳқиқот аст. Дар айни замон, ба дурустии дараҷаи таснифоти ин модел баҳои баланд додан хеле душвор аст.

Таҳлили эҳсосоти шарҳҳо бо забони русӣ

 

 

Аз диаграммаи натиҷаи таҳлили эҳсосоти шарҳҳо бо забони русӣ зери се навор бармеояд, ки тақрибан 40-50%-и шарҳҳои зери ҳар як видео навишташуда бетараф, тақрибан 26-36% мусбат ва тақрибан 18-21 дарсад манфӣ тасниф шудаанд.

Бо муқоиса кардани нишондиҳандаи се видео метавон тағйироти динамикиро дар руҳияи шарҳнависон мушоҳида кард.

Видеои аввал (Official Video Russia) шумораи нисбатан зиёди “дизлайк” ё “написандидан”-ро гирифт, ки бештар аз нисфи аломати мусбатро ташкил медиҳад (194 ҳазор “дизлайк” дар муқобили 361 ҳазор “лайк”). Инчунин видеои мазкур шумораи бештари шарҳҳои манфиро соҳиб гардид – 20,93%. Шарҳҳои мусбат – 25,99% ва навиштаҳои бетараф  47,74 дарсадро ташкил медиҳанд.

Дар ду навори дигар вазъият барои овозхон ба маротиб беҳтар шудааст. Дар Russia First-Semi-Final шумораи шарҳҳои мусбат нисбат ба шарҳҳои манфӣ тақрибан ду баробар зиёд шудааст – 35,91% дар муқобили 18,10%.

Дар видеои Russia Grand Final таносуб каме тағйир ёфт, аммо на ба нафъи Манижа – 32,01% шарҳи мусбат дар муқобили 20,62% шарҳи манфӣ.

Дар паёмҳое, ки зери навори аввал гузошта шудааст, бисёре аз шарҳнависон, аз ҷумла онҳое, ки назари мусбат доранд, ба дурнамои таронаи “Зани рус” барои роҳхат ба финал шубҳа доштаанд. Аз ин рӯ, тахмин кардан мумкин аст, ки тағйироти мусбат низ ба он алоқаманд буд, ки суруди Манижа тавонист ин монеаро пушти сар кунад.

Ҳамин тавр, шумораи умумии шарҳҳои мусбат дар доираи 78-81% қарор дошта, нисбат ба 19-22% шарҳҳои манфӣ баръало  бартарӣ доранд (тақрибан 4 маротиба).

Ин маънои онро дорад, ки андешаи аввал дар бораи бартарии равшани шарҳҳои манфӣ хато аст.

Шояд ба арзёбии ибтидоии навор ҳузури “троллҳо”-и интернетӣ дар шарҳҳо таъсир расонида бошад, ки манзараи умумиро таҳриф карда, дар мавриди паҳншавии эҳсосоти манфӣ таассуроти бардурӯғ ба вуҷуд оварданд.

“Тролли интернетӣ” корбарест, ки дар интернет қасдан паём ё шарҳи озордиҳанда ё таҳқиромез мегузорад, то касеро ранҷонад, таваҷҷуҳро ба худ ҷалб кунад ё кадом як мушкил эҷод кунад.

Миқдори миёнаи шарҳҳое, ки аз як аккаунт навишта шудаанд, 1,12-1,24 паёмро ташкил медиҳад. Аммо се шарҳнависи фаъол зери видеои аввал (Official Video Russia) 333 паём гузоштаанд. Ҳамаи ин паёмҳо манфӣ мебошанд.

Дар ду видеои дигар шумораи шарҳҳое, ки аз ҷониби “троллҳо” гузошта шудаанд, ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

Мансубияти нажодӣ ва ҷинсият

Дар шарҳҳо, ба вижа зери навори аввал, ҳуввияти қавмии Манижа зиёд зикр мешавад. Дар ин тадқиқот таҳлили басомади решаи калимаҳои зерин гузаронида шудааст.

Таҳлили басомадии калимаҳои марбут ба мансубияти қавмии Манижа

 

Масалан, дар шарҳҳои зери навори аввал калимаҳое бо решаи “тадж” (тоҷ) (беш аз 1200 калима), “мигрант” (муҳоҷир) ва “черн” (сиёҳ) (74 калима), “восточ” (шарқӣ) (57), “азиат” (осиёӣ) (48) зиёд дучор меоянд.

Дар шарҳҳои зери навори дуввум, вожаҳое ки решаи “тадж” доранд, камтар мушоҳида мешавад (882). Ин дар ҳолест, ки видеои дуюм 6 миллион бештар бинанда дорад. Дар навори сеюм калимаҳои дорои решаи “тадж” аз ин ҳам камтаранд (169).

Дар маҷмӯъ, калимаҳои дорои ин реша тақрибан аз 3,1 то 4,8%-и тамоми шарҳҳоро дар бар мегиранд (4,8% дар зери видеои аввал, 3,8% дар зери видеои дуюм ва 3,1% зери видеои сеюм).

Аксар вақт дар ин гуна шарҳҳо калимаҳои таҳқиромез истифода шудаанд.

Таҳлили басомадии калимаҳои марбут ба мавқеи шаҳрвандии Манижа

 

 

Ҳамчунин, дар шарҳҳо вожаҳое ки решаи “фемин” (907) ва ЛГБТ, ки баёнгари мавқеи шаҳрвандии Манижа дар мубориза бо хушунати хонаводагӣ ва афзоиши нақши зан мебошад, нисбатан зиёд вомехӯранд.

Тақрибан 2-3%-и тамоми шарҳҳо бо забони русӣ калимаҳои дорои ин решаҳоро дар бар мегиранд (видеои аввал 3%, видеои дуюм 2,23% ва видеои сеюм 2,2%).

Дар маҷмӯъ, шарҳҳое, ки дар онҳо вожаҳои марбут ба мансубияти қавмӣ ва мавқеи шаҳрвандии овозхон истифода шудаанд, аз 5,3 то 8 дарсадро ташкил додааст.

Ба назари мо, барои видеои мусиқӣин нишондод қобили таваҷҷуҳ мебошад.

Хулоса

Бо натиҷаҳои бадастомада, албатта, бояд бо дараҷаи муайяни эҳтиёткорӣ муносибат карда шавад, онҳоро намешавад ба як кишвари мушаххас мансуб донист, зеро Интернет як падидаи ҷаҳонӣ аст.

Бо ин вуҷуд, баъзе хулосаҳоро баровардан мумкин аст. Ин андеша, ки аксари корбарони русзабони шабакаи Youtube аз Манижа ба унвони намояндаи Русия интиқод кардаанд, дуруст нест. Шарҳҳои манфӣ ҳатто сеяки шумораи умумии паёмҳоро ташкил намекунанд. Ҳамин тариқ, таҳлил бо истифода аз моделҳои ML (machine learning) бо тамоми камбудиҳояш имкон медиҳад, ки ба вазъ баҳои нисбатан воқеӣ дода шавад.

Албатта намешавад гуфт, ки тамоми шарҳнависоне, ки зери навори “Зани рус” навиштаҳои манфӣ гузоштаанд, бегонаситез ва “сексист” ҳастанд.

Бо вуҷуди ин, аз рӯи таҳлили басомадии калимаҳо, метавонем боварӣ ҳосил кунем, ки барои шумораи зиёди корбарони русзабон, пайдоиши қавмӣ ҳанӯз хеле муҳим аст. Ин таҳлил ҳамчунин сатҳи баланди эҳсосоти ҷинсиятиро миёни корбарони русзабон нишон медиҳад.

Бо вуҷуди ин, дар асоси нишондиҳандаҳои се видео, инчунин метавон хулоса кард, ки ин эҳсосот доимӣ нест. Ба вазъият метавон таъсир гузошт, аз ҷумла бо таъсири расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва ин руҳияҳо ба ин ё он самт тағйир мехӯранд.

Баҳсҳо дар атрофи таронаи “Зани рус”, ки ҳатто то парлумони Русия роҳ ёфт, нишон медиҳанд, ки ҳунар дар сиёсат нуфузи рӯзафзун дорад. Аҳамияти бархе ҳодисаҳои ба ин монанд дидаву дониста муболиға карда мешаванд, то таваҷҷуҳи ҷомеъаро аз мушкилоти муҳимтар – фасод, натоиҷи ноодилонаи интихобот, шиканҷа дар зиндонҳо ва ғайра дур созанд.

Аммо, ба назари муаллифи матлаб, ин чиз ба суруди “Зани рус” дахл надорад. Дар манифести Манижа дар бораи роҳ надодан ба диктаҳои қолабҳои гендерии “анъанавӣ” – мавзӯи муҳимтарин ва мубрами ҷаҳони муосир, сухан меравад.

CABAR.asia 29.10.21

Ҳамасола дар Тоҷикистон садҳо зан кӯшиши худкушӣ мекунанд. Коршиносон мегӯянд, сабаби аслии ин ҳодисаҳои фоҷеабор низоъҳо ва хушунати хонаводагӣ мебошад. (more…)

CABAR.asia 28.10.21

Дар Тоҷикистон тамоюли афзоиши мавориди хушунати хонаводагӣ алайҳи занон мушоҳида мешавад.
(more…)

CABAR.asia 26.10.21

Маҳбусони собиқ аз набудани кори доимӣ ва таассубот дар ҷомеа дилсард шудаанд. Коршиносон бар ин назаранд, ки чунин вазъ метавонад онҳоро барои дигарбора содир кардани ҷиноятҳо водор созад. (more…)

Дар ҷаҳони имрўза хеле муҳим аст донистани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ.

Санҷиши моро гузаред ва фаҳмед, ки шумо дар бораи Эъломияи умумӣ оид ба ҳуқуқи башар – аввалин таърифи ҷаҳонии ҳуқуқи башар дар саросари ҷаҳон чиро медонед. (more…)