© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Соҳибкорони тоҷик аз санҷишҳои беасос ва андози баланд шикоят мекунанд

Дар ҳоле ки ҳукумати Тоҷикистон аз рушди соҳаи соҳибкорӣ маълумот медиҳад, худи  соҳибкорон аз гаронии андоз ва санҷишҳои беасос шикоят карда, фаъолияташонро қатъ мекунанд.


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


Зайниддин Каримов. Акс аз CABAR.asia

Зайниддин Каримов молики шабакаи мағозаҳои «Шапарак» дар суҳбат бо CABAR.asia мегӯяд маҷбур аст шабакаи мағозаҳояшро махкам кунад, чун мақомоти гуногун, аз ҷумла кормандони андоз бо тафтишҳои  беасос намемонанд озодона фаъолияти соҳибкориашро пеш барад.

“Фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар душвор шудааст, танҳо мақомоти андоз 10 намуди тафтишот дорад. Ҳоло ман дар бораи дигар мақомотҳо гап намезанам.  Масъулини мақомоти андоз бо ҳар баҳона тафтишот бурда, ҷаримаҳои ҳангуфт мебандад. Бо ин бесарусомониҳо чӣ гуна соҳибкор фаъолияташро пеш бурда метавонад”,- мегӯяд Каримов.

Зайниддин Каримов  беш аз даҳ сол молики шабакаи мағозаҳои либос бо номи “Шапарак” дар шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ либосҳоро барои мағозааш  аз Ҷумҳурии Туркия меовард ва то ин дам 21 нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин мекард. Ба гуфтаи ӯ ба ғайр аз мақомоти андоз дигар мақомотҳои маъмурӣ низ мушкил эҷод мекунанд:

“Дар давоми 10 соли фаъолият хадамоти оташнишонӣ ба мо ягон бор таҷҳизоти муосир пешниҳод ва насб накарданд. Аммо мо барои як коғази амрнома ба мағозаи андозаи 45 метри квадратӣ солона то 2 000 сомонӣ (таҳминан 200 доллари ИМА) маблағ супоридем”.

Ҳамасола дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузург таъсис дода мешаванд, аммо дар муддати кӯтоҳ фаъолияти онҳо қатъ мегардад. Худи соҳибкорон  гаронии андоз, набудани рақобати солим, санҷишҳои мунтазам аз тарафи мақомоти молия ва танзимкунанда, меъёрҳои баланди қарзҳои бонкӣ, дастгирӣ наёфтан аз ҷониби ҳукуматро омилҳои асосии рушд наёфтани соҳаи саноат  дар ҷумҳурӣ арзёбӣ мекунанд.

Сармуҳосиби як ширкати маҳсулоти ширӣ дар Тоҷикистон, ки нахост номашро зикр кунем, мегӯяд мақомоти андоз дар бисёр ҳолат аз корхонаҳо пешпардохти андозро талаб мекунанд, ки ин барои соҳибкорон миёншикан аст.

 “Мақомоти андоз дар вақти тафтишот ба корхонаи мо меъёр муайян мекунад, ки мо дар муддати ним ё як сол бояд чӣ қадар маҳсулот истеҳсол кунем ва аз рӯи  он меъёр  андоз меситонанд, ҳол он ки оё ширкат ин қадар маҳсулотро истеҳсол карда метавонад ё не”,-гуфт сармуҳосиб.

 Дар ҳамин ҳол Мирзо Салимпур, сардабири сайти хабарии Akhbor.com дар суҳбат бо CABAR.asia мегӯяд дар аксари ноҳияву шаҳрҳои Тоҷикистон соҳибкорон алакай андозҳои худро барои солҳои 2020 ва ҳатто 2021 пешакӣ супоридаанд, то ки нақшаи андози он минтақа иҷро шавад.

“Онҳо ҳанӯз намедонанд, ки соли оянда ё баъдаш фоида мегиранд ё не, вале андозашонро алакай супурдаанд. Аксари соҳибкорон бо қарзи бонк кор мекунанд, ки ба сари худ фоизи баланд дорад, вале пуле, ки бо фоиз гирифтаанд, маҷбуранд пешакӣ ба андоз диҳанд”,- гуфт Салимпур.

Ба назари ӯ то замоне ки қонунгузории андоз ба таври ҷиддӣ ба сӯи сабукӣ ислоҳ нашавад ва то замоне ки салоҳият ва ҳаққи дахолати кормандони андоз қатъиян маҳдуд карда нашавад, вазъ ислоҳ намешавад.

“Кормандони андоз, мутаассифона, дар ҳоли ҳозир ҳамон доруғаҳои (посбон) даврони аморати Бухороро мемонанд ва соҳибкор барояшон мисли гови ҷӯшоист, ки беист ҷӯшида мешавад”-афзуд ӯ.

Аммо тибқи иттилои Феҳристи ягонаи давлатӣ ба ҳолати 1-уми январи соли 2019 дар ҷумҳурӣ 315,8 ҳазор субъекти хоҷагидор амал мекунанд, ки нисбат ба 1-уми январи соли 2018-ум 14580 адад зиёд мебошад.

Коршиносон бар он назаранд, ки фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон хуб нест, фишорҳо нисбати соҳибкорон зиёд ба назар мерасад, ки дар натиҷа аксари онҳо аз тиҷорат даст кашида, роҳ сӯи давлатҳои дигар мегиранд.

Шамсиддин Ҷалолов. Акс аз ozodi.org

Ба назари иқтисодшинос Шамсиддин Ҷалолов дар Тоҷикистон якчанд омилҳое ҳастанд, ки барои рушди соҳаи иқтисодиёт мушкил эҷод мекунанд. Ӯ мегӯяд дар тамоми кишварҳои пешрафтаи дунё яке аз фишангҳои асосии пешбарандаи иқтисодиёт ин соҳибкории хурду миёна аст ва ҳукуматҳо низ ба ин масъала таваҷҷӯҳи хоса доранд.

“Дар Тоҷикистон фазои хуби соҳибкорӣ ба назар намерасад ва фаъолияти соҳибкорон шаффоф нест. Агар соҳибкор фаъолияти озод дошта бошад, ягон андози гарон садди роҳи ӯ шуда наметавонад, чун ӯ медонад, ки дар натиҷаи фаъолияти озод даромади хуб ба даст меорад ва бе чуну чаро андози давлатиро месупорад”,- мегӯяд Ҷалолов.

Азиз Темиров. Акс аз CABAR.asia

Дар ҳамин ҳол Азиз Темиров коршиноси масъалаҳои иқтисодӣ CABAR.asia мегӯяд соҳибкорон хуб медонанд дар кадом фазо зиндагӣ доранд, онҳо бовар надоранд, ки сармояашон ҳифз мешавад, бинобар ин ба хатар мондан намехоҳанд.

 

“Фазои соҳибкорӣ дар кишвар на он қадар хуб аст, он чизе ки ҳаст, бо дигар роҳҳо рушд мекунад. Қоидаҳои бозӣ дар кишвари мо маълум нест, шаффофият вуҷуд надорад ва ҳамеша дар ҳоли тағйирёбӣ аст. Бинобар ин чӣ сармоядорони хориҷӣ ва чӣ дохилӣ ба системаи соҳибкории Тоҷикистон бовар надоранд. Шиносоӣ  бо сиёсатмадорон, хешутаборбозӣ, пора додан роҳҳои пеш бурдани соҳибкорӣ дар кишвар аст. Сидқан тибқи қонун фаъолият намудан хеле душвор шудааст”, -афзуд Азиз Темиров.  

Коршиносон бар он назаранд, ки барои рушди  соҳаи саноат,  аз ҷумла соҳибкории хурду миёна бояд фазои озоди фаъолияти соҳибкорон таъмин карда шавад, боварӣ ба судҳои иқтисодӣ пайдо шавад, дастрасӣ ба бонкҳо ва ҳифзи моликияти соҳибкор  кафолат дода шавад, дар акси ҳол  соҳибкорон маҷбур мешаванд фаъолияти корхонаҳояшонро қатъ ва тарки кишвар кунанд.

 “Ман дигар дар Тоҷикистон бо тиҷорат машғул шудан намехоҳам. Айни ҳол нақша дорам ба ягон давлати хориҷа равам ва дар ҳамон ҷо тиҷорати худро пеш барам. Дар Тоҷикистон фаъолияти соҳибкорӣ хеле душвор шудааст, чун умри соҳибкорон бо андоз ва ҷаримасупорӣ мегузарад”,- афзуд молики шабакаи мағозаҳои “Шапарак” Зайниддин Каримов.


Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.

 

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: