© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Манъ ва зиёрати масҷидҳо дар Тоҷикистон боиси норозигии диндорон мегардад

Диндорон дар Тоҷикистон аз манъи рафтан ба масҷидҳо норозӣ ҳастанд ва онҳо мақомотро барои бетарафӣ ва ба чунин ақидаи нодуруст муттаҳам мекунанд. Ҳамзамон, табибон ва баъзе аз рӯҳониён ин тадбирҳоро, барои пешгирии бемории Covid-19, асоснок  медонанд.


Ба Telegram канали мо обуна шавед!


Центральная мечеть Душанбе. Фото: AP
Масҷиди марказии Душанбе. Акс: AP

Масҷидҳо дар Тоҷикистон аввалин маконе буданд, ки барои манъи паҳншавии пандемияи коронавирус дар байни дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ баста шуданд. Ин ҳолат 18 апрел рух дод, ҳатто пеш аз он ки мақомот 30 апрел паҳншавии Covid-19-ро ба кишвар расман эътироф намуд.

Ҳатто дар он вақт, баъзе аз диндорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ норозиги ба мақомотро гуфтанд ва диққатро ба он равона намуданд, ки мактабҳо, донишгоҳҳо ва марказҳои савдо фаъолияти худро идома дода истодаанд.

Дар тирамоҳ , мақомот ҳама гуна маҳдудиятҳоро бекор намуд, ғайр аз рафтан ба масҷидҳо. Ҳукуматдорон мегӯянд, ки манъи рафтани масҷидҳо барои пешгирии паҳншавии коронавирус дар байни одамони калонсол лозим аст.

Шайдулло Давлатов. Фото: CABAR.asia
Шайдулло Давлатов. Акс: CABAR.asia

Сокини Душанбе Шайдулло Давлатов бар он назар аст, ки мақомот ҳуқуқи диндоронро поймол мекунанд.

«Яъне ин, ки вирус танҳо дар масҷидҳо паҳн мешавад ва барои мардум дар бозорҳо, мактабҳо ва дигар муассисаҳо хатарнок нест? Ё намозгузорони масҷидҳо наметавонанд шароити санитариро риоя кунанд?»- пурсон шуд Давлатов

Ба ақидаи ӯ, манъи намозгузори дар масҷидҳо ҳадафи дигаре низ дорад.

«Ба нақлиёти ҷамъиятӣ назар кунед – ана ин намунаи риоя накардани шароити санитарӣ аст. Чаро манъ карда нашудааст?»- илова кард Давлатов

Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Тоҷикистон ба таҷрибаи кишварҳои исломӣ, пеш аз ҳама ба Арабистони Саудӣ, ки дар он ҷой масҷидҳо низ баста шуда буданд, пайрави намуданд, аммо дар тобистон бисёр кишварҳо ба кушодани масҷидҳо иҷозат доданд.

Мухаммад Шарипов. Фото: CABAR.asia
Мухаммад Шарипов. Акс: CABAR.asia

Дар ҳамин ҳол, баъзе диндорон аз манъ кардани масҷидҳо пуштибонӣ мекунанд. Сокини 56-солаи ноҳияи Ёвон Муҳаммад Шарифов чунин мешуморад, ки масҷидҳои шаҳр метавонанд то ҳол талаботи санитариро риоя кунанд, аммо дар деҳот ин мушкили калон хоҳад буд.

«Мо, сокинони деҳа, наметавонем маводҳои лозима барои ҳимояи худ ва фарзандонамон аз вирус харидорӣ намоем. Агар дарҳои масҷидҳо боз гарданд, гурӯҳҳои осебпазир ба он ҷо меоянд ва вазъ танҳо бадтар хоҳад шуд», – мегӯяд Шарифов.

Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон  назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба портали таҳлилии CABAR.asia гуфт, ки ифтитоҳи масҷидҳо ба салоҳияти кумита дохил намешавад.

«Ин масъала ба салоҳияти ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зидди эпидемия ва пешгирии паҳншавии COVID-19 дохил мешавад. Мо ҳеҷ иттилое надорем»,-гуфт Афшин Муқим.

Салохиддин Эльбоев, директор Центра защиты населения от туберкулеза в городе Бустон. Фото: CABAR.asia
Салохиддин Эльбоев. Акс: CABAR.asia

Табибони тоҷик дар маҷмӯъ қарори мақомотро дастгирӣ мекунанд. Салоҳиддин Элбоев, директори Маркази ҳимояи аҳолӣ аз сили шаҳри Бӯстон, аз оғози пандемия беморони коронавирусро табобат мекунад. Ӯ таъкид мекунад, ки ба шахсони дар ҳолати риск қарор дошта  дар хона мондан беҳтар аст.

«Дар масҷидҳо хавфи сироятёбии вирус нисбатан зиёд аст. Аз нуқтаи назари тиббӣ бастани ибодатгоҳҳо то беҳтар шудани вазъ муфид хоҳад буд. Ҳангоми намоз дар масҷид мардум бо ҳам наздиканд ва эҳтимоли сироят ёби ниҳоят зиёд мешавад», – илова намуд Элбоев.

Имомхатиби масҷиди шаҳри Исфара Насрулло Азизов ба манъи зиёрати масҷидҳо эътироз намекунад. Ба гуфтаи ӯ, «дин ҳангоми зарурат ҳамеша ҷонибдорӣ аз хулосаҳои илми мекунад».

«Агар зарур бувад, раво бувад(тақводорона, парҳезкорона),»- илова кард Азизов.

Саидаҳмад Қаландаров, коршиноси масоили динӣ, розӣ аст ба ақидаи он, ки манъи рафтан ба масҷидҳо дар ҳоле ки мактабҳо ва бозорҳо фаъолият доранд боиси норозигии баъзе диндорон мегардад.

Ба ақидаи ӯ, ҳукуматро мебояд ин вазъиятро ба ҷомеа, «аз нуқтаи назари илмӣ ва ҳуқуқӣ» шарҳ диҳад.

«Мардум бояд дарк кунанд, ки манъкунӣ барои ҳифзи саломатии пиронсолон, ки қисми зиёди онҳое, ки ба масҷид мераванд, иборат аст. Дар ин бобат ҳадисҳои пайғамбар низ зиёд аст. Масалан, вақте дар Сурия бемори ва балоҳо омад, гуфта буданд, ки ҳар касе дарк кунад, ки вабо ба кишвар омадааст, набояд дохили он давлат шавад ва онҳое, ки аллакай дар ин кишвар буданд, набояд онро тарк кунанд », – илова намуб Қаландаров.

Дар солҳои охир созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар аксар вақт мақомоти Тоҷикистонро барои паст кардани ҳуқуқи диндорон интиқод мекарданд. Масалан, дар як гузориши Департаменти давлатии ИМА дар моҳи декабри соли 2020, Тоҷикистон дар қатори кишварҳои мавриди нигаронии хос барои даст доштан ё таҳаммули  «вайронкориҳои мунтазам, доимӣ (ва) шадиди озодиҳои динӣ” қарор дорад».

Мақомоти Тоҷикистон ин гуфтаҳоро нодуруст мешуморанд ва бовар доранд, ки онҳо бар асоси гузоришҳои таъйиднашуда таҳия шудаанд.


Ин мавод дар доираи лоиҳа : IWPR «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project» омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: