Омилҳои зиёде вуҷуд дорад, ки ба наздикшавии Тоҷикистон ва Қирғизистон мусоидат мекунад, мегӯяд сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов. Ба андешаи вай, миёни кишварҳо ихтилофи ҳалнашаванда вуҷуд надорад. Барои ҳалли мушкилоти дар сарҳад ба вуҷуд омада иродаи сиёсӣ лозим аст. Бисёр чиз аз ҷомеаи шаҳрвандии ду кишвар вобаста аст, то розигӣ ва созиш ба даст оранд.
Солҳои охир, хусусан, пас аз авҷи низоъи фаромарзии ба наздикӣ рухдода муносибатҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон торафт манфӣ ва ташвишовар муаррифӣ мешавад. Агар аз рӯи навиштаҳои аксари Воситаи ахбори омма ва коршиносон баҳо диҳем, ба назар мерасад, ки ҳарду давлат дар як муқовимати шадиди геополитикӣ ва иқтисодӣ қарор дорад.
Аммо, оё ин дар ҳақиқат чунин аст? То куҷо дарки ин муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба воқеият мувофиқат мекунад? Оё дар инҷо таҳрифи вазъи воқеии кор ва муболиғаи потенсиали низоъ дар муносибатҳои ин ду давлати пасошӯравӣ вуҷуд дорад? Дар асл, ҳамаи ин саволҳо аҳамияти бевоситаи амалӣ доранд -ҳам дурнамои ҳалли осоиштаи мунқишаи марзи ӣ дар минтақаи Исфара – Ботканд ва ҳам имкони таҳкими минбаъдаи робитаҳои дуҷониба аз посух ба онҳо вобаста аст.
Зеро ҳар қадар мушкилоте, ки ҷонибҳоро аз ҳам ҷудо мекунад, ҳамон қадар дурнамои ҳалли хушбахтии онҳо душвортар менамояд – ва ё баръакс.
Барои он ки ба ин саволҳо ҷавоб диҳем, ба муносибати Тоҷикистону Қирғизистонро дар се ченаки асосӣ – геополитика, иқтисодӣ ва савдо, ҳамчунин дар бахши амният баррасӣ мекунем. Инчунин оқибатҳои якбора бад шудани муносибатҳои дуҷонибаро дар натиҷаи шиддати ахир дар марз баррасӣ кунем. Ҳамаи ин ба мо имкон медиҳад, ки дар бораи дурнамои таҳкими сулҳ ва беҳбуди равобити Тоҷикистону Қирғизистон дар ояндаи наздик як қатор хулосаҳои пешакӣ барорем.
Геополитика ва амният
Хусусияти муноқишаи Исфара-Ботканд дар он аст, ки он муддати тӯлонӣ ба вазъият ва сифати муносибатҳои ду давлати ҳамсоя ва элитаи сиёсии он амалан таъсир надошт. Воқеан, низоъи сарҳадӣ бори аввал дар замони Шӯравӣ зоҳир шуд: аммо дар сатҳи байнидавлатӣ, дар соҳаи тиҷорату иқтисод, табодули фарҳангӣ ва илмӣ байни ду ҷумҳурии пасошӯравӣ ягон мушкили ҷиддӣ ё муқовимат ба назар намерасид.
Ба ҳамин монанд, мушкилоти фаромарзӣ ба муносибатҳои байни миллатҳо амалан таъсире надошт – тоҷикону қирғизҳо оромона аз ҳарду ҷониб марзро убур мекарданд, савдо мекарданд ва ба тиҷорат машғул мешуданд. То ба наздикӣ Бишкек дар минтақа аз ҳама ҷойи муносиб ва беҳтарин барои гузарнидани конфронсҳои байналмилалӣ ба шумор мерафт, ки иштирокчиён аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бе мушкилот ширкат меварзиданд. Барои як насли олимон, рӯзномаигорон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик Бишкек аз ҳама сершумортарин шаҳри хориҷӣ буд, ки дар он ҷо ҳар сол трнингҳо, семинарҳо, мастер – классҳо ва конфронсҳо баргузор мекарданд. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ шояд аз ҳама бештар лоиҳаву ташаббусҳои муштаракро дар фазои пасошӯравӣ дар соҳаҳои гуногун, аз маориф то пурсиши афкор оғоз кардаанд.
Албатта, дар минтақаи сарҳадӣ, бевосита дар мавзеии низоъ, байни ҷомеаҳои маҳаллӣ шиддат вуҷуд дошт, аммо решаҳои он на ҳамеша хусусияти қавмӣ, балки иҷтимоиву иқтисодӣ доштанд. Шояд аз ҳамин сабаб, сарфи назар аз муқовимати шадид, дар сатҳи байниминтақавӣ дар минтақаи муноқиша, тоҷикон ва қирғизҳо дар маҷмуъ нисбат ба дӯсти худ муносибати хеле дӯстона ва мусбат доштанд. Ин тааҷубовар нест, зеро сабаби асосии муноқиша рақобат барои захираҳои обӣ ва замини маҳаллӣ ё дурусттараш барои тақсимоти одилонаи онҳо мебошад. Ба ҳар сурат, муноқишаи Исфара-Ботканд бо сабабҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба он дараҷаи шиддати байни миллатҳо ва радди мутақобила, ки ба аксари низоъҳои фаромарзӣ ва ҳудудӣ хос аст, оварда нарасонд.
Илова бар ин, дар тамоми давраи Шӯравӣ Тоҷикистон ва Қирғизистон дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳампаймонҳои геополитикӣ боқӣ монданд. Ҳамкориҳои геополитикӣ аз соли 90-ум оғоз шудааст. Бишкек дар ҳалли муноқишаи байни тоҷикон фаъолона ширкат варзид ва ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ҷанг ва харобаҳо гурехта буданд, дар қаламрави Қирғизистон паногоҳи муваққатӣ гирифтанд. Ҳарду давлат узви Созмони ҳамкории Шонхай (СҲШ) ва Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) мебошанд, ки онҳо онҷо одатан дар аксари масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавқеъҳои шабеҳро ишғол мекарданд.
Аз ҷумла, ҳарду кишвар дар масъалаҳои обиву барқии минтақа мавқеъҳои муштарак доштанд. Дар солҳои 2000-ум баҳс дар бораи захираҳои об амалан кишварҳои минтақаро ба ду урдугоҳ тақсим кард. Ҳамин тариқ, кишварҳои поёноб, пеш аз ҳама Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба ин консепсия, ки ҳама захираҳои оби минтақа умумӣ мебошанд, дастгирӣ карданд. Баръакс, кишварҳои болооб, Тоҷикистон ва Қирғизистон пешниҳод карданд, ки захираҳои обро як манбаъи стратегӣ арзёбӣ намоянд, ки дар он бояд ҳамаи кишварҳои минтақа сармоягузорӣ кунанд. Бинобар ин, кишварҳои болооб ба ин назаранд, ки нигоҳ доштани обанборҳо хароҷоти калонро талаб мекунад ва ба ҳамсоягони худ пешниҳод карданд, ки нигаҳдории онҳоро бо ҳамон тарзе, ки онҳҳо барои таъмини захираҳои энержӣ пардохт мекунанд, пардохт кунанд. Роҳи дигари пешниҳодшуда маблағгузории муштараки лоиҳаҳои обу энержии Тоҷикистону Қирғизистон буд: ва дар ин ҷо Душанбе ва Бишкек низ мавқеи шабеҳро дастгирӣ мекарданд.
Ҳарду кишварҳо ҳамчунин дар пешбурди бузургтарин лоиҳаҳои байналмилалии энергетикӣ ва нақлиётӣ дар минтақа ҳамкорӣ мекарданд. Дар навбати аввал, сухан дар бораи лоиҳаи CASA-1000 меравад, ки сохтмони системаи нави интиқоли баландшиддати барқро дар бар мегирад ва барои пайвастани 4 кишвари Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ пешбинӣ шудааст. Бо муҳимтарин манобеи обӣ ва иқтидори энергетикӣ дар минтақа, Т оҷикистон ва Қирғизистон дар амалигардонии ин лоиҳа манфиатдоранд.
Лоиҳаи дигари бузург, ки дар доираи он дипломатҳо ва сиёсатмадорони ҳарду кишвар ҳамкорӣ мекунанд, сохтмони интиқоли гази Осиёи Марказӣ ва Чин мебошад. Интизор меравад, ки хати D-и қубурҳои газгузар аз сарҳади Туркманистон то ҳудуди Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон гузошта хоҳад шуд. Дарозии он тақрибан 1000 кмро ташкил дода, иқтидори интиқол -– 30 млрд. метри мукааб дар як сол мебошад, ки ба буҷаи давлатии ҳамаи кишварҳои иштирокчӣ даромади мунтазам медиҳад.
Шарти асосӣ барои амалигардонии чунин лоиҳаҳои бузурги байналмилалӣ суботи сиёсӣ, ҳам дар минтақа, ва ҳам дар ҳар як кишвари пасошӯравӣ мебошад. Аз ин рӯ, тааҷубовар нест, ки ҳукумати ҳарду кишвар дар соҳаи амнияти минтақа ба таври анъанавӣ ҳамкорӣ мекунанд. Аз ҷумла, сухан дар бораи мубориза бо ифротгароии мазҳабӣ меравад, ки барои тамоми минтақа хатар эҷод мекунад.
Ҳарчанд Бишкек ва Душанбе дар мубориза алайҳи ифротгароии мазҳабӣ аз роҳҳои гуногун истифода мебаранд, дар умум ҳадафи онҳо дар ин масъала шабеҳ аст. Ҳамин тариқ, ин ҳамкории зич байни мақомоти дахлдор барои мубодилаи иттилоот ва маълумот пешбинӣ мешавад: илова бар ин, дар солҳои охир як қатор лоиҳаҳои муштараки илмӣ, шаҳрвандӣ ва ВАО барои муқовимат бо ифротгароии хушунатомез амалӣ карда шуданд.
Иқтисод ва савдо
Ҳарду кишвар танҳо аз рӯи ҷуғрофия барои ҳамдигар аҳамияти стратегӣ доранд. Пас аз пошхӯрии Шӯравӣ, иқтисоди Қирғизистон аз бисёр ҷиҳат ҳамчун як маркази тиҷоратию нақлиётии минтақавӣ сохта шуд. Сабаби ин мавқеи ҷуғрофии кишвар, ҷойгиршавии он дар чорроҳаи алоқа байни Чин ва Ғарб, инчунин шимол ва ҷануби Авруосиё буд. Маҳз дар ҳаминҷо буриши манфиатҳои геополитикӣ ва иқтисодии Бишкек ва Душанбе сурат мегирад.
Ҳамин тариқ, барои Тоҷикистон муносибатҳои хуб бо ҷумҳурии ҳамсоя маънои бори дигар вуруди алтернативӣ ба бозори Чинро дорад. Ғайр аз ин, тавассути қаламрави Қирғизистон масири нақлиётии иловагӣ ба бозорҳои Қазоқистон ва Русия мегузарад. Барои Қирғизистон дурнамои ворид шудан ба хатсайрҳои нақлиётӣ дар самти ҷануб – ба сӯи Афғонистон ва минбаъд ба бандарҳои баҳрӣ, тиҷорат ва бозорҳои энергетики Осиёи Ҷанубӣ манфиатовар аст.
Албатта, бо назардошти нооромиҳо дар Афғонистон, татбиқи лоиҳаҳои калон дар самти ҷануб дурнамои хеле дур хоҳад буд. Дар ҳамин ҳол, набояд фаромӯш кард, ки аллакай аз ҳоло давлатҳои Осиёи Миёна бозори Афғонистонро барои таъмини молҳои гуногун ва захираҳои энергетикӣ фаъолона истифода бурда истодаанд. Тааҷубовар нест, ки сарфи назар аз зуд-зуд авҷ гирифтани мушкилоти марзӣ, омори расмӣ нишон медиҳад, ки тиҷорати босуръат ва ҳамкориҳои наздики иҷтисодӣ байни кишварҳо суръат мегирад. Аз ҷумла, Қирғизистон ба Тоҷикистон чорво, тухм, маҳсулоти ширӣ, хӯрокҳои коркардшуда, маҳсулоти нимтаёр, картошка, пиёз, себ, зардолу, меваи хушк мефиристад. Аз Тоҷикистон масолеҳи сохтмонӣ, пахта, матоъ, сабзавот ва мева, нӯшокиҳои спиртӣ ва бе спирт, либос ва ғайра содирот мешавад.
Солҳои зиёд нишондодҳои ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ миёни Бишкек ва Душанбе ҳамеша афзоиш меёфт. Тибқи маълумотҳои расмӣ, гардиши мол байни ду кишвар дар соли 2013 ба авҷи худ расида, ба 186,5 миллион доллар расид. Дар соли 2015 пас аз ворид шудани Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ин нишондод то 79 миллион доллар поин рафта, дар соли 2019 бошад 67 млн. долларро ташкил дод, аммо дар соли 2020 бо сабаби пандемияи коронавирус боз то 37 млн. доллар поин шуд.
Дар ҳамин ҳол, бештари коршиносон бар он назаранд, ки омори расмӣ вазъи воқеии корро инъикос намекунад. Ба андешаи онҳо, ҳаҷми савдо чандон кам нашудааст – танҳо дар панҷ соли ахир як қисми назарраси тиҷорати наздисарҳадӣ зери соя мондааст. Воридшавии Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё боиси якбора боло рафтани тарифҳои гумрукӣ гардид, ки ин боиси ночиз гардидани тиҷорати расмӣ тавассути сарҳадҳо гардид, дар натиҷа соҳибкорони ҳарду ҷониб аксарияти амалиёти фаромарзии худро ғайриқонунӣ карданд.
Масалан, содирот транзити бензин ва захираҳои энергетикӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон қариб пурра зери соя интиқол дода шуд. Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, аз рӯи яке аз ин нақшаҳои ғайриқонунӣ, мошинҳои сӯзишвории қирғиз бори аввал молҳои худро ба нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, ки дар қаламрави Қирғизистон ҷойгиранд, рост дар канори роҳе, ки берун аз он қаламрави Тоҷикистон оғоз шудааст, интиқол доданд. Шабона ба мошинҳои сӯзишвории тоҷик дар ҳамон нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ пур карданд ва ҷараён аллакай ба таври қонунӣ аз тариқи қаламрави Тоҷикистон ва эҳтимолан аз тариқи транзит ба Афғонистон гузашт. Пас аз соли 2015 зоҳиран як қисми зиёди молҳои дигар аллакай аз рӯи чунин нақшаҳо фурӯхта шуда буданд, ки дар онҳо тиҷорати маҳаллаӣ ба таври анъанавӣ зиракии барҷаста нишон медод. Масалан, моли чинӣ аксар вақт ҳангоми транзит аз Чин тавассути қаламрави Қирғизистон ба Тоҷикистон тоза карда шуда, бозпас тавассути сарҳад ба вилояти Ботканд ворид мешуд.
Дар натиҷа, ҳангоми чунин нақшаҳои соядор талафоти асосӣ ба буҷети ҳарду кишвар афтод, дар ҳоле, ки ҳаҷми воқеии тиҷорат шояд натанҳо дар ҳамон сатҳ боқӣ монад, балки ҳатто афзоиш ёбад. Ҳамин тариқ сарфи назар аз монеаҳои гумрукӣ, пандемия ва буҳрон иқтисодиёти кишварҳои ҳамсоя бо ҳам алоқа доранд, ки ин умедро ба барқароршавии зуд ва афзоиши ҳаҷми ҳамкории иқтисодӣ дар оянда мегузорад – пас аз гузаштани давраи душвори кунунӣ дар канор хоҳад монд.
Оқибатҳои низоъи 29 апрели соли 2021
Авҷ гирифтани муноқишаҳои ахир дар минтақаи Исфара – Ботканд боиси тағйироти ҷиддӣ дар муносибати Тоҷикистону Қирғизистон гардид. Пеш аз ҳама азбаски он як қатор тамоюлҳои манфиро ошкор кард, ки то ба наздикӣ назарногир ва аз эҳтимол дур ба назар мерасид.
Аввалан, задухӯрдҳо дар марз моҳи апрели соли равон ғайриинтизор ба муқовиматҳои шадиди ҳарбӣ миёни ду кишвар дар тамоми таърихи пасошӯравӣ табдил ёфт. Ин ба сифати муносибатҳои дуҷониба бетаъсир намонд. Ҳамин тавр, рӯйдодҳои апрелӣ беш аз пеш аз ин дар ҳар як кишвар эътирози ҷиддии ҷамъиятӣ пайдо намуд: бисёр васоити ахбори омма ва гуруҳҳои сиёсӣ якбора ба эҷоди симои душман дар афкори умум шуруъ карданд. Ҳамин тариқ, муноқиша ногаҳон аз муноқишаи байни ҷомеаҳо ва сирф маҳаллӣ гузашта, ба сатҳи байнидавлатӣ ва байналмилалӣ гузашт, ки ин қаблан рух надода буд.
Агар мо дар бораи ҷанбаи сиёсати хориҷӣ сухан ронем, пас дар муносибатҳои байни ду кишвар ихтилофи ҷиддӣ ба вуҷуд омадааст, ки то ба наздикӣ худро бо итминони комил муттаҳидони ба ҳам наздики геополитикӣ меномиданд. Албатта, ҳарду кишвар шарикони сиёсати хориҷӣ боқӣ мемонанд ва дар доираи СҲШ ва СПАД ҳамкорӣ мекунанд, аммо байни онҳо хунукии ҷиддӣ боқӣ хоҳад монд.
Сониян, дар робитаҳои иқтисодӣ, ки ба манфиатҳои ҳарду ҷониб зарба заданд, танаффус шуд. Ва ин фаҳмо аст, зеро дар ҳама гуна амалиёти савдо ҳадди ақал ду тараф вуҷуд дорад. Дар ин ҳолат пеш аз ҳама тиҷорати хурду миёна дар ҳарду тарафи сарҳад – инчунин аҳолии минтақаҳои наздисарҳадӣ, ки аз болоравии нави таваррум зарар дидаанд, талафоти асосӣ мебинанд. Масалан, соҳибкорони тоҷик, ки аз бозори «Дордой» -и Бишкек молҳои яклухт харидорӣ карда, инчунин аз корхонаҳои дӯзандагии маҳаллӣ ба бозорҳои Маскав ва Тоҷикистон маҳсулот мефиристоданд, зарари ҷиддӣ дидаанд.
Дар ҳақиқат онҳо асосан намояндагони муъмулии тиҷорати миёна буданд – соҳибкорон ва тоҷироне, ки занҷираҳои тиҷорати худро бар асоси эътимоди тарафайн ва робитаҳои дарозмуддат аз замони Акаев бунёд карда буданд. Дар баробари онҳо ҳоло чунин талафотро шарикони маҳаллии онҳо – аз ҷумла тоҷирони бозорҳои маҳаллӣ, ичунин соҳибон ва кормандони тақрибан 90 корхонаи дӯзандагӣ, ки бо фармоиши тоҷирони тоҷик кор мекарданд, дида истодаанд.
Чизи дигар, холдингҳои бузурги сершохаест, ки мустақиман бо элитаи сиёсӣ робита доранд. Ман намедонам, ки ҳангоми қабули қарор дар бораи бастани сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон тандеми роҳбарикунандаи Жапаров – Ташиевро чӣ роҳнамоӣ карда буд: аммо зоҳиран ҳадафи асосӣ фишор овардан ба корхонаҳои бузурги Тоҷикистон аст, ки аз ҷиҳати назариявӣ метавонанд барои нармкунии мавқеи мақомоти Тоҷикистон дар масъалаҳои марзӣ фишор оранд.
Агар чунин аст, пас натиҷаи ниҳоӣ хеле содда буд. Тиҷорати бузурги Тоҷикистон, ки бо мақомот алоқаманданд, аз басташавии марзҳо осеб надиданд: ба эҳтимоли зиёд талафоти эҳтимолӣ кам буд ва аллакай аз ҳисоби самтҳои дигар ҷуброн карда шуд. Тавре маълум, интиқоли бензин аз кишвар (аниқтараш он қисми таъминот, ки тавассути Бишкек мегузарад) моҳи май ба самтҳои дигар равона карда шуд. Таъмини молҳои чинӣ низ аз Бишкек ба самти алтернативӣ тағйир дода шудааст: ҳоло аксари онҳо мустақиман аз Чин меоянд.
Дер ё зуд, вақте ҳолати воқеъии кор то ба қудрат мерасад, сарҳадҳо боз мешаванд. Бисёр чизҳо барқарор гардида, ва албатта рушд меёбад. Аммо бисёр ташаббусҳои муштарак ва лоиҳа- тиҷоратҳо дар сатҳи хурд ва миёна, тавре ки қаблан муваффақ буданд, ҳеҷ гоҳ барқарор намешаванд ва мисли пештара суръат намегирад. Бисёре аз намояндагони тиҷорати миёна ва хурд, ки аллакай рӯзҳои душворро аз сар мегузаронанд, муфлис мешаванд ва қисми зиёди боқимонда ба самтҳои устувортар мепайванданд. Ва ин албатта, на ҳама натиҷаест, ки сиёсатмадорон аз бастани сарҳадот мехостанд ба даст оранд.
Дурнамои бунёди сулҳ
Айни замон, ба мушкилоти мавҷуда нигоҳ накарда, дар муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон аз манфӣ дида, бештар мусбат вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, барои асоснокии оптимизм нисбат ба он ки дар нигоҳи аввал ба назар мерасад, бештар аст, Аввалан, азбаски омилҳои зиёде вуҷуд дорад, ки ба наздикшавии Тоҷикистону Қирғизистон мусоидат мекунад – ин таърихи умумии шӯравӣ, манфиатҳои геополитикӣ ва иқтисодӣ, назари якхела ба мушкилоти минтақа ва ғайра мебошад. Ҳарду ҳукумат имрӯз ба таври возеҳ барои ҳарчӣ зудтар бартараф шудани низоъ манфиатдоранд, зеро дарк мекунанд, ки идома ёфтани он метавонад барои иқтисодиёти миллӣ бори тоқатфарсо гардад ва ба таҳдиди суботи дохилӣ табдил ёбад.
Сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда, дар муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз ҳам паҳлӯҳои мусбат ва манфӣ вуҷуд дорад.
Ягона омили воқеан харобиовар муноқишаи Исфара-Ботканд аст, ки дар асл сирф маҳаллӣ мебошад. Илова бар ин, сарфи назар аз мураккабӣ ва табиати деринаи худ ин ихтилоф ҳалнашаванда ба назар намерасад. Дар ҷаҳон бисёр муноқишаҳои наздисарҳадӣ мавҷуданд ва оштинопазир буданд – аммо онҳо бо муваффақият ҳал карда шуданд. Ҳамааш аз иродаи сиёсии шахсони қудрат вобаста аст: Илова бар ин, сиёсатмадорон набояд қобили қабул будани истифодаи низоъро ҳамчун хулосаи баланд бардоштани рейтинг ва нуфузи худ дарк кунанд. Бисёр чиз аз намояндагони зиёиён ва ҷомеаи шаҳрвандии ҳар як кишвар вобастагӣ дорад – талошҳои онҳо имрӯз бояд на ба барангехтани низоъ ва эҷоди симои душман, балки ба дарёфти созиш ва созиш равона карда шаванд. Дар айни замон, раванди музокиротро дигар кашол додан мумкин нест- дар шароити нисфи чораҳо ва аз ҳад зиёд тул кашидани раванди сулҳ эҳтимолияти тадриҷан ба шакли идоранашаванда муноқиша меафзояд, вақте ҷонибҳо дигар наметавонанд ба рафти он таъсир расонанд.
Масалан, низоъҳои хурд метавонад ба муқобилиятҳои бузург табдил ёбад, ки ҳал ва назорат карданаш хеле мушкил аст. Роҳи маҷбурии ҳисоббаробаркунӣ имконнопазир аст. Ҳарду давлат дар айни замон барои гузаронидани амалиётҳои бузург ва ё дарозмуддати низомӣ на захираҳои молиявӣ ва на иқтисодӣ доранд. Аз ин рӯ, ҷонибҳоро зарур аст ҳарчӣ зудтар равиши муассир барои ҳалли низоъро – дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ ва бо назардошти хусусиятҳои минтақа таҳия кунад.
Аз ҷумла, барои бомуваффақият ва ҳалли ниҳоии муноқиша коршиносон ва ихтилофшиносон қадамҳои зеринро пешниҳод мекунанд:
Якум, зарур аст ҳарчӣ зудтар ҷудосозии сарҳадро ба анҷом расонанд, ҳамчунин масъалаи мақоми роҳи гардиш дар Ворух ва тақсими оби ҷоришаванда дар минтақаи маркази тақсимоти Головнойро ниҳоят ҳал кардан лозим аст. Сухан пеш аз ҳама дар бораи тақсимкунии минтақаҳои баҳсбарангез дар атрофи анклави Ворух ва дар мавзеи Хоҷаи Ало ва Аксай меравад, ки дар онҷо бештари задухӯрдҳо ба амал меоянд.
То рух додани охирин муноқишаи калон дар моҳи апрели соли равон, коршиносон пешниҳод карда буданд,ки равишҳои нави ғайриоддӣ барои ҳалли ин низоъ таҳия карда шавад. Масалан, имкон дошт, ки (ҳатто муваққатӣ) минтақаҳои баҳсбарангез минтақаи салоҳиятноки дугона эълон карда шавад, полис ва неруҳои наздисарҳадӣ аз онҷо бароварда шавад ва механизми махсуси истифодаи муштараки қаламравҳои баҳсбарангез, захираҳои об ва инфрасохтори роҳ таҳия карда шавад.
Аммо, аллакай дар он вақт возеҳ буд, ки ҷустуҷӯи равишҳои ғайристандартӣ ва алтернативӣ дар шароите амалан ғайриимкон аст, ки раванди сулҳ бо доираи танги мансабдорони баландпоя маҳдуд бошад. Ҳоло пас аз муноқишаи апрелӣ, таниш дар сарҳад ба ҳадде афзоиш ёфта, барои ҷустуҷӯи роҳҳои ғайристандартӣ вақти хеле кам боқӣ мондааст. Дар ин шароит тақсимсозии ниҳоӣ (пеш аз ҳама минтақаҳои баҳсбарангез дар мавзеи муноқиша) ягона роҳи халосӣ аз вазъияти онҳо ба назар мерасанд.
Мушкил дар он аст, ки ҳатто ҳоло вақте, ки зарурати тақсимсозии барвақт дар сатҳи олӣ эълон карда мешавад, ҷонибҳо то ҳол ба созише, ки барои ҳарду ҷониб қобили қабул бошад, расида наметавонанд. Аз ҷумла, масъалаи гузоштани роҳи алтернативӣ ба анклави Ворух ҳал нашудааст ва ҷудосозии қисматҳои баҳсбарангез боз дар ҳолати яхбаста қарор дорад. Сабаби ин оштинопазирӣ асосан хусусияти дохилии сиёсӣ дорад: ҳарду давлат равандҳои мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодиро аз сар мегузаронанд. Ҳамин тариқ, ҳукуматҳо аз пешгирии хатарҳои аз ҳад зиёди сиёсӣ бартарӣ медиҳанд.
Масалан, дар Қирғизистон ҳатто машҳуртарин сиёсатмадор аз нуқтаи назари афкори умум, дар сурати аз ҳад зиёд риояи ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ хавфи ҷиддӣ гузоштани мансабашро дорад. Дар Тоҷикистон роҳбарии сиёсӣ аз афкори умум хеле камтар вобастагӣ дорад: аммо аз эҳтимол дур аст, ки ҳукумат бо роҳи номаълум дар шароити амиқтар шудани буҳрони иқтисодӣ биравад. Илова бар ин, болои ҷонибҳо инчунин мавқеи оштинопазири ҷамоатҳои маҳаллӣ бартарӣ дорад, ки ҳар кадоме аз онҳо пешниҳоди худ оид ба тақсимсозии минтақаҳои баҳсиро пойфишорӣ мекунанд.
Дар натиҷа, ҷараёни раванди ҳалли мушкилот боз дар пеши назари мо ба як бунбаст мебарояд, ки имконияти тезутунд шудани вазъияти нави минтақаи муноқишаро зиёд мекунад.
Дуюм, ҷустҷӯи роҳи ҳалли ғайристандартӣ ҷали табақаи васеи иштирокчиён ба раванди сулҳро тақозо мекунад. Ба таври дигар, барои баромадан аз бунбасти навбатӣ зарур аст, ки бо роҳи гуфтушуниди расмӣ ва бо ҷалби доираи васеи коршиносон (низоъшиносон, иқтисодшиносон), намояндагони касбии созмонҳои ғайридавлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷамоатҳои маҳаллӣ ва роҳбарони ғайрирасмӣ ба муколамаи осоишта баромад. Дар таҷрибаи байналмилалии ҳифзи сулҳ ин равиш маънои «муколамаи шаҳрвандӣ»-ро дорад (civicdialogue) ё ин ки Track II (роҳи дуюм ё хати дуюми ҷараёни сулҳ); ин барои иловаи гуфтушунидҳои самаранок ва расмӣ (Track-I –Роҳи якум) зарур аст.
Гумон меравад, ки дар доираи муколамаи шаҳрвандӣ\ғайрирасмӣ масъалаи ҳассос ва мураккаб баррасӣ мешаванд, ки аксаран дар гуфтушунидҳои расмӣ ҳал карда намешаванд. Илова бар ин, муколамаи шаҳрвандӣ имкон медиҳад, ки масъалаҳои дорои хусусияти техникӣ бомуваффақият ҳал карда шаванд, зеро ҷонибҳо дар чаҳорчӯбаи дипломатӣ камтар маҳдуданд ва метавонанд барои коркарди ҷузъиёти мушаххаси созишномаи сулҳ вақти бештар ҷудо кунанд.
Одатан, муколамаи шаҳрвандӣ дар муқоиса бо вохӯриҳои коршиносон ва гуруҳи корӣ то андозае васеътар аст, зеро он ба ҷуз коршиносон ва мутахассисон шахсони мансабдор ва пешвоёни ғайрирасмиро дар бар мегирад. Гуфтугӯи шаҳрвандӣ инчунин аксар вақт таъсиси якчанд гуруҳҳои корӣ ва коршиносони мувозиро барои беҳтар таҳия кардани ҷузъиёти созишнома пешбинӣ мекунад. Дар натиҷа, муколамаи шаҳрвандӣ имкон медиҳад, ки манфиатҳо ва ниёзҳои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор – пеш аз ҳама, ҷамоатҳои маҳаллӣ хубтар ба назар гирифта мешавад, ки минбаъд норозигӣ ва мухолифат ба созишномаҳои сулҳро аз ҷониби онҳо пешгирӣ мекунад.
Минтақаи мо аллакай таҷрибаи татбиқи васеъ ва бомуваффақияти муколамаи шаҳрвандӣ дорад – солҳои 90-ум, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон. Муколамаи сулҳи байни тоҷикон як сол пеш аз музокироти расмӣ дар соли 1994 оғоз шуда, дар баробари тамоми раванди ҳалли миллӣ – то соли 2001 идома ёфт.
Бархе аъзоёни Музокира дар оянда ба ҳайати расмӣ дохил шуданд, ки имкон дод робитаи доимии байни ҳарду сатҳи раванди сулҳ нигоҳ дошта шавад. Бисёр масъалаҳои техникӣ ва равишҳои ҳалли мусолиматомез дар аввал дар чаҳорчӯби муколамаи байни тоҷикон баррасӣ шуданд – масалан идеяи таъсиси Комиссияи оштии миллӣ.
Мутаассифона, дар тулии даҳ солаҳо, иштироки ҷомеаҳои маҳаллӣ дар раванди сулҳ бо фестивалҳои дӯстӣ, консертҳои муштарак ва чорабиниҳои варзишӣ маҳдуд буд. имрӯз аллакай маълум аст, ки чунин рӯйдодҳо хусусияти таблиғотӣ ва намоишӣ доштанд ва аз ин сабаб онҳо наметавонанд ба вазъи минтақаи низоъ таъсири назаррас расонанд.
Бинобар ин, вақти он расидааст, ки барои ҳалли низои сарҳадӣ равишҳои нав таҳия карда шавад: имрӯз ба ҳеҷ ваҷҳ набояд роҳ дод, то раванди гуфтушунид дубора ба бунбаст расад, ки дер ё зуд боиси дубора шиддат гирифтани вазъ дар сарҳад шавад.
Агар шумо хатогие пайдо кардед, лутфан матнро интихоб кунед ва Ctrl+Enter-ро пахш кунед.