Озмуни сурудҳои поп — “Eurovision” маъмулан таваҷҷуҳи дӯстдорони мусиқиро ба худ ҷалб мекунад. Аммо сабқати охир, дар ҷомеаи Русия баҳси масоили иҷтимоии марбут ба бегонаситезӣ ва ҷинсиятиро ба бор овард. Намояндаи Русия — Манижа Сангини тоҷиктабор, таваҷҷуҳи сиёсатмадорон, фаъолони ҷамъиятӣва ҳатто руҳониён, инчунин аҳли ҷомеаро на танҳо дар Русия, балки берун аз марзҳои он ҳам ба худ ҷалб кард.
Аз ҷумла, Манижа дар қатори он ширкатдорони “Eurovision” қарор гирифт, ки номашонро бештар аз ҳама дар ҷӯсторҳои ҷаҳонӣ ҷустуҷӯ кардаанд. Дар натиҷаи овоздиҳии муштараки ҳайати ҳакамон ва мухлисони “Eurovision” дар бахши “Матни беҳтарин” таронаи “Зани рус”-и Манижа мақоми дуюмро аз худ кард. Ҷойи аввал насиби таронаи “Zitti e buoni” аз гуруҳи “Maneskin” шуд.
Миёни шарҳнависони русзабон низ баҳсу мунозираҳои зиёде сурат гирифт. Муҳимтарини онҳо ба ҳуввияти Манижа ва мавқеи фаъоли иҷтимоии ӯ дар дифоъ аз ҳуқуқи занон марбут буд.
Дар маҷмӯъ, назарсанҷиҳои сотсиологӣ дар Русия баёнгари сатҳи баланди бегонаситезӣ миёни русҳо нисбат ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ мебошад. Тибқи ин назарсанҷиҳо, муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ (узбекҳо ва тоҷикон) дар миёни се гуруҳи нажодии барои русҳо камтар матлуб қарор доранд.
Барои беҳтар дарк намудани руҳияи ба вуҷудомада дар атрофи суруди “Зани рус”, ки Русияро дар “Eurovision” муаррифӣ кард, дар матлаби мазкур ин нуктаҳоро баррасӣ хоҳем кард:
Сабабҳои аслии ба чунин мавҷи бузурги шарҳҳои сиёсӣ рӯбарӯ шудани таронаи мазкур;
Таҳлили шарҳҳо зери се видео-баромади озмунии сароянда дар YouTube;
Таҳлили басомадии калимаҳои марбут ба қавмият ва ҷинсият.
Чаро суруди Манижа вокунишҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ ба вуҷуд овард?
Хабари ба “Eurovision” роҳ ёфтани Манижа дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷи бузурги шарҳҳоро ба дунбол дошт, ки миёнашон шарҳҳои дорои хусусияти бегонаситезӣ зиёд буд. Овозхонро бештар барои руҳияи феминистӣ доштани таронааш танқид мекарданд.
Нашрияҳои либералӣ таронаи “Зани рус”-ро манифести феминизм ва “комилан хароб кардани асосҳои падарсолорӣ” унвон карданд.
Вячеслав Половинко, хабарнигори вижаи “Новая газета” мегӯяд: “Бар иловаи он ки суруд “Зани рус” ном дорад, паёми он дар робита ба “тарзи зиндагӣ” дар Русия ошкоро феминистӣ ва масхараомез мебошад”.
Динамикаи фаъолияти шарҳнависӣ зери Official Video Russia
Дар ҷадвали динамикаи фаъолияти шарҳнависӣ зери навори Official Video Russia, тамоюлҳои тадриҷан сиёсӣ шудани суруд ба таври равшан намоёнанд. Дар рӯзи аввали нашр, зери видео то 8 ҳазор шарҳ навишта шуд, дар идома коҳиши тадриҷии таваҷҷӯҳ ба он ба мушоҳида расид.
Аммо баъдан, 16-18 март мавҷи нави фаъолияти шарҳнависӣ ба миён омад. Он рӯз маълум шуд, ки ҳайати таҳририяи нашрияи “Ветеранские вести” ба Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия муроҷиат карда, хостааст, дар робита ба суруди “Зани рус” бо иттиҳоми барангехтани адовати миллӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кунад. “Ветеранские вести” шарики иттилоотии ФСБ (Хадамоти амниятии федеролӣ) ва ВКД-и Русия мебошад.
Баъди ин вазъият атрофи таронаи “Зани рус” ба ҳадде сиёсӣ шуд, ки таваҷҷуҳ ба навор пас аз изҳороти ин ё он сиёсатмадор бештар шудан гирифт.
Мавҷи бештари фаъолиятҳои шарҳнависӣ рӯзи 31 март баъд аз он ки раиси Шӯрои Федератсияи Русия — Валентина Матвиенко матни сурудро интиқод кард, ба вуҷуд омад.
Ҳамин тавр, андозагирии фаъолияти шарҳнависӣ нишон медиҳад, ки баромади Манижа на танҳо аз нигоҳи мусиқӣ, балки аз нигоҳи иҷтимоӣ ва ҳатто сиёсӣ низ назаррас мебошад.
Таҳлили эҳсосоти шарҳҳо
Се навор аз ҳунарнамоии Манижа дар “Eurovision” танҳо дар шабакаи расмии “Eurovision” дар YouTube, дар маҷмӯъ наздики 40 миллион бинанда дорад ва зери онҳо ҳудуди 300 ҳазор шарҳ навиштаанд.
Дар назари аввал, ҳангоми дидани шарҳҳо шояд чунин таассуроте пайдо шавад, ки паёмҳои манфӣ ба ҳунарнамоии Манижа зиёдтаранд. Аммо оё дар ҳақиқат чунин аст?
Барои ҷавоб ёфтан ба ин савол аз се видеои асосии ҳунарнамоии Манижа дар канали расмии “Eurovision” дар Youtube — Official Video Russia (42948 шарҳ), Russia First-Semi-Final (41238 коммент) ва Russia Grand Final (9921 шарҳ) — 94 107 шарҳро ҷудо кардем.
Барои арзёбии эҳсосоти матн, мо аз китобхонаи Dostoevsky дар Python истифода бурда, шарҳҳоро ба се гуруҳ ҷудо кардем: руҳияи мусбат, руҳияи манфӣ ва суханрониҳои бетараф.
Дар таҳлил мазмуни паёмҳое монанди табрикоти расмӣ, изҳори ташаккур ва шарҳҳои табрикотӣ, инчунин навиштаҳое, ки таснифкунанда руҳияи онҳоро маълум карда натавонист, ҳазф шуданд.
Мавриди тазаккур аст, ки истифодаи китобхонаи Dostoevsky барои таҳлили руҳияи шарҳнависӣинтихоби нисбатан беҳтаре барои ин таҳқиқот аст. Дар айни замон, ба дурустии дараҷаи таснифоти ин модел баҳои баланд додан хеле душвор аст.
Таҳлили эҳсосоти шарҳҳо бо забони русӣ
Аз диаграммаи натиҷаи таҳлили эҳсосоти шарҳҳо бо забони русӣ зери се навор бармеояд, ки тақрибан 40-50%-и шарҳҳои зери ҳар як видео навишташуда бетараф, тақрибан 26-36% мусбат ва тақрибан 18-21 дарсад манфӣ тасниф шудаанд.
Бо муқоиса кардани нишондиҳандаи се видео метавон тағйироти динамикиро дар руҳияи шарҳнависон мушоҳида кард.
Видеои аввал (Official Video Russia) шумораи нисбатан зиёди “дизлайк” ё “написандидан”-ро гирифт, ки бештар аз нисфи аломати мусбатро ташкил медиҳад (194 ҳазор “дизлайк” дар муқобили 361 ҳазор “лайк”). Инчунин видеои мазкур шумораи бештари шарҳҳои манфиро соҳиб гардид – 20,93%. Шарҳҳои мусбат – 25,99% ва навиштаҳои бетараф 47,74 дарсадро ташкил медиҳанд.
Дар ду навори дигар вазъият барои овозхон ба маротиб беҳтар шудааст. Дар Russia First-Semi-Final шумораи шарҳҳои мусбат нисбат ба шарҳҳои манфӣ тақрибан ду баробар зиёд шудааст – 35,91% дар муқобили 18,10%.
Дар видеои Russia Grand Final таносуб каме тағйир ёфт, аммо на ба нафъи Манижа – 32,01% шарҳи мусбат дар муқобили 20,62% шарҳи манфӣ.
Дар паёмҳое, ки зери навори аввал гузошта шудааст, бисёре аз шарҳнависон, аз ҷумла онҳое, ки назари мусбат доранд, ба дурнамои таронаи “Зани рус” барои роҳхат ба финал шубҳа доштаанд. Аз ин рӯ, тахмин кардан мумкин аст, ки тағйироти мусбат низ ба он алоқаманд буд, ки суруди Манижа тавонист ин монеаро пушти сар кунад.
Ҳамин тавр, шумораи умумии шарҳҳои мусбат дар доираи 78-81% қарор дошта, нисбат ба 19-22% шарҳҳои манфӣ баръало бартарӣ доранд (тақрибан 4 маротиба).
Ин маънои онро дорад, ки андешаи аввал дар бораи бартарии равшани шарҳҳои манфӣ хато аст.
Шояд ба арзёбии ибтидоии навор ҳузури “троллҳо”-и интернетӣ дар шарҳҳо таъсир расонида бошад, ки манзараи умумиро таҳриф карда, дар мавриди паҳншавии эҳсосоти манфӣ таассуроти бардурӯғ ба вуҷуд оварданд.
“Тролли интернетӣ” корбарест, ки дар интернет қасдан паём ё шарҳи озордиҳанда ё таҳқиромез мегузорад, то касеро ранҷонад, таваҷҷуҳро ба худ ҷалб кунад ё кадом як мушкил эҷод кунад.
Миқдори миёнаи шарҳҳое, ки аз як аккаунт навишта шудаанд, 1,12-1,24 паёмро ташкил медиҳад. Аммо се шарҳнависи фаъол зери видеои аввал (Official Video Russia) 333 паём гузоштаанд. Ҳамаи ин паёмҳо манфӣ мебошанд.
Дар ду видеои дигар шумораи шарҳҳое, ки аз ҷониби “троллҳо” гузошта шудаанд, ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.
Мансубияти нажодӣ ва ҷинсият
Дар шарҳҳо, ба вижа зери навори аввал, ҳуввияти қавмии Манижа зиёд зикр мешавад. Дар ин тадқиқот таҳлили басомади решаи калимаҳои зерин гузаронида шудааст.
Таҳлили басомадии калимаҳои марбут ба мансубияти қавмии Манижа
Масалан, дар шарҳҳои зери навори аввал калимаҳое бо решаи “тадж” (тоҷ) (беш аз 1200 калима), “мигрант” (муҳоҷир) ва “черн” (сиёҳ) (74 калима), “восточ” (шарқӣ) (57), “азиат” (осиёӣ) (48) зиёд дучор меоянд.
Дар шарҳҳои зери навори дуввум, вожаҳое ки решаи “тадж” доранд, камтар мушоҳида мешавад (882). Ин дар ҳолест, ки видеои дуюм 6 миллион бештар бинанда дорад. Дар навори сеюм калимаҳои дорои решаи “тадж” аз ин ҳам камтаранд (169).
Дар маҷмӯъ, калимаҳои дорои ин реша тақрибан аз 3,1 то 4,8%-и тамоми шарҳҳоро дар бар мегиранд (4,8% дар зери видеои аввал, 3,8% дар зери видеои дуюм ва 3,1% зери видеои сеюм).
Аксар вақт дар ин гуна шарҳҳо калимаҳои таҳқиромез истифода шудаанд.
Таҳлили басомадии калимаҳои марбут ба мавқеи шаҳрвандии Манижа
Ҳамчунин, дар шарҳҳо вожаҳое ки решаи “фемин” (907) ва ЛГБТ, ки баёнгари мавқеи шаҳрвандии Манижа дар мубориза бо хушунати хонаводагӣ ва афзоиши нақши зан мебошад, нисбатан зиёд вомехӯранд.
Тақрибан 2-3%-и тамоми шарҳҳо бо забони русӣ калимаҳои дорои ин решаҳоро дар бар мегиранд (видеои аввал 3%, видеои дуюм 2,23% ва видеои сеюм 2,2%).
Дар маҷмӯъ, шарҳҳое, ки дар онҳо вожаҳои марбут ба мансубияти қавмӣ ва мавқеи шаҳрвандии овозхон истифода шудаанд, аз 5,3 то 8 дарсадро ташкил додааст.
Ба назари мо, барои видеои мусиқӣин нишондод қобили таваҷҷуҳ мебошад.
Хулоса
Бо натиҷаҳои бадастомада, албатта, бояд бо дараҷаи муайяни эҳтиёткорӣ муносибат карда шавад, онҳоро намешавад ба як кишвари мушаххас мансуб донист, зеро Интернет як падидаи ҷаҳонӣ аст.
Бо ин вуҷуд, баъзе хулосаҳоро баровардан мумкин аст. Ин андеша, ки аксари корбарони русзабони шабакаи Youtube аз Манижа ба унвони намояндаи Русия интиқод кардаанд, дуруст нест. Шарҳҳои манфӣ ҳатто сеяки шумораи умумии паёмҳоро ташкил намекунанд. Ҳамин тариқ, таҳлил бо истифода аз моделҳои ML (machine learning) бо тамоми камбудиҳояш имкон медиҳад, ки ба вазъ баҳои нисбатан воқеӣ дода шавад.
Албатта намешавад гуфт, ки тамоми шарҳнависоне, ки зери навори “Зани рус” навиштаҳои манфӣ гузоштаанд, бегонаситез ва “сексист” ҳастанд.
Бо вуҷуди ин, аз рӯи таҳлили басомадии калимаҳо, метавонем боварӣ ҳосил кунем, ки барои шумораи зиёди корбарони русзабон, пайдоиши қавмӣ ҳанӯз хеле муҳим аст. Ин таҳлил ҳамчунин сатҳи баланди эҳсосоти ҷинсиятиро миёни корбарони русзабон нишон медиҳад.
Бо вуҷуди ин, дар асоси нишондиҳандаҳои се видео, инчунин метавон хулоса кард, ки ин эҳсосот доимӣ нест. Ба вазъият метавон таъсир гузошт, аз ҷумла бо таъсири расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва ин руҳияҳо ба ин ё он самт тағйир мехӯранд.
Баҳсҳо дар атрофи таронаи “Зани рус”, ки ҳатто то парлумони Русия роҳ ёфт, нишон медиҳанд, ки ҳунар дар сиёсат нуфузи рӯзафзун дорад. Аҳамияти бархе ҳодисаҳои ба ин монанд дидаву дониста муболиға карда мешаванд, то таваҷҷуҳи ҷомеъаро аз мушкилоти муҳимтар – фасод, натоиҷи ноодилонаи интихобот, шиканҷа дар зиндонҳо ва ғайра дур созанд.
Аммо, ба назари муаллифи матлаб, ин чиз ба суруди “Зани рус” дахл надорад. Дар манифести Манижа дар бораи роҳ надодан ба диктаҳои қолабҳои гендерии “анъанавӣ” – мавзӯи муҳимтарин ва мубрами ҷаҳони муосир, сухан меравад.