© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Манбаъҳои барқароршавандаи энергия. Чаро он барои Тоҷикистон муҳим аст, аммо дар авлавият қарор надорад?

Тоҷикистон кишвари аз захираҳои обӣ ғанӣ мебошад. Релефи кӯҳӣ ва мавҷудияти рӯдхонаҳои зиёд имкон медиҳад, ки сарбандҳои баланд сохта шуда, неругоҳҳои барқи обии бузург бунёд шаванд. 95 дарсади  неруи барқи кишвар дар 14 неругоҳи барқи обии калон ва миёна тавлид мешаванд.


Истифодаи неругоҳҳои барқи обӣ як роҳи “сабз”-и тавлиди неруи барқ ​​маҳсуб мешавад, аммо ба ҳар ҳол, ба гуфтаи экологҳо, бояд дар мавриди роҳҳои алтернативии тавлиди неруи барқ андеша кард. Ва барои кишвари мо неругоҳҳои офтобию бодӣ аҳамияти вижа доранд.

Энергияи сабз чист?

Манбаъҳои барқароршавандаи энергияро бештар энергияи “сабз” мегӯянд, ки дар пасманзари баҳсу баррасиҳо атрофи мавзӯи тағйирёбии иқлим зиёдтар аз он ном гирифта мешавад. Зеро маълум шуд, ки канданиҳои табиие мисли газ, нафт, уран беканор нестанд ва дер ё зуд ин сарватҳо тамом мешаванд. Аз ин рӯ, бисёр кишварҳо дар талоши пайдо кардани алтернативаи нисбатан беҳтар ҳастанд. Дар Осиёи Марказӣ асосан офтоб, об ва шамол ба ин гуруҳ шомил мешаванд.

Оё дар Тоҷикистон неругоҳҳои офтобӣ истифода мешаванд?

Иқтидори энергияи офтобӣ ва бодӣ дар Тоҷикистон хеле баланд мебошад. Ҷумҳурии мо дар байни 36°40′ ва 41°05′ арзи шимолӣ ҷойгир аст. Обуҳавошиносон ин минтақаро “камарбанди тиллоӣ”-и дурахши офтоб низ меноманд.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, давомнокии солонаи дурахши офтоб дар кишвар аз 2100 то 3166 соат ва шумораи рӯзҳои офтобӣ аз 260 то 300 рӯзро ташкил медиҳад. Ин имкони хеле хуби истифода аз энергияи офтоб ба сифати энергияи алтернативӣ мебошад, махсусан дар навоҳии куҳистон, ки хатти неруи барқ кашида нашудааст.

Ҳисобҳои муқаддамотии Вазорати энергетикаи Тоҷикистон нишон дода, ки иқтидори солонаи истифодаи неруи офтоб ба 3103 миллиард кВт соат баробар мебошад. Ин миқдор кофӣ аст камбуди неруи барқ дар фасли сармо дар минтақаҳои кишвар, ки 70 дарсади аҳолӣ онҷо ба сар мебаранд, қисман бартараф карда шавад.

Мавриди тазаккур аст, дар кишвар фасли тобистон неруи барзиёди барқ тавлид шуда, зимистонҳо бо далели камбуди барқ дар бисёре аз минтақаҳо лимит ҷорӣ карда мешавад, ки дар шабонарӯз ба 8-10 соат мерасад.

Дар бораи энергияи бодӣ (шамолӣ) чӣ гуфтан мумкин аст?

Ҳарчанд иқтидори энергетикаи бодии ҷумҳурӣ ба қадри кофӣ омӯхта нашудааст, аммо тибқи ҳисобҳои гуногун он солона аз 30 то 100 миллиард кВт соатро ташкил медиҳад. Ва бо назардошти ин маълумот метавон гуфт, ки энергияи бодӣ метавонад бо иқтидори гидроэнергетикии кишвар рақобат кунад.

Тибқи маълумоти Вазорати энергетикаи Тоҷикистон, дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳамагӣ 9 иншооти бодӣ бо иқтидори умумии 5,1 киловатт ва 2433 неругоҳи офтобӣ мавҷуд аст, ки иқтидори умумии онҳо ҳамагӣ 8,87 киловатт соат мебошад.

Бисёре аз коршиносони тоҷик ва ҳатто дар худи Вазорати энергетика ҳам бар ин боваранд, ки бод ва офтоб барои Тоҷикистон ҳоло манбаи гаронарзиш барои тавлиди неруи барқ ​​​​мебошанд. Онҳо нархномаҳои барқро мисол меоранд: 1 кВт соат неруи барқи ​​дар неругоҳҳои обӣ тавлидшуда ҳоло 22,66 дирам (2,5 сент) арзиш дорад, аммо нархи 1 кВт соат энергияи бодӣ, тибқи маълумоти кишварҳое, ки ин энергияро истифода мебаранд, тақрибан 20 сент мебошад.

Аммо бо ин вуҷуд соли 2020 дар Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нахустин неругоҳи офтобӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин неругоҳ дар ҳамкории Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва ширкати “Помир энержӣ” сохта шуд.

Иқтидори неругоҳи офтобӣ 220 кВт мебошад. Барои муқоиса: иқтидори хурдтарин неругоҳи обии Тоҷикистон – НБО-и Варзоб-3 – 3,52 мегаватт ва бузургтарин неругоҳи обии амалкунанда — Норак – 3000 мегаваттро ташкил медиҳад, ки маҳз он 70 дарсади неруи барқи истифодашавандаи Тоҷикистонро тавлид мекунад.

Чаро бояд неруи барқи алтернативӣ ҷустуҷӯ кард?

Дар Тоҷикистон тақрибан 2 дарсади ҳаҷми умумии неруи барқи масрафшаванда ба манбаъҳои алтернативии энергия рост меояд. 95 дарсадро неругоҳҳои барқи обии калон ва 3%-ро неругоҳҳои ҳароратӣ, ки ангиштсангро истифода мебаранд, ташкил медиҳанд. Дар қаламрави ҷумҳурӣ тақрибан 300 неругоҳи барқи обии хурд сохта шудааст. Ҳамзамон, имконият барои бунёди боз 600 неругоҳи барқи обии хурд вуҷуд дорад.

Бино ба арзёбиҳои муқаддамотии коршиносон, иқтидори гидроэнергетикии хурд дар кишвар солона ба 18 миллиард кВт соат баробар мебошад.

Барои муқоиса: бахши энергетикаи кишвар дар соли 2020 — 19,7 миллиард кВт соат барқ тавлид кардааст. Аз ин рӯ, иқтидори неругоҳҳои хурду миёна хеле баланд аст, аммо мушкили онҳо мисли неругоҳҳои бузурги обӣ дар он аст, ки кори неругоҳҳои барқи обӣ ба сатҳи оби рӯдхонаҳо вобаста аст, ки бо фаро расидани фасли сармо коҳиш меёбанд.

Аз ин рӯ, эколог Наталя Идрисова мутмаин аст, ки бояд алтернативаи захираҳои обӣ ҷустуҷӯ шаванд, зеро танҳо ба як манбаъ такя кардан ҳамеша хавфнок мебошад.

“Бале, об манбаи барқароршавандаи энергия аст ва мо онро зиёд дорем. Аммо бо назардошти обшавии босуръати пиряхҳо бо таъсири тағйироти иқлим хавфи тадриҷан коҳиш ёфтани он дар тӯли солҳо вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, бояд алтернатива вуҷуд дошта бошад ва барои ин дастгирӣ ва субсидияҳои давлатӣ лозим аст, ки ҳанӯз дастрас нест. Як дидгоҳи умумӣ вуҷуд дорад, мегӯянд, ки ин чиз лозим аст, аммо ҳеч чизи ҷиддие анҷом дода намешавад”,-мегӯяд вай.

Қариб як миллион сокини Тоҷикистон ба неруи барқ дастрасӣ надорад?

Дар Тоҷикистон соли 2010 қонун “Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия” қабул карда шуд, барои рушди манобеи барқароршавандаи энергия ва сохтмони неругоҳҳои хурди барқи обӣ чандин барномаҳо ба тасвиб расид, ки охиринаш барои солҳои 2016-2020 буд. Аммо ин барнома асосан ба сохтмони 64 неругоҳи хурди барқи обии дорои иқтидори умумии аз 5 то 10000 кВт дахл дошт.

Муҳимияти дарёфти алтернатива ҳамин шабу рӯзҳо хеле муҳим аст, зеро ба омори Вазорати энергетика, 10 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба неруи барқ ​​дастрасӣ надорад, ки қариб як миллион нафарро ташкил медиҳад. Онҳо дар баландкӯҳҳо зиндагӣ мекунанд, ки бо далели релефи куҳӣ ва шароити сахти дамои ҳаво, он ҷо кашидани хатҳои барқ ​​душвор, гаронарзиш ва ғайри қобили эътимод мебошад. Маҳз барои ҳамин, будани панелҳои офтобӣ ё генераторҳои бодӣ метавонад масъалаи бо барқ таъмин кардани навоҳии дурдасти кишварро ҳал кунад.

Талошҳо барои ҷорӣ кардани ин таҷриба дар Тоҷикистон анҷом шудаанд, аммо бо ёрии созмонҳои байналмилалӣ, ки барои тарҳҳои марбут ба манобеи барқароршавандаи энергия грант медиҳанд. Худи аҳолии куҳистон бо далели имкониятҳои маҳдуди молӣ наметавонад мустақилона панелҳои офтобиро харидорӣ ва насб кунад.

Ва дар ҳоле ки ба неруи барқ ​​дастрасӣ надоранд, аз дигар захираҳои энергетикӣ истифода мебаранд, мисли ҳезум. Истифодаи ҳезум дар минтақаҳо, бахусус бо фарорасии зимистон ва ҷорӣ гардидани маҳдудият дар интиқоли барқ ҳоло ҳам хеле маъмул аст. Ин чиз сабаби худсарона буридани дарахтон ва таназзули ҷангалҳо дар Тоҷикистон мешавад.

Тибқи арзёбии коршиносон, дар ибтидои қарни гузашта, 20 дарсади қаламрави кишварро ҷангал ташкил медод, аммо давоми 10-20 соли охир то 3 дарсад коҳиш ёфтааст. Тоҷикистон аз ҷиҳати фарогирии ҷангал дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи охирин қарор дорад. Барқарор кардани ҷангалзорҳо кори душвор аст ва бидуни  тавсеаи энергияи алтернативӣ анҷом додани ин кор ғайриимкон мебошад.


Ин матлаб дар доираи лоиҳаи “Рушди расонаҳои нав ва рӯзноманигории рақамӣ дар Осиёи Марказӣ”, ки онро Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) бо дастгирии Ҳукумати Бритониёи Кабир амалӣ мекунад, таҳия шудааст. Муҳтавои матлаб баёнгари нуқтаи назари расмии IWPR ё Ҳукумати Бритониёи Кабир нест.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: