“Муҳоҷирати меҳнатии оммавӣ набояд падидаи ҳамешагӣ бошад; он ҳар қадар идома пайдо кунад, ҳамон андоза паёмадҳои зиёновар зиёд мегардад, ки таҳдиди ҷиддие ба суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ хоҳад дошт”,-мегӯяд коршиноси CABAR.asia сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов.
Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!
CABAR.asia: Президенти Тоҷикистон ахиран аз ҳамтои русаш даъват кард, то муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки ин ё он меъёри қонунгузориро нақз кардаанд, афв карда шаванд. Ба андешаи Шумо ин даъват то куҷо шунида мешавад? Ва умуман, Маскав мушкили муҳоҷиратро ба сифати фишанги фишор ба Душанбе чӣ гуна истифода мекунад?
Ба эҳтимоли зиёд, мисли ҳамешагӣ як қисми муҳоҷирони меҳнатӣ афв мешаванд, аммо даргумон аст, ки ҷониби Русия ба афви комили муҳоҷирони тоҷик иқдом кунад. Одатан дар доираҳои коршиносӣ ин равандро чунин шарҳ медиҳанд – аввалан, муҳоҷирати меҳнатӣ кайҳост, ки на танҳо характери иқтисодӣ, балки геополитикӣ касб кардааст. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик фишанги фавқулода муфиди таъсиррасонӣ аз ҷониби Русия мебошанд. Буҷаи Тоҷикистон мустақиман аз муҳоҷирати меҳнатӣ вобастагӣ дорад, аз ин ҷост ки иқтисоди Тоҷикистонро бештар «иқтисоди интиқоли маблағҳо” ном мебаранд. Аз ин рӯ, мақомоти Русия сари чанд вақт муҳоҷирони меҳнатиро ҳамчун абзори таъсиррасонии геополитикӣ истифода мекунанд. Ҳар вақт ки дар мулоқоти ду ҷониб хилофи назар ба вуҷуд меояд ва ё замоне ки ҷониби Русия мехоҳад норозигии худро аз кадом як иқдоми мақомоти Тоҷикистон изҳор кунад, мавҷи депорти муҳоҷирони тоҷик шурӯъ мегардад. Ин ҳолат соли 2011 замоне ки қазияи мавсум ба “парвандаи халабонҳои рус” ба миён омад, баъдан ҳангоми музокирот дар масъалаи пойгоҳи низомии Русия, Созмони АвруОсиё ва монанди ин ба вуқӯъ пайваста буд. Яъне, раҳбарияти Русия қасд дорад, дар оянда бахши муҳоҷирати меҳнатиро пурра қонунӣ кунад. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки муҳоҷирон хеле зиёд ба абзори фишор ба кишварҳое, ки нерӯи кории худро ба бозори Русия мефиристанд, мисли Гурҷистон, Озарбойҷон, Молдов ва Тоҷикистон, табдил мешаванд. CABAR.asia: Танҳо давоми даҳ соли ахир, муҳоҷирони тоҷик асосан аз Русия ба Ватан беш аз 22 миллиард доллар интиқол додаанд. Оё Тоҷикистон метавонад дар чанд соли оянда аз “банди муҳоҷират” раҳо шуда, ҷойҳои кории заруриро дар кишвар таъсис диҳад. Аз кадом ҳисобҳо метавон ин манбаи даромадро ҷуброн кард? Бояд бозори меҳнатро дар дохили кишвар тавсеа дод. Тавре таҷрибаи давлатҳои дигар, ки ин роҳро тай кардаанд, нишон медиҳад, се самти аслии таъмини шуғли ҳамагонӣ мавҷуд аст – саноатикунонӣ, рушди тиҷорати хурд ва бахши хизматрасониҳо. Маҳз дар ин бахшҳо мешавад теъдоди зиёди неруи кориро ҷалб кард. Инҷо ҳеч сармоягузории хоссае лозим намешавад. Танҳо шароите фароҳам биёред, ки ҳар шаҳрванди оддӣ тавонад бо роҳи қонунӣ барои худ ва хонаводааш маблағи кофӣ ба даст биёварад. Бовар кунед, дар ин ҳолат мардум ҳам худ ва ҳам оилаашро мехӯронад ва буҷаи давлатиро ҳам пур мекунад. Барои ин ҳеч кашфиёте ҳам лозим нест! Тамоми ин ислоҳот кайҳост дар чандин кишварҳо, шурӯъ аз Кореяи Ҷанубӣ то Сингапур таҷриба шудаанд. Агар хеле соддаву кутоҳ бигӯем, ислоҳот аввалан бояд тақсими ҳокимият ва таъсиси додгоҳҳои мустақили ҳакамӣ, низоми додгоҳӣ, ҳифзи сармоягузорону тиҷоратро фаро бигирад. Ислоҳоти комил ва бознигарии низоми молиёт – ин шарти дуввум аст. Ҳадафи ислоҳоти бахши молиёт дар он аст, ки афзоиши даромадҳои буҷа бояд на аз ҳисоби боло бурдани андозҳо, балки аз ҳисоби тавсеаи манбаъҳои андозситонӣ ба даст биёяд. Яъне, ҳар қадар андозсупорандаҳои тавонманд бештар бошанд ва ҳар қадар одамон дар иқтисод ва тиҷорат саҳми фаъол гузоранд, ҳамон андоза даромади буҷа зиёд мешавад. Бори асосии молиёт бояд аз души андозсупорандаҳои оддӣ, аз тиҷорати хурд бардошта ва бар души ширкатҳои бузургу монополияҳо вогузор шавад. Саввум, муборизаи беамон бо коррупсия, новобаста ба мақому шахсиятҳо бояд сурат бигирад. Коррупсия, маҳалгароӣ ва непотизм бо рушди иқтисоди муосир, ба вижа бахши тиҷорати хурду миёна ҳамхонӣ надоранд. Зери мафҳуми “фазои мусоиди сармоягузорӣ” дар мо маъмулан фароҳам сохтани шароит барои сармояи хориҷӣ фаҳмида мешавад. Дар асл, фазои мусоиди сармоягузорӣ қабл аз ҳама бояд барои сармоягузорони дохилӣ, барои шаҳрвандони кишвар ба вуҷуд оварда шавад. Агар барои ман, ҳамчун як шаҳрванди оддӣ ба иқтисоди кишвар гузоштани маблағҳоям муфид набошад, пас барои сармоягузори хориҷӣ аз ду сар муфид нест. CABAR.asia: Бо назардошти теъдоди зиёди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия, ки Владимир Путин онро 1,2 миллион нафар гуфт, оё онҳо ба намояндаи худ дар парлумони Тоҷикистон, ки ба ҳайси вакил онҷо ҳузур дошта бошад, ниёз доранд? Умуман, талошҳои ҳукумати Тоҷикистон дар ҳалли мушкили муҳоҷирон то куҷо муассир аст? Дар қиёс ба оғоз ва миёнаҳои солҳои 2000-ум имрӯз ҳукумати Тоҷикистон барои ҳифзи муҳоҷирони мо дар Русия таваҷҷуҳи бештар мекунад, дар ин самт сафорат, консулгариҳо ва намояндагии Хадамоти муҳоҷират иштироки фаъол доранд. Аммо ба гуфтаи худи муҳоҷирон ва созмонҳои онҳо дар Русия, вазъият ҳанӯз аз идеолӣ будан хеле фосила дорад. Махсусан, шикоятҳо аз расмиятбозиҳо ҳангоми расонидани кумак, бетарафӣ нисбат ба муҳоҷирони ихроҷшуда, ки метавонанд давоми чандин моҳҳоро пушти панҷара гузаронанд, хеде зиёданд. Инчунин аз муассир набудани низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии муҳоҷирон, нарасонидани ёрӣ ҳангоми боздоштҳои ғайриқонунӣ, нақзи ҳуқуқҳо, тамаъҷӯӣ, напардохтани музди меҳнат ва ғайра шикоятҳо зиёданд. CABAR.asia: Оё ба назари Шумо дар ҳоли ҳозир ин тарҳ барои элитаи тоҷик муфид нест? Яъне, барои кор ба Русия асосан ҷавонон мераванд, ки нерӯи эътирозгарии онҳо маълум аст ва дар Ватан бояд талаботи онҳо, барои мисол мавҷудияти ҷойи кор, ҳал карда шавад. Аз он тараф бошад, маблағҳо ворид мегарданд, ки бо ин ё он васила ба устувории буҷа ва даромади элитаи маҳаллӣ кумак мекунанд? Ин вазъ танҳо дар назари аввал муфид менамояд. Шояд кадом як қисми элита чунин фикр ҳам дошта бошад. Аммо аслан, дар навбати аввал ин барои элитаи сиёсӣ муфид нест. Бояд дарк кард, ки муҳоҷирати меҳнатии оммавӣ набояд падидаи ҳамешагӣ бошад; он ҳар қадар идома пайдо кунад, ҳамон андоза паёмадҳои зиёновар ва харобкунанда зиёд мегардад, ки таҳдиди ҷиддие ба суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ хоҳад дошт. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки муҳоҷирати меҳнатӣ танҳо давоми панҷ-даҳ соли аввал – одатан дар давраи гузариш ё баъдинизоӣ, ҳангоми ноустувориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва монанди инҳо, то андозае таъсири мусбат меоварад. Дар ин ҳолатҳо он бо иҷро кардани ду вазифаи асосӣ барои иқтисод ба сифати ёвар кумак мерасонад: аввалан, ба бештари аҳолӣ имкон медиҳад, ки рӯзӣ пайдо намуда, хонаводаи хешро таъмин кунанд, дуввум, бо шарофати муҳоҷирати меҳнатӣ аҳолӣ имкони ҷамъ овардани сармояи бунёдиро соҳиб мегардад, ки он дар оянда ба иқтисоди кишвар ва рушди тиҷорати худ маблағгузорӣ мешавад. Дигар ояндааш аз мақомот бастагӣ дорад. Аслан, дар ин чанд сол ҳукумат мебоист барои сармоягузории муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишвар шароити мусоид муҳайё намояд, то одамон тавонанд маблағҳои ҷамъкардаи худро дар таъсиси корхонаҳои тиҷоратӣ ва хоҷагиҳои фермерии худ истифода кунанд, дар бонкҳои маҳаллӣ амонат гузоранд ва ё ба таври дигар сарф кунанд. Бо ибораи дигар, муҳоҷирати меҳнатии оммавӣ ин танҳо абзори муваққатӣ барои ҷамъ овардани маблағ ва захоири дохилӣ ҷиҳати ҷаҳиши минбаъдаи иқтисодӣ, гузариш ба иқтисоди бозории муассиру муосир, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор дар дохили кишвар мебошад. Ба ҳайси истифодаи муассири омили муҳоҷирати меҳнатӣ мешавад аз Туркия мисол зад. Солҳои 70-ум Туркия дар қатори кишварҳои Мағриб интиқолдиҳандаи аслии нерӯи корӣ ба Аврупо ба ҳисоб мерафт. Солҳои 80-ум, ҳукумати Туркия бо анҷом додани як қатор ислоҳот, фазои мусоиди сармоягузориро дар дохили кишвар фароҳам кард. Дар натиҷа, миллионҳо муҳоҷири турк ба таври муфид маблағҳои худро дар бахши тиҷорати хурд ва хизматрасонӣ гузоштанд, ки сабаби афзоиши ҷойи кор дар дохили кишвар шуд; ба дунболи он сармояи хориҷӣ ҳам ворид гардид. Дар навбати худ, ҳукуматҳои кишварҳои Мағриб (Алҷазоир, Тунис, Миср) натавонистанд ё нахостанд, ки сари вақт ба ислоҳот даст бизананд ва маболиғи муҳоҷирони меҳнатиро ба иқтисоди кишвар ҷалб кунанд, ки дар ниҳоят минтақаро ба “Баҳори араб” расонд. CABAR.asia: Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои минтақа дар буҳрони арзишҳои суннатӣ гирифтор аст. Тағо ё бародари ҳамхун метавонад пайвандашро фиреб диҳад ё ҳатто ба қатл расонад. Низоми пешини қавмӣ ё пайвандӣ суқут мекунад. Ин ҳолат чӣ таъсире ба муҳоҷират дошта метавонад? Муҳоҷирон мисли пешин хонаводаҳои худро дар Тоҷикистон таъмин мекунанд ё дигар танҳо барои худ зиндагӣ ва тамоми иртиботро бо хонаводаҳояшон қатъ менамоянд? Таҷрибаи кишварҳои Мағриб ва Туркияро дорем, ки ин роҳро тай кардаанд. Таври маълум, қонунигардонии муҳоҷират сабаби коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳо мешавад. Барои мисол, Тунис (ба ҳисоби фоиз) солҳои мадид дар хориҷи кишвар тақрибан он қадар муҳоҷири меҳнатӣ дошт, ки мо дорем. Солҳои 70-80-ум бештари онҳо қонунӣ гардонида шуданд, шиносномаҳои аврупоиро дарёфт карданд, хонаводаҳояшонро бо худ бурданд ва дар натиҷа ҳаҷми интиқоли маблағҳо якбора коҳиш ёфт. Дуруст аст, ки муҳоҷирон ба Ватан пули камтар мефиристанд, вақте хонавода ҳамроҳи онҳо аст. Имрӯзҳо ҳолати монандро дар Русия бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ мешавад мушоҳида кард. Аз коршиносони рус шунидам, ки беш аз 20 дарсади муҳоҷирони мо аллакай шиносномаи русӣ доранд ва ин шумора босуръат меафзояд. Раванди ба Русия кӯч бастани хонаводаҳо ва гуруҳи пайвандон низ дар ҳоли афзоиш аст. Дуруст аст, ки онҳо иртиботро бо Ватан комилан қатъ намекунанд, аммо ин ҳама ба ҳаҷми интиқоли маблағҳо бетаъсир нахоҳад буд. Он чӣ ки ба паёмадҳои манфии ин раванд бастагӣ дорад, тавре болотар ишора кардам, ҳар қадар муҳоҷирати меҳнатии оммавӣ идома кунад, ҳамон андоза онҳо зиёд мегарданд. Муҳоҷирати меҳнатии тӯлонӣ ва оммавӣ ба ҷамеа таъсири манфӣ мерасонад – хонаводаи суннатӣ, арзишҳои анъанавӣ ва кодекси ахлоқ хароб шуда, теъдоди хонаводаҳои нокомилу таркшуда, кудакони бепадар, ятимон ва монанди инҳо зиёд мегардад. Бар илова, хориқаи тундгароии динӣ ва сиёсии муҳоҷирони меҳнатӣ вуҷуд дорад. Бар пояи иттилои расмӣ, то 80 дарсади ҷангҷӯёни тоҷик дар сафи ДОИШ (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ҷалб шудаанд. Таҷрибаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо нишон медиҳад, ки насли дуюму сеюми муҳоҷирони меҳнатӣ дар қиёс ба волидонашон ба тундгароии динӣ бештар мубтало мегарданд. Аз ин рӯ, дурудароз идома ёфтани раванди муҳоҷирати меҳнатии оммавӣ ба манфиатҳои чӣ давлату ҷамъият ва чӣ элитаи сиёсӣ мухолиф аст. Роҳи ягона – амалӣ намудани ислоҳоти комил дар дохили кишвар, таъсиси ҷойҳои кор ва баргардонидани бештари муҳоҷирони корӣ ба Ватан мебошад. Ҳар қадар ки ин корро пештар анҷом бидиҳем, ҳамон андоза беҳтар аст. “Иқтисоди интиқоли пул” барои рушди дарозмуддат кор намедиҳад. CABAR.asia: Солҳост ки мушкилоти ҳуқуқии муҳоҷирон ҳалли худро намеёбад. Манзур, мушкили мақоми муҳоҷирон, мавзӯоти вобаста ба кор ва монани инҳо аст. Чаро ин мушкилиҳо ҳал намешаванд? Ба андешаи Шумо муҳоҷиронро дар навбати аввал чӣ нигарон мекунад? Дар навбати аввал, бештари муҳоҷиронро мушкили иҷтимоӣ-иқтисодӣ нигарон кардааст, имрӯзҳо муҳоҷирони меҳнатӣ зиёд харҷ мекунанд, вале хеле кам музд мегиранд. Арзиши муҷавизи кор, иҷора, манзил, ғизо боло меравад, беқурбшавии рубл ва буҳрони иқтисодӣ бошад, дар солҳои охир даромади онҳоро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дод. Масъалаи дуввум, мушкили мақоми муҳоҷирон аст – низоми бидуни раводид мавҷуд аст, аммо мушкили расмиятбозӣ ҳамеша зиёд мешавад, ки дигарбора ба зиёд шудани хароҷот барои патент, таҳияи ҳуҷҷатҳо ва ғайра боис мегардад. Саввум, мушкили ҳуқуқӣ аст, ки муҳоҷирон абзори аслии фишор, беқонунӣ, тамаъҷӯӣ аз ҷониби пулис, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва додгоҳӣ ба шумор мераванд. CABAR.asia: Бештари муҳоҷиронро бо далели дар гузашта нақз кардани қонунгузорӣ, ки аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба қайд расидааст, аз қаламрави он кишвар бозпас мефиристанд. Аммо худи муҳоҷирон аксар вақт ҳатто намедонанд, ки вориди “феҳристи сиёҳ” шудаанд. Чаро ин ҳолат, ки барои ҳазорон муҳоҷир мушкил эҷод мекунад, ҳал карда намешавад? Тавре болотар ишора кардам, тасмими мавҷи ихроҷ ё афви навбатии муҳоҷирон дар сатҳи сиёсӣ гирифта мешавад. Зимнан, ҳалли пурраи ин мушкил ҳам характери сиёсӣ дорад ва аз сатҳу сифати муносибатҳои байнидавлатӣ вобаста мебошад. Аз сӯи дигар, мақомоти Русия депорти муҳоҷиронро инчунин ба сифати абзор ҷиҳати танзим намудани муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия истифода мебаранд. Онҳо ҳамчунин марҳила ба марҳила раванди коҳиш додани муҳоҷирати ғайриқонуниро амалӣ месозанд. Ин баёнгари мавҷудияти нақшаи муайяни ҳаҷму теъдоди депорт аст, ки бо фармони боло дар маҳалҳо иҷро мешавад. Мутаносибан, ниҳодҳои расмии дахлдор аксар вақт тасмими ихроҷи муҳоҷиронро худсарона бо нақзи протокол пиёда мекунанд. Як ҳомии ҳуқуқи рус шумораи тасмимҳои ихроҷро, ки додраси яке аз додгоҳҳои Маскав қабул кардааст, шумурдааст. Ба ҳисоби ӯ, додрас ба ҳисоби миёна барои баррасии ҳар парвандаи марбут ба депорт на бештар аз ду дақиқа сарф кардааст. CABAR.asia: Як мушкили дигар барои муҳоҷирони ихроҷшуда аз ҳисоби худ ба Ватан баргаштан аст. Бештари онҳо чунин имконро надоранд. Оё давлати Тоҷикистон метавонад дар ин кор ба онҳо кумак кунад? Барои мисол, онҳоро бо қатор ё ҳавопаймоҳо ройгон ё бо билетҳои нисбатан арзонтар ба Ватан биёранд? Албатта, Ҳукумати Тоҷикистон дар сурати доштани хоҳиш метавонад чунин низомеро роҳандозӣ кунад. Мешавад, ки бо ҷудо кардани қатор ё ҳавопаймо аққалан як маротиба дар як ҳафта овардани муҳоҷирони ихроҷшударо таъмин кард. Фикр намекунам, барои ин кор маблағҳои ҳангуфте лозим бошад. CABAR.asia: Роҳҳали муҳоҷирони меҳнатии ғайриқонунӣ вуҷуд дорад? Манзур онҳое, ки дар Русия бидуни санадҳои лозим кор ва зиндагӣ мекунанд. Зеро ҳангоми рейдҳо вақте ин муҳоҷирон боздошт мегарданд, ҳатман ихроҷ мешаванд. Инҷо ду роҳ вуҷуд дорад: аввалан, имзои созишномаи дайнидавлатӣ дар чорчуби созмони АвруОсиё ё дар сатҳи дуҷониба. Барои мисол, бар асоси чунин созишнома муҳоҷирон метавонистанд дар Русия мақоми қонунӣ дарёфт кунанд, монанд ба он чи ки шаҳрвандони кишварҳои аъзои созмони АвруОсиё доранд. Дуввум, дар оянда метавон ба низоми раводид гузашт, вақте ки раводиди корӣ ҷорӣ карда мешавад. Дар ин ҳолат, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ мавҷудияти худро қатъ менамояд. Аммо ҷониби Тоҷикистон (мисли Русия) ба гумон аст, ки ба чунин иқдоми қатъӣ розӣ шавад. Дар маҷмӯъ, қонунигардонии муҳоҷирати корӣ ҳамин тавр ҳам ҷараён дорад. Аз як ҷониб, тавре дар боло зикр намудем, худи ҳукумати Русия тасмим дорад дар оянда муҳоҷирати ғайриқонуниро комилан барҳам бидиҳад. Аз ҷониби дигар, ин бо роҳи табиӣ низ сурат мегирад, ҳар чӣ бештари теъдоди муҳоҷирони мо санади зисти муваққат ё шаҳрвандии Русияро дарёфт мекунанд.