© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонунӣ аз Тоҷикистон чӣ роҳҳале дорад?

“Дар сатҳи давлатӣ бояд ҷиҳати муассир намудани муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар чораҳои зарурӣ андешида шавад, ки дар ниҳояти кор барои Тоҷикистон вазъи тамоман дигари иҷтимоӣ ва иқтисодиро фароҳам месозад”,-таъкид мекунад Беҳрӯз Саидов, иштирокдори Мактаби таҳлилии CABAR.asia аз Душанбе.  

English На русском


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


Ҳамасола шаҳрвандони Тоҷикистон бо қасди муҳоҷирати меҳнатӣ, асосан ба Федератсияи Русия, хоки кишварро тарк мекунанд. Омили аслие ки муҳоҷирони меҳнатиро ба Русия мекашад, афзалиятҳои иқтисодии он кишвар дар қиёс ба дигар давлатҳои ИДМ мебошад.

Ва далелҳои асосии ба Русия рафтани муҳоҷирони меҳнатӣ вазъи буҳронии бозори меҳнати кишвар, набудани шумораи зарурии ҷойи кор, ҳақмузди поин, афзоиши нерӯи қобили кори аҳолӣ мебошад, ки фишори афзояндаеро ба бозори меҳнати кишвар, ки тавсеа наёфтааст, ворид мекунад. 

Муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонунӣ

Яке аз мушкилоти аслии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик фаъолияти ғайриқонунии меҳнатии онҳо дар Федератсияи Русия ба шумор меравад.

Аз Тоҷикистон асосан ҷавонони синни 15-29-сола, пас аз хатми мактаби миёна, бидуни донистани забони русӣ ва надоштани маълумоти фаннӣ (ё олӣ) ба Русия мераванд. Акс аз Knews.kg
Аз Тоҷикистон асосан ҷавонони синни 15-29-сола, пас аз хатми мактаби миёна, бидуни донистани забони русӣ ва надоштани маълумоти фаннӣ (ё олӣ) ба Русия мераванд. Акс аз Knews.kg

Барои мисол, бар асоси Қонуни Федеролии Русия таҳти №114 аз 15 августи соли 1996 “Дар бораи тартиби берун шудан аз Федератсияи Русия ва ворид шудан ба Федератсияи Русия”[1]Федеральный закон “О порядке выезда из Российской Федерации и въезда в Российскую Федерацию” от 15.08.1996 N … меъёрҳое дарҷ гардидааст, ки барои манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ асосӣ ҳисобида мешаванд.

Асос барои манъи вуруд ба қаламрави Русия тасмим дар бораи номатлуб будани мондан (иқомат кардан)-и шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ дар қаламрави Русия мебошад. 

Ҷиҳати ба роҳ мондани ҳисобҳои мондан (иқомат кардан)-и шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ дар Русия, Ҳукумати он кишвар Муқарраротеро таҳти №94 аз 14 феврали соли 2007 “Дар бораи низоми давлатии иттилоотии сабти муҳоҷират”[2]Правительство РФ приняло Постановление за №94 от 14 февраля 2007 года «О Государственной информационной … қабул кард.    

Он низоми худкори байниниҳодиро оид ба ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ, ки муваққатан вориди ин кишвар шудаанд ва муваққатан ё доимӣ дар Русия зиндагӣ мекунанд, инчунин маълумотномаи фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷиро муайян мекунад.

Ин низом чанд ҳадаф дорад, ки яке аз онҳо ҷамъоварии иттилои комил, муътамад ва муҳим дар мавриди ҷойгиршавии шаҳрвандони хориҷӣ ва ба фаъолияти корӣ машғул шудани онҳо мебошад. Ин барои арзёбии вазъи муҳоҷират дар қаламрави Федератсияи Русия, таҳия ва корбурди чораҳои зарурӣ, ки барои танзими раванди муҳоҷират дар ҳудуди Русия равона шудаанд, зарур ҳастанд.

Бар асоси маълумоти ин низом, то моҳи сентябри соли 2018 теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки меъёрҳои қонунгузории Федератсияи Русияро нақз карда, бо ин сабаб иҷозаи вуруд ба Русияро надоранд, ба 226 ҳазор нафар баробар шудааст[3]Убайдуллоев: Судьба 345 тыс. таджикских мигрантов в России остается неизвестной, 2018,  …

Манъи вуруд оқибатҳои нохушоянде дорад, мисли:

-коҳиши мизони интиқоли маблағ ва бад шудани вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон;

-афзоиши теъдоди бекорон дар Тоҷикистон дар пайи набудани кор ва ҳақмузди кам.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав

Рӯзҳои 16 ва 17 апрели соли 2019 дар 12 соли ахир нахустин сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия анҷом шуд.

Дар пайи мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Русия Владимир Путин 17 созишномаи ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун имзо гардид[4] Официальный визит Президента Таджикистана Э.Рахмона в Российскую Федерацию http://www.cis.minsk.by/news.php?id=11004 17.04.2019.

Инчунин дар чорчуби ин сафар Эмомалӣ Раҳмон хостори “афви муҳоҷиратӣ” барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик шуд, ки вурудашон ба Русия манъ шудааст[5]Таджикистан-Россия: Рахмон просит Путина амнистировать депортированных мигрантов … . Аммо мутаассифона дар пайи мулоқотҳои сатҳи баланд танҳо ба зарурати таъсиси шароитҳои мусоид барои зиндагӣ ва кори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия [6]Там же таъкид шуд, бидуни он ки аз афви муҳоҷирон ёд карда шавад.

Муҳоҷирати меҳнатии тоҷик дар рақамҳо

Таҷриба нишон медиҳад, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба Русия асосан ҷавонони сину соли аз 15 то 29-сола, пас аз хатми мактаби миёна, бидуни донистани забони русӣ ва аз ҳама муҳимаш бе доштани маълумоти фаннӣ (ё олӣ) мераванд. Синни миёнаи муҳоҷирони меҳнатӣ 30,6 солро ташкил медиҳад.

Ҷавонон бо тавсияи пайвандон, наздикону дӯстонашон, ки солҳост дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доранд, барои ҷустуҷӯи кор ба он кишвар мераванд. Ин ҳам дар ҳоле ки бештари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамватанҳои худро барои кор даъват мекунанд, худашон дар Федератсияи Русия ғайриқонунӣ ба сар мебаранд.

Бино ба оморҳои мухталиф, теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон, ки дар Русия кор мекунанд, тақрибан ба 1,2 миллион нафар мерасад [7]За пять лет поток мигрантов из Таджикистана за рубеж снизился на 40% https://rus.ozodi.org/a/tajikistan-migrants-workers-money/29756289.html … . Соли 2018 аз Тоҷикистон 31 ҳазор нафар ба Русия рафтааст. Ин шумора кишвари моро дар садри раддабандии кишварҳое қарор медиҳад, ки шаҳрвандонаш ба муҳоҷирати корӣ ба Русия мераванд. Ба иттилои ВКД-и Русия соли гузашта ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик 471 ҳазор патент барои ҷойи кор дода шудааст. 

Таҷриба нишон медиҳад, ки мизони касбии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик поинтарин сифати абзорҳои меҳнатиро нишон медиҳад. Бештари муҳоҷирони корӣ қабл аз сафар касби мушаххасе надоранд ё аз рӯи ихтисоси худ кор намекунанд. Ин дар ҳоле ки онҳо бар инанд, ки дарёфти касб дар хориҷи кишвар барои дар оянда пайдо кардани кори сермузд ба онҳо кумак мекунад. 

Аммо бештари муҳоҷирон мехоҳанд, ки соҳиби ихтисосҳои мавриди таваҷҷуҳ шаванд, аммо намедонанд дар куҷо ва дар муҳлати кутоҳ чунин ихтисосро ба даст овард. Ба муҳоҷирони меҳнатие ки ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷӣ кишвар малакаву маҳорати бахшҳои сохтмониро соҳиб шудаанд, ҳуҷҷате лозим аст, ки ихтисосманд будани онҳоро собит намояд ва ин ба онҳо имкон медиҳад, кори сердаромад пайдо кунанд.

Дар ин робита боиси тазаккур аст, дар шаҳри Душанбе Маркази таълими калонсолон фаъол аст, ки аз ҳисоби грантҳо бо таҷҳизоти хуби фаннӣ муҷаҳҳаз гардида, дар тамоми вилоят ва навоҳии бузурги кишвар намояндагӣ дорад.  

Аммо аз чунин имконият шӯъбаҳои Агентии меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоӣ дар шаҳру навоҳӣ ва иттиҳодияҳои истеҳсолии ҷудогона истифода намебаранд. Ин ниҳодҳо метавонистанд ба Маркази мазкур на танҳо одамоне, ки ҳамчун бекор сабт шудаанд, балки коргарони ҷавонро барои дарёфти касбу кор ва ё такмили ихтисос бифиристанд. Ин на танҳо барои таъмини шаҳру ноҳия бо неруи кордони меҳнатӣ манфиат дошт, балки барои омодагии касбии қабл аз сафари муҳоҷирони эҳтимолӣ кумак мекард.  

Хулоса ва тавсияҳо

Бо назардошти муҳим будани ҳалли мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар, инчунин барои танзими комили он назди давлату ҷомеа ҳамоно саволҳои марбут ба беҳтарсозии авзои муҳоҷиратӣ, истифодаи тарафҳои мусбати он ва ҳалли ҷанбаҳои манфии равандҳои ҷории муҳоҷират ҷавоб мехоҳад. 

Дар ин бастагӣ, барои дарёфти натиҷаҳои муассир дар ин самт чанд тавсияеро пешниҳод мекунем:

Аввалан, дар ҳоли ҳозир муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамчун омили аслии коҳиши фақр дар кишвар ба ҳисоб меравад. Зимнан, зарур аст то дар сатҳи давлат чораҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар андешида шавад, яъне қонунигардонии бештари муҳоҷирон, таъсиси шароити кори сазовор барои онҳо, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо, ки дар ниҳояти кор авзои комилан дигари иҷтимоӣ ва иқтисодиро барои Тоҷикистон фароҳам меоварад.

Дуввум, барои он ки шаҳрвандоне ки нисбати онҳо тасмими манъи вуруд ба Русия гирифта шудааст, қабл аз сафари дубора тавонанд маълумоти заруриро дар ин бора дар Тоҷикистон дарёфт кунанд, бояд вазорат ва ниҳодҳои масъул ва ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ дар самти иттилоотонӣ ва машваратдиҳии шаҳрвандон фаъолияти бештар намоянд. Аммо мутаасифона дар ҳоли ҳозир кор дар ин самт дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

Инчунин дар ин самт баргузории чорабиниҳои иттилоотӣ ва машваратӣ дар мавриди муҳоҷирати меҳнатӣ, қонунгузории Русия ва дарёфти маълумот қабл аз сафар миёни аҳолӣ зарур аст.

Саввум, бояд пойгоҳи миллии маълумот дар мавриди муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон таъсис шавад ва низоми мониторинг ва арзёбии фаъолияти онҳо комил гардад. Зарурати таъсиси платфорамае ба миён омадааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолияти ҳаррӯзаи худро онҷо сабт кунанд, то ниҳодҳои танзимкунандаи муҳоҷирати корӣ тавонанд фаъолияти онҳоро дар хориҷ назорат намоянд.

Чаҳорум, бештари муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавон ҳастанд, ки қисман ихтисоси вижа надоранд, қисми дигар бошанд, ихтисоси махсус доранд, аммо бо ин ихтисос дар Русия наметавонанд ҷойи кор пайдо кунанд. Дар ин робита, дар минтақаҳои кишвар барои муҳоҷирони меҳнатӣ қабл аз сафар созмон додани курсҳои кутоҳмуддат, монанди курсҳои сохтмонӣ, омӯзиши забони русӣ ва қонунҳо дар бораи муҳоҷират зарурӣ аст. Инчунин, барои шаҳрвандоне ки ихтисос надоранд, бояд низоми маҳдудкунандаи сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ҷорӣ карда шавад. 

Панҷум, бо таваҷҷуҳ ба нақши муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мавзӯи кумаки иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, бо шумули суғуртаи иҷтимоӣ, кумакҳои мухталиф дар сурати бемор шудан, маълулият ё аз даст додани ҷойи кор, ҳатман бояд мадди назар гирифта шавад.

Шашум, намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Тоҷикистон дар қаламрави Русия васеъ карда шавад, инчунин бо назардошти имкон чунин намояндагиҳо дар дигар кишварҳо таъсис дода шавад.


Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

Федеральный закон “О порядке выезда из Российской Федерации и въезда в Российскую Федерацию” от 15.08.1996 N 114-ФЗ (последняя редакция) http://www.consultant.ru/document/cons_doc_LAW_11376/
Правительство РФ приняло Постановление за №94 от 14 февраля 2007 года «О Государственной информационной системе миграционного учета» http://base.garant.ru/190665/
Убайдуллоев: Судьба 345 тыс. таджикских мигрантов в России остается неизвестной, 2018,  https://www.ozodi.org/a/tajik-migrants-in-russia/29675421.htms 
Официальный визит Президента Таджикистана Э.Рахмона в Российскую Федерацию http://www.cis.minsk.by/news.php?id=11004 17.04.2019
Таджикистан-Россия: Рахмон просит Путина амнистировать депортированных мигрантов https://russian.eurasianet.org/таджикистан-россия-рахмон-просит-путина-амнистировать-депортированных-мигрантов 19.04.2019
Там же
За пять лет поток мигрантов из Таджикистана за рубеж снизился на 40% https://rus.ozodi.org/a/tajikistan-migrants-workers-money/29756289.html    07.02.2019 г.
Сообщить об опечатке
Текст, который будет отправлен нашим редакторам: