© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Дастгоҳҳои мобилӣ дар Тоҷикистон “зери заррабин” хоҳанд буд

Мақомоти Тоҷикистон иддао мекунанд, сабти дастгоҳҳои мобилӣ барои таҳкими “амният” зарур аст. Аммо коршиносон мегӯянд, ин кор ба хотири пур кардани буҷа ва таҳкими назорат бар зиндагии шаҳрвандон анҷом мешавад.


Ба канали мо дар  Telegram обуна шавед!


Дар Тоҷикистон сабти ҳатмии рақами дастгоҳи мобилӣ (IMEI), аз ҷумла телефонҳо, планшетҳо, ноутбукҳо ва ғайра ҷорӣ мешавад. Қарори ҳукумат дар ин маврид авохири моҳи март имзо шуд.

Дар Тоҷикистон сабти рақами IMEI-и дастгоҳҳои мобилӣ ҳатмӣ шуд. Акс аз CABAR.asia
Дар Тоҷикистон сабти рақами IMEI-и дастгоҳҳои мобилӣ ҳатмӣ шуд. Акс аз CABAR.asia

Сабти маълумоти дастгоҳҳо тибқи рамзи байналмилалии дастгоҳи мобилӣ (IMEI) тавассути низоми бақайдгирӣ ба шабакаҳои операторони алоқаи барқӣ анҷом мешавад.  

То якуми июни соли ҷорӣ Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бояд оператори системаро муайян намояд. Дар қарор гуфта мешавад, ин кор бояд бо “ҷалби сармоягузории хусусӣ” анҷом шавад.

Дар ҳукумат бар инанд, ки сабти ҳатмии рақами IMEI барои “таъмини амният ва таҳкими иқтидори мудофиавии давлат” лозим аст.

“Ҳангоми баргузории чорабиниҳои муҳими ҷамъиятӣ-сиёсӣ оператори система бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кори дастгоҳҳои мобилии алоқаи барқиро қатъ ё барқарор месозад”,-гуфта мешавад дар қарор.

Сабти дастгоҳҳои мобилӣ аз лаҳзаи роҳандозӣ шудани система давоми 3 моҳ дар шакли пилотӣ дар низоми худкор ва бо роҳи пайвастшавӣ ба шабакаҳои операторони мобилӣ оғоз мегардад.  

Пас аз ин, 6 моҳ дар шакли пилотӣ раванди бақайдгирӣ тавассути портали ягона ройгон сурат мегирад. Баъдан, истифодабарандаҳо барои сабти дастгоҳҳои мобилии худ бояд маблағ супоранд.

Танҳо дастгоҳҳои мобилие раванди бақайдгириро намегузаранд, ки дар қаламрави Тоҷикистон дар роуминги байналмилалӣ қарор доранд.

Шахсоне ки талаботи қарори мазкурро риоя намекунанд, бар асоси қонунгузории кишвар ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Боз як роҳи пур кардани хазина?

Навбатпойи барои сабти сим-кортҳо дар Душанбе. Акс аз Азия Плюс
Навбатпойи барои сабти сим-кортҳо дар Душанбе. Акс аз Азия Плюс

Бештари сокинони кишвар хабари сабти ҳатмии рақами IMEI-ро бо нигаронӣ қабул карда, онро як роҳи дигари ҷамъоварии маблағ аз мардуми камбағал медонанд.  

“Тавре ки Остап гуфта буд, боз як василаи хуби гирифтани пул пайдо шуд”,-таъкид намуд сокини Душанбе Зафар Собиров.

Ба гуфтаи ӯ, ҷараён бақайдгирӣ маъние надорад, зеро операторони мобилӣ метавонанд ба таври автоматӣ IMEI-ро маълум намоянд.

“Ҳангоми пайвастшавӣ ба шабака, маълумоти IMEI ба таври автоматӣ ба маркази аутентификатсияи оператор ирсол мегардад. Маълум нест, ки чаро бояд рафт ва онро ба қайд гирифт”,-афзуд ӯ.

Як коршинос, ки дар гузашта дар низоми гумруки Тоҷикистон кор кардааст, мегӯяд, чунин як таҷриба маъмулан барои мубориза бо телефонҳое амалӣ мегардад, ки ба қаламрави кишвар ғайриқонунӣ оварда шудаанд.

“Ин ба он маъно аст, ки онҳо тавассути гумрук нагузаштаанд, интиқолдиҳандаҳо дар назди гумрук ҳисобот надодаанд ва дастгоҳҳоро барои ташхис насупурдаанд. Соддатар бигӯем, ин қочоқ аст. Яъне, ин навоварӣ ташаббуси навбатии Кумитаи андоз барои ҷустуҷӯи манбаъҳои нави пур кардани буҷа мебошад”,-андеша дорад ӯ.

Бархе шаҳрвандон бар инанд, ки пас аз бақайдгирӣ истифодабарандаҳои дастгоҳҳои мобилӣ комилан маҳрамияти худро аз даст медиҳанд.

“Баъди ин, муайян кардани соҳибони аккаунтҳо осон мешавад. Агар касе дар куҷое чизе навишт, пас шахсияти ӯ тавассути техникаи маъруфи IMEI зуд муайян мегардад. Бар илова, мақомот дақиқан хоҳанд донист, ки истифодабаранда дар куҷо қарор дорад ва аз чӣ дастгоҳе истифода мебарад. Дар ҳоли ҳозир мешавад танҳо ҷойи истифодабарандаро муайян кард, аммо шахсияти онро маълум кардан имконнопазир аст”,-мегӯяд шаҳрванди дигари ҷумҳурӣ. 

Одамонро ин ҳолат нигарон кардааст, ки акнун бояд ҳам барои бақайдгирии телефонҳо ва ҳам барои сабти сим-кортҳояшон навбатпоӣ кунанд.

“Дар замони карантин интернет ва алоқаи мобилӣ аз ҳар вақти дигар дида, заруртар аст. Ҳатто дар Афғонистон нархҳоро поин бурдаанд, аммо қонунгузорӣ ва операторҳои мо бошанд, фурсати боз ҳам маҳдудтар кардани дастрасӣ ва боло бурдани нархҳоро аз даст намедиҳанд”,-шиква мекунад сокини пойтахт.

Дар ҳамин ҳол, бархе сокинон аз ин иқдоми мақомот розӣ ҳастанд.

Онҳо мегӯянд, бо шарофати бақайдгирӣ бозори телефонҳои дуздидашуда касод мешавад: дар натиҷа телефонҳо камтар рабуда шуда, бештар ба соҳибонашон баргардонида мешаванд.

Ҳамзамон, ин гуруҳи шаҳрвандон ба таҷрибаи Қазоқистон ва Узбекистон ишора мекунанд, ки сабти IMEI гӯиё ба коҳиши мизони дуздии телефонҳои мобилӣ сабаб шудааст. 

Аммо маълумоти муътамад дар ин маврид мавҷуд нест.

Омодагӣ ба интихоботи президентӣ?

Шокирҷон Ҳакимов. Акс аз саҳфаи Facebook
Шокирҷон Ҳакимов. Акс аз саҳфаи Facebook

Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, барои мақомоти тоҷик истифодаи чораҳои дорои характери маҷбурӣ ҳамчун василаи ба мақсад расидан, ба як чизи маъмулӣ табдил шудааст.

“Мутаасифона на ҳамеша пардохтпазирии аҳолии кишвар ба инобат гирифта мешавад”,-изҳор дошт Ҳакимов ба CABAR.asia.

Ба гуфтаи ӯ, чунин иқдомҳо “бо баҳонаи ниятҳои нек” ва бо такя ба таҷрибаи бархе кишварҳои хориҷӣ роҳандозӣ мешаванд.

“Дуруст аст, ки зарурати роҳандозии чунин иқдомҳо бо такя ба таҳкими кафолати амнияти шахсӣ ва ҷамъиятӣ тақвият бахшида мешавад. Бо ин ҳол, бо баҳонаи вижагиҳои миллӣ ва дигар махсусиятҳо роҳандозии чунин иқдомҳо хусусияти ба худ хос касб мекунанд”,-таъкид дошт ҳуқуқшинос.

Ба андешаи ӯ, ин иқдом қаблтар аз ҳама хосияти сиёсӣ дорад.

“Талаботи сабти ҳатмии тамоми дастгоҳҳои мобилӣ ба таҳкими назорат бар шаҳрвандон равона шудааст, ки дар иртибот бо интихоботи президентии дар пешистода махсусан муҳим аст”,-андеша дорад Шокирҷон Ҳакимов.

Бар илова, таъкид намуд Ҳакимов, ҳукумат талош дорад, буҷаи давлатиро пура кунад, то барои нигоҳ доштани мақомоти қудратӣ маболиғи иловагӣ равона созад.

“Ба бовари ман, амният ва иқтидори мудофиавии кишвар бояд аз ҳисоби эҳёи бахши воқеии иқтисод, афзоиши ба таври қобили мулоҳизаи потенсиали содиротии кишвар, таъсиси шароити мусоид барои амалӣ намудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба меҳнат дар дохили кишвар, такмили низоми сиёсӣ, муборизаи воқеӣ бо коррупсия таъмин карда шавад”,– илова намуд вай.

Кишварҳое ки аллакай чунин таҷрибаро доранд

Мутахассисон мегӯянд, феълан маркази ягонаи мушаххаскунандаи дастгоҳҳои мобилӣ дар беш аз 30 кишвари ҷаҳон вуҷуд дорад.

Чунин система аввалин бор дар ИМА ва Канада роҳандозӣ шудааст. Аммо онҷо бақайдгирӣ ба нархи дастгоҳ ва фаъолсозии минбаъдаи он ворид мешавад. 

Дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳам тақрибан чунин аст: агар уҳдадории сабти IMEI-ро оператор ё фурӯшанда бар душ бигирад, пас маблағи он ба арзиши дастгоҳ изофа мешавад. Агар оператор – пас маблағ ба арзиши тариф изофа мегардад.

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин як таҷриба дар Узбекистон ва Қазоқистон амал мекунад.

Дар Қазоқистон, масалан, агар телефони муштарӣ ду сим-корт дошта бошад, онро бояд ду маротиба бақайд бигирад. Агар дастгоҳ иваз шуд, бояд онро аз сабти ном бигирад. Агар дастгоҳ гум шуд, бояд ҳатман оператори мобилиро дар ҷараён гузошт. 

Озарбойҷон ва Туркия ба сабти рақами IMEI ҳанӯз оғози соли 2010 шурӯъ карданд. Барои мисол, дар Туркия шаҳрвандон барои бақайдгирӣ солона аз 100 то 400 доллари амрикоӣ пардохт мекунанд.

Бар асоси қонун ҳар дастгоҳи мобилии ба Озарбойҷон овардашуда бояд давоми 30 рӯз бақайд гирифта шавад. Сабти ном ройгон аст ва дар портали ҳукумати электронӣ дастрас мебошад. Аммо ин талабот ба шаҳрвандони хориҷӣ ва сайёҳон, ки дар Озарбойҷон сим-кортҳои худ ва роумингро истифода мебаранд, дахл надорад.


Ин матлаб дар чорчӯби тарҳи IWPR «Ҳамовозӣ барои дигарсозӣ — аз ҳошия то бодия» нивишта шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report

The following text will be sent to our editors: