Ноҳияи Шаҳритус яке аз минтақаҳои осебпазири кишвар ба шумор меравад, ки аз онҷо бештари ҷавонон аъзои гуруҳҳои гуногуни мамнӯъ гардидаанд ва имрӯз аъзоёни хонаводаи онҳо ангуштнамои мардум гардида, зуд-зуд аз ҷониби мақомот бозпурсӣ мешаванд.
Вале чунин ба назар мерасад, ки аз миёни ин гуна хонаводаҳо бештар занон, махсусан модарон ранҷу уқубат мебинанд. Дар ин ноҳия бо зиёд занону модароне вохӯрдан мумкин аст, ки дар ҳаққи фарзандони худ ҷигархунанд ва аз беморӣ ранҷ мебаранд ё ин ки бо чунин як ҳиссу дарди фарзанд ин олами фониро падруд гуфтаанд.
Умеда Ҷӯраева (марҳум) яке аз он модароне ба шумор меравад, ки дар синни 44-солагӣ аз ғаму дарди фарзандаш, ки дар ҷангҳои Сурияву Ироқ иштирок дорад, вафот кардааст.
Чӣ тавре, ки Ҳамза Қарахонов ҳамсари марҳум Умеда Ҷӯраева, мегӯяд, модари Диловар пас аз ин ҳодиса як муддат бемор мешавад ва бо ҳамон дарду алам аз олам чашм мепӯшад. “Бо ҳамин ғаму дарди фарзанд модараш низ муддати тӯлонӣ бемор шуд ва ин дунёи фониро падруд гуфт. Инак якуним сол мешавад, ки ӯ бо мо нест”,-мегӯяд Ҳамза Қарахонов.
Диловар Қарахонови 25-сола мисли дигар ҷавонони тоҷик моҳи августи соли 2013 баҳри дарёфти ризқу рӯзӣ роҳи муҳоҷиратро пеш мегираду ба Русия меравад. Дар онҷо тӯли як сол кор карда, соли 2014 ба ДИИШ мепайвандад. Бино ба нақли падараш Диловарро соли 2013 хонадор мекунанд ва пас аз 4-5 моҳи зиндагӣ ӯ бо ҳамсараш ба Русия меравад, аммо баъди муддати кӯтоҳ ҳамсарашро ба ватан равон мекунаду худаш дигар ба хона барнамегардад. Ба гуфтаи падараш пас аз як ду маротиба занги телефонӣ то ба ҳол аз ӯ хату хабар нест.
“Ӯро соли 2013 хонадор карда будем, баъди 4-5 моҳи зиндагӣ бо келинамон ба Русия рафт ва баъди чанд муддат ҳамсарашро ба хона равон кард, аммо худаш наомад. Баъди чӣ қадар кофтукоби бенатиҷа як рӯз маротибае тариқи интернет ва маротибаи дигар тариқи телефонӣ суҳбат карда будем. Мо ҳамон рақамҳое, ки бо ӯ дар суҳбат шудам, ба амният супоридем ва муайян карданд, ки аз Туркия занг задааст. Писарам ба ман занг зада гуфт, ки дар Туркия кор карда истодааст ва ба хона бармегардад, вале дигар барнагашт”,-мегӯяд падари Диловар.
Бино ба нақли сокинони деҳаи Сомониёни ноҳияи Шаҳритус аз соли 2013 ба чунин гуруҳҳои мамнӯъ пайвастани ҷавонон шурӯъ шудааст ва дунболи якчанд нафари аввал даҳҳо нафари дигар ба ДИИШ пайвастаанд, ки то ба ҳол ғайр аз як-ду нафар дигарон бе ному нишонанд.
Тибқи иттилои прокуратураи ноҳияи Шаҳритус миёни ҷустуҷӯ будагон танҳо Мавзуна Мирзоева, ҷавонзани 23-сола аз Туркия ва Парвиз Набиеви 25-сола аз Сурия бо изҳори пушаймонӣ баргашта будаанд, ки аз ҷониби мақомот афв шудаанд.
Гулсара Неъматова зани дигари 54 –солаи деҳаи номбурда, ки писари 22-солааш аз соли 2015 ба ДИИШ мепайвандад, то ба ҳол ашк мерезад. Ин зан соҳиби се писар ва як духтар аст, ки писари хурдиаш соли 2013 бо бародаронаш ба Русия меравад ва аз онҷо ба “Давлати исломӣ” мепайвандад. Бародаронаш ба мақомоти Русия муроҷиат карда, муайян мекунанд, ки 6-уми январи соли 2015 аллакай ба Истанбул парвоз кардааст.
Вале ин модари аламдида, ки муддати 10 сол ба тоҷирӣ машғул буд, аз рӯзи нопадид шудани писараш ба бемории сутунмуҳра (астеохондроз) гирифтор шудааст ва муддати се сол аст, ба берун намебарояду бо ҳамсояҳо ва хешу ақрабо робитае надорад.
“Аз ҳамон вақт се сол мешавад, ки ман ҳатто ба берун баромадан намехоҳам. Ман қаблан тоҷир будам, аз Душанбе ва дигар ҷойҳо бор меовардам. Тӯли 10 сол тоҷирӣ кардам, вале ҳамон вақт сахт бемор шудаму корамро партофтам, сутунмуҳраам бисёр азоб медиҳад. Ҳоло ҳатто ба хонаи хешу ақрабо низ намеравам. Пештар дар ҳар тӯю маърака бо ҳамсояҳо якҷоя мерафтем, вале ҳоло бо онҳо ягон алоқа надорам. Вақте дӯстону ошноҳояшро мебинам, месӯзам, барои ҳамин ба кӯча намебароям”,-мегӯяд ин модари ғамдида.
Тибқи мушоҳидаҳое, ки бо чандин хонаводаи осебдидаи Ҷамоати Худойназар Холматови н. Шаҳритус суҳбат кардем, маълум гардид, ки бештари узви ДИИШ будагон синну соли 20-22 соларо ташкил медиҳанд, ки дар як муддат аз ин деҳа ғайб задаанд ва хонаводаҳои онҳо зери назорати қатъии мақомоти тоҷик қарор доранд.
Як зани дигари н. Шаҳритуз, ки пас аз рафтани писараш, Хоҷаев Абдулҳамид ба Сурия муддати 6 моҳ дар бистари беморӣ ранҷ кашидааст ва то ҳол ба худ наомадааст.
“Муддати 6 моҳ аз бемории ҷигар ранҷ бурдам. Ба наздикӣ боз аз даҳонам хун ҷорӣ шуд, хеле руҳафтода мешавам. Қаблан саломатиам хуб буд, яку якбора пас аз ин ҳодиса ва кашмакашҳои зиёд ба чунин беморӣ гирифтор шудам. То ҳол саломатиам хуб нест”,-гуфт ҳамсуҳбати мо.
Хоҷаев Абдулҳамид писари зани дигар аз ин ҷамоат, соли таваллудаш 1991 буда, моҳи феврали 2015 барои кор ба Русия меравад ва баъди се моҳ ба хона пул равон мекунаду яку якбора ғайб мезанад. Ба гуфти модараш пас аз як сол танҳо як маротиба бо онҳо дар тамос мешавад ва изҳори пушаймонӣ мекунад.
“Рӯзҳои аввал ягчанд маротиба телефонӣ бо мо гап мезад, вале пас аз се моҳ охирон маротиба пули қарзҳояшро равон карду бо ҳамин ғайб зад. Як сол пас аз рафтанаш маротибае занг зада гуфт, ки дар Сурия ҳастему ба доми фиреб афтодаем. Айни замон бисёриҳо пушаймон ҳастем ва мехоҳем, ки ба ватан баргардем, аммо роҳи халосӣ надорем”,-нақл мекунад модари Абдулҳамид.
Ҳамин гуна, дар Тоҷикистон кам нестанд занону модароне, ки саломатии хешро дар фикри фарзандоне, ки дар қайди ҳаёт будан набудани онҳоро намедонанд, аз даст додаанд. Дар баробари ин, модарони ҷигархун то ҳол умед бастаанд, ки рӯзе фарзандашон аз дари хона медарояду онҳо ин ҳама ғаму ғуссаҳои аз сар гузарондаашонро фаромӯш месозанд.
Ба гуфтаи масъулини ин ноҳия онҳо ҳамеша баҳри пешгирии чунин зуҳуроти номатлуб дар талошанд ва сол аз сол гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ коҳиш ёфта истодааст.
Дар ҳамин ҳол, коршиносони соҳа яке аз роҳҳои пешгирии ақидаҳои ифротиро дар ба таври густурда дар масҷидҳо таълимоти Имоми Аъзамро ба роҳ мондан, дари мадрасаҳои диниро кушодан ва дар ин мадарсаҳо дар баробари таълимоти мазҳабии Имоми Аъзам, ҳамзамон илмҳои муосирро дар миён гузоштан мебинанд, то ҷавонон аз хурдӣ аллакай ақида ва таълимоти дурустро аз худ намоянд.
Бино ба гуфтаи Абдуалим Исмоилзода раиси н. Шаҳритус дар соли 2015 теъдоди ҷавонони ифротгаро дар ноҳия 39 нафар буда, дар соли 2016 танҳо 12 ҳолати пайвастани ҷавонон ба ҳизбҳои террористӣ ошкор шудааст. Гуфта мешавад, ки беш аз 20 нафар ҷавони ин ноҳия ба “Давлати исломӣ” пайвастаанд, ки бо иттиҳоми “ифротгароӣ” ва “барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ” муттаҳам дониста мешаванд.
Фарзонаи Умаралӣ
Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.