© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Душанбе дар роҳи муқобила бо Толибон ба чӣ даст ёфт?

Ғарб ба риторикаи зиддитолибонии Эмомалӣ Раҳмон бовар накард.


Эмомали Рахмон и Эманнуэль Макрон: Фото: reuters.com
Эмомали Рахмон ва Эманнуэл Макрон: Акси: reuters.com

Тоҷикистон ягона кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки ҳанӯз ҳам аз иртибот бо Толибон (созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) худдорӣ мекунад. Самараи ин сиёсат чист ва оянда чӣ пайомаде дошта метавонад?

Дар Тошканд ва Ишқобод хабари иваз шудани ҳукуматро дар Кобул бидуни дард қабул карданд. Вазири корҳои хориҷии Узбекистон Абдулазиз Комилов ҳатто изҳор дошт, ки Толибонро террорист намешуморад.

Узбекистон ва Туркманистон ба роҳандозии тарҳҳои инфрасохтории байнидавлатӣ умед мебанданд ва бештар манфиатдор ҳастанд, ки Толибон ҳарчӣ бештар ба эътидоли вазъ дар Афғонистон муваффақ шаванд.

Рӯзи 9 декабр вазири корҳои хориҷии Узбекистон ба озод кардани дороиҳои байналмилалии ин кишвар даъват кард. Дар ҳамин ҳол, Тошканд ва Ишқобод гузоришҳои ҳомиёни ҳуқуқи башарро дар бораи нақзи ҳуқуқи узбекҳо ва туркманҳо сарфи назар мекунанд.

Ҳатто Қазоқистон ва Қирғизистон, ки бо Афғонистон ҳаммарз нестанд, бо ҳукумати Толибон гуфтугӯ карданд.

Изҳороти шарики дигари стратегии Тоҷикистон – Русия низ қобили тафаккур аст. Владимир Путин аз эҳтимоли берун кардани Толибон аз феҳристи созмонҳои террористӣ суҳбат кард ва гуфт, “мавқеи Русия ин аст, ки маҳз дар ин самт бояд ҳаракат намуд”.

28 ноябр бошад, Вазорати умури хориҷаи Русия дар шарҳи таъсиси Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таъкид кард, “неруҳои мухталифи этносиёсии кишвар бояд аз амалҳое, ки боиси барангехтани низои байниафғонӣ мешаванд, худдорӣ кунанд”.

Ҳамсояи дигари таъсиргузор ва муттаҳиди Тоҷикистон — Чин ҳам дар андешаи лоббигарии манофеи ҳукумати нави Кобул мебошад

Дар ин замина, Тоҷикистон ягона кишваре дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад, ки ошкоро аз Толибон интиқод мекунад ва ба таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон исрор меварзад.

Буҳрони Афғонистон ба дунболи даргириҳои моҳи май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба вуқӯъ пайваст. Баҳсҳо дар марзи шимолӣ ҳалношуда боқӣ монда, барои Тоҷикистон вазъ дучанд мушкил мешавад, зеро хатти марзи муштарак бо Афғонистон хеле тӯлонӣ мебошад.

Душанбе маълумот дар бораи шумора ва аслиҳаи нерӯҳои мусаллаҳашро ошкор намекунад. Аммо бо итминон метавон тахмин кард, артиши Афғонистон, ки тӯли чанд моҳ зери ҳамлаҳои Толибон шикаст хӯрд, ба маротиб бузургтар, муҷаҳҳазтар ва муассиртар буд.

Кафолати аслии амнияти Тоҷикистон дар ин шароит пойгоҳи низомии 201-уми Русия аст, ки асосан дар ҷануби кишвар мустаққар мебошад.

Пас аз задухӯрдҳои ахир дар марзи Афғонистону Эрон дигар наметавон гуфт, ки эҳтимоли ҳамлаи кадом як гуруҳи махсусан ифротии Толибон ба Тоҷикистон ба сифр баробар аст.

Дар ҳоле ки миёни онҳо зодаҳои Тоҷикистон низ ҳастанд.

Чаро Душанбе бо Толибон мухолифат мекунад?

Мавқеи шадид гирифтани мақомоти Тоҷикистон дар баробари Толибон чанд сабаб дорад.

Аввалан, феълан дар Тоҷикистон буҳрони Афғонистонро ҳамчун бархӯрди байниқавмӣ, ба вижа миёни толибони пашту ва тоҷикон (пеш аз ҳама, сокинони Панҷшер) қабул мекунанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз кумакҳое ёд меоранд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми фирор ба минтақаҳои шимолии Афғонистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ гирифта буданд. Корбарон бар ин боваранд, ки ёрӣ расонидан ба Панҷшер дар муқовимат бо Толибон нишонаи доштани “ғурури миллӣ” мебошад.

Баъзе қишрҳои аҳолӣ ҳатто идеяи пайвастан ба амалиёти низомии зидди Толибон дар Панҷшерро ҷонибдорӣ мекарданд. Дар ҷараёни даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низ дар ҷомеаи Тоҷикистон изҳоротҳое дар мавриди “муттаҳид шудани мардуми тоҷик дар баробари таҳдиди муштарак” садо медоданд.

Райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар чунин вазъият дар назари мардум ҳамчун ҳомии тамоми тоҷикон, аз ҷумла тоҷикони муқими Афғонистон баромад мекунад.

Сабаби дигари напазируфтани Толибон таҳдидҳои гуруҳҳои ифротии дохилӣ мебошад. Коршиносон таъкид мекунанд, ки баъди ба қудрат расидани Толибон миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон нафароне пайдо шуданд, ки аз ҳукумати нав дар Афғонистон истиқбол мекарданд.

Мақомот аз ин хавф доранд, ки шояд дар пайи наздикӣ бо Толибон афроде бо андешаҳои ифротӣ дар дохили Тоҷикистон фаъол шаванд. Илова бар ин, эътирофи ҳукумати Толибон метавонад дараҷаи қонунӣ будани ҳокимияти дунявӣ дар Тоҷикистонро коҳиш диҳад.

Барои мақомоти кишвар гирифтани тасмим осон нест – ба инобат гирифтани ҳамаи ин омилҳо, вале дар баробари ин роҳ надодан ба бархӯрди ошкорои низомӣ бо Толибон. Аммо ба назар мерасад, ки муҳимтарин мухотаби баёнияҳои зидди толибии Душанбе Ғарб мебошад.

Мақомоти тоҷик интизор доранд, ки бо ин роҳ метавонанд обрӯву эътибори худро дар Ғарб боло бубаранд. Ба хусус дар пасманзари интиқодҳои пайвастаи ниҳодҳои байналмилалӣ дар мавриди вазъи ҳуқуқи башар дар кишвар.

Мақомоти Тоҷикистон солҳои ахир бо мушкилоти шадиди иқтисодӣ рӯбарӯ шудаанд ва дарк мекунанд, ки аз Маскав ва ҳатто аз Пекин (бо назардошти қарзи ҳангуфт аз Чин) наметавонанд бо шартҳои мақбул қарзҳои зарурӣ дарёфт кунанд.

Аз ин рӯ, умед ҳаст ки ниҳодҳои байналмилалии молии ғарбӣ, ки барномаҳои пуштибонӣ аз буҷаи давлатии Тоҷикистонро мутаваққиф кардаанд, ба ҳампаймони “ягона” дар мубориза бо Толибон дар минтақа бо рӯи гарм нигоҳ мекунанд.

Воқеан таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон то ҳадде бештар шудааст. Матбуоти ҷаҳонӣ ҳарчӣ бештар Тоҷикистонро нуқтаи муқовимат бо Толибон меноманд. Чанде аз раҳбарони аврупоӣ, аз ҷумла Эммануэл Макрон, райисҷумҳури Фаронса, аз Эмомалӣ Раҳмон даъват кардаанд, ки ба кишварҳояшон сафар кунад.

Аввалҳои моҳи октябр Эмомалӣ Раҳмон ба Белгия рафт ва бо чанд мақоми баландпоя, аз ҷумла намояндагони Иттиҳоди Аврупо мулоқот намуд. Сипас бо даъвати Макрон аз Порис дидан кард. Дар ин дидор, ба ҷуз вазъияти Афғонистон, ду райисҷумҳур ҳамчунин масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангиро баррасӣ карданд.

Вале то ҳол ин ҳама риторика натиҷаи мушаххасе надодааст. Барои Фаронса Осиёи Марказӣ ҳеч гоҳ дар авлавияти аввалиндараҷа қарор надошт. Дурнамои мубориза бо режими “ғайри фарогир”-и Толибон таваҷҷуҳи Олмон ва Британияи Кабирро ба худ ҷалб накард.

Риторикаи зиддитолибонии мақомоти Тоҷикистон монеи ихроҷи иҷбории паноҳҷӯёни афғон аз қаламрави кишвар ба Афғонистон намешавад, ки онҷо эҳтимоли бо марг рӯбарӯ шуданашон вуҷуд дорад. То 20 ноябр теъдоди гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон ҳудуди 14 ҳазор гуфта мешуд. Ҳарчанд қаблан мақомоти Тоҷикистон аз имкони қабули ҳудуди 100 ҳазор гуреза суҳбат карда буданд.

Оё Тоҷикистон бо Толибон созиш мекунад?

Бо вуҷуди изҳороти шадид ва мавқеи принсипиалӣ дар робита ба режими Толибон, Тоҷикистон ба анҷоми кадом як амали шадид иқдом намекунад. Ду кишвар ҳанӯз робитаҳои иқтисодиро қатъ накардаанд.

Афғонистон ҳамчунон як бозори муҳими колоҳои Тоҷикистон боқӣ мемонад. Толибон ҳанӯз моҳи июл, қабл аз ишғоли Кобул раводидро барои ронандаҳои мошинҳои боркаш аз Тоҷикистон дар гузаргоҳи марзии Шерхон Бандар лағв карда буданд. Интиқоли нерӯи барқ ​​аз Тоҷикистон ба Афғонистон идома дорад, ҳарчанд ҳаҷми он камтар шуда бошад ҳам.

Гузашта аз ин, тиҷорат ягона омилест, ки равобити ду кишварро ҳанӯз қабл аз бӯҳрони сиёсӣ муайян мекард. Душанбе ва Кобул на аз лиҳози сиёсӣ ва на аз ҷиҳати фарҳангӣ ба ҳам наздик набуданд. Муносибатҳои дуҷонибаи онҳо ҳатто бо вуҷуди доштани забону фарҳанги муштарак ҳеч гоҳ фарқкунанда набуд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Афғонистон тақрибан ҳамеша ҳамчун манбаи таҳдид ва бесуботӣ арзёбӣ мешавад. Аз ин рӯ, дар ин бастагӣ феълан кам чизҳое тағйир кардааст.

Эҳтимолияти қавӣ вуҷуд дорад, ки равобити Душанбеву Кобул барои дарозмуддат дар чунин ҳолати “сард” боқӣ бимонад. Тиҷорат ва интиқоли нерӯи барқ ​​идома хоҳад дошт, аммо дар самти дипломатӣ Тоҷикистон иқдомҳое намекунад.

Фелан барои Толибон вазъияти дохилӣ ва барқарор кардани дастгоҳи маъмурӣ дар авлавият қарор дорад. Толибон инчунин умеди ба даст овардани эътирофи байналмилалиро аз даст намедиҳанд. Аз ин рӯ, эҳтимоли бархӯрди густурдаи низомӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон хеле кам аст, аммо имкони бархе бархӯрдҳои хурд вуҷуд дорад.

Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ идеяи ҳукумати ҳамашумул ва ҳимоят аз ҳуқуқи тоҷикони Афғонистонро ҳамчунон идома хоҳад дод.

Тоҷикистон наметавонад аз симои “ягона сангари муқовимат” алайҳи Толибон истифода накунад, ба вижа баъди муддатҳои тӯлонии надоштани имкони нишон додани худ дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармояи зарурӣ. Аммо суди он аз кишварҳои ғарбӣ ҳадди аққал хоҳад буд ва эҳтимол бо тавсифҳои тасдиқӣ маҳдуд гардад.

Чаро режими Толибонро набояд эътироф кард?

Бархе коршиносон мегӯянд, умри ҳукумати Толибон “тӯлонӣ” хоҳад буд ва муқобила бо онҳо бефоида аст, зеро мисли ҳукумати давраи аввали худ ба кишварҳои ҳамсоя хатаре надоранд.

Аммо бо гузашти 20 сол вазъият ба таври қобили мулоҳиза тағйир кардааст. Афғонистон гуруснагии шадид ва фалокати башариро аз сар мегузаронад, ки эҳтимол бо сард шудани ҳаво авзоъ бадтар бишавад. СММ бар ин бовар аст, ки 23 миллион нафарро дар Афғонистон хатари аз гуруснагӣ ба ҳалокат расидан таҳдид мекунад.

Дар солҳои қабл Толибон бо истифода аз таҳдидҳо ва ҳатто кушторҳои дастаҷамъӣ вазъро таҳти назорат гирифта буданд. Ҳоло бошад, бо чанд далел, аз ҷумла фишорҳои байналмилалӣ наметавонанд аз иқдомҳои бузургҳаҷми ҳаросафканӣ истифода кунанд. Аз ин рӯ, барои онҳо назорат кардани вазъи ҷомеаи Афғонистон, ки тайи 20 соли ахир хеле тағйир ёфтааст, мушкилтар хоҳад шуд.

Миёни раҳбарияти Толибон ҳам ихтилофҳо бештар мешавад. Ифротишавии ин ҳаракат шиддат мегирад, қисме аз Толибон аллакай ҳомии асосии худ – Покистонро ба қадри кофӣ давлати исломӣ намедонанд.

Аз рӯзи ба қудрат расидани Толибон мушкили амниятӣ ҳал нашудааст. Толибон наметавонад фаъолияти гуруҳҳои террористии нисбатан радикалиро боз дорад. Бино ба маълумоти СММ, гуруҳи “Вилояти Хуросон” (ДОИШ-Хуросон), як шохаи гуруҳи террористии ба ном “Давлати Исломӣ” (дар Тоҷикистон мамнӯъ) дар Афғонистон, соли 2021 — 334 амали террористӣ (дар соли 2020 – 60) анҷом додааст ва ҳоло қариб дар тамоми 34 вилояти Афғонистон ҳузур дорад.

Дар бисёре аз минтақаҳо таҳдиди аслӣ ба амнияти мардум худи ҷангҷӯёни Толибон ҳастанд, ки ба ҷонибдорони ҳукумати собиқи Афғонистон дармеафтанд ё ба тамаъҷӯӣ машғул мешаванд.

Мушкилоти дигари режими Толибон иқтисоди хароб ва набуди маблағ барои барқарорсозии он мебошад. Ҳатто кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки бо низоми дунявӣ ҳукумат мекунанд, ба ҷалби сармоя даст наёфтаанд. Барои Толибон, ки маҳдудиятҳои зиёди идеологӣ доранд (аз ҷумла, сармояи бонкиро эътироф намекунанд) анҷом додани ин кор бамаротиб мушкилтар хоҳад буд.

Толибонро барои ҷалб накардани қавмҳои ғайрипаштун ба идоракунии кишвар зиёд танқид мекунанд. Аммо як мушкили дигар ин аст ки Толибон намехоҳанд аз нерӯи занони афғон барои рушди кишвар истифода кунанд.

Бидуни ҳал кардани мушкилоти иҷтимоӣ ва бидуни таъмини амният суқути режими Толибон ногузир аст.

Толибон ки барои дувумин бор ба қудрат расиданд ҳатто дар чунин вазъияте ки доранд, барои давлатҳои дунявии минтақа хатар эҷод мекунад. Таҷрибаи Толибон метавонад манбаи илҳоми гуруҳҳои мухталифи ифротии “хомушу хобида”-е шавад ва барои ҷалби ҷонибдорони нав онҳоро таҳрик бидиҳад.

Мақомоти Тоҷикистон бояд дарк кунанд, ки муассиртарин шеваи муқовимат ба афзоиши ақидаҳои ифротгароӣ ин ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, рушди иқтисод, муборизаи воқеӣ алайҳи фасоду хешутаборбозӣ, рушди демократия, озодии баён ва ғайра мебошад. Таблиғоти давлатии мақомоти Тоҷикистон, ки алайҳи густариши ифротгароӣ нигаронида шудааст, бо далели аз даст додани эътимоди мардум ба ҳадафи худ намерасад. Коҳиши маҳбубияти шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон, ки солҳои ахир ба мушоҳида мерасад, тасдиқи ин тамоюл мебошад.

Танҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад бо роҳи ба мардум фаҳмонидани он ки ғояҳои ифротгароӣ монеи рушди давлати муосир шуда, онро ба бунбаст мебаранд, ба афзоиши мизони ифротгароӣ мубориза барад.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: