Интизор меравад, соли 2020 дар бештари бахшҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ислоҳот сурат бигирад, вале мушкилот ва вазифаҳои мубраме, ки дар робита ба онҳо бояд чораҳои таъхирнопазир андешид, дар шакли пешин боқӣ хоҳанд монд. Иштирокчии мактаби таҳлилии CABAR.asia Муслимбек Буриев дар матлаб хоҳад гуфт, ки дар назди мақомоти давлатӣ кадом вазифаҳо гузошта шудааст ва дар ин замина кадом нозукиҳо низ мавҷуданд.
Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!
Тоҷикистон бо таҷриба ва мушкилиҳои зиёде, ки чандин сол аст, мавҷуданд, вориди даҳсолаи нав шуд. Ба ҳаводиси сиёсии дохилии Тоҷикистон дар соли 2020 дар навбати аввал масоили аз қабили интихобот, рақамисозӣ, таҳияи кодекси нави андоз, ислоҳоти ниҳодҳои қудратӣ ва рушди илмҳои табиатшиносӣ дар доираи соли маориф шомил мешаванд. Дар сиёсати хориҷӣ бахши муҳим масъалаи ҳалли баҳсҳои марзӣ ҳамоно боқӣ мемонад. Тоҷикистон ба соли 2021 бо чи чиз меравад, аз самаранокии иҷрои вазифаҳои гузошташуда ва ислоҳот вобастагӣ дорад.
Соли 2020: авлавият ба рушди илмҳои табиатшиносӣ
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-20240-ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълом кард. Сарфи назар аз сатҳи пасти маориф дар Тоҷикистон барои рушди маҳз илмҳои дақиқ ҳамоно зарфият ва имкониятҳо мавҷуд ҳастанд. Вале бояд гуфт, ки тадбиқи ин зарфиятҳо танҳо ба шумори ками мактабҳои хусусӣ ва гимназияҳои давлатие рабт дорад, ки ба рушди дониш дар риёзӣ ва барномасозӣ моил ҳастанд.
Давоми ду соли ахир низ таваҷҷуҳи кофии ҷавонон ба технологияҳои пешрафта, бахусус фаъолияти соҳибкорӣ мушоҳида мешавад. Дар аввал ин ҳаракатро ташаббусҳои хусусӣ, яъне бузургтарин ширкатҳои тиҷорӣ (холдингҳо ва ширкатҳои мобилӣ) тақвият бахшиданд. Сипас ба ин раванд созмонҳои байналмилалӣ пайваста, талош карданд, ҷавононро тариқи истифодаи абзорҳои IT ба рушди соҳибкорӣ ҳавасманд гардонанд. Ингуна рушд на танҳо эҳсоси мусбат, балки умед ба ояндаи дурахшони ҷавони кишварро низ бедор месозад. Вале набояд камбудиҳои зеринро дар ин раванд нодида гирифт.
Дар навбати аввал, иштирок надоштани давлат дар раванди пешбурди омӯзиши илмҳои дақиқ, ҳавасмандгардонии рушди технологияҳои пешрафта ва барномасозӣ меистад. Ҳамаи ташаббусҳои ҳамсон аз сӯи дигарон мешаванд ва ниҳодҳои давлатӣ танҳо ҳамчун ҷониби даромадгир баромад мекунанд.
Дувум, доираи ин гуна ташаббусҳо танҳо шаҳри Душанбе ё шаҳрҳои бузургтарини кишварро фаро мегирад. Ҷавонони шаҳрҳои камаҳолӣ ё деҳот дар ҷустуҷӯи донишу касб маҷбур ба тағйири маҳалли зисти худ мешаванд.
Севум, дар масъалаи пешбурди илмҳои табиатшиносӣ равишҳои фарогир лозим аст. Давлат талош мекунад, муассисаҳои таълимиро бо компютер таъмин созад. Вале ин танҳо мавод аст, на ҳадаф. Албатта, бидуни дастгоҳу таҷҳизот ҳоло дигар намешавад, кореро анҷом дод. Аммо вақте дар бораи илмҳои дақиқу зарфияти бузург суҳбат мекунем, набояд самтҳо ё бахшҳои муҳими дигареро фаромӯш сохт, ки барои рушди кишвар заруранд. Аз ҷумла, биология, муҳандисӣ, геология, манбаъҳои обӣ ва ғайра. Технологияи иттилоотӣ (барномасозӣ ва ғ.) барои замонавсозии касбу тадбиқи донишҳо дар улуми дақиқ ҳамчун абзор метавонад истифода шавад, вале барои ин тағйири шеваҳои омӯзиш ва ҷалби мутахассисони лозимӣ зарур аст.Сарфи назар аз он ки “Бистсолаи рушди илмҳои дақиқ” нав оғоз шудаву то поёни он ҳанӯз ду даҳсола дар пеш аст, бояд қадамҳо аз ҳоло бардошта шаванд. Ҳалли мушкили сатҳи пасти маориф дар вазъияти кунунӣ имконпазир наменамояд. Дар ин росто, ташаббусҳои беруназдарсӣ низ метавонанд кумаки хуб кунанд. Давлат метавонад дар ташкили марказҳои омӯзишӣ ва нуқтаҳои такмили ихтисос метавонад худ бевосита иштирок ё шароитро барои осон кардани кори муассисаҳои хусусӣ фароҳам кунад. Агар сатҳи даромадро дар минтақаҳо ба инобат гирем, пас давлат бояд дар чунин ташаббусҳо нақши асосиро дошта бошад.
Роҳандозии сартосарии низоми нигаҳдории маълумот дар соли 2020?
Атрофи масъалаи насби дурбинҳои назоратии чеҳрашинос дар маҳдудаи пасошӯравӣ давоми ду соли ахир баҳсҳои гарм ҷараён доранд. Фанноварии амниятие, ки дар Чин ба таври густарда истифода мешавад, таваҷҷуҳи раҳбарони Русия, Қазоқистон ва Қирғизистонро ҷалб кардааст. Дар Тоҷикистон тобистони соли гузашта хабар дода шуд, ки бо мақсади муборизаи муассиртар бар зидди қонуншиканиҳо чунин дурбинҳо дар шаҳрҳои бузургтарини кишвар насб карда мешавад.
Баҳсу баррасиҳои боз доир ба ин мавзуъ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ кофӣ нестанд ва мақомот низ дар бораи самаранокии истифодаи чунин дурбинҳо гузориш намедиҳанд. Саволи асосӣ ин аст, ки маълумоти шахсии шаҳрвандон то чи андоза ва дар куҷо ҳифз мешаванд. Ҳамчунин ба он кадом ниҳодҳо дастрасӣ хоҳанд дошт ва хатари истифодаи шудани ин маълумот зидди худи шаҳрвандон то куҷо вуҷуд дорад?
Дар бораи роҳандозии сартосарии низоми мазкур дар кишвар ҳоло суҳбат кардан барвақт аст. Ба эҳтимоли зиёд, дар шакли санҷишӣ роҳандозӣ хоҳад шуд. Ин интизориҳои сокинон аст, ки дар пайи ҷамъоварии дастаҷамъонаи маълумоти биометрии шаҳрвандон дар шиносномаҳои плостикӣ ба миён омадааст. Ҷамъоварии изи ангушт ва рақамисозии тамоми маълумоте, ки дар шиносномаҳо дарҷ шудааст, аз омодагиҳо барои роҳандозии сартосарии низоми нигаҳдории маълумот ишора мекунанд. Бо дар назардошти пайваст кардани шиносномаҳои нав ба рақамҳои телефон тариқи таҳдиди хомӯш кардани симкортҳо метавон ҳадс зад, ки тамоми фаъолияти шаҳрвандон, аз занг то ирсоли паёмак ва ғайра таъқиб хоҳад шуд. Дистопия дар назар нест, вале чунин тамоюлҳо дар пасманзари набудани изҳоротҳои расмӣ мушоҳида мешаванд.
Масъалаи дувуми амнияти дохилӣ ислоҳоти милитсия аст. Дар конвенсияи тадбиқи ислоҳот гуфта шудааст, ки он соли 2020 ба поён мерасад. Натиҷаҳо феълан боварибахш нестанд. Бо вуҷуди таъсиси марказҳои ҳамкории Вазорати умури дохилӣ бо ҷомеа ва такмили ихтисоси кормандони милитсия сатҳи ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо сокинон ҳанӯз ҳам дар сатҳи поин қарор дорад. Сатҳи боварии мардум низ ба кормандони милитсия беҳбуд мехоҳад. Вале барои тақвияти робитаи ҷомеаи маданӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зарфиятҳо ҳастанд. Ба эҳтимоли зиёд, ислоҳоти милитсия дар соли 2020 низ ба поён намерасад. Барои ин бисёриҳоро бояд омӯзонду корҳои зиёдеро анҷом дод.Соли 2020 бо мушкилиҳои куҳна – масъалаи марз
Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои ҳамсоя масъалаи марз яке аз мавзуъҳои калидӣ аст. Яке аз мушкилиҳо моҳи январи имсол ҳалли худро ёфт. Мақомоти Ӯзбекистон гуфтанд, минтақаи марзии худ бо Тоҷикистонро аз минаҳо пок карданд. Дар ҳоли ҳозир миёни ин ду кишвар танҳо масъалаи таъйин ва аломатгузории хатти марз боқӣ мондааст. Ҳар ду кишвар низ ин корро ибтидои моҳи январи соли равон оғоз намуданд. Тоҷикистону Ӯзбекистон дар робита ба масоили марзӣ батадриҷ ба ҳамдигарфаҳмии комил наздик мешаванд. Вале пас аз ҳамлаи мусаллаҳона ба дидбонгоҳи марзии “Ишқобод”-и кишвар дар сарҳад бо Ӯзбекистон дар моҳи ноябри соли гузашта эҳтимол аст, дар чаҳорчӯби мулоқотҳои дуҷониба масъалаи амнияти марзӣ низ матраҳ шавад. Ӯзбекистон, ки ба иллати тарс аз вуруди гуруҳҳои мусаллаҳ марзи худро бо Тоҷикистон минагузорӣ карда буд, эҳтимол аст, дар фикри эътимод ба марзи Тоҷикистон низ шавад.
Дар ҳоли ҳозир аз ҳама дида вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, бахусус дар робита ба анклави Ворух, ки дар ҳудуди ноҳияи Бодканди кишвари ҳамсоя ҷойгир мебошад, бадтар аст. Тайи чандин сол аст, задухӯрдҳо миёни ҳам марзбонон ва ҳам сокинони минтақаҳои марзии ду кишвар тез-тез рух медиҳанд. Барои ҳалли баҳсҳо дар он минтақа талошҳои зиёд, аз ҷумла тавассути мулоқоти шахсии раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон – Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков анҷом шуданд. Вале феълан натиҷае надодаанд. Қирғизистон мегӯяд, Тоҷикистон дар робита ба масоили марзӣ чандон моил нест, ки гузашт кунад. Тоҷикистон ҳам изҳоротҳои фавриеро нашр накардааст. Бо назардошти талошҳои нокоми пешин барои ҳалли баҳси мазкур метавон ба чунин хулоса расид, ки имкон дорад, соли равон ин баҳс ба сатҳи байналмилалӣ кашонида шуда, барои ҷустуҷӯи роҳҳои муассири ҳалли он созмонҳои байналхалқӣ ё кишвари севум ҷалб карда шавад.Ба масъалаи тақвияти марзҳо на танҳо худи Тоҷикистон, балки Чин низ таваҷҷуҳ менамояд, ки ду соли ахир аст, дар размоишҳои низомии шарқи кишвар иштирок дорад. Чин ба гирифтани пеши роҳи гуруҳҳои тундрав дар марзи минтақаи худмухтори Шинҷон-Уйғури худ авлавияти асосӣ медиҳад. Тоҷикистон барои он ҳамчун шарике хоҳад буд, ки малакаи ҷанг дар минтақаҳои куҳиро медонад. Маҳз барои ҳамин размоишҳо дар Бадахшон, дар наздикии марзи Афғонистон баргузор мешаванд. Тавонмандии низомии Тоҷикистон дар баробари Ӯзбекистон ё Қазоқистон қобили муқоиса нест, ки барои Чин чандон аҳамият надорад.
Бори андоз барои чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ?
Давлат дар давоми ду соли ахир талош дорад, сиёсати ҷамъоварии даромадҳои иловагиро аз бахшҳои гуногуни кишвар роҳандозӣ кунад. Баланд бардоштани нархи хидматрасонии коммуналӣ-манзилӣ, пардохтҳои сайёҳӣ, кушиши боло бурдани нарх ва муайян кардани тарифҳои ягонаи алоқаи мобилӣ аз зумраи ин талошҳост. Иқдомҳои мазкур ба хотири пур кардани буҷа аст. Дар ҳамин ҳол, мақомот хабар доданд, ки тасмим доранд, ба чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ наздики 1 миллион сомонӣ (беш аз 100 ҳазор доллар) сарф кунанд. Ин тасмим саволҳоеро дар робита ба ҳадафмандона харҷ шудани маблағҳое ба миён меорад, ки дар ҳаҷми харҷҳои бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон мебошанд.
Ҳамчунин роҷеъ ба андоз низ мушкилиҳо вуҷуд дорад. Дар ҳоли ҳозир ширкатҳои мобилӣ бузургтарин андозсупоранда дар Тоҷикистонанд буда, аз ҳисоби андоз пули калон ҳам қарздоранд. Андозбандӣ дар Тоҷикистон вазбин аст. Бахусус, агар сухан аз тиҷоратҳои бузург ҳамчун даромади асосии будҷа биравад. Бо назардошти баъзе аз тағйирот ин сиёсат идома хоҳад ёфт. Дар ҳоли ҳозир кодекси нави андоз таҳия мешавад, ки қарор аст, тирамоҳи соли равон ба иҷро дарояд. Дар ҳоли ҳозир дақиқ маълум нест, ки ба кодекси андоз кадом тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад. Як ҷанбаи мусбати онро метавон қабул шудани пешниҳоди шахсони воқеӣ ва соҳибкорон аз сӯи мақомот номид, ки ҷонибдори тағйири сиёсати андозбандӣ дар Тоҷикистонанд. Президенти кишвар низ дар навбати худ ваъда дод, ки маоши кормандони муассисаҳои буҷавиро боло хоҳад бурд. Вале масъалаи аз кадом ҳисоб сурат гирифтани ин иқдом суолҳои зиёдеро ба миён меорад.
Ин ҳам дар ҳоле, ки давлат барои иҷрои тарҳи асосии даврони истиқлол ба маблағи иловагӣ ниёз дорад. Барои ба итмом расонидани бунёди нерӯгоҳи Роғун маблағи иловагӣ лозим шудааст. Мақомоти Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ, ки пешниҳод карда буд ба сармоягузории сохтмони неругоҳ маблағҳои хусусӣ ҷалб карда шаванд, дархости кумак кардааст. Дар асл ин пешниҳод ишора ба давраи оғози сохтмони неругоҳи Роғун ишора мекунад, ки он замон давлат бар ивази саҳмия аз шаҳрвандони кишвар дастаҷамъона маблағ ҷамъоварӣ карда буд. Ба эҳтимоли зиёд, ин бор ҳукумат ба тиҷоратҳои бузург муроҷиат хоҳад кард. Гузинаи дигари иҷрои буҷа барои сармоягузории иловагии сохтмони Роғун боло бурдани нархи тарифҳои гуногун барои сокинон аст. Дар ин ҳолат, ҳангоми таҳияи ҳамон кодекси нави андоз бояд мувозинатро нигаҳ дошт.Порлумони наву муҳтавои куҳна?
Тоҷикистон имсол дар ҳаёти дохилии худ ду ҳодисаи муҳим дорад. 1 марти соли равон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони кишвар аст. Соли равон маъракаҳои пешазинтихоботии номзадҳо бо зоҳири худ тафовут доранд, вале аз фарҳанги сиёсии мукаммал ҳамоно дур ҳастанд.
Огаҳии сокинон дар бораи номзадҳо ва барномаҳои аҳзоби сиёсӣ низ дар ҳамон сатҳи поин қарор дорад. Порлумонро дар воқеиятҳои муосир ҳамчун ниҳоди намояндагии манфиатҳои мардум ва абзор барои ҳифзи баробарӣ дар раванди гирифта шудани қарорҳо қабул кардан мушкил аст. Барои намуна, Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнӣ)-и Тоҷикистон 63 курсӣ дорад, ки 51 тояшон дар ихтиёри намояндагони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии кишвар аст.
Дар асл фаъолияти қонунгузорӣ бар зиммаи вазоратхонаҳову президент аст, ки ҳамчунин салоҳияти ради ҳамагуна қарори дилхоҳ идораро дорад. Порлумон фаъолият дорад, вале аз чаҳорчӯби самти умумии сиёсати ҳукумат пой берун намегузорад ва дар ниҳоят худро аз вазифаи пешниҳоди гузинаи қарорҳои сиёсӣ маҳрум месозад.
Ҳизбҳои сиёсии мухолиф, ки дар дохили кишвар фаъолият мекунанд, чандон нуфуз надоранд. Фаъолияти онҳо маҳдуд буда, барои таблиғоташон ҳам минбар кам дода мешавад. Дар натиҷа онҳо дар порлумон соҳиби ҷои кам (аз 2 то 4) шуда, наметавонанд дар баробари ҳизби ҳоким худро ҳамчун нерӯ нишон ё ҳатто эътилоферо ташкил диҳанд.
Чанде пеш Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар, як ниҳоди вобаста ба САҲА ишора кард, ки маъмурияти онҳо оид ба назорати интихоботи порлумонӣ ҳеч таъсире нахоҳад дошт. Бюрократҳои аврупоӣ пас аз чанд маъмурияти худ, ки бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон анҷом шуда буданд, ба ин хулоса омадаанд.
Бинобар ин, бо тасвири чунин шароит ҳарф задан дар бораи интихоботи порлумонӣ ҳамчун ҳодисаи муҳим мушкил аст. Ҳарчанд риққатовар ҳам бошад, натиҷаи он барои ҳаёти сиёсии кишвар тақрибан ҳеч аҳамияте нахоҳад дошт.
Ҳодисаи дигари сиёсие, ки ҳама чашм ба роҳи онанд, интихоботи президентӣ мебошад. Ин нахустин интихоботи президентӣ пас аз додани унвони “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” ба президенти кишвар аст, ки ба ӯ ҳаққи пешбарии номзадии худ ба мақоми раисҷумҳуриро бидуни маҳдудият медиҳад. Оё Эмомалӣ Раҳмон ин бор низ номзадии худро пешниҳод мекунад ё ба писараш Рустами Эмомалӣ имкон медиҳад, то дар карераи сиёсии худ қадами навбатиашро гузорад? Рустами Эмомалӣ дар ҳоли ҳозир шаҳрдори Душанбе аст ва аллакай дар як муддати кутоҳ тавонистааст барои ҷонибдорӣ ёфтан дар миёни сокинони пойтахт холи заруриро ба даст орад.
Вале дар мавриди он ки оё шаҳрдори Душанбе омодааст, қадами навбатиро гузорад, сухан гуфтан мушкил аст. Ба эҳтимоли зиёд, Рустами Эмомалӣ пешбарии номзадии худро ба таъхир хоҳад гузошт. Ӯ аллакай номзад ба вакилии маҷлиси халқии шаҳри Душанбе дар интихоботи 1 март аст ва ин гомро метавон ҳамчун пешрафти санҷидашудаи ғайришитобкорона ба мақоми олии давлатӣ арзёбӣ кард. Бинобар ин, “интиқоли қудрат” пешбинӣ намешавад.
Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки аз мухолифони тоҷик ба мақоми президентӣ номзадии кӣ пешниҳод мешавад. Мухолифони дохили кишвар ба монанди солҳои пешин, ки Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ҳамроҳ бо Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ эътилофи муштарак ташкил ва номзади ягонаи худ Ойниҳол Бобоназароваро пешниҳод карда буданд, фаъол нестанд.
Дар мавриди аҳамияти интихоботи ояндаи президентӣ ба ҳаёти сиёсии Тоҷикистон метавон суханеро гуфт, ки дар бораи интихоботи порлумонӣ гуфтем. Дар кишвар номзадҳои маъруфи дигар нест ва президент дар миёни сокинон ҳанӯз ҳам обурӯ дорад. Ҳатто дар сурати пешниҳоди номзадии Рустами Эмомалӣ ба мақоми президен7тӣ низ набояд тағйироти ҷиддиро интизор шуд. Раванди кунунӣ идома меёбад. Танҳо метавон кадом як қарорҳоеро интизор дошт, ки ҳадафашон баланд бардоштани шуҳрату обурӯ аст. Имкониятҳо барои навоварӣ ва гузариш ба шакли идории муассиртар дар ҳама сатҳо ҳамоно дастнорас хоҳанд буд.
Хулоса
Соли 2020 дар таърихи Тоҷикистон чандон тафовуте нахоҳад дошт. Кишвар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли ҳамаи ҳамон мушкилиҳоро идома дода, ҳамзамон аз институтҳои байналмилалӣ дархости кумак ва ёрӣ хоҳад кард. Дарки зарурати гузаронидани ислоҳот дар бахшҳои гуногуни иқтисоди кишвар ҳамоно хоҳад буд, вале имконият ва таҷриба намерасад.
Барои намуна, барои ҳалли умумии мушкили марзи Тоҷикистону Қирғизистон чораҳои мушаххас лозиманд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар тамоми сатҳо ба ислоҳот ниёз доранд. Агар назорат ва мониторинги доимии фаъолияти онҳо ба роҳ монда шавад, беҳтар хоҳад буд. Дар кодекси нави андоз бояд ба хотири фароҳам кардани фазои мусоид ҳам барои соҳибкорони дохилӣ ва ҳам сармоягузорони хориҷӣ сабукиҳои назаррас пешбинӣ карда шавад. Албатта, фасод ё корупсия монеи асосии рушди ҳамаи соҳаи иҷтимоиву иқтисодӣ хоҳад монд.
Роҳ ба сӯи рушд чандон мушкил нест. Танҳо ҳамоҳангӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори ом барои назорати доимӣ, иҷрои ислоҳот ва лоиҳаи қонунҳои пешниҳодӣ лозим аст. Ба роҳ мондани робита бо ҷомеа дар ташабусҳои сиёсӣ бештар ба назар мерасад, ки ин яке аз он тамоюлҳои на чандон зиёди мусбати кишвар мебошад. Агар ин формати муколамаро бидуни муқобилгузорӣ ва зиддият пеш бигирем, метавонем ба самти рушди сиёсӣ ҳаракат кунем. Албатта, иқтисод, маориф ва соҳаҳои дигар низ аҳамияти камтаре нахоҳанд дошт.
Ин мақола дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.