© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

ВМКБ: Суръат гирифтани парокандагӣ дар ҷомеа дар пасманзари маъракаи таблиғотии мақомот

Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) пас аз тазоҳуроти эътирозӣ, ки авохири соли гузашта сурат гирифт, таниш дар ҷомеа дар ҳоли афзоиш аст. Кормандони ниҳодҳои давлатӣ ба далели он ки намехоҳанд дар як маъракаи таблиғотии маҳкум кардани тазоҳуркунандаҳо ширкат кунанд, маҷбуранд аризаи аз кор рафтани худро бинависанд.


Хорог в день протестной акции 27 ноября. Фото: rferl.org
Рузи 27-уми ноябр эътироз дар Хоруғ. Акс аз: Озодӣ

Вазъият дар ВМКБ пас аз як амалиёти вижаи рӯзи 25 ноябри соли 2021, ки дар ҷараёни он сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков кушта шуд, муташанниҷ гардид. Дар ҷараёни эътирозҳои баъдӣ, ки пас аз ин ҳодиса ба вуқӯъ пайваст, боз чаҳор сокини ВМКБ кушта шуданд.

Хуҷамрӣ Пирназаров, сухангӯи “Комиссияи 44”, гуруҳи иборат аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки рӯзи 28-уми ноябр барои ҳалли муштараки вазъ дар ВМКБ таъсис дода шудааст, ба CABAR.asia гуфт, дар чаҳорчӯби созиш мақомот бояд таҳқиқи беғаразона ва ҳамаҷонибаи марги Гулбиддин Зиёбековро анҷом медоданд. Дар оғоз шаш намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба раванди тафтишот ҷалб шуда буданд, вале рӯзи 18 январ изҳор доштанд, ки аз ҳамкорӣ бо мақомот худдорӣ мекунанд.

Ба гуфтаи намояндаи “Комиссияи 44”, сабаб дар он буд, ки муфаттишони Додситонии кулл баъди аз таътили соли навӣ баргаштан, ба ҷойи таҳқиқи куштори Гулбиддин Зиёбеков парвандаҳои дар соли 2020 алайҳи ӯ оғозшударо ба додгоҳ ирсол кардаанд.

“Онҳо парвандаи куштори Зиёбековро баррасӣ намекунанд. Тафтишот ғаразнок аст”,-гуфт Пирназаров.

Фаъолони ВМКБ ду маротиба унвонии раиси Маҷлиси Миллӣ Рустами Эмомалӣ ва райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон муроҷиатҳои видеоӣ нашр карда, аз раванди тафтишот ва кори мақомоти маҳаллӣ шикоят карданд.

Аммо ба гуфтаи масъулини “Комиссияи 44”, ба ин муроҷиатҳо ягон посух нагирифтаанд. Эътирозгарон ҳоло аз ҳамкорӣ бо гуруҳи тафтишотӣ худдорӣ карда, иҷрои панҷ шарт, аз ҷумла барканории раиси КДАМ дар ВМКБ ва сардори Шӯъбаи корҳои дохилии Хоруғро талаб доранд.

Намояндагони “Комиссияи 44” инчунин мегӯянд, мақомот ба ҷойи таҳқиқи қазияи куштори Зиёбеков ба эътирозгарон фишор меоваранд. Масалан, дар ҷараёни тазоҳурот дар Хоруғ, ки рӯзҳои 25-28 ноябр баргузор шуд, барои бастани роҳи Душанбе-Хоруғ чанд дарахтро  буридаанд. Ба гуфтаи Хуҷамрӣ Пирназаров, барои буридани дарахтон шаш нафар аз озодӣ маҳрум гардид. Панҷ нафар ба муҳлати чаҳор сол ва як нафар ба муҳлати як сол равонаи зиндон шуданд. Ҳукм ду ҳафта пеш содир шуд.

Инчунин, мақомот ваъдаи барқарор кардани дастрасии мардум ба интернетро иҷро накарданд.

“Давоми ду моҳ тақрибан 20 маротиба бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мулоқот карда, хоҳиш кардем, ки дастрасӣ ба интернет барқарор карда шавад. Гуфтанд, ин корро баъди як ё ду рӯз, давоми даҳ рӯз анҷом медиҳем. Аммо ҳоло ҳам интернет нест. Мардум метарсанд, ки имрӯз ё фардо дар минтақа як амалиёти вижаи дигар оғоз мешавад”,-мегӯяд Хуҷамрӣ Пирназаров.

Муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев рӯзи 31 январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, интернет дар ВМКБ ба хотири “таъмини амнияти шаҳрвандон” қатъ карда шудааст. Инчунин ба зодагони ВМКБ, пеш аз ҳама, онҳое ки дар гирдиҳамоиҳои эътирозӣ дар хориҷи кишвар ширкат доштанд, фишор оварда мешавад. Масалан, рӯзи 12 январ Амриддин Аловатшоев, сокини ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ, ки дар гирдиҳамоии эътирозии рӯзи 25 ноябр дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар Русия иштирок карда буд, ба таври мармуз нопадид шуд. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 2 феврал дар як нишасти хабарӣ гуфт, Амриддин Аловатшоев дар Русия боздошт шуда, ҳоло дар Тоҷикистон қарор дорад. Додситони кулл аз шарҳи бештари ин мавзӯъ худдорӣ кард. 

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик иллати аслии бунбасти мавҷударо дар ВМКБ адами муколама миёни мақомот ва мардум медонад.

 “Музокирот беҳтарин роҳи ҳалли нофаҳмиҳо аст. Вақте муколама набошад, масъала ҳал намешавад. Оқибати ҳама гуна маҳдудиятҳо низоъ аст. Маҳз барои ҳамин, вазъият бояд бо роҳи гуфтушунид ҳал шавад”,-мегӯяд Парвиз Муллоҷонов.

Кормандони мақомоти давлатӣ мегӯянд, онҳоро маҷбур мекунанд, ки баромад карда, эътирозгаронро маҳкум намоянд

Мақомот дар бораи таҳқиқи куштори Зиёбеков аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунанд. Раиси вилоят дар мулоқоти ахири худ бо модари Зиёбеков танҳо гуфт, ки тафтишот идома дорад.

 Ба ҷойи ин, дар шабакаи давлатии телевизиони “Бадахшон” гузоришҳое намоиш медиҳанд, ки дар онҳо аз иштирокчиёни гирдиҳамоии эътирозии моҳи ноябр интиқод шуда, Гулбиддин Зиёбеков ҷинояткор хонда мешаванд. Аз ҷумла, дар дақиқаи 46-и гузориши видеоие,  ки рӯзи 9 декабри соли гузашта тавассути телевизиони “Бадахшон” намоиш дода шуд, мақомот гуфтанд, моҳи феврали соли 2020 Зиёбеков ва чанд нафари дигар Абдусаттор Абирзода, ёвари додситони ноҳияи Роштқалъаро гаравгон гирифтаанд. Сабаби ин амалҳо дар он будааст, ки Абдусаттор Абирзода гӯиё як духтари маҳаллиро озор додааст. Мақомот иддао доранд, ки Зиёбекови 29-сола борҳо даъватҳои мақомотро дар бораи ҳозир шудан ба назди муфаттишон нодида гирифта, ҳангоми боздошт аз силоҳ истифода кардааст.

В эфире государственного телеканала "Бадахшон" протестующих называют преступниками: Фото: Asia-Plus
Дар пахши мустақими телевизиони давлатии «Бадахшон» эътирозгаронро ҷинояткор номиданд. Акс аз: Азия-Плюс

Аммо Хуҷамрӣ Пирназаров, сухангӯи “Комиссияи 44”, мегӯяд, Гулбиддин Зиёбеков дар Хоруғ озодона сайру гашт карда, вориди варзишгоҳи шаҳр мешуд ва мошинашро дар назди бинои КДАМ мегузошт.

“Ӯ дар ҷашни зодрӯзи Оқохон дар ноҳияи Роштқалъа, ки намояндагони неруҳои амниятӣ, рӯҳониён, раиси ноҳия ҳузур доштанд, дар мусобиқаи гуштии миллӣ ширкат дошт. Чаро он вақт ӯро боздошт накарданд?”,-мепурсад Хуҷамрӣ Пирназаров.

Ин баромадҳо қариб ҳар рӯз тавассути телевизиони маҳаллӣ намоиш дода мешаванд. Асосан кормандони мақомоти давлатӣ ё ташкилотҳои буҷетӣ баромад мекунанд. Дар бораи маҷбурӣ будани ин баромадҳо аз ҷумла муаллимони мактаби рақами №6-и ноҳияи Роштқалъа — Наргис Ҷонмирзоева ва Азиза Қарачабекова изҳор доштанд.  Ба гуфтаи онҳо, дар Раёсати корҳои дохилии ВМКБ ба онҳо фишор оварда, маҷбур кардаанд, ки дар назди дурбинҳои телевизион суҳбат кунанд.

Пас аз пахши гузориш тавассути шабакаи маҳаллӣ ҳамдеҳагонашон онҳоро маҳкум кардаанд, ҳатто шавҳарҳояшон гуфтаанд, ки аз онҳо ҷудо мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, худи ин омӯзгорон қайд мекунанд, ки ба  фарзияи расмии ҳодиса назари дигар доранд. Ба гуфтаи онҳо, Амиршо Тутишоев, ки ҳангоми гирдиҳамоӣ бар асари захми тир ҷон дод, шогирди онҳо буд ва ӯро як ҷавони намунавӣ таъриф мекунанд. Онҳо розӣ нестанд, ки дар телевизиони давлатии “Бадахшон” аз Тутишоев ҳамчун ҷинояткор ном бурда мешавад. 

Дар ҳамин ҳол, чанд корманди давлатӣ ба шарти ифшо нашудани номашон ба CABAR.asia гуфтанд, бархе аз ҳамкорони онҳо барои майли иштирок надоштан дар ин маъракаи таблиғотӣ тасмим гирифтаанд, ки аз кор бираванд.

 Як сокини Хоруғ, ки солҳои тӯлонӣ дар ҳукумати маҳаллӣ кор кардааст, мегӯяд, хешовандонаш мехоҳанд ӯ аризаи аз кор рафтанашро бинависад.  “Чанд рӯз пеш аз ин рӯйдодҳо ман аз ҳисоби худам рухсатӣ гирифта, барои табобат ба Душанбе рафтам. Моҳи январ ба Хоруғ баргаштам, аммо шавҳарам гуфт, ки мухолифи дар ҳамон ҷо кор карданам аст. Ба аёдати ҳамкорон рафтам, бинои идораи шаҳр амалан холӣ буд. Дӯстон аз дигар шӯъбаҳо мегӯянд, теъдоди зиёди одамон корашонро тарк кардаанд”,- гуфт мусоҳиби CABAR.asia.

Як корманди дигари давлатӣ гуфт, ӯ низ дар фикри аз кор рафтан аст, дар ҳоле ки онҷо беш аз 10 сол боз фаъолият мекард. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати CABAR.asia, ҳоло ӯро маҷбур доранд, ки дар телевизиони давлатии “Бадахшон” мусоҳиба диҳад, аммо розӣ нашудааст. Ниҳоят тасмим гирифтааст, ки худаш аризаи аз кор рафтанашро нависад.

“Ман дар ин вазифа пули зиёд намегирам. Асосан аз ҳисоби пули аз Русия равонкардаи писаронамон зиндагӣ мекунем. Онҳо пешакӣ аз ман хоҳиш карданд, ки дар телевизион ҳарф назанам, гуфтанд, ки агар ин корро кунам, онҳо шарманда мешаванд”,-гуфт манбаъ ба CABAR.asia.Ӯ мегӯяд, худаш ҳам дарк мекунад, ки “ин ҳама нодуруст аст”. “Одамон барои барқарор кардани адолат ба гирдиҳамоӣ баромаданд ва барои ин ҳақ доранд. Илова бар ин, ман намехоҳам, ки баъдан ҷомеа ё писаронам аз ман рӯй гардонанд, мисле ки бо дигарон шуд”,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо. Вай инчунин таъйид кард, ки бисёре аз кормандони сохторҳои давлатӣ корро тарк мекунанд – ё бо хоҳиши худ ариза менависанд ё аз ҳисоби худ рухсатӣ мегиранд.

Ба гуфтаи манобеи дигари CABAR.asia, бар асари маъракаи таблиғотӣ дар ҷомеа ташаннуҷ бештар шудааст.

Масалан, дар баъзе навоҳии Хоруғ тасмим гирифтаанд, бархе афродеро, ки дар телевизиони “Бадахшон” суханронӣ карда, эътирозгаронро маҳкум карданд, таҳрим кунанд. Ин одамонро “радди маърака” эълон карда, аз ин ба баъд ба ягон маросим – тӯй ва мотам даъват намекунанд. Инчунин одамон ба маросими онҳо намераванд. Дар ҷомеаи суннатии Бадахшон ин як иқдоми хеле ҷиддӣ ба ҳисоб меравад ва бисёриҳо намехоҳанд “радди маърака” шаванд.

Ба иттилои манобеи CABAR.asia, аз як маърака ҳатто раиси собиқи шаҳрро, ки тавассути телевизион эътирозгаронро маҳкум кардааст, берун кардаанд. Баъди ин ҳолат, мансабдори собиқ Хоруғро тарк карда, ба Душанбе рафтааст. Ба гуфтаи коршиноси маҳаллӣ, ки нахост номаш ифшо шавад, ин механизм ягона абзорест, ки дар муқобили фишори мақомот тоб оварда метавонад.

“Барои аксари сокинони Бадахшон “радди маърака” будан маънои расво шуданро дорад. Бигзор тӯйҳо як рӯйдоди хеле муҳим набошанд, аммо вақте ки одамон дар лаҳзаҳои ғамгинӣ, ҳангоми мусибат ба хонаи шумо наоянд ва барои марҳум дуо нахонанд, ин хеле дардовар аст”,-мегӯяд яке аз нозирони ҷамъиятӣ.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: