© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Эъломияи дороиҳои мансабдорони тоҷик: кӣ бояд онро тафтиш кунад?

 

Соли сеюм аст, ки дар Тоҷикистон хидматчиёни давлатӣ эъломияи даромад ва вазъи молу мулки худро пешниҳод мекунанд. Худи мансабдорон ҳамеша ба зарурати тафтиши ин маълумотҳо таъкид мекунанд. Коршиносон бар инанд, ки бидуни нашри эъломияҳо раванди мазкур бефоида хоҳад буд.


Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!


Аюбҷон Солеҳзода, муовини аввали раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, аллакай се сол мешавад, ки эъломияи мансабдорон дар шакли электронӣ пешниҳод мегардад ва онҳо махфӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Джумахон Давлатзод. Фото: pac.by
Ҷуъмахон Давлатзода. Акс аз pac.by

Ин дар ҳолест ки худи мансабдорон ба дурустии иттилои дар эъломияҳо дарҷшуда шубҳа доранд. Ба гуфтаи Ҷуъмахон Давлатзода, раиси Оҷонсии хидмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон, дар бештари эъломияҳои хидматчиёни давлатӣ навишта шудааст, ки манзили шахсӣ надоранд ва онҳо ё иҷоранишин ҳастанд ва ё бо волидонашон зиндагӣ мекунанд.

Ба таъкиди вай, дар қонунгузории Тоҷикистон кадом як ниҳоде таъкид нашудааст, ки масъули тафтиши дурустии иттилоъ дар мавриди амволе бошад, ки дар эъломияҳо дарҷ шудаанд.

Нигора Муқимӣ, сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва иртибот бо ҷомеаи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, қонунгузорӣ ба агентӣ ҳаққи тафтиши эъломияҳоро намедиҳад.

“Танҳо мақомоти кадрии ин ё он муассиса ба эъломияҳо дастрасӣ доранд. Пешниҳоди эъломия маҳрамона буда, танҳо дар сурати ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ нашр карда мешавад. Парлумон бояд дар сатҳи қонунгузорӣ ниҳодеро барои анҷом додани тафтиши эъломияҳо муайян кунад”,-меафзояд Нигора Муқимӣ. 

Дар ҳамин ҳол, Раҷабмурод Толибов, сардори шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорати Оҷонсии хидмати давлатии назди Президент гуфт, дар доираи моддаи 17-и қонун “Дар бораи хидмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ин ниҳод ва шӯъбаҳои кадрҳои дастгоҳи президент, вазорату идораҳои марбута дар сурати ба миён омадани шакку шубҳа ҳаққи созмон идодани тафтиши эъломияҳоро доранд.

Моддаи 17(1) ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” соли 2014 изофа карда шуд.

Аммо ба таъкиди ҷаноби Толибов, ин маънии онро надорад, ки шӯъбаҳои кадрҳо мақоми ягонаи марказонидашуда оид ба баргузории чунин санҷишҳо мешаванд.

Мансабдорони тоҷик муваззафанд ҳамасола то якуми апрел эъломияи дороиҳои худро ба хадамоти андоз пешниҳод намоянд. Акс аз ozodi.org

 

Моддаи 17 (1). Қонун “Дар бораи хизмати давлатӣ”

Санҷиши махсус дар хизмати давлатӣ дар асоси дархости хаттии роҳбари мақоми давлатӣ аз ҷониби мақоми дахлдори давлатӣ гузаронида мешавад, агар баръало ошкор карда шавад, ки шахси дар мансаби давлатии хизмати давлатӣ буда ё довталаби мансаби давлатии хизмати давлатӣ дар эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкиаш, иттилооти бардурўғ дода бошад.

Мавриди тазаккур аст, ки қонун дар бораи мубориза бо коррупсия (моддаи 8) пешбинӣ мекунад, ки иттилои дар эъломияҳо овардашуда, “ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ошкор карда намешавад”.

Бар асоси қонунгузорӣ хидматчиёни давлатӣ мувазаффанд то якуми апрел эъломияи даромадҳои худро ба хадамоти андоз пешниҳод намоянд.

Ҷуъмахон Давлатзода, раиси Оҷонсии хидмати давлатӣ мегӯяд, ин талабот дар қонунҳо “Дар бораи хизмати давлатӣ”, “Дар бораи мубориза бо коррупсия” ва дар кодекси андоз дарҷ шудаанд.

Бар пояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми довталабони мансабҳои давлатӣ, аз ҷумла вакилони мардумӣ муваззафанд, ҳамасола эъломияи даромадҳои худро ба мақомоти андози ҷойи зисташон пешниҳод намоянд.

Қонун “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”

Моддаи 8. Чораҳои назорати молиявӣ

Довталабони мансабҳои давлатӣ дар мавриди таъин (интихоб) ба мансаб ва шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ҳар сол ба мақомоти андози ҷои истиқоматашон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даромадҳояшон эъломия пешниҳод менамоянд.

Мақоми давлатие, ки ҳуқуқи ба вазифаи давлатӣ таъин (интихоб) ва аз он озод намуданро дорад, ҳуқуқ дорад дар мавриди ба мансаб таъин (интихоб) намудани шахсон ва аз шахсони мансабҳои давлатиро ишғолкунанда соле як маротиба маълумоти зеринро талаб намояд:

— дар бораи даромадҳои аз тамоми манбаъҳо гирифтаи онҳо;

— молу мулки  ғайриманқул ва манқули арзишашон дар алоҳидагӣ зиёда аз ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, аз ҷумла молу мулки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъбуда ё муваққатан дар ихтиёри шахси дигар буда бо нишон додани арзиш ва суроғаи он; 

— дар бораи пасандозҳои бонкӣ, аз ҷумла дар бонкҳои хориҷӣ доштаашон ва коѓазҳои қиматноке, ки шахсан ё ҳамроҳи дигарон ихтиёрдорӣ мекунанд;

— дар бораи иштироки бевосита ё бавосита ба сифати саҳмгузор ё иштирокчии ширкату ҷамъиятҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), дигар субъектҳои хоҷагидор ва фондҳо бо нишон додани шакли иштирок ва фоизи моликият дар онҳо;

— дар бораи қарзҳои ҳаҷмашон бештар аз 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва дигар ўҳдадориҳои молиявӣ, аз ҷумла дар хориҷа; 

— маълумот оид ба молу мулки аъзои оила. 

Ҳар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви оилаи онҳо ҳамасола бояд эъломияи даромад ва вазъи молу мулкии худро пешниҳод намоянд. Довталабони мансабҳои давлатӣ, хидматчиёне, ки мансабҳои давлатиро ишғол кардаанд ва кормандони ба онҳо баробаршуда, раҳбарони мақомоти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳалии шаҳр ва рустоҳо муваззафанд, эъломияи дороиҳои худро ба Маъмурияти Президент, раиси шаҳр ва ё ба ноҳияи марбута пешниҳод намоянд.

Бар асоси қонун “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, “пешниҳод накардан ё пешниҳод кардани маълумоти нопурра ва носаҳеҳ” метавонад далели ба кор қабул накардани довталаб ё аз мансаб озод намудани соҳиби эъломия гардад.

Оҷонсии хидмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, ҳамасола мониторинги вазъи пешниҳоди эъломияҳои хидматчиёни давлатиро анҷом медиҳад. 

Мониторинги гузаронидашуда дар мавриди вазъи дороиҳои хидматчиёни давлатӣ нишон додааст, ки аз 18790 корманди муассисаҳои давлатӣ 18648 ва ё 99,24 дарсад сари вақт (то 1 апрели соли 2019) эъломияҳои худро пешниҳод кардаанд. Ҳамзамон, 142 нафар ё 0,76% -и хизматчиёни давлатӣ онро пешниҳод накардаанд.

Рисолат Сайфиддинова. Акс аз khoma.tj

Рисолат Сайфиддинова, муовини сардори шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорати Оҷонсии хидмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, се хидматчии давлатие, ки эъломияи даромад ва вазъи молу мулкро пешниҳод накардаанд, аз кор озод шудаанд. Ду тани онҳо раҳбарони шӯъбаҳои кор бо ҷавонон (шаҳрҳои Конибодом ва Панҷ) буда, як тани дигар корманди комисариати ҳарбии яке аз ҷамоатҳои ноҳияи Шаҳритӯс будааст.

Хабарнигори CABAR.asia муваффақ нашуд, ки ин афродро пайдо намуда, далели пешниҳод накардани эъломияҳоро бипурсад.

Дар Русия эъломияи даромадҳои президент, нахуствазир ва маъмурияти президенти Русия нашр шуд. Аммо Маркази “Левада” дар пайи як пажуҳиш маълум кард, ки 88 дарсади шаҳрвандони Русия ба дурустии эъломияҳои мансабдорони рус бовар надоранд.

Коршиносон: Бидуни нашри эъломияҳо ин раванд бефоида аст

Ҳуқуқдони тоҷик Шокирҷон Ҳакимов бар ин аст, ки ҷорӣ кардани эъломияи ҳатмии хидматчиёни давлатӣ натиҷаи амалие надодааст.

“Тавре таҷриба нишон медиҳад, дар ин муносибат ҳеч тағйироти босифати ҷиддие ба вуҷуд наомадааст, мизони муносибатҳои коррупсионӣ коҳиш наёфтааст. Эъломияҳои пешниҳодшуда барои доираи васеи одамон дастрас нест ва шахсони манфиатдор, ба истиснои  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, наметавонанд онро дар матлабҳои таҳлилии худ истифода кунанд”,-афзуд Ҳакимов.

Шокирҷон Ҳакимов. Акс аз саҳифаи фэйсбук

Дар посух ба ин суол, ки кадом ниҳод бояд ба санҷиши эъломияҳо машғул шавад, ҷаноби Ҳакимов гуфт, дар бештари кишварҳои пешрафта, ниҳоди махсуси мубориза бо фасод мавҷуд нест.

“Мушкили дигар ин аст, ки дар кишвари мо тақрибан тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо корупсия мубориза мебаранд ва бархӯрди манфиатҳо миёни онҳо бешак садди сиёсати муассири муқобила бо ин падидаи манфӣ мегардад”,-афзуд ӯ.

Ба таъкиди ин ҳуқуқшинос, нашри эъломияҳо дар баробари дигар чораҳои муассири мубориза бо коррупсия, хеле зарурӣ аст.

“Барои ин қабл аз ҳама иродаи сиёсӣ, назорати парлумонӣ ва ҷамъиятӣ, ислоҳоти воқеии кадрӣ, нашри расмии эъломияҳо дар нашрия ва расонаҳои дигар лозим аст”,-илова намуд вай.

Алиакбар Абдуллоев. Акс аз ozodi.org.

Ба гуфтаи ӯ, маҳз ҳамкории фаъоли “субъект”-ҳои фазои иттилоотӣ ва мақомоти ваколатдор, инчунин вокуниши сареъ ба навиштаҳои ВАО самаранокии мубориза бо корупсияро баланд мебардорад.  

Алиакбар Абдуллоев, раҳбари созмони ҷамъиятии “Маркази тарғиби маърифати зиддикоррупсионӣ” ба ҳукумат истифодаи таҷрибаи Гурҷистонро дар самти эъломияҳои электронӣ пешниҳод кард.

Дар он кишвар сомонаи ягонаи ҳукумати электронӣ мавҷуд аст, ки онҷо дар бораи тамоми хидматчиёни давлатӣ, аз ҷумла сарвари давлат маълумоти зарурӣ ҷой дода шудааст.

“Барои мисол, агар дар бораи президент ва ё кадом як шахси мансабдори дигар донистанӣ бошед, дар Интернет маълумоти кофӣ пайдо мекунед, шурӯъ аз иттилои шахсӣ, монанди манзил, мошин ва амсоли ин”,-мегӯяд Абдуллоев.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report

The following text will be sent to our editors: