© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Як рӯзноманигори хуб набояд гурусна монад

Гурҷистон – на танҳо ватани сайру сайёҳат ва шаробу хинкаливу хачапурӣ аст, балки ватани расонаҳои озод ва рӯзноманигорони шуҷоъ низ ҳаст. Дар паҳнои шӯравии пешин кадом кишварро суроғ дорем, ки расонаи давлатӣ надошта бошад?! Шояд танҳо Гурҷистон аст, ки ҳамаи нашрияву маҷалла, радиову телевизион ва сомонаҳои хабариаш хусусӣ ҳастанд.


Ёқуб Ҳалимов, хабарнигор, иштирокчии Мактаби тобистонаи CABAR.asia (Душанбе)
Ёқуб Ҳалимов, хабарнигор, иштирокчии Мактаби тобистонаи CABAR.asia (Душанбе)

Давлат барои таблиғи худ минбарҳои дигаре дорад – беҳсозии вазъи иҷтимоии мардум, боло бурдани нишондодҳои иқтисодӣ, таъмини озодиҳои фардиву дастаҷамъӣ, таъмини адолат, таъмини суботу амният – беҳтарин мубаллиғи ҳар давлате ҳастанд. Гурҷистон агарчи дар бахшҳои дигар мувоҷеҳи маҳдудиятҳое ҳаст, вале озодии матбуоташ ҳадду каноре надорад.

IWPR ва Cabar.asia барои чанд тан аз хабарнигорони Осиёи Марказӣ ба Гурҷистон давраи таҷрибаомӯзиеро ташкил кард. Пеш аз сафар аз созмондиҳандагон дархост карда будам, ки мехоҳам, аз вазъи таҳқиқоти рӯзноманигорӣ дар Гурҷистон огоҳӣ пайдо кунам. Бар асоси ин дархост, маро ба идораи Studio Monitor фиристоданд. Ин идора бо 7 тан рӯзноманигораш дар як сол то 24 таҳқиқоти рӯзноманигорӣ анҷом медиҳад, яъне дар ду ҳафта як таҳқиқот нашр мешавад. Бештари таҳқиқотҳои Studio Monitor дар расонаҳои дохилии Гурҷистон ва берун аз он бознашр мешаванд. Яке аз расонаҳое, ки қариб ҳамаи таҳқиқотҳои Studio-ро бознашр мекунад, бахши гурҷии Радиои Озодӣ аст.

Беҳтар аст, ҷузъияти кори Studio Monitor ва ҳамин тавр, паҳлӯҳои қуввату заъфи рӯзноманигориро дар Гурҷистон духтари гурҷие васф кунад, ки ҳатман лаззати дигар хоҳад дошт.

Натия Чехерия, хабарнигори Studio Monitor (Тифлис)
Натия Чехерия, хабарнигори Studio Monitor (Тифлис)

Натия Чехерия, духтари навниҳоли зардранге бо муйҳои омехтаи тилоиву нуқраӣ. Натка (мухтасари Натия), дар соли 2014 донишгоҳро хатм кардааст. Аз он ҷо ки пурсидани синну соли бонувон беназокатӣ дониста мешавад, ман ҳам аз вай напурсидам, ки чанд сол дорад. Натка мегӯяд, 6 сол аст, рӯзноманигорӣ мекунад. Се соли аввал танҳо хабарнигорӣ мекард, се соли охир дар Studio Monitor ба таҳқиқоти рӯзноманигорӣ машғул аст. Аз вай пурсидам, ки байни ин ду “шуғл” чи тафовуте аст?

“Мисли ин ки инҳо ду касби мухталифе ҳастанд. Дар таҳқиқоти журналистӣ вақти холӣ зиёдтар аст. Аммо хабарнависӣ чунин нест. Хабари шунидаву дидаву пайдокардаатро бояд ҳарчи зудтар ба хонандаҳо бирасонӣ. Дар хабарнигорӣ вақте ҳодисае рух медиҳад, намепурсӣ ки чаро чунин шуд, танҳо хабар менависӣ ва ба хонандагон мерасонӣ. Вале рӯзноманигори таҳқиқотгар ҳатман бояд пурсад, ки чаро чунин шуд, ба нафъи кӣ буд? Чи сабабе пушти ин ниҳон аст? Дар ҳар ду ҳолат, бояд ба одамон шарҳ бидиҳӣ, ки чи ҳодиса рух додааст”, — бо шавқи афзоянда шарҳ медиҳад Натка. Мисли ин ки бори аввал аст, аз вай дар бораи касбаш суол кардаанд.

Натка бо назокати тамом (воқеан, мешуд бо забони тоҷикӣ ӯро Назокат ном бурд), аз шаш соли кори рӯзноманигории худ ба ин шева хулосабарорӣ кард: “Фикр мекунам, дар се соли охир донотару оқилтар шудаам. Таҷрибаи бештар ҳосил кардам, мушкилоти зиёдеро пушти сар намудам. Вале ҳадафи ман дар як ҷо ях бастану мондан нест. Метавонам, ба хабарнависӣ баргардам, ба кори радио пардозам, ба ТВ равам. Талош дорам, худро пайдо кунам, ки дар кадом арса ман нотакрораму барҷаста. Сарфи назар аз ҳамаи ин, бояд ин ҷову маконро барои падару модар, бақия назидконам, дӯстонам ба макони беҳтаре табдил диҳам”. Дар ин қисмати суҳбат рухсораҳояш сурх шуданд ва ранги лоларо гирифтанд. Намедонам, ки дар дашту домони Гурҷистон лола мерӯяд ё на, вале он лаҳза ангор дар рӯ ба рӯи ман як лоларухи гурҷӣ нишаста буд.

Суҳбат ҷиддитару ҷиддитар мешавад. Натка мегӯяд, дар ватани вай касе ба рӯзноманигорон таҳдид намекунад, монеъ намешавад, ҳақорату дашном намефиристад. Мақомоти давлатӣ масъул ҳастанд, ки дар давоми на дертар аз 10 рӯз ба дархости рӯзноманигорон посух диҳанд. Дар сурати ғайр, рӯзноманигорон ҳақ доранд, ба додгоҳ шикоят баранд ва тавассути додгоҳ ба иттилои мавриди назарашон даст ёбанд. Studio Monitor дар фаъолияти 15-солааш борҳо ин таҷрибаро амалӣ кардааст ва дар ниҳоят мақомоти давлатӣ маҷбур шудаанд, ки иттилои оммавиро ба ихтиёри расонаҳо гузоранд.

Ёқуб Ҳалимов ва Хадича Акаева ҳангоми таҷрибаомӯзӣ дар идораи Studio monitor
Ёқуб Ҳалимов ва Хадича Акаева ҳангоми таҷрибаомӯзӣ дар идораи Studio monitor

“Албатта, гирифтани иттилоъ ва нашри он як паҳлӯи масъала аст. Паҳлӯи дигар вокуниш ба навиштаи рӯзноманигорон мебошад. Дар Гурҷистон на ҳамеша ба маводи расонаҳо вокуниш нишон дода мешавад. Ин ҷомеа аст, ки бояд аз мақомот вокунишро талаб кунад, ҳалли мушкилоти дар маводи рӯзноманигорӣ инъикосёфтаро талаб кунад. Бояд байни рӯзноманигорӣ ва фаъоли ҷомеа будан хатти муайяне мавҷуд бошад. Кори мо рӯзноманигорон ҷамъоварии иттилоъ, гирифтани назари масъулон ва таҳияву нашри хабару гузоришу таҳқиқот аст. Бо ҳамин масъулияти мо тамом мешавад. Дигар ба ҷамъият марбут аст, ки оё ҳалли мушкилоташонро талаб мекунанд ё на”, — шарҳ медиҳад Натка.

Вай аз таҷрибаи худ мисол меорад. Мегӯяд, дар бораи дороии сарвазири пешини Гурҷистон таҳқиқоте дошт. Сарвазир дар беҳтарин минтақаи шаҳри Тифлис чанд хонаи гаронарзиш харида ва дар эъломияаш онҳоро нишон надода буд. “Албатта, он хонаҳо ба номи модари куҳансолаш сабт шуда буданд. Таҳқиқот нашр шуд. Вокунише нашуд. Аз додситонӣ пурсидем, ки оё тафтиш мекунанд ё на. Посухе надоданд. Шояд мардум таваҷҷуҳ накарданд, ки мақомот ҳам вокунише нишон надоданд”, — гуфт рӯзноманигори расонаи Studio Monitor.

Баръакси ин ҳолат, вай аз як таҳқиқоти дигараш ёдовар шуд, ки ҷавони бегуноҳе баъд аз нашри матлаб аз зиндон озод шудааст.

“Як ҷавонро пулис бо гумони истифода ва нигаҳдории маводи мухаддир боздошт кард. Як рӯз пеш аз эъломи ҳукм матлаби ман нашр шуд ва ҷавон ҳам аз ҳабс озод гардид. Таҳқиқот ошкор кард, ки маводи мухаддирро дӯсташ ба ҷайби ин ҷавон андохтааст, албатта бо дастури пулис”, — нақл кард Натка.

Аз вай дар бораи ояндадории касби рӯзноманигорӣ дар Гурҷистон пурсидам. Гуфт, аз ҷиҳати молӣ ояндадор нест. Рӯзноманигорон даромади зиёд надоранд ва сарватманд ҳам нестанд. 

“Ба касоне, ки аз ман дар бораи интихоби ин касб суол мекунанд, посух медиҳам, ки агар шумо тасмим гирифтед, рӯзноманигор мешавед, орзуи пули зиёд доштанро фаромӯш кунед. Ин касб шуморо сарватманд намекунад, бояд дар ин масъала бо худамон содиқ бошем. Вале агар шумо рӯзноманигори хуб шудед, камбағалу гурусна нахоҳед буд. На маошу даромад, балки натиҷаи кор бояд хабарнигорро ҳавасманд созад”, — мегӯяд Натка.

Дар воқеъ, чаро бояд як рӯзноманигори хуб, як омӯзгори хуб, табиби хуб, муҳандиси хуб, кишоварзи хуб дар Гурҷистону Тоҷикистон ва ҳар ҷои дигари дунё гуруснаву фақир бошад?! Гурҷистон ҳарчанд дар ҳоли ҳозир як кишвари ормонӣ нест, вале бо ин суръати пешрафте, ки дорад, шакке нест, ки дар чанд соли баъдӣ барои бошандагонаш шароиту имконоти бамаротиб беҳтареро фароҳам хоҳад оварад. 

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

Сообщить об опечатке
Текст, который будет отправлен нашим редакторам: